Skip to main content

Full text of "Zaboni tojikī : grammatika, matn, uslubiët, : kitobi darsi baroi sinfī 11 ..."

See other formats


НАВЪҲОИ ТАҲЛИЛ 



1. Таҳлили фонетики (овои) 

Калимаро ба ҳиҷоҳо ҷудо кунед. 

Қоидаи аз сатр ба сатр кӯчонданро ба ёд оваред. 

Ба болои садоноки ҳиҷое, ки баландтар талаффуз шудааст (зада 
гирифтааст), аломати як хатча (апостроф: ’) кашед. 

Садонокҳо устувор ё ноустувор (дарозу кӯтоҳ талаффуз 
мешаванд), зада доранд ё безада? 

Миқдори овозҳои калима бо ҳарфҳо баробаранд? 

2. Таҳлили сохту таркиби калима 

Калимаро ба ҳиссаҳо (морфемаҳо) ҷудо кунед. 

Калимаҳои сохтаро ба реша, пешванд ва пасванд ҷудо кунед. 

Дар феълҳои сохта аввал асосу бандакро, дар асоси калима реша, 
пешванд ва пасвандро ҷудо кунед. 

Дар калимаҳои мураккаб решаҳо, пешванд, миёнванд ва 
пасвандро ҷудо кунед ва муқаррар намоед, ки бо усули тобеъ 
сохта шудаанд ё пайваст. 

Дар феълҳои таркибӣ ҳиссаи асосӣ (маънодор) ва ёвар кадом аст? 

3. Таҳлили морфологӣ (сарфӣ) 

Калима (таркиб) ба кадом ҳиссаи нутқ тааллуқ дорад? 

Ҳиссаҳои мустақил: 

И с м: Хос ё ҷинс, танҳо ё ҷамъ, ҷондор ё беҷон, шахс ё 
ғайришахс, муайян ё номуайян, моддӣ (зот) ё маънӣ? Аз ҷиҳати 
сохт: содда, сохта, мураккаб ё таркибӣ? 

С и ф а т: Аслӣ ё нисбӣ? Дараҷаи оддӣ, қиёсӣ ё олӣ? Аз ҷиҳати 
сохт: содда, сохта, мураккаб ё таркибӣ? 

Ш у м о р а: Миқцорӣ (аслӣ, касрӣ, тахминӣ) ё тартибӣ? Аз ҷиҳати 
сохт: содда, сохта, мураккаб ё таркибӣ? Истифодаи нумеративҳо. 

Ҷ о н и ш и н: Шахсӣ, нафсию таъкидӣ, саволӣ, ишоратӣ, таъинӣ, 
манфӣ, номуайянӣ ё муштарак? Бандакҷонишинҳо. 



01дШ2ес1 Ьу 1Ье 1п1егпе1 АгсЫуе 

1П 2011 



ЬНр://^\л/\л/.агсЫуе.огд/с1е1а11з/гиз51аптапиа10251о1 



Бақриддин Камолиддинов 




• Грамматика 

• Матн 

• Услубиёт 

Китоби дарсӣ барои синфи 11 
мактаби таҳсилоти умумӣ 

Бо тавсияи Вазорати маорифи 
Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп ьиудааст 



«Собириён» 
Душанбе - 2007 



ББК 74.26 Я72 
М 80 



Ин китоб дар доираи Лоиҳаи таҷдиди 
соҳаи маориф нашр гардидааст. 



Хонандаи азиз! 

Китоб манбаи донишу маърифат аст , аз он баҳравар ишвед ва 
онро эҳтиёт намоед. Кӯшиш ба харҷ диҳед, ки соли хониши оянда 
ҳам ин китоб бо намуди аслиаш дастраси додару хоҳарҳоятон 
гардад ва ба онҳо низ хизмат кунад . 



Истифодаи иҷоравии китоб: 



№ 


Ному насаби хонанда 


Синф 


Соли 

таҳсил 


Ҳолати китоб 
(баҳои китобдор) 


Аввали 

соли 

хониш 


Охири 

соли 

хониш 


1 . 












2. 












3. 












4. 












5. 













181ЯЧ 978-99947-719-0-5 



4306020600-114 

М 

418(05)- 2000 

ББК 74.26 Я72 



Инф. Письмо-99 



© Б. Камолиддинов 
© «Собириён», 2007 



САРСУХАН 



Мунаққиди маъруфи рус В.Г.Белинский гуфта буд, ки омӯ- 
зиши грамматика хадди муайян дорад: дуруст ва беғалат баён 
кардану навиштани фикрро ёд медиҳад. Вале фикрро чӣ тарз 
беҳтар ва шевотар ифода кардан мумкин аст, вазифаи грамма- 
тика нест. Ин вазифаи «синтаксиси олӣ», яъне услубшиносӣ ва 
ҳусни баён аст. 

Хонандагони ҷавон, китоби дарсие, ки ҳоло дар даст доред, 
ҳамин ҳадафро дунболагир аст, ки дониши дар зарфи даҳ сол 
андӯхтаи шуморо пурратар гардонад, то ки шумо бо забони 
модарӣ на танҳо беғалат фикри худро шифоҳӣ ё хаттӣ ифода 
карда тавонед, балки суханони шумо пурмаъно, фасеҳ ва муас- 
сир бароянд. Барои ин лозим меояд, ки дар аввали китоб баъзе 
мавзӯъҳои асосии овошиносӣ (фонетика), имло, талаффузи сареҳ 
(орфоэпия), вожашиносӣ (лексикология), фразеология, ка- 
лимасозӣ, сарфу наҳвро (морфология ва синтаксис), ки дар 
ҷараёни таҳсили даҳсолаатон аллакай омӯхтаед, мухтасар так- 
рор намуда, ду мавзӯи нав: матн ва сохтори маъноию граммати- 
кии он ва услубиёту ҳусни баён муфассалтар шарҳ дода шавад. 

Аз тадкиқоти забоншиносон маълум гардид, ки дар омӯзиши 
забон, ҳосил намудани малакаи озод баён кардани фикр ба та- 
риқи хаттӣ ё шифоҳӣ донистани матн, тарзи сохтани он, муно- 
сибатҳои маъноию грамматикии ҷумлаҳо дар дохили матн, 
воситаҳои мухталифи ифодаи он муносибатҳо аҳамияти бузург 
доштааст. Гузаштагони мо ҳам нозукиҳои илми забони модари- 
ро аз матни ғазалиёти Х,офиз, ашъори Мирзо Бедил ва дигар са- 
ромадони калони бадеъ омӯхтаанд. Ин бесабаб нест, зеро тамо- 
ми нозукиҳои маънои калима ва унсурҳои грамматикии забон 
дар матн равшантар аён мегарданд. 

Дар китоб ба ҳамаи масъалаҳои услубшиносӣ дахл накарда, 
танҳо дар бораи услубиёти забон, бо истилоҳи дигар, панҷ услу- 
би нутқ ва ҳусни баён маълумот дода шудааст. Талаботи замона, 
татбики Қонуни забон низ ҳаминро тақозо мекунад, ки забони 



3 



давлатӣ дар ҳама соҳаҳои фаъолияти аъзоёни ҷомеа мақоми 
шоистаи худро ишғол намуда, дар рушди маънавии ҳар фард 
хизмат намояд. 

Ба сифати мавод беҳтарин намунаҳои забони осори бадеӣ ва 
илмии адибону олимони гузаштаю имрӯза, забони нашрияҳо, ки 
вазъи кунунии забонамонро инъикос мекунанд, интихоб карда 
шуданд. 

Шарҳи масъалаҳои назариро аз супориш ва таҳлили матн оғоз 
намудем, зеро ин усул барои осонтар дарк намудани моҳияти 
масъалаҳои назарии илм ба хонандагон ёрӣ мерасонад. Азбаски 
дар матн нуктаҳои ҷолиби ҷанбаҳои гуногуни забон возеҳтар 
падидор мегарданд, пас аз ҳар матн супоришҳои илова дода ме- 
шавад. ки онҳо масъалаҳои мухталифи мавзӯъҳои гузаштаро ҳам 
дар бар гирифта, чун маводи такрор ва таҳкими дониши хонан- 
дагон хизмат менамоянд. 



Ишораҳо: 

Гер 

к * Л - Саволҳо барои такрори мавзӯъҳои гузашта ва нав 

Пр 

к* Л - Саволи илова ба матни супориш 
к • л - Маълумоти асосии назарӣ 

гу! 

к • Л - Маълумоти иловагии назарӣ 

Рақамҳо дар охири калима, ибора ва ҷумлаи супоришҳо, ки шо- 
гирдон мустақилона иҷро мекунанд: 

1 - Таҳлили фонетикӣ (овоӣ) 

2 - Таҳлили сохти калима 

3 - Таҳлили морфологӣ (сарфӣ) 

4 - Таҳлили синтаксисӣ (наҳвӣ) 

5 - Таҳлили луғавӣ ва фразеологӣ 

6 - Таҳлили имло ва талаффузи сареҳ 



4 



ТАКРОРИ МАВЗУЪҲОИ ГУЗАШТАИ 
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ 

ФОНЕТИКА (ОВОШИНОСӢ), ИМЛО ВА 
ТАЛАФФУЗИ САРЕҲ (ОРФОЭПИЯ) 

? 

• 1) Имло (орфография) чист? 

2) Меъёрҳои (принсипҳои) асосии он кадоманд? 

3) Кадом меъёрҳои имло дар забони адабии муосири тоҷик мавқеи 
асосӣ доранд? 

4) Соли 1998 ба имлои забони тоҷикӣ чӣ гуна тағйирот ворид карда 
шуд? 

5) Имло бо кадом соҳаҳои илми забон бештар алоқаманд аст? 

6) Дар навишти кадом овоз ё калимаҳо бештар галат мекунед? 

• Маънои луғавии вожаи арабии имло навишта пур кардан 
аст, маънои истилоҳии он қоидаҳои беғалат навиштани 
овозҳо ва калимаю таркибҳост. Имлои забони адабии муоси- 
ри тоҷик дар заминаи меъёрҳои сарфӣ (морфологӣ), овоӣ 
(фонетикӣ) ва анъанавӣ қарор дорад. 

Меъёри сарфӣ талаб мекунад, ки дар навишт ҳиссаҳои 
(морфемаҳои) калима як навъ навишта шаванд. Сифатҳои 
бад, хуб, паст ва ғайра ҳангоми гуфтор дар дараҷаи 
муқоисавӣ баттар, хуптар, пастар талаффуз, вале аз рӯйи 
меъёри сарфӣ бадтар, хубтар, пасттар навишта мешаванд. 
Ҳиссаи номии феъли таркибии сӯйиистеъмол кардан низ дар 
талаффуз сӯистеъмол кардан мешавад, вале навишти аввал 
меъёри имлои забони тоҷикист. 

Меъёри овоӣ (фонетикӣ) мувофиқи тарзи талаффуз навиш- 
тани ҳиссаҳои (морфемаҳои) калимаро тақозо мекунад. Дар 
навишти калимаҳои иқтибосии арабӣ, русӣ, байналмилалӣ 
талаффузи тоҷикии калимаҳо ба инобат гирифта мешавад: 
калимаи иқтибосии арабии мааттаассуф дар забони тоҷикӣ 



5 



бо пасванди калимасози -она ба тарзи мутаассифона навишта 
мешавад. 

Меъёри анъанавӣ тақозо мекунад, ки овозҳои калима 
мутобиқи талаффузи қадимаашон навишта шаванд. Ин меъёр 
дар хати тоҷикигардонидаи арабии калимаҳои хвеш, хвештан 
(хеш, хештан), хвостан (хостан) ва ғайра риоя мешуд. 

Аён аст, ки дар забони адабии муосири тоҷик асосан 
меъёрҳои фонетикӣ ва сарфӣ эътибор доранд. Дар асоси 
меъёри маъноӣ бо ҳарфҳои калон навиштани исмҳои хос, дар 
заминаи меъёри наҳвӣ бо ҳарфи калон навиштани калимаи 
аввали ҷумла сурат мегирад. 

Дар ислоҳоти имлои забони тоҷикӣ дар навишти 
калимаҳои иқтибосии русӣ ва байналмилалӣ бо овозҳои 
мутобиқи тоҷикӣ иваз намудани овозҳои барои забони 
тоҷикӣ бегонаи ц, щ ва ы (сирк, интонатсия, чӯтка, Салтиков 
Шедрин) инчунин дар калимаҳои бегонаю худӣ бе аломати ь 
(ҷудоӣ) навиштани калимаҳо (феврал, палто, А.М.Горкий, 
дарё, тағйир ва ғайра) дар сурати бандаки изофӣ гирифтани 
калимаҳое, ки бо овози й анҷом меёбанд, навишта шудани он 
(рӯй-и, ҷой-и, тӯй-и, бой-и, чой-и, бӯй-и, обрӯй-и, донишҷӯй- 
и, ҷо-ҷой-и ва ғайра), бидуни нимтире навиштани ҷузъҳои 
калимаҳои мураккаби «Лубобулалбоб», «Бадоеъулвақоеъ» ва 
ғайра ҷорӣ карда шуд. 



То ва баъди ислоҳоти имло (1998): 

апрель - апрел Келдыш - Келдиш, 

лагерь - лагер Салтыков-Щедрин - Салтиков- Шедрин 

альбом -албом ящик - яшиқ(қуттӣ) 

уқьёнус- уқёнус щука - шука 

ошьён - ошён центнер - сентнер 

дастьёр - дастёр цемент - семент (симон) 

гирья - гиря целлофан - селофан 

пирьях - пирях цензура - сензура 

такья - такя Цицерон - Ситсерон 

афьюн - афюн цирк - сирк 

тагьир - тағйир циркул - сиркул (паргор). 



6 



Имло бештар ба овошиносӣ, орфоэпия (беғалат талаф- 
фуз кардани овозҳою калимаҳо), сарф (морфология), калима- 
созию таркиббандӣ алоқаи қавӣ дошта, луғатшиносӣ (лекси- 
кология), маъношиносӣ (семасиология) ва наҳвро (синтаксис- 
ро) низ сарфи назар намекунад. 

Шогирдон бештар дар имлои овозҳои садоноки й ва 
ғалат мекунанд. Мавридҳои асосии истифодаи садоноки 
(и-и дароз) чунинанд: 

• Дар охири решаи калима: ҳавлӣ, тоқӣ, шолӣ, биҳӣ, моҳӣ, 
қозӣ, соқӣ, холӣ, боқӣ, сӣ, кӣ, чӣ, чӣ гуна, чӣ қадар ва ғ. 

• Пасвандҳои -ӣ, -гӣ исмҳои маънии аломат, касбу 
машғулият, амалу ҳолат месозанд: сурхӣ, торикӣ, арзонӣ, 
вазнинӣ, ҷавонӣ, дӯстӣ, зебоӣ, шиносоӣ, тирагӣ, бечорагӣ, 
деҳқонӣ, муаллимӣ, сартарошӣ, раисӣ, даводавй, гуштингирӣ, 
пахтачинӣ, раъйдиҳӣ ва ғ. 

• Пасвандҳои -ӣ, -гй, -вӣ сифатҳои нисбӣ месозанд: гиёҳи 
кӯҳӣ, лолаи даштӣ, девори бетонй, машғулияти синфӣ, кишти 
тирамоҳӣ, хӯроки бегоҳӣ, айёми бачагӣ, вазифаи хонагӣ, 
чорабиниҳои тарбиявӣ ва ғ. 

• Бандакҳои феълӣ ва хабарӣ: хонӣ, хонда бошӣ, хондй, 
хонда будӣ, мехондӣ, хоҳӣ хонд, хондагистӣ, хонда истодаӣ, 
хондаӣ, мехондаӣ ва ғ. 

• Сифатҳои феълии замонҳои гузашта ва оянда: хондагӣ, 
мехондагӣ, хонда истодагӣ, хонданӣ ва ғ. 



1. Калимаҳои содда, сохта ва мураккабро, ки бо садоноки ӣ анҷом ёф- 
таанд, ба се сутун нависед ва шарҳ диҳед, ки онҳо ба кадом ҳиссаи 
нутқ тааллуқ доранд ва чӣ тарз сохта шудаанд: 

Кбадӣ, авлодӣ, агентӣ, аҳолӣ, аҷнабӣ, аълочӣ, аҳдбандӣ, 
бадеӣ, бандагӣ, беадолатӣ, боинтизомӣ, ватанпарастӣ, ваҳ- 
шигарӣ, гетӣ, генералӣ, гурусначаилмӣ, дамгирӣ, даҳонакӣ, 
дилгармӣ, доҳӣ, заргарӣ, зараррасонӣ, изофӣ, инсондӯстӣ, 
китобхонӣ, Лайлӣ, мавлавӣ, мардонагӣ, махфӣ, маънавӣ, 



7 



15 



некномӣ, нисбӣ, носаҳеҳӣ, ошуфтаҳолӣ, парӣ, покдоманӣ, 
ресандагӣ, самимӣ, сарватмандӣ, тайёрӣ, умумӣ, хотимавӣ, 
хушбахтӣ, шанбегӣ, ганӣ, ҳамзистӣ, ҷаҳонбинӣ. 

2. Кадом тарзи ифода қобили қабул аст? 

Ҷустуҷӯкунӣ - ҷустуҷӯ, моторремонткунӣ - таъмири мо- 
тор, харидкунӣ - харид, бомбаборонкунӣ - бомбаборон, 
шеърэҷодкунӣ - эҷоди шеър, таҳқиркунӣ - таҳқир, 
табриккунӣ - табрик, шикояткунӣ - шикоят, хонавайроншавӣ 

- хонавайронӣ, хонадомодшавӣ - хонадомодӣ, аспсаворшавй 

- аспсаворӣ, обунашавӣ - обуна, фарбеҳшавӣ - фарбеҳӣ, 
ошиқшавӣ - ошиқӣ, омодашавӣ - омодагӣ, истифодабарӣ - 
истифода, ташаккулёбӣ - ташаккул, анҷомёбӣ - анҷом, 
эзохдиҳӣ - эзоҳ: экпедитсияи ҷустуҷӯкунии геологӣ - экспе- 
дитсияи ҷустуҷӯйи геологӣ ва г. 

гу^ 

♦ Ҳарфи «ӣ»-ро «и»-и заданок» ё «и»-и дароз» мегӯянд. 
Дар воқеъ ҳам ин овоз дар ҳиҷои охири ҳиссаҳои номии нутқ 
омада, задаи калима мегирад ва нисбат ба садоноки ҳиҷоҳои 
дигари калима пурқувват ва баландтар талаффуз мегардад. 

| Вале бояд дар назар дошт, ки дар ҷумлаи «ДоноӢ одамро 
сарбаланд, нодонӢ сархам мекунад» исмҳои маънии доноӣ ва 
нодонӣ ҳарфи ӣ ифодагари задаи калима буда, дар ҷумлаи 
«Ту, бешак, донОӣ (ё нодОнӣ)» задаи калима ба садоноки 
«о»-и ҳиҷои дуюми калимаҳо меафтад (донОӣ, нодОнӣ), пас, 
ҳарфи ӣ дар ҳама гуна мавридҳо ифодакунандаи нишонаи 
заданокӣ нест. 

3. Ҳар мисраи шеърро ба ҳиссаҳои маънодор (синтагмаҳо) ҷудо карда, 

бурро ва бо оҳанги эътимод ва омирона қироат кунед: 

Г ар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ, 

Бар кӯру кар ар(1) нукта нагирӣ, мардӣ(4). 

Мардӣ набувад фитодаро пой задан, 

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ (Рӯдакӣ)(4). 



8 



1) Дар калимаҳои амирӣ, нагирӣ ва бигирӣ зада ба садоноки 
кадом ҳиҷои калимаҳо афтодааст? 

2) Дар чаҳор калимаи мардӣ мавқеи задаро муайян кунед. 

3) Калимаҳои амир, фитода ва таркиби нукта гирифтан ба кадом 
маънӣ истеъмол шудаанд? 

4) Таъбирҳои касеро пой задан ва дасти касеро гирифтан чӣ гуна 
воҳиди забонанд ва ба кадом маъноҳо далолат мекунанд? 

5) Ифодаи кӯру кар чӣ гуна воҳиди луғавист ва чӣ хусусияти савтӣ 
дорад? 

4. Ба задаи калима эътибор дода байтҳоии зеринро қироат кунед: 

Дарахти дӯстӣ(1) биншон, ки коми дил ба бор орад, 
Ниҳоли душманӣ(2) баркан, ки ранҷи бешумор орад(4). 

Чу меҳмони хароботӣ, ба иззат бош бо риндон, 

Ки дарди сар кашӣ, ҷоно, гарат мастӣ(2) хумор орад(4) 

(Ҳофиз). 

Дар ин ҳазрат чу муштоқон ниёз оранд, нозоранд, 

Ки бо ин дард агар дармонанд, дармонанд 

(Ҳоҷуи Кирмонӣ). 



Г|1 

• Садоноки ӯ (вови маҷҳул) дар забони тоҷикӣ қобилияти 
фонемагӣ (тағйир додани маънои калима) дорад: бур (асоси 
феъли буридан) - бӯр (ашё), куш (асоси феъли куьитан) - кӯш 
(асоси феъли кӯшидан ), хурд (сифат) - хӯрд (асоси феъли 
хӯрдан ), сум (номи узви ҳайвонот) - сӯм (воҳиди пул) ва 
ғайра. Он бештар дар мавридҳои зерин кор фармуда мешавад: 

1) Пеш аз ҳамсадои й дар ҳиҷои бастаи калимаҳои аслан 
тоҷикӣ: рӯй, мӯй, сӯй, кӯй, шӯй, бӯй, гӯй, тӯйгар, ҷӯйбор, 
суханпӯё, рӯ ба рӯ, мӯ ба мӯ: рӯйи зебо, мӯйи дароз, кӯйи гарибӣ. 

2) Пеш аз ҳамсадои ҳ дар ҳиҷоҳои баста ва кушодаи 
калимаҳои тоҷикӣ ва иқтибосӣ: кӯҳ, кӯҳна, андӯҳ, анбӯҳ, 
шукӯҳ, гурӯҳ, маҷрӯҳ, тӯҳфа, мӯҳтоҷ, мӯҳтарам: кӯҳсор, 
маҷрӯҳон, кӯҳи баланд, анбӯҳи дарахтон, шукӯҳу шаҳомат. 



9 



3) Пеш аз ҳамсадои ҳалқии ъ дар калимаҳои иқтибосии 
арабӣ: маезӯъ, тулӯъ, ьиурӯъ, мӯътадил, мӯътабар, мӯъҷиза: 
мавзӯи дарс, тулӯи офтоб. 

Бо решаи чунин вожаҳо калимаҳои сохта, мураккаб ва 
таркибии зиёде сохта, дар ҳамаи онҳо садоноки ӯ навишта 
мешавад. Чунончи, бо калимаи мӯй ва рӯз: мӯйдароз, 
мӯйсафед, малламӯй, мӯ(й)чинак, ҷингиламӯ(й)', сермӯ(й), 
мӯйлаб, бемӯйлаб, мӯйбофӣ, мӯ(й)шонакунӣ, мӯ ба мӯ; рӯза, 
рӯзона, рӯзгор, берӯзӣ, наврӯз, рӯзмарра, рӯзадор, рӯзбайъ, 
ҳаррӯза, Беҳрӯз, Некрӯз, Гулрӯз, Рӯзигул ва г. 

5. Бо решаи калимаҳои рӯ(й), гӯш, тӯй ва чӯб калимаҳои сохта, мурак- 
каб ва таркибӣ созед ва онҳоро беғалат хонед. 

6. Мисраъҳои зеринро бурро ва беғалат қироат кунед. Ҳангоми хондан 

ба имлою тарзи талаффузи садоноки ӯ ва калимаҳои бӯй - бӯ, мӯй - 
мӯ, рӯй - рӯ, ҷӯй - ҷӯ, кӯй - кӯ, пайи, шӯйӣ эътибор диҳед. Мазмуни 
ҳар байтро гӯед. Шарҳ диҳед, ки рух кадом ҳиссаи рӯй аст ва чаро 
ранги гули сурхро аз пайи (барои) вай рабудааст, феълҳои бурда, 
рабуда аз ҷиҳати маъно чӣ қаробат доранд ва бо чӣ мақсад кор 
фармуда шудаанд, вожаҳои мушкин ва фишондан чӣ маъно доранд. 

Эй аз гули сурх ранг бурдаву бӯ, 

Ранг аз пайи рух рабуда, бӯ аз пайи мӯ. 

Гулранг(2) шавад, чу рӯй шӯйӣ, ҳама ҷӯ, 

Мушкин(2) гардад, чу мӯ фишонй, ҳама кӯ (Рӯдакӣ). 

* . 1) Феъли рабудан аз муродифҳои гирифтан ва ситондан бо ка- 
дом тобиши маъно фарқ мекунад? 

2) Нидои эй бо чӣ маъною вазифа омадааст? 

3) Бигӯед, ки чунин матнҳоро дар кадом мавриди суханварӣ исти- 
фода кардан мумкин аст? 

Матни зеринро қироат кунед ва бигӯед, ки феълҳои маҷӯй, 
магӯй, магир ва мабӯй бо кадом калимаҳо таносуби маъноӣ 
доранд, суманрӯй, гулранг, анбарбӯй тавсифоти кист ё чистанд 
ва онҳо чӣ маънӣ доранд. 



10 



Дар вақти баҳор ҷуз лаби ҷӯй маҷӯй, 

Ҷуз васфи лаби ёри суманрӯй(2) магӯй. 

Ҷуз бодаи гулранг(2) ба шабгир магир, 

Ҷуз зулфи бутони анбарбӯй(2) мабӯй (Маҳастӣ). 

7. Байтҳои зеринро қироат кунед: 

Бикшой(1) лаби ширин(2), бозори шакар бишкан, 
Бинмой(1) рухи рангин(2), номуси қамар бишкан 

(Сайфи Фарғонӣ). 

Шаккарсухан(2) аст ё сухангӯйи(2) ман аст? 

Анбарзақан(2) аст ё суманбӯйи(2) ман аст? 

• Сабаби осон қироат шудани ин байт дар чист? Ҳар кали- 
маи мисраи аввал бо калимаи мисраи дуюм на танҳо баро- 
барвазн, балки бештарини вожаҳо бо якдигар ҳамқофияанд: 
бикшой - бинмой, ширин - рангин, шакар - қамар; шаккарсухан 
- анбарзақан, сухангӯй - суманбӯй. Чунин калимаҳои 
ҳамқофия дар наср истифода шуда бошанд, насри мусаҷҷаъ, 
дар назм ба кор бурда шуда бошанд, назми мусаҷҷаъ мено- 
манд. 

гр 

• Тахаллуси муаллиф нисбати зодгоҳи ӯ — шаҳри Фарғона 
дорад. Азбаски калимаи фаргонагӣ нисбат ба фаргонӣ мӯҷаз, 
суфта ва чандон осонгӯй нест, аз охири калимаи Фаргона са- 
доноки а ихтисор шудааст. Муқоиса кунед: Бухороизода - 
Бухоризода. Бо мақсади суфтаву равон гардидани тахаллус 
гоҳ овозе ихтисор, гоҳе афзуда мешавад: Марв - Борбади 
Марвазӣ, Исфара - Сайфи Исфарангӣ. 

8. Ҳангоми қироати шеър ба талаффузи садоноки ӯ диққат диҳед, 

тавсифҳои гуизанах ва мӯймиён ро шарҳ диҳед: 

Эй гӯйзанах(2), сухан зи гӯят гӯям 
В-эй мӯймиён(2), зи ишқи мӯят мӯям. 



11 



Гар об шавам, гузар ба ҷуят ҷуям 

В-ар сарв шавам, ба пеши рӯят рӯям(4) (Муиззӣ). 

9. Ба талаффуз ва навишти садоноки ӯ эътибор дода калимаҳоро так- 

рор ба такрор қироат кунед: 

Рӯй - рӯ - хушрӯ - дурӯя — абрӯвон, мӯй - мӯ, сӯй - сӯ, бӯй - 
бӯ, шӯй - шӯ (шуст), ҷӯй -ҷӯ (ҷуст), гӯй - гӯ (гуфт), рӯҳ, кӯҳ - 
кӯҳна (куҳан), шӯҳрат, мӯҳра - мӯҳр, тӯҳфа, Зӯҳра, тӯҳмат, 
бӯҳтон, нӯҳ - нӯҳдорон, маҷрӯҳ, анбӯҳ, рӯшан (равшан), рӯган 
(равған), шӯ (шавҳар), сӯсан (савсан), вале паҳлу, гесу, орзу, 
тарозу, бозу, чорсу, тарсу, парасту. 

* 

• Дар таркиби калимаҳои аслан тоҷикӣ, иқтибосии арабӣ 
(бештар), русӣ ва байналмилалӣ, ки аз як ё зиёда ҳиҷо ибора- 
танд, ҳамсадоҳо такрор ё шиддатнок талаффуз мешаванд. Ин 
ҳодисаи овоиро ташдид ва ҳамсадои такроршударо ташдид- 
нок мегӯянд. Дар талаффузи калимаи иқтибосии арабии дурр 
такрори ҳамсадои р равшан аён намегардад, вале дурру мар- 
ворид гӯем, бо ташдид талаффуз мешавад. 

Ташдид бештар дар калимаҳои дуҳиҷоӣ: арра, аммо, пурра, 
салла, пашша, галла, бутта, гусса, миллӣ, тилло, содда, маккор, 
рассом, қашшоқ, ҷарроҳ, лаззат, диққат, миллат, қувват, 
ҳуҷҷат, парранда, муаллим, муаллиф, муваффақ, мураккаб, 
муқаддас, муҳаббат, муҳаррир, муттаҳид, муддат, тааҷҷуб, 
таассурот, табассум, ташаббус, ташаккур, таваккал, тавал- 
ло, тараққӣ, Садриддин, Фазлиддин, Хайрулло, Неъматулло, 
ҳиссиёт, зиддият, заррин, хаттӣ, гиҷҷак, миллион, тонна, 
грамматика, баррасӣ, ҳаммиллат, ҳаммаслак, ҳаррӯза, 
каммаҳсул, оббозӣ, хоббинӣ, зидди душман, ҳаққи қалам, синну 
сол ва г. 

10. Калимаҳои зерин чӣ тафовути маъно доранд: дур - дурр, сир - 
сирр, ака - акка, шада - шадда, сода - содда, чака - чакка, дарав - 
даррав, хӯрам - хуррам, хӯрок - хуррок. 



12 



Калимаҳоро ба дафтаратон навишта, бурро, шунаво ва 
беғалат хонед: аввал, албатта, ақаллан, аллакай, аммо, галла, 
гусса, зиддият, иттилоот, иттифоқ, иззат, иллат, қисса, 
муваққатан, мусаллаҳ, муқаррар, муқаддима, муяссар, мубад- 
дал, мутахассис, муддао, муфассал, мукаммал, муваффақият, 
мутасаддӣ, муаррифӣ, муассиса, мухаддира, мушаххас, мута- 
ассифона, муҳаққиқ, маҷалла, назаррас, омма, пурқувват, та- 
шаккур, тааҷҷубовар, тахассус, тахаллус, тамаддун, танаф- 
фус, таассурот, тааллуқ, тасаввур, таваҷҷӯҳ, тафаккур, 
террор, тилло, фавқулодда, фаррош, ҳаққонӣ, ҳиссиёт, ҷиддӣ, 
шиддат, шаффоф, ҳиммат, якка. 

• Ҳамсадои ҳалқии ъ (айн) дар калимаҳои иқтибосии 
арабӣ, ки дар натиҷаи истеъмоли муддати тӯлонӣ дар забони 
тоҷикӣ ҳазм шуда «аз они худӣ» гардидаанд, хусусияти 
фонемагӣ зоҳир намуда, маънои вожаҳоро тагйир медиҳад. 



11. Калимаҳои ба тариқи мувозӣ овардашударо бо ҳам муқоиса наму- 
да, тафовути маъноии байни онҳоро муқаррар кунед: аъён - аён, 
аъзо - азо, баъд - бад, даъво - даво, манъ - ман, навъ - нав, рафъ - 
раф, қатъ - қат, раъд - рад, суръат - сурат, таъна - тана, шеър 
- шер, шӯъла - шӯла. 

Калимаҳои зеринро нависед ва ба талаффузи ҳамсадои ъ 
риоя намуда онҳоро хонед ва маънидод кунед: авзоъ, анъана, 
бадфеъл, баръакс, бараъло, вазъият, вусъат, даъват, заъф, инъ- 
икос, инъом, иртиҷоъ, истеъдод, истеъмол, лаъл, маърифат, 
манбаъ, масъала, масъулият, маърӯза, монеъ, низоъ, объект, 
саъй, сунъӣ, табъ, тамаъ, таъм, таъмир, таъин, таъсир, 
таъхир, феъл, шуоъ, шӯъба, ҷомеъ, ҷузъиёт, ҷуръат, эътимод, 
эътироф, қатъият, қонеъ, яъне. 

12. Матнро се нафар аз забони ҳикояткунанда (муаллиф) ва ду бародар 
(тавонгар, дарвеш) хонад. Нафари чаҳорум мундариҷаи ҳикоятро 
нақл карда, ғояи асосии онро шарҳ диҳад. 



13 



Ду бародар (буданд). Яке хидмати султон кардӣ ва дигаре 

бо зӯри бозу нон хӯрдӣ.(4) Боре тавонгар гуфт дарвешро, ки: 

- Чаро хидмат накунӣ, то аз машаққати(1) кор кардан 

бираҳӣ?(4) 

Гуфт: 

- Ту чаро кор накунй, то аз мазаллати(1) хидмат раҳоӣ ёбӣ. 

Хирадмандон гуфтаанд: «Нони худ хӯрдану нишастан беҳ ки 

камари заррин ба хидмат бастан» (Саъдӣ). 

1) Ҳамчунин бигӯед, ки ҳикоятро дар охири пурсиши аввал 
қатъ кардан мумкин нест ва ин чӣ хусусияти матн аст. 

2) Нависанда чӣ тарз аз такрори калима худдорӣ кардааст? 

3) Таркибҳои кор кардан ва хидмат кардан дар матн чӣ тафовути 
маъно пайдо кардаанд? 

4) Маънои вожаҳои султон, тавонгар, дарвеьи, машаққат ва мазал- 
латро шарҳ диҳед. 

5) Калимаҳои раҳоӣ ва раҳо аз ҷиҳати таркиби овозӣ чӣ қаробат 
доранд ва чунин калимаҳоро чӣ меноманд? 

6) Феълҳои раҳоӣ ёфтан аз раҳо шудан чӣ тафовути маъноӣ доранд? 

7) Кадом унсурҳои грамматикии ин матн дар забони имрӯзаамон ба 
кор бурда намешаванд? 

8) Таъбирҳои бо зӯри бозу нон хӯрдан ва камари заррин ба хидмат 
бастан чӣ маънӣ доранд? 

9) Сифати заррин чаро бо ду ҳамсадои р навишта ва бо ташдид та- 
лаффуз мешавад? 



ЛЕКСИКА 



• 1 . Маънои луғавию грамматикии калима чист? 

2. Якмаъноӣ ва сермаъноӣ, маънои аслию маҷозии калима чист? 

3. Омоним чӣ гуна калима аст ва он аз калимаи сермаъно чӣ фарқ 
дорад? 

4. Пароним чӣ гуна калима аст ва он аз омоним ва калимаи сер- 
маъно чӣ фарқ дорад? 

5. Чӣ гуна калимаҳоро ҳаммаъно, муродиф ва ё синоним меноманд? 



14 



6. Муродифҳои луғави, услуби ва грамматики аз ҳамдигар чи фарқ 
доранд? 

7. Чӣ гуна калимаҳоро зидмаъно ё антоним меноманд ва онҳо ба- 
рои таъсирбахш ифода кардани фикр чӣ саҳм мегузоранд? 

8. Сарчашма ё манбаи пайдоиши калимаҳои забон чӣ гуна аст? 

9. Оё ҳамаи калимаҳо доираи истеъмоли васеъ доранд? 

10. Магар калимаҳо ҳам наву кӯҳна мешаванд? 

1 1 . Луғатнигорӣ чист ва луғатҳо чӣ гуна мешаванд? 

к # .4 Маҷмӯи овозҳои садоноку ҳамсадо мувофиқи қоидаҳои 
маъмули ҳар забон бо ҳам васл шуда, ҳиҷоҳоро ва ҳиҷоҳо 
калимаҳоро ташкил медиҳанд, ки он бунёди моддии 
калимаҳост, онро бо забон мегӯед, бо гӯш мешунавед ва на- 
виштаи онро бо чашм мебинеду мехонед. Ин ҷиҳати вожа ё 
калимаро ба пӯчоқи чормагз монанд кунем, маънои калима 
магзи он ё мафҳуми ашё, ҳодиса, воқеа, аломату хусусият, 
амалу ҳолати ҳаёти воқеист, ки дар тафаккури инсон дарк ме- 
гардад. Дар маънои лугавии калима маънои умумии ашё, 
аломат ва амал инъикос меёбад. Вақте ки дарахт мегӯем, дар 
он ҳамаи навъҳои дарахт (баҳосилу беҳосил, хурду калон ва 
гайра) ифода меёбад. 

Калимаҳо маъноҳои луғавй ва грамматикӣ доранд. 
Маънои луғавии калимаҳо дар луғатҳо тафсир мешавад, аммо 
маънои грамматикӣ нисбат ба маънои луғавӣ абстракт ва му- 
раккаб буда, дар дастурҳо шарҳ дода мешавад. Масалан, ка- 
лимаи хона дар луғат маскан, истиқоматгоҳ, иморат, ҷойи 
мӯҳра дар тахтаи шатранҷ тавзеҳ шудааст. Маънои грамма- 
тикии он исми макон, шумораи танҳо, муайян, ғайришахс, 
беҷон, моддӣ, ҷинс аст. 

Исм, сифат, шумора, ҷонишин, зарф ва феъл ҳиссаҳои 
мустақилмаънои нутқ, пешоянду пасоянд, пайвандак, ҳиссача 
ва нидо ҳиссаҳои номустақили нутқ ҳисоб меёбанд, чунки 
ҳиссаҳои мустақили нутқ ҳам маънои луғавӣ, ҳам маънои 
грамматикӣ доранд, ҳиссаҳои номустақил танҳо маънои 



15 



грамматикӣ доранд ва маъною вазифаи грамматикии онҳо 
дар ҷумла аён мегардад. 

Калимаҳо бо ҳамдигар таносуби маъноӣ ва грамматикӣ 
доранд. Дар байти зерин калимаҳои равоқ (пештоқ ё айвони 
хона) бо оьиёна ва хона , манзар (назаргоҳ) бо чашм таносуби 
наздики маъно ва феъли фуруд омадан бо калимаи хона тано- 
суби маъноӣ ва грамматикӣ дорад: ба хона фуруд о. 

Маънои луғавии фуромадан ва фуруд омадан поин омадан, 
нузул кардан, таваққуф кардан тафсир шудааст. Маънои 
грамматикии феъли фуруд о(й) сиғаи амрӣ, замони ҳозира- 
оянда, шахси дуюм, шумораи танҳо буда, амали мутлақ ва бе- 
воситаро ифода мекунад, феъли монда, аз лиҳози сохт тарки- 
бист, дар ҷумлаи амрӣ ба вазифаи хабар омадааст. 

Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст(1), 

Карам намову(1) фуруд о(1), ки хона хонаи туст(1) 

(Ҳофиз). 

Дар ин байт маънои луғавии равоқ пешайвонест ба намуди 
меҳроб, манзар дарича, назаргоҳ, равоқи манзари чашм 
маҷозан ба маънои «мардумаки чашм» ва калимаи хона ба 
маънои иқоматгоҳ омадааст. 



13. Матнро ҳама ба дафтар нависанд, ду нафар (муаллиф ва гадо) 
қироат кунанд. Сухани шоирро ҳамаи хонандагон гӯянд. Дар охир 
яке аз онҳо ғоя ва аҳамияти ривоятро шарҳ дода, дар ҳамин бобат 
як ҳикмати мардумиро дар бобати некӣ кардан ба ёд оварад. 

Носири Хусрав аз бозор нони гарм харид(З). Гадое ба наз- 
ди ӯ омаду гуфт: 

- Эй саховатманд(2), чӣ шавад, ки ними нон ба ман диҳӣ. 
Гуруснагӣ(2) ба ҷонам расид. Худо ин некиатро хоҳад гар- 
донд(З). 

Шоир нонашро ба гадо ҳадя карду гуфт: 

- Бандагони гурусна тамоми умр барои дороён некӣ(2) ме- 
кунанд, вале Худо некии онҳоро ҳеҷ намегардонад(4). Некии 
ман низ ҳамин гуна бошад. 



16 



• 1) Маънои луғавию грамматикии калимаҳои нон, некӣ, гарм ва 

ҳадя кард ро гӯед. 

2) Калимаҳои мустақилмаъно ва номустақили матнро аз ҷиҳати 
тааллуқи сарфиашон (морфологиашон) ба сутунҳои алоҳида ҷудо 
карда нависед. 

3) Шарҳ диҳед, ки калимаҳои саховатманд, бандагон, дороён чӣ ху- 
сусияти сарфии исм зоҳир кардаанд. 

4) Чаро калимаи банда бо пасванди - гон , доро бо -он шакли ҷамъ 
сохтааст? 

5) Носири Хусрав, саховатмаид ва гиоир чӣ қаробати маъноӣ доранд 
ва дар матн бо чӣ мақсад ба кор бурда шудаанд? 

6) Тарзҳои ифодаи «. . .чӣ шавад, ки ними нон ба ман диҳӣ» ва 
«...ними нон ба ман бидеҳ» чӣ тафовути маъноӣ доранд ва чаро 
нигоранда тарзи аввали ифодаро писандидааст? 

Таркиби луғавй 



! 

• Бунёди ҳар забонро захираи лугави ва сохти грамматики 
ташкил медиҳад. Калимаҳо, таркибҳо, ибораю ҷумлаҳои рех- 
та (воҳидҳои фразеологӣ) мафҳумҳои ашё, аломат, амалу 
ҳолатро, ки дар муҳити кору зиндагии инсон вуҷуд доранд, 
ифода мекунанд. Калимаҳо ганҷинаи бебаҳои зеҳнии гузаш- 
тагони мост, ки бо заҳмат эҷод намуда, дар асарҳои илмию 
бадеӣ ба кор бурда, дар луғату фарҳангҳо ба низом даровар- 
да, тафсир намуда, ба наслҳои имрӯза ба мерос гузоштаанд. 
Қисми зиёди ин сарват калимаю истилоҳоти қадимаю 
имрӯзаи худианд. Калимаҳои решагӣ, ки мафҳумҳои ашё, 
шахс, адад, амал ва ишораи онҳо бо ҷонишинҳо, аз қабили 
модар, падар, бародар, замин, ном, хостан, дидан, навиьитан, 
сафед, ду, шаш, даҳ, ту, он ва ғайра, ки дар оилаи забонҳои 
ҳинду аврупоӣ низ бо андаке тағйири овоз мушоҳида меша- 
ванд, аз ҳамин қабиланд. Чунин калимаҳо унсурҳои аз ҳама 
серистеъмол, сермаъно ва дар калимасозӣ фаъол ба шумор 
мераванд. 



17 



Шояд дар олам чунин забоне вуҷуд надорад, ки аз забони 
дигар калимаю истилоҳотро нагирифта (иқтибос накарда) 
бошад. Одатан забонҳои камнуфуз аз забонҳои дар илму 
фарҳанг бонуфуз ва пешрафта калимаҳоро иқтибос мекунанд. 
Дар давраҳои гуногуни таърихӣ дар натиҷаи робитаҳои сиё- 
сию иқтисодй ва фарҳангӣ аз забонҳои гуногуни олам кали- 
маю истилоҳҳо ба забони тоҷикӣ ворид шудаанд. Дар забони 
муосири тоҷик калимаҳои иқтибосии арабӣ, русӣ ва туркӣ 
мавқеи бештар доранд. Калимаҳое, ки дар решааш се ё чаҳор 
ҳамсадо бо як тартиб воқеъ шудаанд, калимаҳои арабианд: 
КТБ — КиТоБ, КоТиБ; МКТБ -МаКТаБ, МуКоТиБа. Дар 
таркиби калима мавҷуд будани ҳамсадои ҳалқии ъ, бо 
пасвандҳои - ат , - ият анҷом ёфтани калимаҳо низ нишонаҳои 
иқтибосоти арабист. Бештарини калимаҳое, ки дар забони 
тоҷикӣ ҳамсадоҳои такрор (ташдид) доранд, низ арабианд. 
Як микдори чунин калимаҳо шакли ҷамъбандии солим ва 
шикастаи арабӣ доранд. 



14. Калимаҳои иқтибосии арабиро аз рӯйи нишонаҳои зикршуда ба 
дафтаратон нависед. Маънои кадом калимаҳои арабиро ба осонӣ ва 
кадомеро бо мушкилӣ фаҳмидед ва ё ба луғат муроҷиат кардан ло- 
зим омад? Мазмуни саволу ҷавобро аз наср фаҳмидан осон аст ё аз 
назм? 

Дарвеше(З) қавиҳиммат(2) бо подшоҳе(З) соҳибшавкат(2) 
тариқаи ихтилот ва собиқаи инбисот дошт. Рӯзе(З) аз вай 
нисбат ба худ гаронӣ тафарруҷ кард. Ҳарчанд таҷассус намуд, 
ҷуз касрати тараддуд ва бисёрии омадшуд онро сабабе на- 
ёфт(4). Доман аз ихтилоти ӯ дарчид ва бисоти инбисот аз ӯ 
дарнавардид. Рӯзе он подшоҳро бо вай дар мамаре(З) 
иттифоқи мулоқот афтод. Забон ба мулоқот бикушод, ки: 

- Э дарвеш, мӯҷиб чист, ки аз мо бибуридӣ ва қадам аз 
омадшуди мо даркашидӣ(4)? 

Гуфт: 

- Мӯҷиб он, ки донистам, ки аз сабаби наомадан суол беҳ 
ки аз ҷиҳати омадан изҳори малол(4). 



18 



Қитъа 

Ба дарвеш гуфт он тавонгар(2): «Чаро 
Ба пешам пас аз дерҳо н-омадӣ?» 

Бигуфто: «Чаро н-омадӣ?» пеши ман 

Басо хуштар(З) аст аз «Чаро омадӣ?» (Ҷомӣ). 

Л у ғ а т: 

Ихтилот - рафтуомад; 

Инбисот - ошноӣ; 

Тафарруҷ кардан - бо фаросат дарёфтан, пай бурдан; 
Таҷассус кардан - бо мулоҳиза дарёфтан; 

Касрат - зиёдӣ; 

Тараддуд — саъю кӯшиш, амал; 

Бисоти инбисот аз касе дарнавардидан - тариқи ошноиро 
бо касе қатъ кардан; 

Мамар - роҳ. 

1) Муаллиф аз кадом имконоти услубии муродифҳои луғавӣ 
фоида бурда матлабро рангин ва дилчасп ифода кардааст? 

2) Калимаи гаронӣ ба кадом маънӣ омадааст? 

3) Калимаи шуд дар таркиби омадшуд ба кадом маънӣ кор фармуда 
шудааст ва он маъниро ҳоло ҳам дорост? 

4) Таъбирҳои «доман аз чизе дарчидан», «бисоти чизе аз касе дар- 
навардидан», «қадам аз чизе даркашидан» маъноҳои амалро чӣ 
тарз ифода кардаанд? 

15. Калимаю истилоҳоти иқтибосии арабӣ, русӣ ва байналмилалиро ба 
сутунҳои алоҳидаи дафтаратон нависед ва шарҳ диҳед, ки онҳо ба 
кадом қонуну қоидаҳои забони тоҷикӣ мутобиқ шудаанд. 

- Касалиҳои дил ва рагҳои хунгузарро(2) мо, табибон, мух- 
тасар касалиҳои ишемӣ(2) меномем, - сухан сар кард Зардод- 
хон. - Аз ин мавзӯъ ба донишҷӯён(2) даҳҳо соат лексия хонда 
мешавад... Дар амалияи тиб ақидае ҳукмрон аст, ки бемории 
дил ва рагҳои хун оқибати тағйироти физиологист(2), яъне 
дигаргуниҳои соф биологӣ(2) ва кимёвист(2), ки дар ҷисми 



19 



одам ба амал меояд. Дар таркиби хун холестерин ном моддае 
пайдо мешавад... (Ф.М.); 

Баъди якчанд ҳафта аз район ба ҳавлии Шарофатхола як 
технику панҷ-шаш нафар гилкорону наҷҷорон омаданд. Онҳо 
чанд мошин чӯбу тахта ва хишту семент оварданду якбора ба 
кор сар карданд. Техник, ҷавони бисту ҳафт-бисту ҳашт- 
солаи(2) қоматбаланди(2) лоғарандом(2), бо талабу исрори 
Маҳмудбой(2) нақшаи иморатро ба вай нишон дод (А.А.). 




• 1) Ин матнҳо кадом соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро инъикос мекунанд, 

дар онҳо чӣ гуна унсурҳои луғавӣ истифода шудаанд? Калимаҳои 
иқтибосии онҳо аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд? 

2) Кадом калима ё истилоҳҳо бе зарурат иқтибос шудаанд ва 
онҳоро бо кадом калимаҳои тоҷикӣ иваз кардан мумкин аст? 

3) Калимаҳои табиб, техник, гилкор, наҷҷор чӣ гуна унсури 
луғавианд ва онҳо бо кадом калимаю истилоҳоти матнҳо таносу- 
би маъноӣ доранд? 

4) Муродифҳои луғавии касалӣ ва беморӣ, тагйирот ва дигаргуниҳо 
бо чӣ мақсад истифода шудаанд? 



Сермаънои 



т 

• Калимаҳо якмаъно ва сермаъно мешаванд. Забон ба ҳар 
ду ҳам эҳтиёҷ дорад. Калимаҳои якмаъно қобилияти дақиқ 
ифода кардани мафҳум доранд. Онҳо дар тадқиқи масъалаҳои 
нозуки илмӣ ба кор меоянд. Истилоҳ (термин) ҳамин гуна ун- 
сури лугавии забон аст. Калимаҳои решагии серистеъмоли 
забон ба сермаъноӣ майл доранд. Сар, даст, дил, ҷон, дидан, 
паст, баланд, гирифтан, хондан, задан барин вожаҳои забони 
тоҷикӣ аз ҳамин қабил воҳидҳои луғавианд: 



Сари савдои ту андар сари мо мегардад, 

Бин, ки андар сари шӯрида чиҳо мегардад (Ҳофиз). 



20 



Дилаш танг у даҳан танг у миён танг , 

Зи дилтангӣ шуда бар вай ҷаҳон таяг 

(Фахриддини Гургонӣ). 

Раёсат ба дасти касоне хатост, 

Ки аз дасташон дастҳо бар худост (Саъдӣ). 

Калимаҳои сар, танг ва хондан дар фарҳанг ба чандин 
маъно тафсир шудаанд. Дар байти аввал «Сари савдои ту ан- 
дар сари мо мегардад» ба маънои «фикру хаёли мо ҳамеша 
побанди моҷарои ишқи туст» ва «сари шӯрида» ба маънои 
«сари аз дарди ишқ ба шӯр омада», дар байти дуюм даҳоны 
танг - даҳони хурд, дили танг, дилтангӣ - ошуфтагӣ, миёни 
танг - миёни борик, ба касе тангӣ кардани ҷаҳон ба маънои 
ба азоби рӯҳӣ гирифтор шудан омадааст. Сифати танг дар 
даҳони танг ба маънои аслӣ, дар дили танг ба маънои маҷозӣ 
омадааст. Дар матни охирин калимаи даст дар мисраи аввал 
ба маънои инон, ихтиёр, тасарруф, дар мисраи дуюм ба 
маъноҳои тариқи ҳукмронӣ, ҷабру зулм ва ба дод омадани 
мардуми ҷабрдида далолат мекунад. 

Сермаъноии вожаҳо як навъи санъати маънавӣ - таҷнис 
буда, тасвир ва баёни фикрро дар асари бадеӣ, ба хусус, дар 
назм хушобуранг ва ҷозибанок мегардонад. 



16. Аз фарҳангҳо фоида бурда хатти шарҳ диҳед, ки калимаи сар дар 
ибораҳои зерин ба кадом маъно омадааст? 

Сари кӯҳ, сари роҳ, сари замин, сари ҷӯй, сари шамшер, 
сари сӯзан, сари хок, сари хирман, сари мӯ, сари хум, сар за- 
дан, сар хам кардан (накардан), сар тофтан, сар фуруд овар- 
дан, сари ёрӣ доштан (надоштан) бо касе, сар хӯрдан, сар бар 
осмон судан, ба сар давидан. 

17. Феълҳо калимаҳои асили қадима ва сермаънои форсӣ-тоҷикианд? 
Шумо чанд маънои феъли «хондан»-ро медонед? Ин вожа дар 
матнҳои зерин ба кадом маъноҳо омадааст? 



21 



Ошиқон дарди туро давлати афзун хонанд, 

Меҳнати ишқи туро бахти ҳумоюн хонанд(4). 

Халқ хонанд маҳ аз содагӣ(б) ин рӯй аҷаб, 

Варақеро, ки бар ӯ хат набувад, чун хонанд ? (Камол). 

Нависандаи(З) номаро пеш хонд , 

Бифармуд, то нома бар вай бихонд(4) (Фирдавсӣ). 

* 1) Калимаҳои варақ, хат, нома ва нависанда бо кадом маънои 

феъли хондан алоқаи наздики маъноӣ доранд? 

2) Калимаи меҳнат ба кадом маъно омадааст? 

3) Бахти ҳумоюн чӣ гуна бахт аст? 

18. Феъли ёзидан дар матни зерин бо кадом маъно омадааст ва муал- 
лиф онро бо чӣ мақсад кор фармудааст? 

Харчанд зани калон ин нигоҳи палонҷи худро ва маънии 
онро фаҳмида бошад ҳам, худро ба нодонӣ зада, наботчой- 
ро(2) гардон-гардон карда, дар ду пиёла кашид, яке аз он 
пиёлаҳоро ба пеши Соро ва дигарашро ба пеши палонҷаш 
гузошт(4). 

- Ман наботчой намехӯрам, - гуфт зани хурдӣ оташино- 
на(2). - Ба келин додан гиред! Наботро амакашон барои он 
кас фиристодаанд! 

- Хуб, шумо намехӯрда бошед, ман мехӯрам... Амакаш аз 
барои келин фиристода бошанд ҳам, «аз давлати шолӣ кур- 
мак об мехӯрад» гуфтагӣ гапҳо ҳаст(4). 

- Лекин ман шумо барин курмак нестам, ман биринҷу(1) 
биринҷи миёнколӣ барин ёзида рафта истодаам , - гуфт зани 
хурдӣ... 

- Бохабар бошед, ки ёзида-ёзида ланҷ шуда наравед, - гуфт 
зани калон бо оҳанге, ки гӯё аз оташинии(2) палонҷаш завқ 
мегирифта бошад (С.А.). 



22 



к • ^ 1) Дар ҷумлаи «Наботро амакашон барои он кас фиристода- 
анд!» фикр бо кадом тобиши маънӣ ифода ёфтааст? 

2) Феъли «ланҷ шудан» чӣ маъно дорад ва он таркиб хоси забони 
гуфтугӯ аст ё забони адабии китобӣ? 

3) Чаро дар ҷумлаҳои боло ҷонишинҳои шахсии ман ва шуморо их- 
тисор кардан мумкин нест? 



19. Матнҳои зеринро ба дафтар навишта, мулоҳиза кунед, ки калимаҳои 
сар, ҳамсар, ҳамсарӣ ба кадом маъно омадаанд? Мазмуни байтҳоро 
гӯед. 

1. Сар ба болинам(З) зи дарди ҳаҷр наздик омадаст(1), 

К-а сари болини ман шарманда бархезад табиб (Ҳилолӣ). 

2. Дорам он сар , ки сар андар сари кори ту кунам, 

Бо мани дилшуда ҳарчанд саре нест туро(4). 

3. Ба сари зулфи дарозаш на дили шайдо рафт, 

Ҷону сар низ ҳама дар сари ин савдо рафт(4) (Камол). 

4. Домони ту, эй бути ситамгар(2), 

Сар медиҳаму намедиҳам сар. 

5. Ҳамсаре(2) ёфтам, ки ҳамсари ӯ 

Нест кас дар диёру кишвари ӯ(4) (Низомӣ). 

6. Аммо Ҳамроҳгавбоз(2) ҳанӯз ҳам намеҷунбид ва сари 
хамшудаашро(З) аз сари синааш намебардошт(4); Чорсад на- 
фар... ба дасти гумоштагони Раҳимхон афтода, кушта шуданд 
ва саро ни онҳо ҳам ба сари калламанора баромад(4); ...бо 
Арбобкамол(б) дар давлат, сарват ва эътибор ҳамсарӣ(2) 
дошт (С.А.). 



23 



Г'<уч, 

• 1) Дар байти аввал кадом калимаҳо бо ҳамдигар алоқаи 

маъноии наздик ё, ба истилоҳ, «таносуби маъноӣ» доранд? 

2) Дар ҳамон байт чаро калимаи «болин»-ро бо «болишт» иваз кар- 

дан мумкин нест? 

3) Калимаи сар бо кадом вожаҳо таносуби маъноӣ дорад? 

Омоним (ҳамгуна) 

I 

• Калимаҳои сермаъно ба омонимҳо шабоҳат доранд. 
Фарқ танҳо дар ин ҷост, ки байни маъноҳои гуногуни 
калимаҳои сермаъно аз ҷиҳати монандии зоҳирии ашёю ало- 
мат ё амал ва ё аз лиҳози вазифа робитаи маъноӣ вуҷуд дорад, 
вале омонимҳо калимаҳои тамоман гуногунанд, бо якдигар 
алоқамандии маъноӣ надоранд ё як вақтҳо дошта бошанд 
ҳам, ҳоло он тамоман ноаён гардидааст. Калимаҳои решагии 
тоҷикии бар ба маъноҳои феъли фармоиш, пешоянди аслӣ, 
исми ҳосили дарахт, ченаки сатҳ, оғӯш, инчунин дар таркиби 
баҳру бари арабӣ бо маънои хушкӣ, калимаи байналмилалии 
бар ба маънои як навъи тарабхона омоним шудаанд. 

Омонимҳо мисли калимаҳои сермаъно дар услубҳои бадей, 
рӯзноманигорӣ ва муошират ҳамчун воситаи тасвири бадеӣ - 
санъати таҷнис истифода мешаванд: 

1 . Фарқ аст миёни он, ки ёраш дар бар 

Бо он, ки ду чашми интизораш бар дар (Саъдӣ). 

2. Қарор аз дили ман рабуд он иигор 

Бад-он анбарин турраи беқарор. 

Нигор аст рухсораи ман ба хун 

Зи ҳиҷрони рухсораи он нигор (Рӯдакӣ). 

3. Ман ки имрӯз ҳалоки дами ҷонбахши туям, 

Дами Исо чӣ кунам, чун дами ту ин дам нест (Ҳофиз). 

Дар байти Саъдӣ омоними пешоянди дар ва исми бар (назд, 
оғӯш) ва пешоянди бар ва исми дар (даромадгоҳи хона) - 



24 



омонимҳои луғавию грамматикӣ, дар мисраъҳои Рӯдакӣ 
омонимҳои луғавии нигор (маъшуқа ва рангин), дар байти 
Ҳофиз омонимҳои луғавии дами ҷонбахш (висоли ёр), дами 
Исо (нафаси зиндакунандаи Исо пайғомбар), дами ту (висоли 
ёр), ин дам (ҳоло, ин замон) омадааст. 



20. Бо маъноҳои гуногуни калимаҳои хор, боз, банд, бор, ток, чанг, газ, 
сахт, шаст ибора ё ҷумла созед ва сарчашмаи пайдоиши 
омонимҳоро гӯед. Аз фарҳангҳо истифода бурда тафовути маъноии 
омонимҳоро шарҳ диҳед. 

|Г 

• Омонимҳо дар гуфтор ҳамгуна шаванд, овозй (омофон), 
дар навиштор ҳамгуна шаванд, навишторӣ (омограф) мено- 
манд: 

Имрӯз шоҳи анҷумани дилбарон якест, 

Дилбарон агар ҳазор бувад, дил бар он якест. 

Қобили ин гуфтаҳо шав гӯшвор , 

То ки аз зар созамат гӯшвор. 

Ҳангоми қйроати байти аввал исми дилбарон бо таркиби 
дил бар он якгуна ба гӯш мерасад. Дар байти дуюм ду калимаи 
гӯшвор дар навишт якгуна, вале аз лиҳози ҷойи задаи калима 
аз ҳамдигар фарқ мекунанд: дар калимаи гӯшвор (гӯш барин) 
задаи ҳиҷои охирин ноаёнтар, вале дар калимаи гӯшвор (ас- 
боби зебу зинат) хеле равшан эҳсос мешавад. 

21. Матнҳои зеринро навишта, бурро ва шунаво хонда, гӯед, ки кадом 
навъҳои омонимҳо истифода шудаанд: 

1. Тори зулфатро ҷудо машшота гар аз шона кард, 

Дасти он машшота мебояд ҷудо аз шона кард(4) 

(Хусрави Деҳлавӣ). 

2. Макун раҳм бар мардуми бисёрхор(2), 

Ки бисёрхор(2) аст бисёр хор(4) (Саъдӣ). 



25 



3. Хуршед, ки нури дидаи офоқ аст, 

То банда нашуд пеши ту, тобанда нашуд(4). 

4. Гулнор бадеҳагӯйиро(2) ба роҳи дигар гардонданӣ(З) 
шуда гуфт: 

- Ёдгор, ту «Шоҳдухтар»-ро медонӣ? 

- Ҳо, шоҳдухтарро ман надонам, боз кӣ медонад? 

- Донӣ, гӯй! 

- Шоҳдухтар(2) худи ту-дия! (С.А.). 

Вожаҳои наздикталаффуз (паронимҳо) 



• Сабаб чӣ бошад, ки баъзе мактабиён номи чунин 
кишварҳо, мисли Шветсия ва Шветсария , Лвстрия ва Авст- 
ралия , ҳатто Арктикаро бо Антрактида омехта мекунанд? 
Баъзан калонсолон ҳам ба ҷойи бӯҳрони щтисодӣ бурҳони 
иқтисодӣ мегӯянд. Ҳол он ки маънои истилоҳи бӯҳрон ба русӣ 
«кризис» ва бурҳон «далел» мешавад. Сабаб ин аст, ки он 
калимаҳои ҷуфт аз ҷиҳати таркиби овозиашон ба якдигар хе- 
ле наздиканд. Чунин калимаҳо дар забоншиносии умумӣ, 
ҳамреша бошанд (ба мисли давр - давра, замон - замона, сарф 
- сарфа, қувва - қувват, байн - мобайн ва г.), пароним (юнонии 
рага «наздики» ва опуша «ном» ё наздикном), гуногунреша 
бошанд (монанди сурат - суръат, нукта - нуқта, зарар - зиён, 
набз - назм ва г.), паронимаз (юнонии рага «наздики» ва 
опошахо «меномам») ном бурдаанд. Дар забоншиносии тоҷик 
Т.Зеҳнӣ чунин калимаҳоро наздикталаффуз номидааст: 

Табиб дасти худро ба тарафи саройбон дароз карда: 
«Канӣ, дастатонро диҳед, «назм»- атонро бинам» - гуфт 
(С.А.); Дар ҳамон ҷо ду пояшро дароз карда ба рӯйи хок ни- 
шаст ва ҳамчун кӯдак ба гиря сар кард. Ҳунгидани ӯ аз 
ҳангидани хӯтукча ҳеҷ монданӣ надошт (Ҳ.К.). Инак, як суру- 
ди дигарро дар иҷрои ҳофизи дӯстдоштаатон ба самти шумо 
мерасонем (Радио). 



26 



Дар мисоли аввал нависанда аз забони табиб ба ҷойи ка- 
лимаи набз дар нохунак назмро оварда, ба нодонии табиб 
ишорае кардааст. Дар мисоли дуюм гиряи бадмастро 
ҳаҷвомез бо ҳангидани хӯтук қиёс намудааст. Дар мисоли се- 
юм гӯяндаи радио зоҳиран тафовути калимаҳои арабии самъ- 
ро аз самт намедонистааст. 

Надонистани тафовути маъноии калимаҳои наздикталаф- 
фуз боиси галатҳои дағали луғавӣ мегардад. Чунин ғалатҳо 
на танҳо дар корҳои хаттии хонандагон, балки дар забони 
матбуоти имрӯза ҳам мушоҳида мешаванд: 

Барои қаноатманд намудани талаботи зиёд ба тарҷумонҳо 
дар бисёр мамлакатҳо мактабҳо таъсис дода шудаанд; 
Саволҳои оддии писарак гувоҳи он буданд, ки дар бораи 
компютер таассуроти кӯчак доранд; Агар дар харидории ма- 
соили палав ба гуфтаҳои мо риоя кунед, ошатон ҳам арзону 
ҳам табъи дил хоҳад шуд. 

Рӯзноманигор фарқи маъноии қонеъ намудан, тасаввурот 
ва масолеҳ ро аз қаноатманд намудан, тасаввурот ва масоил 
(шакли ҷамъи шикастаи арабии масъала) надонистааст. Ило- 
ва бар ин, ба ҷойи сифати кӯчак калимаҳои маъмули тоҷикии 
кам, андак, ночиз ва ба ҷойи харидорӣ вожаи харид ё харидан- 
ро истифода кунем, матлаб саҳеҳтар ифода меёбад. 

22. Калимаҳои наздикталаффузи зерин чӣ маъно доранд? Бо ҳар кадо- 
ми онҳо ибора ё ҷумла созед ва тафовути маъноии онҳоро шарҳ 
диҳед: 

Ризо - розӣ, рустан - растан (рустанӣ - растанӣ), сукут - 
субут, фурӯ гирифтан - фаро гирифтан, қувва - қувват, муло- 
им - мулоимат, ҳимоя - ҳимоят. 

23. Кадом шакли калима дуруст аст? Онро ба дафтар нависед ва барои 
асоснок будани дурустии интихоби худ ба луғатҳо муроҷиат намуда 
собит кунед. 

Мусбӣ ё мусбат, зарурат ё зарурият, фарқ ё фарқият, ха- 
тогӣ ё хато, ҳайратомез ё ҳайратангез, пандомӯз ё пандангез ? 



27 



24. Аз матнҳои зерин калимаҳои наздикталаффузро ёфта, ба дафтар 
нависед ва хаттӣ шарҳ диҳед, ки аз ҳамдигар чӣ тафовути овозӣ до- 
ранд ва онҳо дар матнҳо бо кадом мақсад кор фармуда шудаанд. 

1. Ишқу ашк пинҳон намемонад; 2. Мард барои ном меми- 
рад, номард барои нон(4); 3. Дар пеши бача «ҳавлӣ»(1) нагӯй 
ки, «ҳалво» мешунавад; 4. - Аз дасти меҳнаткашони ситамди- 
да(3), ки ба даст яроқ гирифтаанд, сари худро саломат гириф- 
та гурехтан ҳам барои амир як зафар аст: ҳарчанд ҷаҳонгир 
нашавад ҳам, дар хоки бегонагон дар ба дар гашта 
«ҷаҳонгард» мешавад(4) (С.А.). 

5. Хостам осуда ба кунҷе бинишинам, 

Ногаҳ болои ту барангехт(2) балоро (Сайидо). 



Синонимҳо (муродифҳо) 



ср 

• 1) Синоним (муродиф) чист? 

2) Чӣ гуна воҳидҳои забон муродиф мешаванд? 

3) Чӣ гуна калима ва таркибҳоро муродифи луғавӣ меноманд? 

4) Муродифҳои луғавӣ калимаҳои баробармаъноанд ё тафовуте ҳам 
доранд? 

5) Муродифҳои маъноӣ ва услубӣ чӣ гуна силсилаи калимаҳои 
ҳаммаъноанд? 

6) Чӣ гуна муродифҳои луғавиро матнӣ мешуморанд? 

7) Муродифҳои луғавӣ аз вариантҳо ё қаринаҳо чӣ фарқ доранд? 

8) Муродифҳои луғавӣ чӣ хусусияти услубӣ доранд? 

25. Матнро ба аломатҳои ист риоя намуда, бурро ва беғалат қироат ку- 
нед, калимаҳои ҳаммаъноро (муродиф ё синонимро) ёбед ва шарҳ 
диҳед, ки онҳо аз ҳамдигар чӣ тафовути маъноӣ ё услубй доранд? 

Шумо гумон накунед, ки ин ҷӯйборҳо ҷӯйҳои калон ва 
обҳояшон гурришдори галтон бошанд(4). Не(4). Мо аз тангии 
иборат ба ин ном ёд кардем, вагарна паҳнобе буд, қадаш аз 
қомати сабза ва себаргаҳои(2) навхезе(2), ки дар роҳи 



28 



ҳаракати ӯ рӯйида буданд, баландӣ надошт ва садои 
ҳаракаташ аз овози ҷунбиши(2) зангӯлаи симини(2) сари зул- 
фи симбарони(2) нозукхироми(2) тоҷик тафовуте намекард(4) 
(С.А.). 

* 1) Дар ин матн шумо - киҳо ва мо кист? Ин тарзи оғоз намуда- 
ни тасвир бо кадом гарази услубӣ воқеъ гардидааст? 

2) Дар ибораи тангии иборат кадом калима бо маънои аслӣ ва ка- 
дом калима маҷозан кор фармуда шудааст? 

3) Калимаҳои ҷӯйбор, ҷӯйҳо ва паҳнобро муродифи луғавӣ шумори- 
дан мумкин аст магар? 

4) Дар ифодаҳои сабза ва себарга, зангӯлаи симини сари зулфи симба- 
рони нозукхиром чӣ имкони муассири савтй истифода шудааст? 

* 

• Синонимҳо (юнонии 8упопупю8 ҳамномҳо) чунин 
калимаҳоянд, ки ба як ҳиссаи нутқ тааллуқ дошта, маънои (ё 
яке аз маъноҳои) лугавиашон комилан бо ҳамдигар мувофиқ 
меояд ва ё бо тобишҳои маънои лугавӣ ва обуранги услубиа- 
шон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Муродифҳои назмшиносӣ ва 
поэтика, математика ва риёзиёт (риёзй), изофат ва бандаки 
изофӣ, ҳамеша ва доимо истилоҳ ва калимаҳои баробармаъно- 
янд ва дар забон бо маънои муштарак ба андозаи баробар ба 
кор бурда мешаванд. Ин ҳодисаро бештар дар истилоҳоти 
илмӣ мушоҳида мекунем: духтур - пизишк, зоотехник - вете - 
ринар - молдухтур. 

Дар услубшиносӣ ҷиҳатҳои фарқноки муродифҳо 
муҳимтаранд: 

1 . Муродифҳо бо тобишҳои маъно аз ҳамдигар фарқ меку- 
нанд, бинобар ин дар ҳама гуна мавридҳо якдигарро иваз 
карда наметавонанд: Ман дар дили худ гуфтам, ки: «Ман ин 
тангаро аз дасти ин аблаҳ хоҳам ситонд» (Восифӣ). Феъли 
ситондан аз гирифтан ва рабудан бо тобиши бо зӯрӣ гириф- 
тан фарқ мекунад. Дар силсилаи муродифҳои овоз, садо ва 
бонг калимаи охирин овози баланд ва пурҳайбатро ифода ме- 



29 



кунад. Калимаи овоз ба ҷонзодҳо ва садо ба ҷисмҳои беҷон 
нисбат дорад. 

2. Дар муродифҳои луғавӣ на танҳо мафҳумҳои ашё, ало- 
мат ва амалу ҳолат, балки баҳои мусбат ё манфие ҳам ифода 
меёбад, ки онро сарбории маънои ҳиссӣ ё обуранги ҳиссии 
мусбат ё манфии вожаҳо меноманд. Аз ин ҷиҳат дар силсилаи 
муродифҳои луғавӣ як калима мафҳумро холисона, вале му- 
родифи дигари он ғаразнок ифода мекунад. Масалан, кали- 
маи ҷанг амалро мӯътадил, набард бо обуранги ҳиссии мусбат, 
пой мафҳуми узви баданро мӯътадил, линг бо обуранги ҳиссии 
манфӣ ифода мекунад. Дар сурати ба назар нагирифтани чу- 
нин сарбории маънои калимаҳо ғалати услубӣ, яъне бемавқеъ 
кор фармудани унсурҳои луғавӣ рӯй медиҳад: Як ҷавони тах- 
минан бистсола... чашмонаш дурахшон, лекин андешаманд, 
пешонааш фарох, лекин пурчин, рухсорагт чун себи сурх то- 
бон, лекин ғамгин, ки аз башарааш андешамандӣ намоён буд, 
ба хаёл фурӯ рафта дар гӯшае аз бошишгоҳи мардум дуртар 
менишаст (С.А.). Дар ин матн аз силсилаи муродифҳои рӯй 
калимаҳои рухсора ва башара ба як шахс нисбат дода шуда- 
аст. Калимаи рухсора обуранги мусбат, вале вожаи башара 
тобиши манфӣ дорад. Истеъмоли калимаи башара ғалати ус- 
лубист. 

3. Ҳама гуна муродифҳои луғавӣ ҳам дар забони гуфтугӯ, 
ҳам дар забони хаттӣ ё китобӣ ва дар услубҳои гуногуни нутқ 
(расмӣ, илмӣ, бадеӣ, рӯзноманигорӣ ва муошират) яксон кор 
фармуда намешаванд. Дар силсилаи муродифҳои мактуб, но- 
ма ва хат\ хуб, беҳ ва нагз калимаҳои нома ва беҳ дар забони 
адабии китобӣ маъмул бошанд, калимаҳои хат ва нагз дар 
гуфтугӯйи омиёна, калимаҳои мактуб ва хуб дар ҳар ду мав- 
рид ҳам мустаъмаланд, бинобар ин калимаҳои аввалро обу- 
ранги услубии хаттӣ ё адабии китобӣ ва гуфтугӯӣ дорад, 
мегӯянд, вале калимаҳои охиринро умумиистеъмол меноманд. 
Дар матни илмии зерин калимаи гуфтугӯйии нагз бемавқеъ 
истеъмол шудааст: Ба ҳар як калима ё истилоҳи тоҷикй дар 
тарҷума эквиваленти нагзи укриниаш дода шудааст 



30 



(Маҷалла). Ба ҷойи эквивалент калимаи муодил ва ба ҷойи 
нагз калимаи мувофщ ё созгорро кор фармудан лозим буд. 

4. Муродифҳои луғавӣ аз ҷиҳати доираи маъно, дараҷаи 
истеъмол, таносуби маъноию грамматикиашон, ки бо калима- 
ҳои дигар доранд, низ фарқ мекунанд. Доираи маънои кали- 
маи рӯй назар ба рух ва рухсора, калимаи қад нисбат ба 
муродифҳои дигараш қомат ва боло хеле васеъ аст, бинобар 
ин бо миқдори зиёди калимаҳо алоқаманд шуда, таносуби 
маъноӣ пайдо карда метавонад. Баландии ҳама гуна 
ҷисмҳоро қад гуфтан мумкин аст: қади одам, қади девор, қади 
сафедор, қади об ва ғайра, вале калимаҳои қомат ва болоро 
танҳо ба қади баланду мавзуни ҷавон ё шахси мӯътабар нис- 
бат додан мумкин аст. Варианти болиигт назар ба болин дои- 
раи васеътари таносуби маъноӣ дорад. «Ӯ дигар аз болишти 
беморӣ сар набардошт» гӯем, галат мешавад, зеро бо калимаи 
беморӣ танҳо калимаи болин таносуби наздики маъно дорад: 
Бар сари болин табиб аз гиряи ман зор шуд, 

Аз барои сиҳҳати ман омаду бемор шуд (Ҳилолӣ). 

Дар ин байт калимаи болин бо калимаҳои сар, табиб, 
сиҳат ва бемор таносуби наздик ва бо калимаҳои гиря ва зор 
шуд таносуби дури маъно дорад. 

Феълҳои дидан , нигаристан, нигоҳ кардан ба як маънои 
умумӣ далолат кунанд ҳам, аз лиҳози имконоти грамматикии 
васлшавӣ бо калимаҳои дигар фарк мекунанд: феъли дидан 
мафъули (объекти) бевосита ( чиро ё кироТ) феъли нигоҳ кардан 
мафъули бавосита (ба чӣ ё ба кӣ7) қабул мекунад. 



26. Муродифҳои хабар, мужда, навид ва пайгом бо кадом тобиши 
маъно аз ҳамдигар фарқ мекунанд? Чаро шоир дар ин байт хабари 
омад-омади фасли баҳорро мужда гуфтааст, вале ба бум вогузош- 
тани хабари нохушро воҷиб донистааст? Бо муродифҳои мазкур 
шумо ҳам ҷумлаҳо созед. 

Булбуло, муждаи баҳор биёр, 

Хабари бад ба бум боз гузор (Саъдӣ). 



31 



• 1) Чаро ифодаи «бад ба бум» мисли «баҳор биёр... гузор» осон 
ва суфта талаффуз намешавад? 

2) Чаро дар ин байт баъд аз калимаи булбуло ва дар охири мисраи 
якум аломати вергул гузошта шудааст? 

Г""| 

* Дар ин байт калимаҳои мужда ва хабар муродифанд. 
Онҳо тафовути маъноӣ ва услубӣ доранд: доираи истеъмоли 
мужда махдуд буда, дар забони адабии китобӣ ба кор бурда 
мешавад ва хоси услуби баланд ё малеҳи (орифонаи) баён аст. 
Доираи истеъмоли хабар васеъ аст, дар забони гуфтугӯ ва 
хаттӣ баробар кор фармуда мешавад, бинобар ин вожаи уму- 
миистеъмол ба шумор меравад. Калимаҳои булбул, баҳор, би- 
ёр, бад, бум, боз гузор низ аз ҳамин қабиланд. Дар манзари 
(фони) онҳо калимаи мужда бо обуранги тару тоза ва гуворо 
фарқ мекунад, яъне хусусияти услубӣ ва ё обуранги услубии 
забони китобӣ (хаттӣ) зоҳир мекунад. Ҳамин гуна маъноҳои 
услубии воҳидҳои мухталифи забон мавзӯи баҳси 
услубшиносӣ аст. 

27. Муродифҳои луғавӣ аз ҳамдигар чӣ тафовути маъноӣ ё услубӣ до- 
ранд? 

Чашм - дида - айн - наргис - ҷоду, зуд - тез - даррав, 
касалиҳои гузаранда - бемориҳои сирояткунанда, мӯӣсафед - 
пиракӣ, гузоштан - мондан - ниҳодан, гуфтан - баён кардан - 
иброз доштан - қисса кардан - ҳикоят кардан - нақл кардан, 
ангушт - чилик - лелак, серноз - нозпарвар - инҷиқ, қабул кар- 
дан -пазируфтан. 

28. Матни зеринро ба дафтар нависед ва ба зери муродифҳо хат кашед 
ва хаттӣ эзоҳ диҳед, ки чй гуна воҳидҳои забон ҳаммаъно шудаанд 
ва чаро ба ҷойи якдигар кор фармудани онҳо на ҳамеша имконпазир 
аст? Дар ин матн сухан дар бораи гирифтани моҳ меравад, ки 
Аҳмади Дониш пешгӯйӣ карда буд. 

Аҳмади Дониш бодиққат он рақамҳоро аз назар гузаронид. 
Гоҳо ба соат нигоҳ карда, баъд аз он ба осмони соф, ки дар 



32 



вай моҳи пурра нур мепошид, чашм дӯхт. Як вақт забонаш 
гирифта-гирифта: «Ба-ба осмон ни-нигаред» - гуфт ӯ. Ҳама ба 
осмон нигаристанд. 

29. Ҷумлаҳои зеринро бодиққат хонед ва мувофиқи мазмуни матнҳо ба 
ҷойи сенуқта аз силсилаи муродифоти калимаю воҳидҳои фарзео- 
логии дидан, чашм дӯхтан ва ғайра таъбири мувофиқро гузоред. 

1. Зарафшонро пеш аз ин ман бисёр... ва манзараҳои онро 
дар Самарқанд, дар Миёнколот, дар деҳаи Соктаре...; 2. 
Муҳаббат камсавод буд, ҳарчанд ба рӯйи когаз..., хонда на- 
тавонист; 3. Ман ба тарафи торикии шаб, ба тарафи дарё ва 
кӯҳсори сар ба фалак кашида... саҳифаҳои сиёҳи таърихро аз 
хаёл мегузаронидам; 4. Ҷавон аз асп фуромада, ба атрофаш 
эҳтиёткорона...; 5. Гӯё дар умраш аввалин бор..., (маро, ба 
ман, аз ман)...; 6. Чӯпон дар баландӣ хомӯш истода (маргзор- 
ро, ба маргзор, аз марғзор)...; 7. Кампир саросемавор (гируду 
атрофи ҳавлиашро, ба гирду атрофи ҳавлиаш)..., лекин ҷойи 
муносиби пинҳонкунӣ наёфт. 



30. Аз силсилаи муродифҳо калимаҳои мувофиқро интихоб карда, 
ҷумлаҳоро ба дафтар нависед ва шарҳ диҳед, ки чаро маҳз ҳамин 
калимаро интихоб намудед. 

1. Соатҳои дароз аз пайи трактору комбайнҳо тохта на 
хастагиро ( мефаҳмиду , медонисту) на гуруснагиро. 2. Оҳуро 
аз сайёд ба дираме бихарид ва ( бираҳонид , раҳо кард) ва гуфт: 
«Он ки бегуноҳеро аз куштан ( бираҳонад , раҳо кунад), ҳаргиз 
бегуноҳ кушта нашавад. 3. Саворон дар талоши гелос шоху 
навдаҳои онро мешикастанд ва аз дасти якдигар ( мегириф - 
танд, меситонданд, мерабуданд). 4. Арақи шӯр аз ҷабин бо 
гӯшаи чашм ва кунҷи лабонаш ( мечакид , мерехт, метаровид, 
мешорид). 5. Ҳама мегуфтанд, ки обу ҳавои дараи Варзоб 
губори дилро ( тоза мекунад, мебарорад) ва занги дилро ( тоза 
мекунад, мезудояд). 

31. Муродифҳои луғавӣ дар матнҳои зерин бо чӣ мақсад кор фармуда 
шудаанд? 



33 



1 . Ноне, ки фақир мебахьиад , ҳазор нон арзиьи дорад, ноне, 
ки доро медиҳад , беш аз як нон намеарзад (Ҳиҷозӣ). 2. Лекин 
ин гуна сангҳо ба сабаби боронҳои баҳорӣ покиза ва мусаффо 
шуда буданд. 3. Ҳарчанд ман аз Бухоро рафта, таҳсил карда- 
«ам умеди худро канда бошам ҳам, дар он миён воқеае рӯй 
дод, ки барои Бухоро рафта хонданам имкон пайдо шуд. 4. 
Одина ягон-ягон рамаро аз назар гузаронда, дид, ки як буз бо 
як гӯсфанд дар миён нест (С.А.). 

1) Дар матни аввал феълҳои арзиш дорад ва меарзад чӣ гуна 
воҳиди забонанд, аз кадом ҷиҳат муродиф ва бо чӣ мақсад исти- 
фода шудаанд? 

2) Дар ҷумлаи чорум аз назар гузаронид ва дид чӣ гуна воҳиди забо- 
нанд ва бо ҳамдигар чӣ муносибати маъноӣ доранд? 

• Дар ҳама забонҳои олам аз такрору забонзада шудани 
калима ҳазар мекунанд. Такрор аслан ду навъ мешавад: так- 
рори унсурҳои лугавию грамматикӣ (калимаҳои мустақил- 
маъно ва номустақил), такрори маъно. Дар такрори луғавӣ як 
калима, таркиб ё ибора дар як ҷумла чанд маротиба такрор 
мешавад. Чунин такрор бо ягон гарази услубӣ воқеъ шуда 
бошад, такрори дуруст ва бамавқеъ, бе зарурат воқеъ шуда 
бошад, такрори нодуруст ё бемавқеъ мешавад. 

Такрори маънӣ он аст, ки калима ё таркибҳои гуногуни 
ҳаммаъно ё наздикмаъно дар ҷумла омада, ба мазмуни ҷумла 
чизе зам намекунанд ва аз партофтани яке аз он калима ё 
таркибҳо мундариҷаи ҷумла осеб намебинад, баръакс, ҷумла 
кӯтоҳ, гуфтану фаҳмидан осон мегардад: 

Роҳбарияти корхона ба интихоб, тарбия ва ҷо ба ҷо гузош- 
тани кадрҳо мудом диққати доимӣ медиҳад. Дар ин ҷумла 
калимаҳои мудом ва доим ба як маъно далолат мекунанд, би- 
нобар ин яке аз онҳоро ихтисор кардан лозим аст. 



34 



Такрори бамавкеъ бо ягон ғарази услубӣ воқеъ мегардад: 
Ин лаҳза гӯё ду олиҳаи ҳусну зебоӣ, ду дили пур аз орзу, ду 
қалби моломоли меҳр, ду ҷисми саропо оташи муҳаббат рӯ ба 
рӯйи ҳамдигар меистоданд; Инак чоршанбеи оянда Маҳмуд 
Аббос савганд ёд мекунад, савганди вафодорй, савганди ифти- 
хор, савганди эҳёи сиёсати нави миллии Фаластин, савганди 
раҳоии миллати Фаластин аз ишголи ғосибон, савганди 
Байтулмуқаддас, қудси Шариф (Рӯзнома); Биё, то ки ман ак- 
нун ба ту пгаронаи одами озод, таронаи бахт, таронаи саодат- 
ро суруда заминҳои зарбахши колхозамонро биронам (Ҳ.К.). 

Дар бобати такрори сухан дар назм ақидаи Носири Хусрав 
чунин аст: 

Дар шеър зи такрори сухан боке нест, 

Зеро ки хуш ояд сухани нағз ба такрор. 

Вале ба андешаи Низомии Ганҷавӣ: 

Забон гарчи бошад чу оби зулол, 

Зи такрор хезад ғубори малол. 

Ҷонишинҳои шахсӣ дар шеър бе зарурат кор фармуда на- 
мешаванд, чунки аз шакли феъл аён мегардад, ки соҳиби ама- 
лу ҳолат ва аломат кист: Агар дашном фармоӣ, ва гар наф- 
рин, дуо гӯям... Дар ин ҷо ҳоҷат ба зикри ту ва ман нест: 
Агар ту дашном фармоӣ ва гар нафрин, ман дуо гӯям. . . Аммо 
дар мавриди дигар ҷонишин ифшогари эҳсосоти шоир аст, 
агар он зикр наёбад, таъсири шеър коста мегар- 
дад.Ҷонишинҳои ман ва ту ба тариқи қиёс такрор омада бо- 
шанд, задаи мантиқӣ мегиранд ва маънои соҳибони амал 
таъкид меёбад: 

Чаро ман зафарманду ман сарбаланд? 

Чаро ту ҳакиру чаро мустаманд? 

Чаро аз рӯҳи ман саодат падид? 

Чаро ту дар уммеди рӯзи саид? (М.Т.). 



35 



Муродифоти воҳидқои дигари забон 



Г|Ч 

кЛ-4 Феъли меарзад аз ҷиҳати сохт содда, вале арзиьи дорад 
таркибист. Онҳо аз лиҳози сохт муродиф шудаанд ба мисли 
хандид - ханда кард, мекӯшад - кӯшиш мекунад. Исмҳои 
дуторӣ - дуторчӣ - дуторнавоз , сифатҳои боҳунар - 
ҳунарманд , зарфҳои ором - оромона низ аз ҷиҳати калимасозӣ 
хусусияти ҳаммаъноӣ пайдо кардаанд ва дар ҷумла ба вази- 
фаи муштараки наҳвӣ меоянд. 

Феъли дидан бо воҳиди фразеологии аз назар гузаронидан 
ҳаммаъно шудааст. Муродифоти вожаҳо бо воҳидҳои 
фразеологӣ имконоти интихоб ва саҳеҳ баён кардани фикрро 
васеътар мекунанд: мурдан - вафот кардан - даргузаштан - аз 
олам чаьим пӯшидан - рахти сафар барбастан - бандагиро ба ҷо 
овардан ва ғайра бо тобишҳои гуногун ба як маънои ҳолат да- 
лолат мекунанд. 

Воҳидҳои фразеологӣ ҳам силсилаи муродифотро ташкил 
медиҳанд: дил бохтан - булбули шайдо шудан (ошиқ шудан), 
гул-гул шукуфтан - қабат-қабат гӯшт гирифтан - ба куртаи 
худ нагунҷидан - сари касе ба осмон расид - чаьими касе равшан 
шуд - дар чашми касе оташи шодӣ барқ зад (шод шудан). 

Унсурҳои сарфӣ ҳам аз ҷиҳати маънои грамматикӣ 
ҳаммаъно мешаванд: шоирҳо - шоирон - шуаро (маънои грам- 
матикии ҷамъ), роҳи дуртарин - аз ҳама дур - дури дур 
(маънои грамматикии дараҷаи олӣ). 

- Биёед, Олимӣ, дигар эуфеллин (як навъи доруи бемории 
дил) истеъмол накунем... (Ф.М.) // -Олимӣ, дигар эуфеллин 
истеъмол накун.. . 

Феълҳои истеъмол накунем (сигаи шартӣ-хоҳишмандӣ, за- 
мони ҳозира-оянда, шахси якум, шумораи ҷамъ) фармоишро 
бо мулоимат, вале истеъмол накун (сиғаи амрӣ, замони 
ҳозира-оянда, шахси дуюм, шумораи танҳо) бо дуруштӣ ифо- 
да мекунад. 



36 



Воҳидҳои наҳвии забон низ дар ифодаи муносибатҳои 
маъноӣ бо ҳамдигар муродиф мешаванд: орзуи ягонаи 

Раҳимабегим // ягона орзуи Раҳимабегим // Раҳимабегимро ор- 
зуи ягона // Раҳимабегим-а орзуи ягонааш; Бо чаигми хирад бояд 
дид ҷаҳон // Ҷаҳонро бо чаилми хирад дидан лозим аст. 



32. Бо усули тағйир додани шакли феъл ва сохти ҷумла (таъвиз ё 
ивазкунӣ ва ё трансформатсия) силсилаи муродифҳои грамматикӣ 
созед ва шарҳ диҳед, ки муродифҳо бо кадом тобишҳои маъно ва 
мавқеи истеъмолашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд: 

1. Ман туро фаромӯш нахоҳам кард ва ту ҳам маро 
фаромӯш намекунӣ II ... 

2. Ман Сочиро дидагӣ не // . . . 

3. Магар ба ҳамин Мирзои урганҷӣ бовар кардан мумкин 
аст? II ... 

33. Тарзҳои гуногуни ифодаи як фикрро бо ҳам муқоиса намуда, тафо- 
вути сохтори ҷумларо муайян кунед: 

Гулбибиро мо намегӯем, ки аз дебо қабо дошт // ...мегӯем, 
ки аз дебо қабо надошт; Гулбибиро мо намегӯем, ки қабои 
дебо дошт // Гулбибиро мо мегӯем, ки қабои дебо надошт; Мо 
намегӯем, ки Гулбибӣ аз дебо қабо дошт // Мо мегӯем, ки 
Гулбибӣ аз дебо қабо надошт; Мо намегӯем, ки Гулбибӣ 
қабои дебо дошт // Мо мегӯем, ки Гулбибӣ қабои дебо на- 
дошт; Гулбибӣ қабои дебо надошт // Гулбибӣ куҷою аз дебо 
қабо пӯшидан куҷо? 

,С.Айнӣ аз ин ҳама қолабҳои ифодаи як мазмун муродифи 
аввалро интихоб кардааст: 

Гулбибиро мо намегӯем, ки аз дебо қабо, аз катон пироҳан, 
аз зарбафт камзӯл, аз махмал калтача, аз фарангӣ сарбанд, аз 
дурру марворид овеза ва гарданбанд, аз зари холис дастпона 
ва аз алмос ангуштарин дошт, зеро ин ҳама асбоби зинат ва 
зеваре, ки шумурда шуд, на ин ки ба монанди Гулбибӣ як дух- 



37 



тари фақири ятима, балки ба сарватдорони кӯҳистон ҳам ёфт 
намешавад. 

Ин қолаби ифода аз ду ҷиҳат аз тарзҳои дигари ҳаммаъно 
фарқ мекунад: якум, муаллиф таъкид карданист, ки ин ҳама 
либосҳо маҳз аз чй гуна матоъҳои гаронбаҳо ва ноёб дӯхта 
шудаанд ва он асбоби зевар аз чӣ навъ ҷавоҳирот ва сангҳои 
арзишманд сохта шудаанд, дуюм, ба тасвир ё шарҳи ҳол бо 
ҷонишини мо худро шоҳиди ҳол нишон додани муаллиф дар 
насри бадеии тоҷик падидаест, ки тимсоли он дар осори гу- 
заштагон мушоҳида намешавад. Аҳамияти услубии ин тарзи 
баёни фикр он аст, ки тасвир ранги ҳақиқати воқеӣ мегирад, 
ки шоҳиди ҳозиру нозири он гӯё худи муаллиф аст. 

Антоним 



9 

* 1 . Антонимҳо чи гуна калимаҳоянд? 

2. Онҳо аз калимаҳои ҳаммаъно чӣ фарқ доранд? 

3. Чӣ гуна калимаҳоро антонимҳои матнӣ меноманд? 

4. Антонимҳо аз санъати тазод (контраст) чӣ фарқ доранд? 

5. Чаро онҳо бештар дар зарбулмасал, панду андарзҳои мардумӣ ва 
ашъори шоирон ба кор бурда мешаванд? 

| 

• Антонимҳо (юнонии апб зидди, муқобили ва опута ном) 
ё калимаҳои зидмаъно чунин воҳидҳои луғавианд, ки 
маъноҳои муқобили ҳамдигарро ифода мекунанд. Ҳама гуна 
калимаҳо антоним надоранд. Дар калимаҳои сермаъно мум- 
кин аст, ки ҳар кадоме аз маъноҳо антоним дошта бошад: 
бори гарон - сабук, нархи гарон - арзон; 

қади паст, одами паст: 

Захми тегу тир чун хоҳӣ кашид, 

Чун ту аз захми забон бигрехтӣ (Ҷалолиддини Румӣ). 
Калимаҳои муқобилмаъно ҳамреша ва гуногунреша меша- 
ванд. Дар ташаккули ҷуфти антонимҳои ҳамреша унсурҳои 



38 



калимасози забон ёрӣ мерасонанд: одами доно - но-дон; бо- 
хирад, хирад-манд - бехирад; ҳунар-манд, пур-ҳунар - беҳунар; 
ӯҳдабаро - ӯҳда-но-баро ва ғ. 

Калимаҳои муқобилмаъно дар таркиби ибора ё ҷумла ома- 
да, ба василаи муқобилгузории ашё, аломат, ҳолат, амал, 
ҳодисаҳои табиат, воқеаҳои зиндагӣ моҳияти масъаларо 
барҷаста, ҷолиб ва муассир ифода мекунанд, бинобар ин дар 
услубҳои бадеӣ, рӯзноманигорӣ ва муошират воситаи муҳими 
тасвири ҷозибанок ба шумор мераванд. Бесабаб нест, ки ади- 
бон калимаҳои муқобилмаъноро номи асару филмҳои бадеӣ 
қарор додаанд: «Ҷанг ва сулҳ», «Хайр ва шар», «Зиндаҳо ва 
мурдаҳо», «Баҳор ва хазон», «Сурх ва сиёҳ» «Макр ва 
муҳаббат» ва г. 

Антонимҳо дар зарбулмасал, суханони ҳикматноки бузур- 
гон ва, ба хусус, дар назми суннатӣ ва муосири форсу тоҷик 
воситаи муҳимтарини тасвири бадеӣ ба шумор мераванд: То 
бад нагӯйӣ, нек намеояд; Бисёр талаб макун, ки ба кам зор 
шавӣ; Кӯтоҳи хирадманд беҳ аз нодони баланд ; Шикамсерро 
чӣ парвои шикамгурусна ; Дӯст гирёнда гап мезанад, дуилман 
хандонда ; Аз дӯсти нодон душмани доно беҳ; Ҳазор дӯст кам, 
як душман зиёд; Поёнии шаби сияҳ сафед аст ва ғ. 

Дар эҷодиёти шоирон антонимҳои дӯст - душман, шаб - 
рӯз, кӯтоҳ - дароз ва ғайра дар мавриду муносибатҳои мухта- 
лиф хеле зиёд ба кор бурда шудаанд: 

1 . Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст: 

Бо дӯстон мурувват бо душманон мадоро. 

2. Ҳофиз зи гусса сӯхт, бигӯ ҳолаш, эй сабо, 

Бо шоҳи дӯстпарвари дуигмангудози ман (Ҳофиз). 

3. Чун қазо ояд, набинӣ ғайри пӯст, 

Душманонро бознашиносӣ зи дӯст. 

4. Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, 

Дӯстонро шод гардон, дуилманонро кӯр кун 

(Ҷалолиддини Румӣ). 

Дар чунин мавридҳо калимаҳои зидмаъно задаи мантиқӣ 
мегиранд ва матлабро барҷаста ва муассир ифода мекунанд: 



39 



1 . Дило, манол зи шоме , ки субҳ дар пайи ӯст, 

Ки нешу нӯш ба ҳам бошаду нишебу фароз (Ҳофиз). 

2. Ғам&т дорам, маро шодӣ ҳамин аст, 

Зи бахтам ҷойи озодӣ ҳамин аст. 

Зи бедодат харобобод шуд дил, 

Дар ин вайрона ободӣ ҳамин аст (Камол). 

3. Ишқи ӯ тӯфонзамирам карду рафт, 

Бо ҷавониҳ ош пирам карду рафт (Лоиқ). 

Дар калимаи харобобод ду сифати муқобили ҳамдигар ( ха - 
роб — обод) ҳамроҳ омадааст ва тазод (антитеза) барҷаста 
ифода ёфтааст. Ин ҳодисаи маъноиро дар забоншиносӣ ок- 
сюморон (юнонии охутогоп оқилонаи ҷоҳилона) меноманд: 

1 . Наргис набувад боз, ки бедор набошад, 

Боз аст сияҳнаргиси ту хуфтаи бедор (Рӯдакӣ). 

2. Бар худ чу шамъ хандазанон гиря мекунам, 

То бо ту, сангдил, чӣ кунад сӯзу сози ман (Ҳофиз). 

3. Ҳамегирад гиребонам, ҳамедорад парешонам, 

Ман ин хушхӯи бадхӯ ро намедонам, намедонам 

(Ҷалолиддини Румӣ). 

4. Аз ин дунёи ҷоҳилпарвари оқил 

Ба ҷуз оҳе пари коҳе намегирам (Гулрухсор). 

Калимаҳои дидор ва фироқ маъноҳои муқобили ҳамдигарро 
ифода мекунанд, вале калимаи шодӣ аслан бо гамгинӣ, 
маҳзунӣ ва ширинӣ бо талхӣ антоним мешавад. Дар мис- 
раъҳои зерин калимаи шодӣ бо талхӣ муқобил гузошта шуда- 
аст. Чунин калимаҳоро антонимҳои матнӣ меноманд: 

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон 
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон, 

Ҳаҷ талхӣ нест бар дил талхтар 
Аз фироқи дӯстони пурҳунар (Рӯдакӣ). 

Тафовути санъати тазод аз ҳодисаи муқобилмаъноӣ ин аст, 
ки дар санъати сухан ду воқеа, ҳодиса, манзара, ҳолати рӯҳии 
шахс бо ҳам зид гузошта мешавад, вале дар антонимҳо фақат 
маъноҳо муқобили ҳамдигаранд: 



40 



Бихандад лола бар саҳро 
Ба сони чеҳраи Лайло, 

Бигиряд абр бар гардун 
Ба сони дидаи Маҷнун (Рӯдакӣ). 

Лайлӣ сари зулф шона мекард, 

Маҷнун дурри ашк дона мекард (Низомӣ). 

Дар матни аввал тазод бо ёрии калимаҳои муқобилмаънои 
бихандад ва бигиряд возеҳ ва муассиртар, дар байти охир би- 
дуни антонимҳо ифода ёфтааст. 

34. Якчанд зарбулмасал ва байт нависед, ки дар онҳо калимаҳои 
муқобилмаъно кор фармуда шуда бошанд. Муайян кунед, ки 
антонимҳо ба кадом ҳиссаи нутқ тааллуқ доранд ва маъноҳои 
муқобили онҳо фақат дар матн зоҳир мегарданд ё бе он ҳам ифода 
меёбанд. 

35. Чунин ҷумлаҳо нависед, ки дар онҳо антонимҳои ошно - бегона, 
гам - шодӣ, нек (некӣ) - бад (бадӣ), дур - наздик, пирӣ - ҷавонӣ ис- 
тифода шуда бошанд. 



36. Матнҳои зеринро ба дафтар нависед ва хаттӣ шарҳ диҳед, ки 
калимаҳои кӯтоҳ у дарозро бо кадом маъно ва ғарази услубӣ кор 
фармудаанд? 

1 . Вақте ки дар сайёраи Замин шаби дарозтарини сол фаро 
расид, дар биржаи молу ашё рӯзи кӯтоҳтарин омад (Рӯз- 
нома)(4). 

2. Сабри ман кӯтоҳ гашт аз ишқи он зулфи дароз, 

К-ӯ гаҳе бо гул ба сайр асту гаҳе бо мул (шароб) ба роз 

(Рӯдакӣ). 

3. Агар ба зулфи дарози ту дасти мо нарасад, 

Гуноҳи бахти парешону дасти кӯтоҳ и мост(4). 

4. Болобаланд(2) ишвагаре(2), сарви нози ман 
Кӯтоҳ кард қиссаи зуҳди дарози ман (Ҳофиз). 

5. Шуд ба фирӯзагунбад (2) аз сари ноз, 

Рӯз кӯтоҳ буду қисса дароз (Низомй). 



41 



ФРАЗЕОЛОГИЯ 



9 

• 1 . Фразеологизмҳо чи гуна воҳиди забонанд? 

2. Чаро онҳоро ҳам як ҳиссаи хазинаи лугавӣ мешуморанд? 

3. Бо калима, ибора ва ҷумла чӣ муносибат доранд? 

4. Воҳидҳои фразеологӣ чӣ гуна хусусиятҳои маъноӣ ва услубӣ 
зоҳир мекунанд? 

5. Мавқеи онҳо дар услубҳои гуногуни нутқ чӣ гуна аст? 

6. Чаро воҳидҳои фразеологиро ҳусни нотакрори ҳар забон мешу- 
моранд? 

7. Дар истеъмоли онҳо чӣ гуна галатҳо рӯй медиҳанд? 



37. Матни зеринро се нафар хонандагон (дар нақши муаллиф, Мурод ва 
Эшонқулбой) қироат кунанд. Сипас муаллим аз аҳли синф пурсад, 
ки кадом мафҳуми ҳолат ба тарзҳои гуногун ифода ёфтааст ва он 
ифодаҳо кадом воҳиди забонанд, аз ҷиҳати сохту таркиб, обуранги 
услубӣ аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд. 

Баъд аз ягон соли хонадор шудани Мурод Фотимабибӣ 
мурд. Мурод хабари вафот и модаркалони худро дар дашт, 
дар вақте ки гӯсфандҳои хӯҷаинро чаронида гашта буд, шу- 
нид... Мурод гӯсфандонро аз чаро ба тарафи ҳавлии бой ронд 
ва пеш аз як соат аз фурӯ рафтани офтоб, яъне пеш аз як соат 
аз вақти муқаррарии ҳаррӯзааш ба ҳавлии бой расид. 

- Чаро молҳоро ин қадар барвақт аз чарогоҳ гардондӣ? - 
гуфт Эшонқулбой. . . 

- Магар ба шумо хабари аз дунё гузаштани модаркало- 
намро нарасониданд? - гуфта пурсид Мурод аз бой дар 
ҷавоби ӯ. 

- Расонданд, Аммо чӣ шудааст? Як кампир мурд, мурд-дум. 
Бо зуд рафтани ту магар ӯ зинда мешавад? 

Гср 

• 1) Муродифҳои мурдан, вафот кардан ва аз дунё гузаштан дар 

матни асари бадеӣ бо чӣ мақсад истифода шудаанд? 

2) Муаллифи асар кист ва номи асар чист? 



42 



38. Матнҳоро бурро ва беғалат қироат кунед ва гуед, ки кадом 

мафҳумҳо ба тарзи маъмулӣ ифода наёфтаанд? 

1 . Ҳатто дар тирамоҳи соли гузашта, рӯзе дар ин бора бо 
акои калониаш гапашон гурехт(4). Ҳар ду сурху сафед шу- 
данд. Дар ҳамон вақт ба пеши акааш буду шуди масъаларо 
гуфт, аргамчинро аз миён бурид(4); 

2. Охир ман офтоби сари дарахтам. Худо нахоҳаду вақт ё 
бевақт бандагиро ба ҷо оварда монам, ин духтари ба қад ра- 
сида дар рӯйи хона мемонад-мӣ(4)? 

3. Дар аснои роҳ Заҳро ба ӯ: 

- Маро ба Алии шилпуқ доданӣ шуда истодаанд. Ман вай- 
ро намехоҳам(4)! - гуфт. 

- Чаро намехоҳӣ? (4) - гуфт ба ҷавобаш Бобӣ ва бо ҳамин 
саволаш ба болои сӯхта намакоб ва ба оташи фурӯзон равган 
рехт(4) (Ҳ.К.). 

• Дар матни аввал гапи касе гурехт, сурху сафед шудан, 
буду шуди чизе , аргамчинро аз миён буридан , дар матни дуюм 
офтоби сари дарахт будан, худо нахоҳад, вақт ё бевақт, бан - 
дагиро ба ҷо овардан, ба қад расида , дар матни охирин ба болои 
сӯхта намакоб рехтан ва ба оташи фурӯзон равган рехтан 
воҳидҳои фразеологӣ ба шумор мераванд. Ҷумлаи гапи касе 
гурехт ва таркиби сурху сафед шудан ба як маъно - арбада 
кардан, ибораҳои буду шуди чизе ба маънои ҳамаи ё тамоми 
чизе ва аргамчинро аз миён буридан ба маънои қаҳрй шудан, 
дар матни дуюм ибораи офтоби сари дарахт будан ба маънои 
пир шудан, ҷумлаи Худо нахоҳад ба маънои некӣ хостан аз 
Худованд, таркиби вақт ё бевақт ба маънои ногаҳон, ибораи 
ба қад расида ба маънои болиг омадааст. Дар матни сеюм ба 
болои сӯхта намакоб ва ба оташи фурӯзон равган рехтан ба 
маънои муштараки ангехтан, дучанд кардани алами касе да- 
лолат мекунад. 

Маълум мешавад, ки воҳидҳои фразеологӣ нисбат ба ка- 
лима таркиби мукаммал ва сохтори наҳвии мураккаб дошта, 
дар қолаби таркиб, ибора ва ҷумла воқеъ мегарданд, вале аз 
лиҳози маъно мисли воҳидҳои ҷудогонаи лугавӣ як мафҳуми 



43 



ашё, аломат, хусусият, амал ё ҳолатро ифода мекунанд. Ин 
маънои умумӣ ва ягонаи воҳидҳои фразеологӣ монанди 
воҳидҳои озоди наҳвӣ аз маънои ҷузъҳои ибора ё ҷумла ҳосил 
намегардад, балки аз маънои маҷмӯи ҷузъҳо ва сохтори усту- 
вор ё рехтаи наҳвӣ бармеояд. 

Калимаҳо дар таркиби воҳидҳои фразеологӣ аксар ба 
маънои маҷозӣ меоянд ва мафҳумҳоро як дараҷа пӯшида, ва- 
ле рангину дилнишин ифода мекунанд. Дар онҳо як лаҳзаи 
воқеии ҳаёт инъикос меёбад: араамчинро аз миён буридан, оф- 
тоби сари дарахт ( кӯҳ ) будан, ба болои сӯхта намакоб рехтан 
ва ғайра. Чунин лавҳаҳо инъикоскунандаи муҳити зиндагӣ, 
фарҳанг ва тахайюлоти мардуми ҳар қавму миллат ба шумор 
мераванд, бинобар ин фаҳмидани маънои чунин суханони 
сеҳрнок барои бегонагон ба осонӣ муяссар намегардад. Аз 
ҳамин сабаб онҳоро аз як забон ба забони дигар айнан 
тарҷума кардан на ҳамеша муяссар мегардад. 

Воҳидҳои фразеологӣ ҳам мисли дигар унсурҳои луғавӣ ху- 
сусияти сермаъноӣ, муродифӣ, антонимӣ зоҳир мекунанд. 
Чунончи, чаьими касе равшан шуд ба маъноҳои шод шудан, 
таваллуд кардан, аз худ рафтан ба маъноҳои беҳуш шудан ва 
ғурур пайдо кардан, дар матни зерин шамол хӯрдан ба 
маъноҳои саёҳат кардан ва ба бемории зуком гирифтор шу- 
дан омадааст: 

- Ба қишлоқҳо баромада, камтар шамол мехӯрдед , беҳтар 
буд. 

- Не, не. Ман аз шамол хӯрдан метарсам (С.Ғ.). 

Воҳидҳои фразеологӣ низ хусусияти ҳаммаъноӣ зоҳир на- 

муда, силсилаи муродифотро ташкил медиҳанд ва бо 
тобишҳои нозуки маъно, обуранги услубии гуфтугӯйӣ, адабии 
китобӣ ё хоси услубҳои ҷории нутқ, инчунин бо обуранги 
ҳиссии мусбат ё манфӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Воҳидҳои 
фразеологии мушт ба дарафш задан // гиреҳ ба бод задан // 
зӯри беҳуда задан , мург аз қафас раст // тир аз камон ҷаст ба- 
робармаъноанд: 



44 



Акнун пушаймонӣ суд надошт ва афсӯсу дарег фоида наме- 
бахшид , чунки тир аз камон бархато ҷаста ва мурги матлаб 
аз дом раста буд (С.А.). 

Муродифҳои чашм андохтан, назар афкандан, чашм давон- 
дан, аз назар гузаронидан, чашм дӯхтан, чаьим накандан, зеҳн 
мондан ва ғайра тобишҳои мухталифи маънои нигаристанро 
ифода мекунанд: чашм андохтан ва назар афкандан ба чизе 
беэътиноёна ва сатҳӣ як нигоҳ карданро фаҳмонад, зеҳн мон- 
дан ва ифодаи гуфтугӯйии синча кардан ба нуқтаи муайян 
бодиққат нигаристан аст. Фразеологизми чаьим андохтан 
обуранги гуфтугӯйӣ, назар афкандан обуранги адабии китобӣ, 
чашм песондан обуранги ҳиссии манфӣ дорад. 

39. Дар матнҳои зерин як маъно бо кадом воҳидҳои забон ифода ёфта- 
аст ва онҳо аз ҳамдигар чӣ фарқи маъноӣ ва услубӣ доранд? 

Ба ин қадар оташи хаилми Арбоб фурӯ нанишаста , Одинаи 
мазлуми ба замин афтодаро мезад(4); Бо ин қадар ҳам хашми 
Арбоб бартараф нашуда, пасу дунбол чӯб мезад(4); Ин вақт 
хашми Арбоб қадре паст гардида, худаш ҳам аз задан монда 
шуда буд(4) (С.А.). 



40. Матнҳоро хонед, воҳидҳои фразеологиро дар шакли ибора ё ҷумла 
ба дафтар навишта, муродифи луғавиашро ёбед ва муқаррар кунед, 
ки маънои муштараки онҳо чӣ тарз ифода ёфтааст ва муродифҳои 
луғавию фразеологӣ аз ҳамдигар чӣ фарқи тобиши маъноӣ ва ё 
услубӣ доранд. 

Н а м у н а: Аммо барои ин кор коргари бисёр даркор ме- 
шуд, барои пахтачиён (пахтаҷаллобон) бошад, ҳалвои бедуд - 
фоидаи бе музду меҳнат даркор буд (С. А.). 

Ҳалвои бедуд - фоидаи муфт. Воҳиди фразеологӣ мафҳумро 
образнок ва таъсирбахш ифода мекунад, хоси забони гуфту- 
гӯйист, оҳанги кинояомез ва манфӣ дорад. 



45 



1. Дар ҳамон сония ҳамлакунандагон(2) худро гум карда 
дасту по хӯрданд (Ҳ.К); 2. Ҳар кас ба хонаи мо барои 
келинбинӣ(2) биёяд, ман аз изо мемурам, дар он вақт замин 
намекафад, ки дароям(4) (С.А.); 3. Дар ҳаққи чунин одамони 
табиатан(2) ноором ва ба шугле хӯгирифта одатан мегӯянд, 
ки устухонаш аз хурдӣ дар меҳнат шах шудааст; 4. Дар 
шаҳраки Обигарм дар роҳи автобус ду соати расо чашмамон 
косаи гадо шуд(4) (Рӯзнома). 

1) Худро гум кардан - дасту по хӯрдан ва аз изо мурдан - замин 
намекафад, ки дароям дар кадом қолабҳои наҳвй ифода ёфтаанд 
ва аз муродифи луғавиашон чӣ тафовути маъноӣ ё услубӣ до- 
ранд? 

2) Калимаи меҳнат ба кадом маъно кор фармуда шудааст? 



41. Муродифи фразеологии калимаю таркибҳои зеринро нависед ва 
тафовути маъноию услубии онҳоро хаттӣ шарҳ диҳед: интизор шу- 
дан, безобита шудан, хомӯш мондан, ранҷидан, ошиқ шудан. 



г 

• Воҳидҳои фразеологии муқобилмаъно: илаҳди зиндагӣ 
чашидан - шаҳди марг чашидан, хотири касе ҷамъ аст - хоти- 
ри касе парешон аст матлабро барҷаста ифода мекунанд, би- 
нобар ин дар асарҳои бадеӣ аз ин имконоти муассири забон 
истифода бурдаанд: 

Он ки дар зулфи парешонаш дили мо ҷамъ буд , 

Ҷамъи моро ҳамчу зулфи худ парешон кард у рафт (Ҳилолӣ). 

Дар вақти набудани Зебинисо дар маҳалла ва гирду атроф 
чӣ воқеаҳо рӯй додааст, чашми киҳо равшан шудаасту киҳо аз 
дунё чашм пӯшидаанд , як ба як гуфт (Ҳ.К.). 

Дар забон истилоҳоти зиёди иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ, 
фарҳангӣ, илмию техникӣ, коргузории расмӣ ва ғайра вуҷуд 
доранд, ки дар қолаби ибора рехта шудаанд: ҳилоли аҳмар, 
терроризми байналхалқӣ, иқтисоди бозаргонӣ, арзыши иловагӣ, 



46 



майдони магнитӣ, ситораи думдор, ҳисоби абҷад, таҷоҳули 
ориф, бандаки изофӣ, тарҷумаи ҳол, ҳаққи маҳр, парвандаи 
ҷиноӣ, фикри айбдорӣ, мурофиаи судӣ, ба ҷавобгарӣ каишдан ва 
ғайра. 

Дар забони матбуот ҳам дар баробари як микдор 
воҳидҳои фразеологии маъмули забон, аз қабили ба марра ра- 
сидан, марраи аввалинро фатҳ намудан , камари ҳиммат бас- 
тан, чашми корро донистан, ҷомаи амал пӯшидан , ҳосили бо 
арақи ҷабин рӯёнда ва ғайра, ифодаҳои рехтаи хоси забони 
расонаҳои хабарӣ: дастовезҳои меҳнатӣ, тиллои сафед, 
изҳори нигаронӣ кардан, ба чизе таҳким бахшидан, пиёда кар- 
дани чизе, мавриди амале қарор додан, ба тасвиб расонидан , 
кӯшиш ба харҷ додан, ба чизе мувоҷеҳ шудан ва ғайра серистеъ- 
моланд. 

Азбаски воҳидҳои фразеологӣ аз чанд калима таркиб ёфта, 
сохтори устувор ва табиати хеле нозук доранд, дар истифо- 
даи онҳо ғалатҳои гуногун роҳ меёбанд. Яке аз он навъи 
нуқсонҳо омехта кардани унсурҳои луғавии як воҳиди 
фразеологӣ бо дигарест, ки онро дар забоншиносӣ контами- 
натсия меноманд: роли (нақши) калон доштан - аҳамияти ка- 
лон бозидан: Барои оқилона идора намудани мамлакат маш- 
варат бо ҳамсар саҳми бузурге мебозад (Рӯзнома). Муқоиса 
кунед: дами беғам мезанам, даври пирӣ меронам - дами пирӣ 
меронам(?)\ косаи сабрам лабрез шуд, шишаи сабрам шикаст 
- шишаи сабрам лабрез шуд( ?); ба ҳаяҷон омад, дар ташвиш 
монд - ба ташвиш омад(?) 

42. Муродифи фразеологии антонимҳои дӯст доштан - бад дидан, 
некӣ кардан - бадӣ кардан, сабру тоқат кардан -бесабрию 
бетоқатӣ кардан, ҷавонӣ - пирӣ, бисёр - камро навишта, шарҳ 
диҳед, ки муродифҳои луғавию фразеологӣ аз ҳамдигар чӣ фарқи 
маъноӣ ё услубӣ доранд. 

43. Фразеологизмҳои зерин чӣ маъно доранд ва бештар дар кадом тар- 
зи баёни фикр (хаттӣ, адабии китобӣ ё шифоҳӣ, гуфтугӯйӣ) истифо- 
да мешаванд? 



47 



Азоби гӯр, чашм ало кардан, лаб фурӯ бастан, аз даҳон 
мондан, дил бохтан, ба шаҳодат расидан, дум ликкондан, ан- 
гушти ҳайрат газидан, бо ҷаҳони фонӣ падруд гуфтан, ҷойи 
шишт наёфтан, ба лаб кулӯх молидан. 



44. Кадом тарзи ифода қобили қабул аст? Ба дафтаратон нависед ва 
сабаби интихоби худро хаттӣ шарҳ диҳед. 

1 . Мувофиқи талаби рӯз ташкил намудани кор ба чорводо- 
рон имконият медиҳад, ки аз иҷрои супоришҳои истеҳсолӣ бо 
сарбаландӣ бароянд (4) - Бадон, агарчи аз ӯҳдаи бадӣ набаро- 
янд , аз бадгӯйӣ ва забондарозии худ бознамеистанд(4) ; 2. Ҳар 
каси дидаю надида ҳаваси зиндагии онҳоро як бор мехӯрад - 
Ба либоспӯшии дугонаҳояш нигариста ҳавасаш меомад - 
Меҳмонҳо маро дида ҳавасашон мерафт - Мардуми деҳа нав- 
хонадоронро дида ҳавас мекарданд , ки кош ба онҳо низ Худо- 
ванд чунин арӯсу домодро насиб гардонад(4); 3. Аз аҳволи 
ояндаи ман хавотир накашӣ ҳам, мешавад - Боз одамони дар 
хона буда хавотир кашида нашинанд - Кампир аз ин аҳволи 
писараш ба хавотир афтода бо овози хаста пурсид - Шабу 
рӯз хавотирӣ мекашам , ки аҳволи фарзандонам дар мамлака- 
ти бегона чӣ хел бошад(4). 

КАЛИМАСОЗӢ 

4 *А\. Калимасозӣ (морфемика) чӣ гуна соҳаи илми забон аст? 

2. Кадом роҳҳои калимасозиро сарфӣ (морфологӣ) меноманд? 

3. Морфемаҳо чӣ гуна ҳиссаҳои калимаанд? 

4. Морфемаҳои шаклсозу калимасоз аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд? 

5. Таркиббандй чӣ гуна тарзи калимасозӣ аст? 

6. Дар бораи реша, асос, пешванду пасвандҳо чӣ медонед? 

|Г' 

• Калимасозӣ ва таркиббандӣ чунин қисмати забонши- 
носӣ аст, ки аз имконоти калимасозию таркиббандии забон 



48 



баҳс намуда, тарз ва роҳҳои сохта шудани калимаю таркибҳо 
ва бад-ин васила ғанӣ гардидани таркиби луғавии забонро 
меомӯзад. Дастгоҳи калимасозии забон чӣ андоза коршоям ва 
фаъол бошад, забон аз лиҳози сарвати луғавӣ ҳамон қадар 
тавоно ва қудратманд мегардад. 

Ҳиссаҳои маънодори калимаро морфема меноманд. Кали- 
маи ҳалвогар аз ду морфема ҳалво - решаи калима (номи 
хӯрок) ва пасванди калимасози -гар (номи шахс вобаста ба 
соҳаи машғулият, касб) иборат аст. Калимаи келинбинӣ аз се 
морфема: решаҳои келин ва бин (асоси замони ҳозираи феъл), 
пасванди -ӣ (номи амал) сохта шудааст. 

Морфемаҳо калимасоз, шаклсоз ва муштараквазифа (ка- 
лимасозу шаклсоз) мешаванд: дар калимаи ҳалво-гар-он мор- 
фема ё пасванди -он шаклсоз буда, маънои калимаи 
ҳалвогарро тағйир намедиҳад, балки шакли онро дигар кар- 
дааст: ҳалвогар - шумораи танҳои исм, ҳалвогарон - шумораи 
ҷамъ. Дар исми ҳалво-гар пасванди калимасози -гар аз решаи 
ҳалво (номи ашё, хӯрокворӣ) исми ҳалвогар сохтааст, ки ба 
мафҳуми касбу кори шахс далолат мекунад. Дар калимаи ро- 
зак пасванди -ак шаклсоз аст: 

Бархез , ки мову ту чу ҷонем 

В-аз розаки ҳамдигар бидонем (Ҷалолиддини Румӣ). 

Дар ин байт калимаҳои бархез аз пешванди бар- ва решаи 
хез ва ҳамдигар аз пешванди ҳам- ва решаи дигар иборатанд. 

Дар калимаи пайвандак пасванди -ак калимасоз аст: аз ре- 
шаи пайванд ва пасванди -ак истилоҳи забоншиносӣ сохтааст. 

45. Бо пешвандҳои ҳам-, бар-, бе-, но- , пасвандҳои -гар, -бон, -зор, -ин 
(-гин), -ӣ (-гӣ) калимаҳо созед ва бигӯед, ки калимаҳои ҳосилшуда ба 
кадом ҳиссаи нутқ тааллуқ доранд ва бо кадом маъно калимаи нав 
сохтаанд. 

46. Кадом тарзҳои калимасозии Ҳофиз дар забони адабии имрӯза ҳам 
маъмуланд? Дар он қолабҳо калимаҳо созед: додгар, ғамнок, пур- 
лаъл, сияҳрӯй, дилсиёҳ, шердил, дилпазир, сӯхтадил, оҳандил, 
хушдилй, лолаузор, шакарлаб, гуландом, хумхона, тарабсаро, май- 
када. 



49 



47. Аз матни зерин калимаҳои сохта ва мураккабро ба дафтар нависед 

ва шарҳ диҳед, ки аз кадом ҳиссаи (ё ҳиссаҳои) нутқ бо кадом тарз 

сохта шудаанд: 

1. Дар коргаҳи кӯзагаре рафтам дӯш, 

Дидам ду ҳазор кӯза гӯёву хамӯш. 

Ногоҳ яке кӯза баровард хурӯш: 

«Ку кӯзагару кӯзахару кӯзафурӯш?» (Хайём) 

2. Ҳикоят 

Панҷпоякро гуфтанд: 

- Чаро ба шакли каҷпайкарон афтодӣ ва пой дар роҳи 
каҷравӣ ниҳодӣ? 

Гуфт: 

- Аз мор таҷриба бардоштам, ки бо он ростию ростравӣ 
ҳамеша аз санги ҷафо саркӯфта аст ё аз захми ситам думбури- 
да (Ҷомӣ). 



49 А. Аз калимаҳои мехр, фитна, панд, ибрат, ҳайрат, ҳикмат, ҳазл, 
шӯхӣ ва ҷузъҳои - омез , -ангез ва -омӯз калимаҳои мураккаб созед, 
ки бо феълҳои омехтан, ангехтан ва омӯхтан таносуби маъноӣ 
дошта бошанд. 



49Б. Кадом тарзи калимасозӣ дар забон маъмул аст? Барои ин ба ки- 
тоби М.Шакурӣ «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» муроҷиат 
намоед. 

Лаҳзаҳои хотирмон ё хотирнишин , оби ноҷӯшомада ё наҷӯ - 
шида, воситаи алоқаи ҳозирзамонӣ ё ҳозирзамон , комёбиҳои 
назаррас ё чашмгир, ҳар чизи пурарзиш ё гаронарзиш , вазифаи 
пурмасъулият ё масъул, лаҳзаҳои пурфараҳ ё фараҳнок, дили 
пурафгор ё афгор, хонаи шашҳуҷрадор ё ьиашҳуҷра, шавҳари 
кӯдакдӯст ё кӯдакдӯстдор, биноҳои серошёна ё баландошёна, 
садамаи нақлиётӣ ё нақлиёт, мавзеъҳои истироҳатӣ ё исти- 
роҳат, шароити корӣ ё кор, машгулиятҳои беруназмактабӣ ё 
берун аз мактаб. 



50 



г 0 

к * Л Домони имконоти калимасозии забони тоҷики хеле фа- 
рох аст, вале на ҳамаи тарзҳои ифода қобили қабуланд. Чу- 
нончи, дар забони гуфтугӯ ва нашрияҳои имрӯза истифодаи 
чунин калимаҳои мураккаб бисёр мушоҳида мешавад: бооб- 
таъминкунии хоҷагиҳои деҳқонӣ, обёрикунии заминҳои бекор- 
хобида, истифодабарии қувваҳои кории деҳот, иҷроьиавии ( ё 
иҷроиши) нақшаҳои солона ва ғайра. Маълум аст, ки исмҳои 
таъмин (таъминот),обёрӣ ва истифода худ номи амаланд, 
бинобар ин ба зам намудани -кунӣ -барӣ ва -шавӣ эҳтиёҷе 
нест: таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо об, обёрии заминҳои бе- 
корхобида, иҷрои нақшаҳои солона. 

Аз ду решаи калима сохтани калимаи мураккаб ба мароми 
забони тоҷикӣ мувофиқ аст. С. Улуғзода калимаи мураккаби 
«хӯшачиндухтарон»-ро бо ибораи «духтарони хӯшачин» ба 
тариқи мувозӣ кор фармудааст, то ки як қолаби ифода такрор 
наояд. 

49. Нуқсонҳои калимасозиро ислоҳ кунед: маҳсулотхаридкунӣ, 
эътирозбаёнкунӣ, сӯйиистеъмолкунӣ, пахтатозакунӣ, 
шеърэҷодкунӣ, аспсаворшавӣ, хонавайроншавӣ, омодашавӣ, 
истифодабарӣ, таъсисёбӣ, худсироятёбӣ, 
муқобилиятнишондиҳӣ, барӯйхатгирӣ, азнавбарқароркунӣ. 

^ Дар калимасозии феъл пешванду пасвандҳо микдоран 
зиёд ва сермаҳсул нестанд. Бо ёрии феълҳои ёвар сохтани 
таркибҳои феълӣ дар забони тоҷикӣ хеле маъмул аст. Бо ин 
васила ҳам аз калимаҳои худӣ ва ҳам аз калимаҳои бегона 
феълҳои таркибии зиёде сохта шудаанд. Дар ин бобат 
феълҳои ёвари кардан ва шудан ва муродифи онҳо: намудан ва 
гардидан басо «заҳматкашанд». Феълҳои ёвари дигар ҳам дар 
таркибсозии феъл фаровон истифода шудаанд. Чунончи, 
Ҳофиз бо феъли ёвари задан таркибҳои дам задан, барҳам за- 
дан, қалам задан, сикка задан, рақам задан, ханда задан, гиреҳ 



51 



задан, отаьи задан, тир задан, гулбонг задан, оҳ задан ва 
ғайраро сохтааст. 

Дар таркибсозии феъл ҳам ғалатҳо ба назар мерасанд: - 
Анвар, пурсиши маъмулӣ медиҳам (Рӯзнома). Силсилаи пур- 
сидан - савол ( суол ) додан муродифҳои соддаю таркибӣ дошта 
бошад, дар силсилаи ҷавоб додан - посух додан ҳар ду муро- 
диф феъли таркибист. Аз исми пурсиш , ки муродифи савол 
( суол) аст, феъли таркибии пурсиш кардан ё пурсиш додан сох- 
та намешавад, аммо аз исми мураккаби пурсуҷӯ феъли тарки- 
бии пурсуҷӯ кардан ( намудан ) сохтан мумкин аст. Мисли 
ҳамин, аз калимаи ҳисоб бо феъли ёвари ёфтан таркиби ҳисоб 
ёфтан сохта мешавад, вале аз калимаи арабии ҳамрешаи он - 
маҳсуб дар забони тоҷикӣ феъли таркибии маҳсуб ёфтан сох- 
та намешавад. 

50. Пас аз ҳиссаи номии ишорашуда феъли ёвари мувофиқро гузошта, 
феъли таркибӣ созед: 

Боре ҳам ба тарафи ман нигоҳ..., ба китоб ҳам нигоҳ..ҳ 
интизорӣ тӯл...\ ба тамошобинон ҳаловат...; ...якдигарро 
озор...\ ҳангоми сафар ҳодисае рух...\ дар сад гектар кишти 
тирамоҳӣ...; дар мактаб маҳфили адабӣ фаъолият...\ шоир 
озими Ҳирот. . . 

51. Матнҳои зеринро ба тақтеи вазни шеър риоя намуда қироат кунед 
ва ба он эътибор диҳед, ки шоирон дар бобати калимасозӣ чӣ 
«навоварӣ» кардаанд: 

1 . Кабобам карда бепарвохироме, чашммайнӯше, 
Қаландармашрабе, якшаҳрошиқхонабардӯше. . . 
Мусофирпарваре, оромиҷоне, соҳибидроке, 
Сафарнокардамардумдидае , савдогари ҳуше (Сайидо). 

2. Ҳамхандаи ман гули сияҳгӯши ту буд, 

Ҳамгиряи ман чашмаи хаспӯши ту буд. 

Эй гумшуда қишлоқаки(З) тиллоии ман, 

Доруи ман оби шӯраки(З) ҷӯши ту буд. 



52 



3. Сурхида замини Лолагӣ дар таби сурх, 

Барги гули лолааш мисли лаби сурх. 

Аз сурхии лолазор шабнам сурх аст, 

Гуфтӣ ту, шаби гузаштааш буд шаби сурх (Бозор Собир). 

к.. Чунин калимаҳои мураккаби серморфемаи дурударозро 
дар таърихи адабиёти ҳазорсолаи тоҶик танҳо ба хомаи 
эҷодии Сайидо нисбат додан мумкин аст. Адибон нозукиҳои 
забони модарии худро амиқтар дарк мекунанд. Нуктаи нозу- 
керо дарёфта, дар ашъори худ ба кор мебаранд, ки аз чашми 
ҳамагон пинҳон мондааст. Агар маъшуқа ба сӯзу гудози ошиқ 
эътиборе надода бепарво хиромида равад, чаро бепарвохиром 
набошад, агар чашмони ӯ пурхумор бошад, чаро хумори ӯ аз 
нӯшидани май аён нагардад? Пас дар ниҳоди забони мо чизе 
будааст, ки шоир аз он маншаъ гирифта якшаҳрошиқхонабар- 
дӯше ва сафарнокардамардумдидае гуфтааст. 

Дар забони тоҷикӣ ҳамтақдир, ҳамдард, ҳамроз барин 
калимаҳо мавҷуданд, ки ҳасби ҳоли шахсро ифода мекунанд. 
Аммо ҳамхандаю ҳамгиря шояд то кунун дар ёди касе набуд. 
Ё ин ки бо номҳои ранг дар забонамон фақат феъли сабзидан 
ба маънои рустан вуҷуд дошт. Тахайюли шоирона кашф на- 
мудааст, ки дар Лолагӣ замин аз таби сурх сурхида метавонад 
ва, бешак, аз сурхии лолазор шабнам ҳам сурх мешавад, ба ху- 
сус, шаби гузаштааш шаби сурх , шаби шодию сурур бошад. 

Шоирон аз бозёфти ҳамдигар илҳом мегиранд, баҳраманд 
мешаванд. Шайх Саъдӣ дар қолаби калимасозии маъруфи 
форсу тоҷик нонгадоӣ кардан бӯсагадоӣ сохта буд ва Лоиқ ҳам 
аз истифодаи ин сухани наҷиби шоирона худдорӣ карда ната- 
вонистааст: 

Саъдии ширинсухан дар роҳи ишқ 
Аз лабат бӯса гадоӣ мекунад. 

Бо ҳама бӯсагадоӣ зи лабат, 

Беҳтарин бӯсагарат ман будам. 

53 



Тирборон кардани мо кушиши беҳуда аст, 

Ҳар ки моро мекушад бо шеърборон , зинда бод! 

Қаламкашони ҷӯянда ин гуна вожаҳои тару тозаро аслан 
бо нияти ганй гардонидани ганҷинаи лугавии забони модарӣ 
насохтаанд, балки барои ҷаззоб ва дилнишин баён намудани 
тахайюлоти рангини худ аз имконоти калимасозии забон 
фоида бурда ба тозагӣ офаридаанд. Чунин калимаҳои 
тозаэҷоди адибонро дар забоншиносӣ неологизмҳои (навво- 
жаҳои) услубӣ меноманд. 

52. Дар матнҳои зерин кадом калимаю таъбирҳо наванд? Онҳоро ба 
дафтар нависед ва муайян кунед, ки калимаҳои нав дар заминаи ка- 
дом калимаҳои сохта ё мураккаби маъруфи забон сохта шудаанд. 

1. Зимистон буд(4). Аз теғаи кӯҳҳо то соҳили наҳрча(З) та- 
моми деҳаро сап-сафед барф пахш карда буд. Осмонро мо- 
нанди пардаи хира абрҳои яклухт пӯшида буданд. Аз қабати 
ин абрҳо моҳ бемадорона ба ин барфистон рӯшноӣ меафканд 
(Ҳ.К.).; 2. Аз бозе ки ҳамон мусофири бемор ба ҳавлии мо 
омад, ҳамаи кӯрпаю болиштҳои ман шабушзор шуд(4); 3. Ин 
манзараҳое, ки тамошо кардед, бе сарфи назар ва бе ранҷи 
дасти касе қуввати табиат рӯёнда, ба ин обуранги ҳушрабо 
ҷилва кунондааст(4) (С.А.); 

4. Гулхандаҳо мекарду гул ба об мефиканд(1), 

Тифле ба об гавҳари ноёб мефиканд (М.Қ.); 

5. Ман кӯйи муроди ҷумла раҳдуронам, 

Дар кӯрараҳон асокаши кӯронам (Лоиқ). 



54 



МОРФОЛОГИЯ (САРФ) ВА ИМЛО 



9 1 

• 1 . Калимаҳоро аз кадом ҷиҳатҳо ба ҳиссаҳои нутқ ҷудо 

мекунанд? 

2. Ҳиссаҳои мустақилмаъно ва номустақили нутқро номбар 
кунед ва гӯед, ки аз кадом ҷиҳат чунин гурӯҳбандӣ шудаанд? 

3. Маъноҳои грамматикии ҳиссаҳои нутқ кадоманд? 

4. Ҳиссаҳои нутқ аз ҷиҳати калимасозӣ аз ҳамдигар чӣ 
фарқ доранд? 

5. Дар имлои ному насаб чӣ мушкилот вуҷуд дорад? 

6. Чӣ гуна калимаю таркибҳоро бо нимтире (дефис) мена- 
висанд? 

7. Кадом пасвандҳоро дар кадом маврид бо нимтире мена- 
висанд? 

8. Пешоянду пайвандакҳои таркибиро аз пешоянду исм ё 
исму пайвандак чӣ тарз фарқ кардан мумкин аст? 

9. Пешояндҳои «бо» ва «бе»-ро чӣ тарз аз пешвандҳои ка- 
лимасози «бо-» ва «бе-» фарқ кардан мумкин аст? 

10. Ҷузъҳои кадом пайвандакҳоро ҷудо ва ҷузъҳои кадом 
пайвандакро якҷоя менависанд? 



53. Матнро хонда, калимаҳои мустақилмаъно ва номустақил ё ёварро 
ҷудо-ҷудо нависед. Ба болои ҳар кадом калима ё таркиб бо ҳарф 
ишора кунед, ки ба кадом ҳиссаи нутқ тааллуқ дорад: 

Пас аз барфу боронҳои пай дар пай шаб ҳаво якбора ку- 
шода шуд(4). Осмон софу беғубор ва аз тобиши моҳи пурраи 
шаби чордаҳ равшан буд(4). 

Соат аз даҳ гузашта буд, аммо бачаҳо ин ҳавои софи 
дилкушо ва замини яхбастаи(2) белойро ғанимат шумурда, 
ба яхмолакпарӣ(2) ва руст-рустакон(2) барин бозиҳо 
машғул шуда вақти хобро ҳам аз хотир бароварда бу- 
данд(4). Падару модарон онҳоро коҳишкунон(З) ба хона 



55 



даъват мекарданд. Бачаҳо дастони дар аёс мисли лаблабу 
суп-сурх ва карахтшудаашонро(З) ба пеши даҳонашон бур- 
да, пуф-пуфкунон(З), бо дилҳои ба бозй кашол ба ақиби 
худ нигоҳ карда-нигоҳ карда(З) аз саҳну майдончаҳо(2) ба 
сӯйи хонаҳояшон мерафтанд(4) (А.Д.). 

Исм 



Г ' | 

♦ Калимаю таркибҳо ҳам маънои луғавӣ ва ҳам маънои 
грамматикӣ дошта бошанд, ҳиссаҳои мустақил, фақат маънои 
грамматикӣ дошта бошанд, ҳиссаҳои номустақил ҳисоб меё- 
банд. 

Ҳиссаҳои мустақилро аз чаҳор ҷиҳат гурӯҳбандӣ мекунанд: 
маънои умумии луғавӣ, маъноҳои грамматикӣ, хусусияти 
калимасозӣ ва вазифаи наҳвиашон дар ҷумла. 

Маънои умумии луғавии исм — ашё, сифат - аломати ашё, 
шумора - микдор, зарф - аломати амалу ҳолат ва аломат, 
I феъл-амал. 

Маъноҳои грамматикии калимаҳои моҳ, замин, хона, даст, 
даҳон, лаблабу ва гайра исмҳои мушаххас (конкрет), ҷинс, 
беҷон, муайян, танҳо; калимаҳои тобиш, вақт, хоб, хотир, 
бозӣ, яхмолакпарӣ ва ғайра исмҳои маънии (абстракти) замон, 
амал, ҳолат; калимаҳои барфҳо, боронҳо, бозиҳо, дилҳо, 
саҳнҳо, майдончаҳо исмҳои беҷони ҷамъ; бачаҳо, падарон, мо- 
дарон исмҳои шахси ҷамъанд. 

54. Аз матни ҳикоят исмҳоро гурӯҳбандӣ карда ба дафтар нависед: 

Дар диёри Туркистон подшоҳи соҳибшавкат(2) ва адолат- 
парваре(2) буд. Яке аз арбобони давлати ӯ ба сабабе аз шоҳ 
гумонбар шуда рӯй аз шоҳ битофт ва яке аз душманони ма- 
ликро фиреб дода бар зидди ӯ ба ҷанг хезонд(З). Чун шоҳ до- 
нист, ки душман аз итоат гардан тофтааст, ба ӯ номаи 
насиҳатомези(2) мушфиқона(2) фиристод(4). Аммо хасми 



56 



мағрур аз ғояти такаббур ба он илтифот накард ва ҳар куҷо 
гурӯҳи саргардонро(2) ба ҷониби худ ҷазб мефармуд(4). 

Подшоҳ дид, ки онҳоро ба мулоимат ислоҳ карда намета- 
вонад, чунин пайғоме фиристод(4): «Ману ту ба шишаю санг 
монандем. Хоҳ санг бар шиша занад ва хоҳ шиша бар санг, 
дар ҳар ду ҳолат шиша хоҳад шикаст ва сангро осебе нахоҳад 
расид» (Калила ва Димна). 

Гср 

1) Кадом калимаҳо муродифи луғавианд ва бо кадом 
мақсад кор фармуда шудаанд? 

2) Ибораҳои рӯй тофтан ва гардан тофтан чӣ гуна воҳиди 
забонанд? 

3) «хасми магрур аз ғояти такаббур» чӣ санъати сухан аст? 

4) Калимаи «гурӯҳ» чӣ гуна исм аст? 

5) Дар ифодаи «сангро осебе нахоҳад расид» пасоянди -ро 
ба кадом вазифа кор фармуда шудааст? 

• Дар забони тоҷикӣ шакли ҷамъи исмҳо бо ёрии 
пасвандҳои шаклсози -ҳо ва -он (-гон, -ён, -вон) ифода меёбад: 
барфҳо, хонаҳо, бозиҳо, дастҳо, бачаҳо; арбобон, душманон, 
дастон, хонандагон, гадоён, бозувон. Дар исмҳои иқтибосии 
арабӣ ин маънои грамматикӣ бо пасванди арабии -от 
(ҷамъбандии солим) ва тагйири овозҳои решаи калима 
(ҷамъбандии шикаста) ифода мегардад. 

Исмҳои ҷомеъ низ дар шакли ҷамъ омада метавонанд: 
мардумон, гурӯҳҳо. Исмҳо бо шумора ва калимаҳои ифодаку- 
нандаи микдор: чанд, якчанд, чандин оянд, пасванди ҷамъ на- 
мегиранд: ду рафиқ, сад сар гӯсфанд, чанд ҳикоят, чандин муд- 
дат ва ғайра: Аз мардуми афғон чаҳорсад мард ба султон 
мулҳақ шуданд (Тазкираи Давлатшоҳ); Дидед, ки дар он ҷо 
садҳо коргар кор мекунанд (С. А.). 

Як микдор калимаҳои арабӣ дар шаклҳои танҳо ва ҷамъи 
арабӣ ба забони тоҷикӣ гузаштаанд. Азбаски мафҳуми абс- 



57 



тракти грамматикии шакли арабӣ дар забони тоҷикӣ равшан 
дарк намегардад, дар гуфтору навиштори тоҷикӣ ҳодисаи 
ҷамъи дукарата ба миён омадааст: маълумотҳо, тадқиқотҳо, 
тагйиротҳо, абётҳо, навоҳиҳо, ашхосон ва ғайра. Мувофиқи 
меъёри забони адабии тоҷик чунин калимаҳо бояд дар шакли 
ҷамъи тоҷикӣ ё арабӣ кор фармуда шаванд: байтҳо ё абёт, 
шахсҳо ё ашхос. 



55. Исмҳоро дар шаклҳои гуногуни ҷамъ нависед ва ба зери исми 
ҷамъе, ки дар забони адабии имрӯзаи тоҷик маъмултар аст, хат ка- 
шед. Намуна: шоир - шоирҳо, шоирон, шуаро; вақт - вактҳо . 
авқот; талаба, малик, халқ, вазир, раис, олим, адиб, муаллим, ус- 
тод, мактаб, варақ, илм, ҳайвон, хаёл, тачриба, робита, қонун. 

56. Кадом шакли ҷамъи исмҳои арабию тоҷикӣ мафҳуми ҷамъро 
саҳеҳтар ифода мекунад? 

Суолот - саволҳо, ҷиноёт - ҷиноятҳо, муносибот - 
муносибатҳо, хоҳишот - хоҳишҳо, мақолот - мақолаҳо, 
сафаҳот - саҳифаҳо, фармоишот - фармоишҳо - 
фармоишотҳо, алоқот - алоқаҳо, маворид - мавридҳо, навоқис 
- нуқсонҳо, вазоиф - вазифаҳо, масоил - масъалаҳо, анвоъ - 
навъҳо, аҳзоб - ҳизбҳо, тадобир - тадбирҳо, адён - динҳо, 
аъёд - идҳо. 

ГГ1 

• Бо ёрии пасвандҳо сохтани исмҳо тарзи маъмули кали- 
масозии сарфии (морфологии) ин ҳиссаи нутқ ба шумор мера- 
вад. Бо пасвандҳои - гар , - гор , -бон, -чӣ, -ор, -вар исми шахс 
( оҳангар, суратгар, омӯзгор, талабгор, богбон, пуштибон, 
навбатчӣ, харидор, парастор, шиновар, сарвар), бо пасвандҳои 
-а, - ак , -ча, -она, -ӣ, -иш, -гоҳ, - ок , -акӣ исмҳои ашё (забона, 
шукуфа, шаршара, намак, пӯстак, олуча, бозича, шомиёна, 
сӯзанӣ, дастгоҳ, хӯрок), исмҳои аломат, ҳолат, амал (сафеда, 
ханда, нолиш, хониш), бо пасвандҳои -гоҳ, -зор, -сор, -истон, - 
дон исми макон ( гузаргоҳ, истгоҳ, гулзор, регзор, кӯҳсор, чаш- 
масор, кӯҳистон, бемористон, каҳдон), бо пасвандҳои -ӣ (-гӣ). 



58 



-гарӣ, -ор исмҳои маънии аломат, ҳолат, амал, касбу ҳунар, 
соҳаи машғулият (зебоӣ, дӯстӣ, гуруснагӣ, сабзавоткорӣ, 
косибӣ, оҳангарӣ, ресандагӣ, одамгарӣ, зӯригарӣ, кирдор, куш- 
тор ) сохта мешаванд. 



57. Ба решаи калимаҳои зерин пасванди мувофиқ васл намуда исмҳои 
шахс созед: ҳалво..., зар..., варзиш..., савдо..., тарбият..., 
маслиҳат..., иғво..., тӯҳмат..., мадад..., фурӯш..., дарвоза..., нигаҳ..., 
ҳашар... 

58. Бо пешванди ҳам- даҳ исм созед, ки онҳо ба мафҳуми шахс далолат 
кунанд. Муайян кунед, ки пешванди ҳам- аз чӣ гуна решаи калимаҳо 
исми шахс месохтааст. 

59. Кадом тарзи ифода беҳтар аст? 

Кафшерчӣ - кафшергар, муолиҷагар - муолиҷакунанда, та- 
бобатгар - табобаткунанда, тракторчӣ - ронандаи трактор, 
булдозерчӣ - ронандаи булдозер, иқтисодчӣ - щтисодшинос, 
иштирокчӣ - ширкаткунанда, саёҳатчӣ - сайёҳ, сарҳадчӣ - 
сарҳадбон (марзбон), ёрдамчӣ - ёвар, хизматчӣ - корманд, 
навбатчӣ - навбатдор, нақлиётчӣ - корманди нақлиёт, дурӯгчӣ 
- дурӯггӯ, рубобчӣ - рубобӣ — рубобнавоз, дуторчӣ - дуторӣ - 
дуторнавоз. 

Г| 1 

Мувофиқи имлои нав исмҳои таркибии зерин бе нимти- 
ре, бо бандаки изофӣ ва ё бо пайвандаки пайвасткунандаи -у 
( -ю, -ву) навишта мешаванд: мактаби интернат, вагони ресто- 
ран, механики ронанда, ҳизби халқии демократӣ, Боғи марка- 
зии фарҳангу фароғати шаҳри Душанбе, ҳафтаномаи 
фарҳангию иттилоотӣ, конфронси илмиву амалӣ, омӯзишгоҳи 
касбиву техникӣ, Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон, луғати 
тоҷикию русӣ, факултаи молиявию иқтисодӣ, ақидаҳои сиё- 
сию иҷтимоӣ, тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ. 

Номҳои Худо, ном, насаб, тахаллус, лақаб, сулолаҳои 
таърихӣ, номҳои мақомоти давлатӣ, мансабҳои олӣ, парчам 
ва нишони миллӣ, калимаи аввал ва исми хоси дохили номи 



59 



таркибии унвонҳои фахрии давлатӣ ва мукофотҳои олӣ, 
исмҳои хоси маъмурию сиёсӣ, ҷуғрофӣ, идора, мақомоти 
давлатӣ ва фарҳангӣ бо ҳарфи калон навишта мешаванд. 

Сифат 

60. Матнро бодиққат хонед ва сифатҳоро бо соҳиби аломат (мавсуф) ба 
дафтар нависед ва шарҳ диҳед, ки сифатҳо чӣ гуна аломати мав- 
суфро ифода кардаанд: 

Шабе аз шабҳои зимистон бист нафар аз ҷавонони деҳаи 
Соктаре дар меҳмонхонае маҷлиси дангона (гаштакона) бар- 
по карданд. Меҳмонхона назар ба тарзи зиндагонии деҳот хе- 
ле хуб ороста буд: дар замини меҳмонхона барои нигаҳдории 
рутубат най рехта, аз болои он бӯрё андохта ва аз болои бӯрё 
намади қазоқии хубе паҳн карда буданд(4). Кӯрпа ва 
кӯрпачаҳо ҳам он қадар чиркин набуданд. 

Дар пешгоҳи меҳмонхона сандалии гарм ва дар поёни он 
манқали чӯянии пуроташ буд. Дар гирдогирди(2) он манқал 
шаш ҳалқаи чойникмонак(2) буд, ки чойникҳои(1) чойи кабуд 
дар он ҷо дар ҷӯш буданд (С.А.). 

к • 1) Дар қолаби сифати мураккаби пуроташ (сифат+исм) бо 

ҷузъи пур- боз кадом сифатҳоро сохтан мумкин аст? 

2) Чаро исми ҷавонон бо шумораю нумеративи бист нафар дар 
шакли ҷамъ, вале исми ҳалқа бо шумораи шаш дар шумораи 
танҳо омадааст? 

3) Қалимаҳои маҷлис ва замин бо кадом маънӣ кор фармуда шуда- 
анд? 

4) Феълҳои рехта, андохта ва паҳн карда буданд бо ҳамдигар чӣ 
муносибати маъноӣ доранд? 

5) Амали хабари ҷумлаи охиринро (дар ҷӯш буд) боз чӣ тарз ифода 
кардан мумкин аст ва байни он шаклҳои грамматикии хабар чӣ 
муносибати маъноӣ пайдо мешавад? 



60 



• Сифат аломати ашё, чигунагии ходисаю воқеаҳоро ифо- 
да мекунад. Сифат ранг, бӯй, маза, вазн, арзиш, хислат, хусу- 
сияти ашёро ифода кунад (дар матни боло: кабуд, гарм, хуб, 
чиркин) - аслӣ, ба чизе, маконе ё замоне нисбат дода шавад 
( чӯянӣ , қазоқӣ, дангона, пуроташ) - нисбӣ меноманд. 

Сифатҳои аслӣ дараҷаҳои қиёсӣ доранд: хуб, гарм - оддӣ, 
хуб-тар, гарм-тар - қиёсӣ, хуб-тарин, гарм-тарин ; хеле хуб, 
хеле гарм; аз ҳама хуб, аз ҳама гарм; хуби хуб, гарми гарм — 
олӣ. Дар сифатҳои аслӣ кам ё беш зоҳир шудани аломат низ 
мушоҳида мешавад: кап-кабуд, кабудча, кабудтоб, кабудча- 
тоб. 

Сифатҳои нисбӣ чунин хусусиятҳо надоранд. Пасвандҳои - 
ӣ, -гӣ, -вӣ, -ин, -гин, -она аз исмҳо бо ҳамин маъно сифат месо- 
занд. Баъзан сифат бе пасванд ( ё-и нисбат) низ омада, ба 
аломати нисбии мавсуф далолат карда метавонад: манқали 
чӯянӣ — чӯянин - чӯян. 



61. Дар калимасозии сифатҳои ҷумлаҳои зерин чи хусусият мушоҳида 
мешавад? 

Лекин инро фаромӯш накардан даркор аст, ки як одами 
давлатманд абадӣ бодавлат шуда наметавонад (С.А.); Дар 
даруни ин кӯзача даҳ дона тиллои даҳсӯмӣ, даҳ дона тиллои 
панҷсӯмӣ буд. Самадхоҷа ду тиллои даҳсӯма ва даҳ тиллои 
панҷсӯмаро гирифта, ба кисааш гузошт (Ҷ.И.). 

Л 1) Тарзи дигари ифодаи хабари ҷумлаи аввал ( фаромӯш накар- 
дан даркор аст) чӣ гуна хоҳад шуд ва кадоме аз онҳо дар забон 
маъмултар аст? 

2) Дар сифатҳои боақл - баақл - ақлнок, бохирад - хирадманд, нотоб 
- бетоб - камтоб, самимӣ - самимона, асабӣ - асабонӣ, ( одами ) 
касалӣ - касалманд, айнакӣ - айнакдор, дупудӣ - дупуда, дирӯза — 
дирӯзангӣ, пашмӣ - пашмин - пашмина, пахтагӣ - пахтагин - пах- 
танок, нахӯдӣ - нахӯддор, лолагун -лоларанг кадом унсурҳои ка- 



61 



лимасоз муштараквазифа шудаанд ва сифатҳои сохта ва мурак- 
каби ҳаммаъно чӣ тафовути услубӣ ё тобиши маъно доранд? 



62. Дар матнҳои зерин нависанда аз кадом имконоти калимасозии си- 
фат фоида бурдааст? 

Ман мегӯям, ки, агар мумкин бошад, бо хурӯҷи оммавӣ ин 
гургони одамхорро(1) тавбаи гургӣ додан лозим аст(4). 

- Ӯй гургони одамхор! Аз шумо умеди одамгарӣ кардан ва 
одам шудани шуморо чашм доштан ғалат аст! Шуморо тав- 
баи гургона додан лозим(4)! (С.А.). 

кл Л 1) Ифодаи аз касе чизеро чаилм доштан чӣ гуна воҳиди забон 
аст? 

2) Ҷонишини шахсии шумо ба маънои ҷамъ омадааст ё ба маънои 
танҳо? 

3) Аломати хитоб барои чӣ гузошта шудааст? 



63. Дар ҷумлаҳои зерин сифатҳои ишорашуда аз ҷиҳати сохт чӣ 
нуқсонҳо доранд ва онҳоро чӣ тарз ислоҳ кардан мумкин аст? 

1 . Ин рафтори духтар бухгалтерро боз ҳам умеднок мекард. 
2. Онҳо бештар ба нормаи хӯрокӣ диққат доданд. 3. Ин 
дақиқаҳо бисёр нозук ва хавфовар буданд. 4. Тазкиранависон 
воқеаҳои таърихиро муболигаангез баён кардаанд. 5. Дарах- 
тон ба назари ман асрорангез ва пурсукут менамуданд. 6. 
Шофёр пуштнокӣ ба хоки тапурнок афтод. 

ГлЧ 

1. Калимаҳои иқтибосии бухгалтер, норма ва шофёрро бо ка- 
дом калимаҳои тоҷикй иваз кардан мумкин аст? 



64.Дар матни зерин тавсиф дар кадом қолаби сифат ва сифати феълӣ 
ифода ёфтааст ва дар матни асари бадеӣ чӣ вазифаи услубиро адо 
мекунад? 



62 



Дар ҳақиқат ҳам ҳусну ҷамоли(5) Гулнор таъсирбахшо 
буд: чашми сиёҳи оташбор, мижгони дарози ҷоншикор ва 
абрӯи(б) каҷи дунболадори(б) ӯ дили ҳар бинандаро аз ҷо 
мебурд; мӯйи(6) дарози тобдораш, ки то хамгашти 
зонуҳояш мерасид, барои ҳаваскорон каманди печоне буд; 
зулфи парешонашро гирди рухсори тобонаш ба он зебоӣ(б) 
тасвир кардан аз дасти ҳеҷ наққоши нодиракор намеомад: 
қади навраста, рӯйи(6) хуҷиста, зулфи шикаста, абрӯи пай- 
васта - ҳама ба якдигар зебанда афтида буданд. Донаҳои 
ашки алмосгун, ки аз чашмони дурахшонаш ба рӯйи рах- 
шонаш мечакиданд, намуди шабнами саҳариро ба рӯйи 
гулбарги таре ҷилва медоданд (4) (С. А.). 

Г€р 

к. • 1) Калимаи рӯй ба чанд маънӣ омадааст ва он аз рухсор бо ка- 

дом тобиши маъно фарқ мекунад? 

2) Оё исми намуд ба маънои хел ва навь омадааст? 

3) Сифатҳои рахшои ва дурахшон ба чиҳо нисбат дода шудаанд? 

4) Ба ҷуз тавсиф боз кадом санъатҳои лафзӣ ва маънавӣ истифода 
шудаанд? 

65. С.Айнӣ ҳусну ҷамоли қаҳрамони асарашро ҳамин тарз тасвир кар- 
дааст. Шумо ҳам аз тавсифҳои нависанда истифода бурда симоеро 
тасвир намоед. 



66. Бо исмҳои хабар, маълумот, ҳунар, фарҳанг, муваффақият ибора 
ва ҷумлаҳое созед, ки дар онҳо калимаҳои мазкур дар як маврид бо 
пешояндҳои бо ва бе омада, дар мавриди дигар чун пешвандҳои бо- 
ва бе- сифат сохта бошанд. 

Шумора 



гуч 

• Маънои умумии грамматикии шумора адад, микдори 
ашё ва тартиби шумури он аст. Ададҳо бидуни ашё мафҳум- 



63 



ҳои ғайримушаххасро (абстрактро) ифода мекунанд, бо ашёи 
башумур ки омаданд, маънои мушаххас пайдо мекунанд. 
Шумораҳо микдорй ва тартибӣ мешаванд. Шумораҳои 
микдорӣ (аслӣ, тахминӣ, касрӣ) бо ченакҳои шумор 
(нумеративҳо) ё бе онҳо бо исм (гоҳе бо масдар) омада, дар 
ҷумла вазифаи муайянкунандаро адо мекунанд. Шумораҳо аз 
ҷиҳати сохт содда (ду, ьиаст, ҳазор...), сохта (дуюм, шас- 
тум...), мураккаб (дувоздаҳ, шашсад...) ва таркибӣ (бисту ду, 
шасту чор...) мешаванд. 

Шумораҳо дар мавридҳои гуногуни гуфтору навиштор ба 
тарзҳои чор - чаҳор, чил - чиҳил, дусад -дувист, ҳаштоду 
ҳашт - ду кам навад, панҷоҳ - ду бисту даҳ, ҳазору нӯҳсаду 
наваду нӯҳ - нуздаҳсаду наваду нӯҳ, ним - 0,5, яку чоряк - 1, 
0,25 низ кор фармуда мешаванд. 

67. Дар мисраъҳои зерин шумораҳои як - сад, як — дусад, ҳар банд, ҳар 
печ - ҳазор чӣ нияти услубии шоирро адо кардаанд? 

1 . Агар як зулф бифшонад(1), аз ӯ сад дил раҳо гардад 
Ва гар як чашм бигморад(1), дусад дилро кунад пурхун(4) 

(Рӯдакӣ). 

2. Зи дил як қатра хун мондааст аз ҳаҷри ҷигарсӯзат(2), 
Вале дар ҷӯйбори дида сад дарёи хун дорам(4) (Камол). 

3. Зулфат дидам, сар аз чамон(1) печида 
В-андар гули сурхи аргувон печида; 

Дар ҳар банде ҳазор дил бар бандаш, 

Дар ҳар пече ҳазор ҷон печида(4) (Рӯдакӣ). 

* 1) Таъбири сар аз чизе печидан чӣ гуна воҳиди забон аст? 

2) Калимаи банд сермаъност ё омоним? 

|рГ" 

• Шумораҳо бо ҳарф навишта шуда бошанд, пасвандҳои 
-ум, -юм якҷоя (сездаҳуми сентябр), бо рақам навишта шуда 
бошанд, бо нимтире навишта мешаванд (13-уми сентябр). Пас 



64 



аз рақамҳои римӣ пасванд навишта намешавад (асри XXI), 
аммо «асри бисту якум» мехонанд. «13 - сентябр» навиштан 
ғалат аст. Ҳамин қоида дар навишти нумеративҳои -та, -то 
ва ҳиссаи калимаи мураккаб низ ҷорист: бистсолагии ( бисту - 
мин солгарди) Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20-солагии ( 20-умин 
солгарди) Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Ҷонишин 

68. Ба тақтеи вазн, ҳиссаҳои ҷумла (синтагмаҳо) ва аломатҳои китобат 
риоя карда шеърро бурро, пуртаъсир қироат кунед: 

Тифл мондам аз ту, модар, рӯйи ту дар ёд нест, 

Қомати ту, чашми ту, абрӯи ту дар ёд нест 

(Мирзо Турсунзода). 

Ба сарвақтам намеойӣ, хазон гаштам, намепурсӣ, 

Биҳишти ман, баҳори ман, гули раънои боғи ман. 

Чӣ кардам ман! Чӣ гуфтам ман1 Чӣ дидӣ? Аз чӣ ранҷидӣ? 
Маҳи ман, кавкаби ман, нури чашми ман, чароғи ман 

(Сайидо). 

Дар байти аввал ҷонишини ту мусоҳиби ғоиб - модарро, 
дар порчаи дуюм ҷонишини ман худи гӯяндаро ифода меку- 
над, ки қаҳрамони лирикии ғазал аст. Дар ҷумлаи «Чӣ кар- 
дам ман» бе зикри ҷонишини ман ҳам соҳиби амал аз шакли 
феъли чӣ кардам (шахси якуми шумораи танҳо) маълум аст. 
Бинобар ин ҷонишинҳои шахси якуму дуюм, ки ҳангоми гуф- 
тор ҳозиранд, аз рӯйи зарурат зикр меёбанд. Вале дар 
матнҳои боло такрори ҷонишинҳои ту ва манро бемавқеъ ё, 
ба истилоҳи адабиётшиносӣ, «мисраъпуркун» шуморидан 
мумкин нест, зеро ба василаи такрори ҷонишинҳои мазкур як 
олам эҳсосоти қаҳрамони лирикии асар ифода ёфтааст. 

• Ҷонишинҳо дар ҳама забонҳо ҳам камшуморанд, аммо 
ба ҷойи қариб ҳамаи калимаҳои маънодор омада, ба 
мафҳумҳои гуногун далолат карда метавонанд, бинобар ин аз 



65 



ҷумлаи калимаҳои серистеъмолтарини забон ба шумор мера- 
ванд. Мустақилияти ҷонишинҳо нисбӣ аст, зеро аввал номи 
ашё, аломат, адад, амалу ҳолат зикр наёбад, аз ишора кардан 
ба онҳо бо ёрии ҷониншинҳо муроде ҳосил намегардад. Ҷони- 
шинҳо як омили кӯтоҳбаёнианд: Порсол дар меҳмонхонаи ка- 
лони шаҳр фоҷиае рӯй дод. Баъди ҳамон сайёҳонро ба даруни 
шаҳр надароварданд (Ф.М.). Дар ин ҷо ишораҷонишини 
ҳамон ба ҷойи як ҷумла (Порсол дар меҳмонхонаи калони 
шаҳр фоҷиае рӯй дод) омадааст. Вале зуд-зуд такрор шудани 
ҷонишини шахси сеюм боиси духурагии маъно ва тира ифода 
ёфтани матлаб мегардад: 

Аммо даррав натавонист, ки ба сари мурда равад. Аз касе, 
ки хабари мурдани модаркалонашро ба вай расонида буд, 
хоҳиш кард, ки ин хабарро ба хӯҷаини вай ҳам расонад ва аз 
вай илтимос кунад, ки ягон касро ба чарогоҳ фиристонад, то 
ки ӯ рамаро ба вай супорида, ба сари мурда равад (С.А.). 

Дар ин матн ҷонишини вай чор маротиба ва ҷонишини ӯ як 
маротиба кор фармуда шудааст ва ин, бешубҳа, ба равшан 
дарк намудани мундариҷаи матн халал мерасонад. 

Хусусияти сарфию наҳвии ҷонишин ба он вобаста аст, ки 
он ба ҷойи кадом ҳиссаи мустақили нутқ меояд. Ҷонишинҳо 
шахсӣ, нафсӣ-таъкидӣ, саволӣ, таъинӣ, манфӣ, номуайянӣ, 
муштарак ва ишоратӣ мешаванд. Ҷонишинҳо дар ифодаи 
мафҳумҳои шахсу ашё омада, дар ҷумла вазифаи мубтадою 
пуркунандаро, аломату микдорро ифода намуда, вазифаи му- 
айянкунандаю хабарро, ба ҷойи зарф омада, вазифаи хелҳои 
гуногуни ҳолро адо мекунанд. 

Ҷонишинҳои ман - мо, ту - шумо, ӯ - вай - он кас - эшон 
( шон ) дар ифодаи шахси танҳо силсилаи муродифоти 
луғавию грамматикиро ташкил додаанд. 

69. Дар матнҳои зерин ҷонишинҳои мо, шумо, шумоён, эшон (шон) ба 
кадом маъно омадаанд? Ба воситаи ҷонишинҳо чӣ гуна муносибати 
гӯянда (мусбат ё манфӣ) ифода гардидааст? 

Ёри мо ҳаргиз наёзорад(1) дили ағёрро, 

Гул саросар оташ аст, аммо насӯзад хорро(4) (Ҳилолӣ); 



66 



Агар мо писаратонро ба хизмат гирем, шуморо кӣ 
нигоҳубин мекунад?(4) (Ҳ.К.); Йигити нозанин, бародари шу- 
мо ва завҷаи эшон ба шумо боз чиҳо фармуданд?(4) Дилашон 
боз чиҳо мехостааст? Балки тухми анқо металаб дилашон? 
(Ф.М.); -Вибераторро дошта наметавонию боз шон( 1) брига- 
дир! - аз ҷаҳл намефуромад апаи Бӯстон (Рӯзнома); Ман ҳукм 
кардам шумоёнро, ки волидони мақтулед(4). Ин шахсро, ки 
бар вай даъвои шумо собит гаштааст, ба ҳукми шариат, агар 
хоҳед, қасос кунед ва агар хоҳед, дият (товони хун) ситонед(4) 
(Восифӣ). 

к • Л 1) Калимаи завҷа чӣ маъно дорад ва бо кадом мақсад кор фар- 
муда шудааст? 

2) Таъбири тухми анқо чӣ гуна воҳиди забон аст ва чӣ маъно до- 
рад? 

3) Калимаи дият чӣ гуна воҳиди луғавӣ ба шумор меравад? 

4) Феъли ситондан аз муродифҳои гирифтан ва рабудан чӣ тафову- 
ти маъноӣ дорад? 



70. Дар матни зерин калимаҳои ишорашуда кадом хели ҷонишинҳоянд 
ва чй хусусияти услубӣ доранд? 

Он ки аз дарди дили худ ба фиғон аст, манам 
В-он ки аз зиндагии хеш ба ҷон аст, мангм(А). 

Он ки дар ҳусн кунун(1) шӯҳраи(1) шаҳр аст, туӣ 
В-он ки дар ишқи ту расвои ҷаҳон аст, манам (Ҳилолӣ). 
Ваҳ чӣ суруре аз ин суханон ба синаи Наниманча роҳ ёфт? 
Чӣ рӯшноие ба дилаш тофт(4)? (С.У.); Кӯлмаки оддии канори 
пиёдагард(2)... ин қадар банур(1) , ин қадар дилкаш, ҳатто, ме- 
тавон гуфт, ин қадар зебо мешудааст?! (Ф.М.). 

Гс Г 

к * Л) Муродифҳои худ ва хеш чи тафовути услуби доранд ва дар 
шеър бо чӣ мақсад кор фармуда шудаанд? 



67 



2) Калимаҳои шуҳра ва шаҳр чи гуна воҳиди луғавианд ва дар шеър 
бо чӣ мақсад истифода шудаанд? 

71. Дар истифодаи ҷонишинҳои ишорашуда ва бандакҷонишини -аш чӣ 
ғалат мушоҳида мешавад? Ҷумлаҳоро ислоҳ карда ба дафтар нави- 
сед. 

1 . Зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи ҳудро дорад; 2. Комёби- 
ҳои тиб имкон доданд, ки мубориза бо амрози сироятӣ ҳалли 
хешро ёбад; 3. Деҳқононе, ки баҳорро бесаброна интизораш 
буданд, ба киштукор сар мекунанд; 4. Чизи дигаре, ки маро ба 
ҳаяҷон овард, ин дидани ҳамин китобҳо буд. 5. Он кас хеле 
серкор буданд ва фурсат ҳам надоштанд, зеро пас аз машқҳои 
тӯлонӣ, консертҳо, сафарҳои ҳунарӣ хеле хаста шуда ба хона 
меомад. 

72. Матнҳои зеринро ба дафтаратон нависед, ба зери ҷонишину 
бандакҷонишин хат кашед ва шарҳ диҳед, ки ба кадом мафҳумҳо 
далолат мекунанд ва нависанда онҳоро бо кадом мақсад ба кор 
бурдааст. 

1. - Оқсақол, ту бе розигии мо ба мардикорй даст намон, 
халқ дастатро бурида мепартояд(4) (Р.Ҷ.); 

2. Бой ҳам ба ӯ муомилаҳои хуб мекардааст(2). Дар вақти 
кор фармудан ба ӯ намегуфтааст(2), ки, масалан: «Ғӯзаро 
хишова кун» ё ин ки «Гандумро дарав», балки мегуфтааст(2), 
ки: «Ғӯзаатро хишова кун», «Гандуматро дарав»; 

3. Инак, арӯси ҳикояи мо, ки Гулбибӣ аст ва дар замони 
хурдтаракиаш(1) шумо бо ӯ шинос шуда будед, ба ҳамаи ҳусн 
ва латофати табиӣ доро буд(4) (С.А.). 

гу* 

1) Калимаи оқсақол чӣ гуна воҳиди луғавӣ аст ва дар матн бо 
кадом мақсад истифода шудааст? 

2) Нависанда калимаи мардикорӣ ва ибораи даст намонро бо кадом 
маъно кор фармудааст? 

3) Дар матни дигар калимаҳои бой ва гӯза ба кадом маъно омада- 
анд? 

4) Гулбибӣ қаҳрамони кадом асари С.Айнӣ аст ва чаро нависанда 
ӯро арӯси ҳикоя меномад? 



68 



Феъл 



Г|"1 

к • ^ Феъл мафҳумҳои амал, ҳаракат ва ҳолатро ифода меку- 
над. Тасвир феъл надошта бошад, сурати ҷисмҳои беҷон (на- 
турморт) ва беҳаракат аст. Феъл ба тасвир ҷон бахшида, онро 
зинда мекунад, ба ҳаракат меоварад. 

Муқоиса кунед: 

ТҲавлии васеъ. Дар миёнҷои он - як сарҳавз. Дар гирдо- 
гирди он — дарахтони сабзу хуррам. Дар як канори сарҳавз, 
зери маҷнунбед — кати чӯбин. . . 

2,Одинамоҳхола корҳояшро тамом кард. Ба рӯйи бӯрё 
кӯрпачаашро андохта , ба сари чархаш нишаста буд ки, дуп- 
дупи қадаммонии бошиддат ба гӯшаш расид. Вай аз дарича 
каллаашро бароварда ба рӯйи ҳавлӣ нигоҳ кард. Як ҷавони ба 
назар бисту се-бисту панҷсолаи сиёҳтоб давида ба сӯйи хона 
меомад... 

Дар матни дуюм тамом кард, нишаста буд, ба гӯш расид, 
нигоҳ кард, меомад шаклҳои тасрифии феъл, андохта, баро- 
варда, давида шакли тасрифнашаванда - сифати феълӣ (ан- 
дохтан, баровардан, давидан масдар) аст. 

Маъноҳои грамматикии феълҳои тасрифии матни боло: 

• сигаи хабарӣ, 

• замони гузашта, 

• шахси сеюм, 

• шумораи танҳо, 

• тарзи фоил, 

• меомад - намуди давомдор, боқимонда - мутлақ, 

• шаклҳои замонии сигаи хабарии матни боло: тамом кард, 
ба гӯш расид, нигоҳ кард - замони гузаштаи наздик, нишаста 
буд - замони гузаштаи дур, меомад - замони гузаштаи 
ҳикоягӣ, 

• аз ҷиҳати сохт меомад, андохта, давида - феъли содда, ба- 
роварда - сохта, тамом кард , нигоҳ кард - таркибӣ, 



69 



• ниьиаста буд - шаклан таркиби, 

• ба гӯш расид - ибораи рехта. 



73. Давоми матнро мисли боло таҳлил кунед. 

Одинамоҳхола(2) дар сонияи аввал(З) ҳайрон шуд, ҳатто 
андаке тарсид ҳам. Вай зуд аз ҷояш бархест. Он ҷавон зада ба 
хона даромад. Вай базӯр(2) нафас мекашид. Чашмони 
беҷояш(2) саросемавор(2) ҳама ҷоро такопӯ(2) мекарданд. 

к. * 4 1) Феълҳои ҳайрон шудан, тарсидан ва бархестанро тасриф 
кунед. 

2) Ҳамаи феълҳои матнро дар шакли замони гузаштаи сифати 
феълӣ (тарсида) нависед. 

3) Шарҳ диҳед, ки феъли зада ба маънои амали феъли даромад чӣ 
тобиши маъно зам кардааст. 

4) Феълҳо дар ҷумла ба вазифаи кадом аъзо омадаанд? 

5) Бо пешояндҳои ба ва бе ва калимаҳои зӯр ваҷо(й) ибора ё ҷумла 
созед ва таркибҳои «ба зӯр» ва «ба ҷо(й)»-ро аз ҷиҳати имло бо 
калимаҳои сохтаи базӯр ва беҷо муқоиса кунед. 

Г|^ 

к # Л Масдар номи амалу ҳолат (исми феълӣ) аст. Дз асоси за- 
мони гузаштаи феъл бо зам намудани пасварди -ан соҳта ме- 
шавад: тарсид-ан, ҳайрон шуд-ан. Дар ҷумла мисли исм ба ва- 
зифаи мубтадо ва пуркунанда, инчунин аъзоҳои дигар меояд. 

Сифати феълӣ амалу ҳолатро ҳамчун аломати ашё ифода 
мекунад. Шаклҳои замонӣ дорад. Шаклҳои замони гузашта 
(хонд-а, хонд-а-гӣ ) , ҳозира ( хон-анда, хонд-а истод-а, ме-хонд- 
а-гй), оянда (хонд-ан-ӣ) дорад. Шакли хонд-а чун амалҳои 
пайрави феъли тасрифӣ (хабарҳои чида) низ ба кор бурда ме- 
шавад: 

Ман дарро кушода , ба дарун даромада, ҳозиронро як аз на- 
зар гузаронида , салом додам. Дар ин маврид пас аз хабарҳои 
чида аломати вергул гузошта мешавад. Набояд фаромӯш 



70 



кард, ки ин шакли сифати феълӣ дар ҷумла ба вазифаи хелҳои 
гуногуни ҳол низ омада метавонад. Дар ин сурат аломати 
вергул гузошта намешавад: Ман аз дар хандида ё хандида- 
хандида (хандакунон - феъли ҳол) даромадам. Дар ин ҷо 
сифатҳои феълии хандида, хандида-хандида ва феъли ҳоли 
хандакунон ба вазифаи ҳоли тарз омада, дар кадом ҳолат со- 
дир шудани амалро мефаҳмонад. 

74. Ҷумлаҳоро бодиққат хонед ва муқаррар кунед, ки дар кадом 
мавридҳо пас аз шакли мазкури сифати феълӣ аломати вергул гу- 
зошта мешавад ва дар кадом маврид гузошта намешавад. 

1. Тирҳои чарх хӯрда шуда(!) гарданаҳо кафида(!) тасмаҳо 
фарсудаанд (С.А.); 2. Ӯ гарқи тамошо ва андешаҳои ошиқона 
шуда(!) аз гардиши лангари соат бехабар буд; 3. Тағоиям чойи 
дар даст доштаашро нӯшида(!) пиёларо ба додараш Алихон 
дода(!) ба ӯ як нигоҳи тезу тунд карда(1) давом намуд (С.А.); 
4. Кас аз сирри онҳо бохабар нашуда(!) гапҳояшонро ба осонӣ 
фаҳмида наметавонад (Ҳ.К.); 5. Набиполвон барои дониста 
гирифтани муддаои он чашмонашро калон кушода(!) ба ӯ 
нигоҳ кард; 6. Азимшоҳ гум шудани ду гӯсфанди худро шуни- 
да(!) ҳеҷ изҳори андӯҳ накрад (С.А.). 

75. Дар матнҳои зерин феълҳои ишорашуда аз ҳамдигар чӣ тафовути 
шакпӣ доранд, онҳо аз кадом ҷиҳат муродиф шудаанд. 

1. Ман мӯйи хешро на аз он мекунам сиёҳ (сиёҳ намеку- 
нам), 

То боз ҷавон шаваму нав кунам гуноҳ(4); 

2. Ин ҷаҳон поку хубкирдор аст, 

Он ьииносад (мешиносад), ки дил-ш бедор аст(4) (Рӯдакӣ). 

3. Як рӯз Мирзо Абдулло ном мирзои сари сандуқ - кассири 
як бой аз Қориишкамба(2) сад ҳазор танга - понздаҳ ҳазор 
сӯм қарз мепурсад (қарз пурсид) (С.А.); 4. - Писарам, агар ним 
соатакак вақт дошта бошед (дошта бошӣ), ҳамроҳи ман як 
гардиш мекардед (гардиш кун) (С.У.). 



71 



? 

• 1) Чаро нависанда ибораи мирзои сари сандуқро кассири як бой , 

сад ҳазор тангаро понздаҳ ҳазор сӯм шарҳ додаст ва ҳоло мавқеи 
калимаҳои кассир ва сӯм дар забони тоҷикӣ чй гуна аст? 

2) Пасванди - акак дар таркиби ним соатакак ва калимаи як пеш аз 
феъли гардиш кардан омада, ба тарзи баёни фикр чӣ тобиши 
маъно зам намудааст? 



76. Дар шакл, сохту таркиби феълҳои ишорашуда чӣ нуқсон рафтааст 
ва онро чӣ тарз ислоҳ кардан мумкин аст? Матнҳоро ислоҳ карда, ба 
дафтар нависед. 

1 . Баъзан бошавқ мӯйҳои хоҳарчаамро мебофидаму дар ка- 
дом шакл хушнамуд буданашро изҳор менамудам; 2. Вай ба 
лутфу меҳрубонии духтар гарқида фаромӯш кард, ки барои чӣ 
ба ин макон омада буд; 3. Диққати ӯро лифофаи калони сабз, 
ки дар болояш бо ҳарфҳои калон «Ҷумҳурии Украина, вилоя- 
ти Закарпате, шаҳри Ужгород» нависонда шуда буд , ҷалб на- 
муд; 4. Барои бисёре аз мардум ин курта аҷиб аст ва бо дида- 
ни он ҳама мутааҷҷиб шуда даҳони ҳамёнро боз мекунанд; 5. 
Дарёчаи шӯхоб бо фиғон ҷорӣ буду нола мекард. Гӯё пешо- 
мади нохушеро нақл дошт; 6 . Ман боварӣ дорам , ки онҳо дар 
ҳар куҷое, ки набошанд , шарафи варзиши тоҷикро ҳимоят 
хоҳанд кард (Рӯзнома). 

Зарф 

• Зарфҳо гуногунмаъноанд: Зарфҳои аломат ба сифатҳои 
аслӣ монандӣ доранд. Фарқ дар ин ҷост, ки сифат аломати 
ашёро, зарф аломати амалу ҳолатро ифода мекунад. Онҳо дар 
ҷумла ба вазифаи хелҳои гуногуни ҳол омада метавонанд: Каҷ 
нишину рост гап зан. Кам-кам хӯру ҳамеша хӯр. Зарфи ало- 
мат ҳам мисли сифат эҳтиёҷи калимаи эзоҳшавандаро ба 
шарҳи аломат қонеъ мегардонад ва ҳамеша дар паҳлуи он ҷой 
мегирад. 



72 



Ба тариқи қиёс ифода намудани аломати ашё ва амалу 
ҳолат низ ба робитаи маъноии зарфу сифат далолат мекунад. 
Агар фақат сифатҳои аслӣ дараҷаи муқоисавиро ифода ку- 
нанд, на танҳо зарфҳои аломат, балки зарфҳои микдор, за- 
мон ва макон ҳам микдору дараҷаи зоҳиршавӣ, замону мако- 
ни воқеъ гардидани амалу ҳолатро ба тариқи қиёс ифода кар- 
да метавонанд: зудтар, оҳистатар, барвақттар, дертар, бо- 
лотар, поёнтар. 

Зарфҳо аз ҷиҳати сохт содда (зуд, пиёда, дина, фардо ), сохта 
( фавран, саҳван, қасдан, оромона, ҷасурона, мардонавор, 
пуштнокӣ, беихтиёр, беист, нохост, базӯр, саҳарӣ ), мураккаб 
(якзайл, паёпай, хушҳолона, пасфардо ), таркибӣ (як ба як, ҳар 
гоҳ, дам ба дам, чору ночор, базӯр-базӯр ) мешаванд. 

77. Зарфҳоро ёбед ва аз рӯйи сохт гурӯҳбандӣ карда, дар дафтар на- 
висед. 

1. Нохост дар пеши назарам қомати баланду кокулҳои 
майдабофтаи ҳамсинфам Мукаррама намудор шуд (П.Т.); 
2. Дина бегоҳ маро таъҷилӣ ба идораи нигаҳдории тарти- 
боти ҷамъият бурданд (А.Б.); 3. Оҳиста-оҳиста овозаи 
Ҳайдарқули моҳипаз ба ҳама ҷо паҳн шуд (Ҷ.И.); 4. Пира- 
мард белро сарнагун ба рег хаста монду қафонокӣ панҷ- 
шаш қадам рафт (А.Д.); 5. Кӣ буданатро дарҳол маълум 
кун (С.А.). 

ру1 

• Робитаи маъноии зарфҳое, ки аз як решаи калима бо 
унсурҳои калимасоз сохта шудаанд, низ ҷолиб аст: саҳар-ӣ - 
саҳар-гоҳ - саҳар-гоҳ-он : Саҳарӣ яке аз хомӯшакҳо... дар 
вақти хобам пешониамро газидааст (Ф,М.); Саҳаргоҳон , рӯзи 
дамгирӣ зану шӯ аз кӯчаи Киров ба ҷониби маркази шаҳр ра- 
вон гардиданд (С.У.). Зарфҳои замони бегоҳ - бегоҳӣ - 
бегоҳонӣ низ ба як маъно далолат мекунанд: Мирзо бегоҳӣ 
ҳамроҳи бой аз бозор омада, ба ҳуҷраи ба худаш додашуда 



73 



медаромад; Бегоҳонӣ ба ҳуҷраи Маҳмудараб рафтам (С.А.). 
Аммо зарфҳои замони пагоҳӣ - барпагоҳӣ - пагоҳонӣ — 
пагоҳирӯз мисли силсилаҳои боло бо ҳамдигар муродиф ша- 
ванд ҳам, вале бо калимаи пагоҳ , ки рӯзи дигарро ифода ме- 
кунад, ҳаммаъно намешаванд: Пагоҳӣ модари солеҳ як коса 
шир ва якто нон оварда монд (С.У.); Мирзо ҳар пагоҳонӣ 
ҳамроҳи бой ба тиҷоратхонаи ӯ мерафт (С.А.); Вақте ки мис- 
ли ҳамешагӣ Саодат пагоҳирӯз барвақт аз ҷояш хест, аз рӯйи 
миз чунин хатчаеро пайдо намуд (Ҳ.К.). 

Зарфҳои дина - дирӯз, дишаб - душ, доим - доимо, пеш - 
пешакӣ , ногоҳ - баногоҳ, ҷиддӣ - ҷиддиёна, бодиққат - 
бодиққатона, падарвор - падарона ва гайра бо ҳамдигар муно- 
сибати ҳаммаъноӣ зоҳир намуда, доираи имконоти интихоби 
зарфҳоро фузунтар мегардонанд. 

78. Дар ҷумлаҳои зерин зарфҳоро ёфта, ба дафтар нависед ва 

мулоҳиза кунед, ки ҳамон маъноро боз чӣ тарз ифода кардан мум- 
кин аст. Он тарзи ифодаро бо аломати II дар муқобили зарфи матн 
нависед. Онҳоро аз ҷиҳати сохт муқоиса кунед ва шарҳ диҳед, ки 
дар ифодаи аломат, замон, макони воқеи амалу ҳолат чӣ тафовути 
маъноӣ ё услубӣ доранд. 

1. Шубҳаи шумо аз ман тамоман беасос ва хандаовар аст; 
2. Пагоҳй чашмам тифоқо ба рӯзнома афтод (А.Б.); 3. Дар бе- 
рун ҳақиқатан ҳам Аҳмадҷони машкоб будааст (Ҷ.И.); 4. Агар 
баногоҳ Шодигул имрӯз ба роҳ баромада бошад, Нуралӣ ме- 
тавонад ӯро дар он ҷо пайдо кунад; 5. Командир бо мо нохост 
бо забони ӯзбекӣ ба сухан даромад; 6. Наздики бегоҳӣ вай 
аспакй ба «Ситораи сурх» расид; 7. Абӯалӣ каме фикр карда, 
ёдакӣ мехонд (С.У.); 

* Агар фақат сифатҳои аслӣ бо пасванди хурдиву навози- 
ши -ак, - акак омада, муносибатҳои мусбат ё манфии гӯяндаро 
ифода кунанд, мисли зарфи гарзи амал хелҳои дигари зарфҳо 
низ бо ин пасвандҳо омада метавонанд: оҳистаякак, камакак , 



74 



дирӯзакак ва ғ. Ин пасвандҳо ба зарфҳо васл шуда омада, ҳам 
ба маънои хелҳои гуногуни зарф тобишҳои нав зам мекунанд, 
ҳам задаи мантиқӣ гирифта ягон гарази гӯяндаро ифода ме- 
намоянд: Кош ӯ зинда мебуду якборакак медидам (Рӯзнома); 
Ҳар ду чашматро калонакак кушода гардӣ, намешавад! (Р.Ҷ.)* 
Таъкид дар зарфҳо ба василаи дарозтар талаффуз кардани 
садоноки ҳиҷои аввал ё дуюми калима: хе-еле мушкил, ба- 
агоят зебо, ниҳо-оят гарм, задаи мантиқӣ гирифтани калима 
(ҳатман, хусусан, асло, тамоман...) ва такрори он ифода меё- 
бад: Ман беҳад шод будам (С.У.); Васияти вайро мо асло 
фаромӯш намекунем (Р.Ҷ.); Ин кайҳоннаварди шуҷоъ, ин 
шахси маҳбубу мӯътабари халқро шумо беҳуда ба ин ҷо 
даъват кардед, беҳуда ташвиш додед (А.Б.); Замонҳои бека- 
сию ғарибӣ кайҳо аз сари ману ту дафъ шудаанд (Ф.Н.); Вай 
духтари миёнақад, моҳрӯй ва хеле-хеле ситорагарм буд (Ҷ.И.). 

79. Ҷумлаҳоро навишта, ба зери зарфҳо хат кашед ва хелҳои онҳоро аз 
ҷиҳати маъною вазифа ва сохту таркиб муайн кунед. Инчунин гӯед, 
ки зарфҳо ба вазифаи кадом аъзои ҷумла омадаанд. 

1. - Ё ин ки барои мурдани ӯ гӯсфандони маро ҳам гушна 
мононда куштан мехоҳӣ? - гуфт бой оташинона (С.А.); 2. 
Хурд будӣ, навозишат карданд(4). Кӯдакона ноз кардӣ. Мо- 
дар модарона бӯсид. Падар падарона саратро молид (Ҳ.К.); 3. 
Пас аз барфу боронҳои пай дар пай дина шаб ҳаво якбора 
кушода шуд; 4. Вай оҳиста-оҳиста қадам монда(З) назди да- 
рича(2) рафта, дар торикӣ(1) каме гӯш андохта истоду бо 
ҳаракати дасташ маро ҳам ҷег зад; 5. Модараш мехост писа- 
рашро дурустакак ҷазо диҳад... Падар ба модар воқеаро ба- 
тафсил баён кард (А.Д.); 6. Вай духтари миёнақад, моҳрӯй, 
мижгондароз ва хеле-хеле ситорагарм буд (4) (Ҷ.И.); 

7. Сухан бисёр дону андаке гӯй, 

Якеро сад магӯ(6), садро яке гӯй(6) (Саъдӣ). 



75 



1) Зарфҳои дурустакак ва хеле-хеле чӣ гуна тобиши маъно 
зоҳир кардаанд? 

2) Калимаҳои бисёр ва андак чӣ гуна воҳиди луғавианд? 



Пешоянду пасоянд 



• Пешоянду пасояндҳо унсурҳои аз ҳама серистеъмолу 
сермаънои забонанд, аммо маънои онҳо грамматикӣ буда, 
ҳангоми алоқаманд намудани ҷузъҳои ибора ё аъзоҳои ҷумла 
зоҳир мегарданд. Маъною вазифаи грамматикии пешоянду 
пасояндҳо ба маънои феъл (ва исмҳои амалу ҳолат) вобастагӣ 
дорад: 

Гавҳар аз остона ба дарун қадам монда , дар зери сӯзании 
девор, дар рӯйи кӯрпача як зани сафедрӯйи чашму абрусиёҳро 
дид (П.Т.). Дар ин ҷумла калимаҳои Гавҳар, остона , дарун, 
қадам мондан, сӯзанӣ, девор, кӯрпача, зан, сафедрӯй, чашмсиёҳ, 
абрусиёҳ, дидан калимаҳои маънодор буда, аз, ба, дар зери, дар 
рӯйи пешоянд ва -ро пасоянд аст. Дар он феъли таркибии 
қадам мондан ба шарҳи маъноҳои «аз куҷо?» ва «ба куҷо?» 
феъли соддаи дидан «киро?» ва «дар куҷо?» эҳтиёҷ дорад. 

Пешояндҳо аз ҷиҳати сохту таркиб аслии содда: аз, ба, бар, 
бо, дар, то, бе, ҷуз\ аслии таркибӣ: то ба, ба ҷуз\ соддаи 
изофӣ: баъди, пеши, назди, рӯйи, болои...\ таркибии номии 
изофӣ: ба пеши, дар назди, аз рӯйи, ба болои, дар бораи...\ тар- 
кибии номии беизофа: баъд аз, пас аз, пеш аз, гайр аз, назар ба, 
роҷеъ ба...\ номии изофии такрор: пеш-пеши, рӯ-рӯйи, дарун- 
даруни мешаванд. Ҷузъҳои номӣ дар таркиби пешояндҳо низ 
маънои лугавии худро як андоза нигоҳ дошта, маъною вази- 
фаи грамматикии пешояндҳоро равшантар мегардонанд: дар 
вақти (замон), аз сабаби (сабаб), бо мақсади (мақсад), ба шар- 
ти (шарт) ба тарзи (тарз), монанди (қиёсу монандӣ) ва гайра. 

Пешояндҳо ба мадади ҳамдигар омада, вазифаи мушта- 
ракро адо мекунанд: 



76 



Маро ба киштии бода дарафкан, эй соқӣ, 

Ки гуфтаанд: «Некӣ куну дар об андоз» (Ҳофиз). 

Дар мисраи дуюм пешоянди дар ба вазифаи пешоянди ба 
омада, сӯйи амалро ифода кйрдааст. 

80. Аз рӯйи талаботи маънои феълҳо ва таносуби калимаҳо ба ҷойи 
сенуқта пешоянду пасояндҳои мувофиқро гузоред: 

Ҷӯра пойҳояш . . . ду се бор тап-тап . . . замин зада, туфлиаш 

чангу губори кӯча тоза карду дарвоза ... кӯфт. Дарвоза 

... хоҳари Сангинов кушод. Ҷӯра тез-тез қадам монда ... 
ҳавлӣ . . . айвон гузашта, . . . дари хона расид. Дар нимроғ буд. 
Ҷӯра ... роги дар ... дарун нигоҳ кард. ... пешгаҳи хона, ... 
курсӣ касе менишаст. 



81. Дар кор фармудани пешоянду пасояндҳои ҷумлаҳои зерин чи ғалат 
содир шудааст? 

1.Ҳимояи дастовардҳои мардуми кишварамон, пеш аз 
ҳама, аз шумо, кормандони умури дохилӣ, вобаста аст. 2. 
Саодат як лаҳза аз ҳама чиз фаромӯш карда, Азизаро сахт ба 
оғӯш гирифту паёпай аз рухсораҳои чун себ сафедаш бӯсид. 3. 
Ҷавон аз таклифи духтар розӣ шуд. 4. Бигузор шӯъбаҳои 
алоқа дар як ҳафта маротибае ба деҳаҳо оянд. То мардуми 
деҳро бо тозатарин хабари дунё огоҳ созанд (Рӯзнома). 



? 

• 1) Рухсораро ба себи сафед ташбеҳ кардан дуруст аст? 

2) Дар матни чорум дар байни ду ҷумла аломати нуқта гузоштан 
дуруст аст ё вергул? 

3) Чаро талаффузи калимаҳои «деҳаҳо» ва «деҳро» мушкилтар аст? 
Чӣ бояд кард, ки ҷумла суфтаву равон хонда шавад? 



77 



Пайвандак 



82. Матнро хонед ва пайвандакҳоро ёфта, муайян кунед, ки онҳо чи ва- 
зифаи грамматикиро адо кардаанд. 

Гӯсолаи Ҳабиб ба гови Юсуф хеле(З) монанд буд. Вай ҳам 
ранги сурхчаю пешонаи қашқо дошт. Чун гӯсоларо ба наздаш 
оварданд, гов ҷонибаш назаре афканду ҳуммаскунон(З) рӯяш- 
ро гардонд. Гӯсолаи ширталаб маосзанон(З) фукашро беқа- 
ророна(З) тарафи синаи гов бурд, аммо вай пистонашро аз 
даҳони гӯсола ҳамон замон(З) кашида, канора(З) рафт. Ҷон- 
вараки гурусна дафъатан(З) худро ба синаи гов ҷафс кард, ва- 
ле боз ноком гардида, маосзанон гирди гов чархидан гирифт. 
Ниҳоят ҳайвони қайсарро дар дил раҳм омад ки, зумиашро як 
сӯ гузошта оромона(З) кавшакунон(З) дар ҷояш(З) истод ва 
гӯсола ба пистонаш лаб расонида ҳарисона(З) ба макидан да- 
ромад (Ф.А.). 

Гср 

1) Сифаги сурхча мафҳуми рангро бо кадом тобиши маъно 
ифода мекунад? 

2) Дар калимаи ҷонварак бо ёрии пасванди -ак чӣ гуна муносибати 
гӯянда ифода ёфтааст? 

3) Маънои феъли «чархидан гирифт»-ро боз чӣ тавр ифода кардан 
мумкин аст? Дар таркиби «чархидан гирифт» феъли гирифт 
феъли таркибӣ сохтааст ё барои ифодаи маънои грамматикӣ 
хидмат кардааст? 

4) Калимаи «зумӣ»-ро бо кадом калимаи дигар иваз кардан мумкин 
аст? 

• Пайвандакҳо низ калимаҳои серистеъмоли забон буда, 
дар сохтани ибораю ҷумла ва ифодаи фикр воситаи муҳим ба 
шумор мераванд. Вазифаи грамматикии онҳо алоқаманд на- 
мудани калимаю ибораҳо дар ҷумлаи содда ва алоқаманд 
кардани ҷумлаҳои содда дар таркиби ҷумлаҳои мураккаб аст. 



78 



Дар матни боло пайвандакҳои пайвасти пайиҳами -у, -ю 
аъзоҳои чидаро, пайвандаки пайиҳами ва, пайвандакҳои хи- 
лофии аммо, вале ҷумлаҳои соддаро ба ҳам пайвастаанд. 
Пайвандаки тобеъкунандаи чун ҷумлаи пайрави замонро, ки 
ҷумлаи пайрави сабабро ба сарҷумла тобеъ кардааст. 

Пайвандакҳо вазифаи пайваст ва тобеъкуниро адо меку- 
нанд, бинобар ин ба хелҳои пайвасткунанда ва тобеъкунанда 
ҷудо мешаванд. Гурӯҳи аввалро ба навъҳои пайиҳам: ва, -у 
(-ю, -ву), ҳам, инчунин, на... на, чи... чи ; хилофӣ: аммо, вале , 
лекин ; ҷудоӣ: ё, ва ё, ё ин ки, ё... ё, гоҳ... гоҳ, хоҳ... хоҳ ҷудо 
мекунанд. 

Пайвандакҳои тобеъкунанда хеле сершуморанд. Пайван- 
даки ки назар ба пайвандакҳои ддгар сермаъно, сервазифа, 
серистеъмол ва дар сохтани пайвандакҳои мураккабу таркибӣ 
сермаҳсул аст. 

Пайвандакҳо аз ҷиҳати сохт содда, мураккаб ва таркибӣ 
мешаванд. Онҳо вазифаи муштаракро адо намуда, ҳамдигар- 
ро иваз карда метавонанд, вале баъзе пайвандакҳои мушта- 
раквазифа бо тобишҳои маъно аз муродифи худ фарқ меку- 
нанд, бинобар ин ҳамдигарро озод иваз карда наметавонанд. 
Чунончи, дар ин байти Ҳилолӣ: 

Тарки ёри кардию ман ҳамчунон ёрам туро, 

Душмани ҷонию аз ҷон дӯсттар дорам туро. 

Пайвандаки -ю чунин ҷумлаҳоро ба ҳам пайвастааст, ки 
амалу ҳолати хилофи ҳамдигарро ифода мекунанд. Дар чу- 
нин мавридҳо пайвандаки «-ю»-ро бо «ва» иваз кардан 
мумкин нест. Ё: Ҳамин ки мо ба қуллаи кӯҳ баромадем, 
босмачиён моро нигоҳ доштанд (С.У.). Дар ин ҷумлаи му- 
раккаби тобеъ ҷумлаи пайрави замон (мо ба қуллаи кӯҳ ба- 
ромадем) ба сарҷумла (босмачиён моро нигоҳ доштанд) бо 
пайвандаки таркибии ҳамин ки тобеъ шудааст. Дар ин ҷо 
онро бо пайвандакҳои вақте ки, ҳаигоме ки, чун ва ғайра 
иваз кардан мумкин нест, зеро пайваидаки ҳамин ки ба 
ҷумлаи мураккаби тобеъ чунин тобиши маъно медиҳад, ки 



79 



амали сарҷумла пас аз амали ҷумлаи пайрав фавран, биду- 
ни фосила воқеъ гардидааст. 

83. Ба ҷойи сенуқта яке аз пайвандакҳои дар қэвсайн омадаро гузошта, 
ҷумларо ба дафтар нависед ва сабаби интихоби худро шарҳ диҳед: 

Бештар ӯ кӯшиш мекард, ... (то, то ки, ки) Фаромарз бекас 
будани худро ҳис накунад; Ӯ корҳои хонаро қариб худаш ме- 
кард ва модарашро намегузошт, . . . (ки, то, то ки) аз зиндагии 
танҳо ва корҳои рӯзгор дилгир шавад; . . . (вақте ки, ҳамин ки) 
поезд аз пули Вахш гузашт, Ҳакимҷон яке аз таронаҳои нави 
дар он рӯзҳо ёдгирифтаи ҷавононро сар кард; Ба вай пурсупос 
карда гузарем . . . (агар не, набошад, вагарна) айб мешавад. 

9 

• 1 ) Ҷумлаи аввалро аз «Бештар у. . .» оғоз кардан дуруст аст е 

«Ӯ бештар...»? 

2) Он навъи нақлиётро «поезд» гуфтан беҳтар аст ё «қатора»? 



84. Калимаи чун дар кадоме аз матнҳои зерин пешоянд, пайвандак ё 
пурсишҷонишин аст? 

1. Басо гулро, ки нағзу тар гирифтанд, 

Бияфканданд(1), чун бӯ баргирифтанд(4) (Низомӣ). 

2. Зи рӯйзард(2) бипурсанд: «Дарди дил чун аст?» 

Вале касе бинапурсад(З): «Рухарғувон(2), чунӣ?» 

(Ҷалолиддини Румӣ) 

3. Дилам чун арзане, ишқи ту кӯҳе, 

Чӣ сойӣ зери кӯҳе арзанеро(4) (Рӯдакӣ). 

4. Чун дилбари мо зи парда рӯ нанмояд(1), 

Кас натвонад, ки парда з-ӯ бикшояд(4) (Ҷомӣ). 

5. Бар санг задам дӯш сабӯйи кошӣ (дар шаҳри Кошон сох- 
ташуда), 

Сармаст будам ки, кардам ин авбошӣ(4). 



80 



Бо ман ба забони ҳол мегуфт сабуй: 

«Ман чун ту будам, ту низ чун ман бошӣ» (Хайём). 

1) Феъли баргирифтанд аз ҷиҳати сохт ва маъно аз гирифтан 
чӣ фарқ дорад? 

2) Калимаҳои рӯйзард ва рухаргувон , арзан ва кӯҳ чӣ гуна муносиба- 
ти маъноӣ доранд? 

3) Дар байти Ҷомӣ феъли намудан ба кадом маъно омадааст? 

4) Дар байти дуюми рубоии Хайём пешояндҳои бо ва ба аз ҷиҳати 
ифодаи маънои грамматикӣ чӣ хусусият пайдо кардаанд? 

СИНТАКСИС (НАҲВ) ВА АЛОМАТИ КИТОБАТ 

к # Л 1 . Синтаксис чиро меомӯзад? 

2. Ибора чй гуна воҳиди наҳвист? 

3. Ҷумла чӣ гуна воҳиди наҳвист? 

4. Ҷумлаи содда аз мураккаб чӣ фарқ дорад? 

5. Бештар кадом ҳиссаҳои нутқ ба вазифаи мубтадо меоянд? 

6. Хабарҳои феълӣ ва номӣ бо кадом ҳиссаҳои нутқ ифода мегар- 
данд? 

7. Дар кадом мавридҳо байни мубтадою хабар аломати тире гузош- 
та мешавад? 

8. Аъзоҳои пайрав кадоманд, онҳо бо кадом ҳиссаҳои нутқ ифода 
мегарданд? 

9. Ҷумлаҳои соддаи яктаркиба ба кадом хелҳо ҷудо мешаванд? 

10. Чӣ гуна ҷумлаҳоро нопурра меноманд? 

1 1 . Дар ҷумлаҳои чидааъзо чӣ гуна аломатҳои китобат ба кор бурда 
мешаванд? 

12. Вазифаи мухотаб ва воҳидҳои туфайлӣ чист ва дар навишт бо 
кадом аломатҳои китобат аз аъзоҳои дигари ҷумла ҷудо карда 
мешаванд? 

13. Чӣ гуна аъзоҳои ҷумларо истисноӣ меноманд? 

14. Нутқи айнан аз мазмунан нақлшуда чӣ фарқ дорад ва дар онҳо 
кадом аломатҳои китобат ба кор бурда мешаванд? 



81 



15. Аломатҳои китобати иқтибоси матн чӣ гунаанд? 

16. Хелҳои ҷумлаҳои мураккаб кадоманд? 

17. Ҷумлаҳои мураккаб бо кадом хелҳои алоқаи грамматикӣ сохта 
мешаванд? 

18. Ҷумлаҳои пайрав ба кадом хелҳо ҷудо мешаванд? 

19. Дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасту тобеъ аломати вергул дар 
кадом мавридҳо гузошта мешавад? 

Гу1 

• Наҳв лафзи арабй буда, маънои сӯй, роҳ ва монапд дорад 
ва номи илмест, «эъроби каломи араб ба-дон дониста шавад» 
(Ғиёсуллуғот). Синтаксис истилоҳи юнонӣ буда, маънои сох - 
тан дорад. Воқеан, дар ин қисмати грамматика сухан дар бо- 
раи калимаҳоро бо ҳамдигар алоқаманд намуда ҷумлаи содда 
сохтан ва аз ҷумлаҳои содда ҷумлаи мураккаб сохтан ва аз 
ҷумлаҳои соддаю мураккаби мустақил порчаҳои яклухти 
фикр - матн сохтан меравад. 

Ибора 

• Ибора қадами аввалини «сохтан» аст. Калимаҳо бо 
навъҳои алоқаи тобеии изофӣ, вобастагӣ ва ҳамроҳӣ бо 
ҳамдигар алоқаманд шуда ибора месозанд: гули сурх, бинои 
мактаб, ба хона рафтан, гул барин нозук, ду савор, як соат 
барвақт. Дар ин ибораҳо исмҳои гул, бино, савор, сифати но- 
зук, феъли рафтан ва зарфи барвақт ҷузъи асосӣ буда, 
ибораҳои гули сурх ва бинои мактаб бо алоқаи изофӣ, ба хона 
рафтан , гул барин нозук бо алоқаи вобастагии пешояндӣ ва 
пасояндӣ, ибораҳои ду савор ва як соат барвақт бо алоқаи 
ҳамроҳӣ сохта шудаанд. Аз ҷиҳати тааллуқи сарфии (морфо- 
логии) ҷузъҳои асосй ибораҳоро ба исмӣ, сифатӣ, ҷонишинӣ, 
феълӣ ва зарфӣ ҷудо мекунанд. 



82 



85. Бо тарзҳои алоқаи изофӣ, ҳамроҳӣ ва вобастагӣ ибораҳое созед, ки 
исм, сифат ва феълҳои зерин ҷузъи асосии онҳо бошанд: вохӯрӣ, 
тайёрӣ, мубориза, шикоят, пешвозгирӣ, бузургтар, доно, сахт, 
ширин, шармидан, обутобёфта, хандакунон, гуфтугӯ кардан, на- 
тарсидан, ифтихор доштан, андеша кардан, меҳнат кардан, азоб 
кашидан. Ибораҳои ҳосилшударо шарҳ диҳед, ки ҷузъҳои ибора бо 
ҳамдигар чӣ тарз алоқаманд шудаанд. 



86. Аз матни зерин ибораҳои изофиро ба дафтаратон навишта, ба зери 
калимаҳои асосии ибораҳо хат кашед ва муайян кунед, ки ҷузъҳои 
асосӣ ва тобеъ ба кадом хиссаҳои нутқ тааллуқ доранд ва онҳо чӣ 
гуна ибора сохтаанд. 

1 . Хунукиҳои сахт, барфҳои пай дар пайи зимистон гузаш- 
та, фасли баҳор омад(4). 2. Абрҳои ғафсу сиёҳе, ки рӯйи ос- 
монро пӯшида буданд, имрӯз дида намешуданд(4). 3. 
Нишонаҳои барф танҳо дар кӯҳҳо ва баъзе ҷойҳои соярӯ дида 
мешуд. 4. Ҳар рӯз аз тобиши мулоими офтоб обҳои рӯйи за- 
мин оҳиста-оҳиста бухор шуда, ба ҳаво мебаромаданд. 5. 
Мурғоне, ки дар сардии ҳаво тоқат карда натавониста дар 
фасли тирамоҳ ба дигар ҷойҳо рафта буданд, ҳанӯз наомада- 
анд(4) (А.Д.); 6. Пас аз хатми донишгоҳ Сайф фаъолияти 
меҳнатиро дар телевизиони тоҷик огозид. 7. Ва ман он гоҳ 
фаҳмидам, ки ин ҷавони орзупарвари «хом» то ин дам 
марҳилаҳои зиёди зиндагиро аз сар гузаронида, бори ҳаётро 
низ нисбат ба мо бештар(З) кашида, таҷрибаи зиёде 
андӯхтааст. 8. Худ қазоват кунед: бармаҳал(З), айёми наврасӣ 
боҷуръатона(З) аз огӯши хонадон «фирор» мекунад; 9. дар 
Чубек - ноҳияи Москва муддате ёвари чойхоначӣ, сипас рас- 
соми кинотеатр мешаваду нони худро меёбад. 10. Олами 
орзуҳо ва хоҳиши зиндагии озодона, ишқи беандоза ба ҳунар: 
сурудхонӣ(2), наққошӣ(2), суратгирӣ(2), гитарнавозӣ(2), бози- 
дани нақшҳо дар саҳна ӯро боз ба даргоҳи Театри давлатии 
мусиқию мазҳакавии(1) шаҳри Кӯлоб меоранд (А.С.). 



83 



Г<р 

* 1) Феълҳои дида намешуданд ва дида мешуд тарзи фоил ё 

мафъуланд? 

2) Феъли огозидан содда, сохта ё таркибист? 

3) Пайвандаки ки кадом хели ҷумлаи пайравро ба сарҷумла тобеъ 
кардааст? 

4) «Олами орзуҳо... ӯро боз ба даргоҳи театр меорад» ва «Ӯ бо ола- 
ми орзуҳо... боз ба театр меоад» бо ҳамдигар чӣ муносибати 
маъноӣ доранд? 



87. Бо калимаҳои зерин дар қолаби ибора сарлавҳа созед: 

Мусобиқа, қувваозмоӣ, фидокорӣ, комёбиҳо, нобасомони- 
ҳо, ғамхорӣ, бепарвоӣ, назорат, тадбирҳо, обуна, озмун. 

88. Аз матнҳои зерин ибораҳои номӣ ва феълиро ба ду сутун навишта, 
тарзу воситаҳои грамматикии алоқаи ҷузъҳои ибораро нишон 
диҳед. 

Бузургмеҳрро гуфтам: 

- Чӣ чиз аст, ки ба ҳама вақт сазовор бувад? 

- Ба кори худ машгул будан. 

- Дар ҷавонӣ ва пирӣ чӣ кор беҳтар? 

- Дар ҷавонӣ дониш андӯхтан ва дар пирӣ ба кор овардан. 

- Чанд чиз аст, ки андӯҳ бибарад? 

- Се чиз: дидани дӯсти мухлис, гузашти рӯзгор, ёри 
мувофиқ. 

- Кадом сухан аст, ки рост бошад ва дурӯғ намояд? 

- Баёни зӯрҷавонӣ дар пирӣ ва айши тавонгарӣ дар 
фақирӣ. 

- Кадом кас аст, ҳар ҷо ки равад, ӯро дӯст доранд? 

- Соҳиби адаб. 

- Он чӣ чизҳост, беҳтар аз зиндагонӣ ва бадтар аз марг 
бошад? 

- Беҳтарин аз зиндагонӣ некномист ва бадтар аз марг бад- 
номист. 



84 



г<р 

* 1) Дар ин матн пурсиш чӣ тарз ифода ёфтааст? - а) бо ёрии 
ҳиссачаи саволӣ, б) ба воситаи пурсишҷонишинҳо, в) ба василаи 
танҳо оҳанг (интонатсия). 

2) Дар ҷумлаҳои саволӣ задаи мантиқӣ ба кадом калима афтодааст? 

89. Дар матнҳои зерин сохти грамматикии ибораҳои ишорашударо 
тағйир дода, бо усули таъвиз (трансформатсия) қолабҳои муроди- 
фи онро (ба мисли орзуи ягонаи Раҳимабегим - ягона орзуи 
Раҳимабегим - Раҳимабегимро ягона орзу ва ғ.) созед, ибораҳои 
муштаракмаъноро бо ҳамдигар муқоиса кунед ва шарҳ диҳед, ки ча- 
ро нависанда маҳз ҳамин тарзи ифодаро интихоб намудааст: 

1 . Дар шаҳрҳои қадимаи Шарқ аҷоибтарин, серошӯбтарин 
ва мароқангезтарин ҷо бозору растаҳо буданд (Ҷ.И.); 2. Вай 
дар овони ҷавониаш зеботарин духтари Шоён будааст; 3. 
Ҷаноби олиат фосиқ, фоҷир, молимардумхӯр, ифлос ва мурдор 
як одам аст; 4. Аз рӯйи одат, хурсандии аз ҳад зиёд сустдилон - 
ро сабаби ҳалок мешавад (С.А.). 

Ҷумла 

• Ҷумларо воҳиди иртиботии (коммуникативии) наҳв ме- 
номанд, зеро бо ёрии он фикр ифода меёбад ва ба василаи он 
алоқаи (робитаи) фикрии одамон имконпазир мегардад. Ка- 
лима мафҳумҳои ҷудогонаро, ибора мафҳумҳои мураккабро 
ифода мекунад ва воҳиди номбаркунандаи (номинативии) 
наҳв ба шумор мераванд. Ҷумла ба воқеъ шудани амал, 
тасдиқ ё инкори он далолат карда метавонад, ки онро муно- 
сибати предикативӣ меноманд. Маҳз бо чунин хусусият аз 
калима ё ибора фарқ мекунад. Агар калима ё ибора ҳам ба 
воқеъшавӣ далолат кунад, ҷумла мешавад: 

Яке аз рӯзҳои ҷумъаи соли 1931 буд. Ҳангоми қиём. Дарах- 
тон пар намезаданд. Як бех офтобпарасти худрӯй қоматашро 
рост намуда осмонро бӯсиданӣ мешуд. Сафедори баланди ла- 



85 



би ҷӯй сояи худро гум карда буд. Оби ҷӯй зулол барин соф 
буд ва бо як оҳанг шилдирроскунон ҷорӣ мешуд (Ҳ.К.). 

Дар ин матн ибораи ҳангоми қиём дар иҳотаи ҷумлаҳои ди- 
гар омада, ба воқеият далолат кардааст: Ҳангоми қиём (нисфи 
рӯз) буд. Бинобар ин ҷумлаи унвонӣ аст. Ҷумлаҳои унвонӣ 
хусусияти тасвирӣ доранд ва бештар дар ифодаи мазмунҳои 
замон, макон, ҳодисаю манзараҳои табиат ба кор бурда ме- 
шаванд. 

Яке аз нишонаҳои воқеияти амалу ҳолат мафҳуми замон 
аст. Дар матни боло хабарҳои ҷумлаҳои содда: яке аз рӯзҳо 
буд, пар намезаданд, бӯсиданӣ мешуд, гум карда буд, соф буд, 
ҷорӣ мешуд бо шаклҳои гуногуни замони гузаштаи сиғаи 
хабарӣ ифода ёфтаанд ва ба он далолат мекунанд, ки ҳангоми 
қиём ҳам дар замони гузашта воқеъ шудааст. 

90. Ба аломатҳои ист риоя намуда матнро қироат кунед. Сипас ҳар ка- 
доми ҷумларо шарҳ диҳед, ки он аз ҷиҳатҳои сохту таркиб (яктарки- 
ба ё дутаркиба) ва мақсади ифодаи фикр ё вазифаи иртиботӣ чӣ гу- 
на аст (хабарӣ, амрӣ ё саволӣ). Дар ин матн «Шаб» калима аст ё 
ҷумла? Дар он чӣ хусусияти грамматикии ҷумла мушоҳида меша- 
вад? 

Шаб. Чарогакҳои осмонӣ дар болои сар чашмак мезаданд. 
Насими форами шабона ва накҳати гулу майсаҳо машоми 
касро муаттар мегардонд. Аз байни шохаҳои серпечутоби да- 
рахтон чарогҳои электрикӣ роҳи пиёдагардро мунаввар кар- 
да буданд. Ду кас — зану шавҳар сӯҳбаткунон(З) мерафтанд. 
Ман танҳо. Аз ақиб шарфаи по шунида шуд. Нигоҳ кардам. 
Марде меомад (А.А.). 

Гс р 

* 1 ) Дар ибораҳои насими форами шабона, накҳати гулу майсаҳо, 

ду кас калимаҳо чӣ тарз алоқаманд шудаанд? 

2) Ибораи чарогакҳои осмонӣ ба кадом маъно омадааст? 

3) Кадом тарзи ифода беҳтар аст: чарогҳои электрикӣ ё барқи! 



86 



• Мубтадо ҳам мисли исм ва масдар мафҳуми шахс, ашё, 
ҳодиса ё воқеа дорад. Вай чунин сараъзои ҷумла аст, ки амал, 
ҳолат ва аломати хабарро дар замону шахсу шумораи муайян 
бо тобишҳои маънои модалии зарурат, имконпазирӣ, 
имконнопазирӣ, эътимод, тахмин, хоҳиш, амр ба он нисбат 
дода мешавад. Мубтадо ба ягон аъзои дигар тобеъ намеша- 
вад, вале хабар дар шахсу шумора ба он мутобиқат мекунад, 
бо пешоянду пасоянд шакл намегирад ва мувофиқи номаш 
бештар дар ибтидои ҷумла меояд. 

Дар вазифаи мубтадо ба ҷуз калимаҳои мустақилмаъно 
(исм, ҷонишинҳои предметӣ, масдар ва дигар ҳиссаҳои нутқи 
исмшуда) таркибу ибораҳои ҳар ду, ҳар се (ҳар сеямон ё ҳар 
сеи мо), яке аз + исми ҷамъ, беигтар аз + шумораи микдорӣ ва 
гайра омада метавонанд: Ҳар дуямон аз хона баромадем 
(С.У.); Чор тан панҷ тан шудем (Ҳ.К.); Яке аз чӯпонбачагон ба 
пирамард наздик шуд (С.А.); Бештар аз сад нафар саворон 
саф ороста буданд (Ҳ.К.). 

Агар мубтадо мафҳуми предметӣ дошта бошад, хабар 
мафҳумҳои амал, ҳолат ва аломатеро ифода мекунад, ки он 
дар замоне содир гардида, дар шахсу шумора ба мубтадо 
мансуб дониста мешавад. Маънои грамматикии ҷумла - 
воқеияти амалу аломат дар хабар ифода меёбад. Хабарҳо 
феълӣ ва номӣ мешаванд. Хабарҳои феълӣ бо шаклҳои тас- 
рифшавандаи феъл ва хабарҳои номӣ бо шаклҳои тасрифна- 
шавандаи феъл ва ҳиссаҳои номии нутқ ифода меёбанд. Дар 
ифодаи воқеият чунин маъноҳои грамматикии феъл: сиға, за- 
мон ва шахсу шумора аҳамияти калон доранд. 

91. Ҷумлаҳоро навишта, ба зери мубтадою хабар хат кашед ва муайян 
кунед, ки онҳо бо кадом ҳиссаҳои нутқ ифода ёфта, аз лиҳози сохту 
таркиб чӣ гунаанд. 

1. Маро модарам нобино(2) зодааст. 2. Ман ҳеҷ чизро на- 
мебинам: на симои модарамро, на гунчаҳои шукуфтаи дарах- 
тонро ва на осмони софи бегуборро(2) (С.С.); 3. Сармояи бу- 



87 



зург ақлу адаб аст, на аслу насаб; 4. Беҳтарин зебоӣ виҷдони 
пок аст (Ситсерон); 5. Баъзе аз одамони маҳаллӣ моро эҳром 
дар бар дида ким-чиҳо(З) гуфта табрик мекарданд (Ф.М.); 6. 
Камзаминҳо(2) ва безаминҳо(2) чоряккорӣ(2), ятимӣ ва ё бо 
ягон касби дигар машгулӣ менамуданд; 7. Ҳар кадоми мо ҳар 
рӯз як бор ӯро ҳолпурсӣ(2) карда меомадем; 8. Оча-бача 
бузҳоро ронда ба чаро бурданд; 9. Бо дидани ин ҳол рӯзи 
равшан ба чашми Одинаи бечора шаби торик гардид (С.А.); 
10. Рӯзе ҷамъе аз ёрон ба хонаи фақир омаданд (Восифӣ); 11. 
Асп - ёри аскари савора (Ҳ.К.); 12. Дарафшро бо мушт 
кӯфтан қаҳрамонӣ намешавад. 

1) Оё дар ҳамаи ҷумлаҳо мубтадо дар ҷойи муқаррариаш ома- 
дааст? Сабаби тағйир ёфтани ҷойи мубтадоро хаттӣ шарҳ диҳед. 

2) Кадом хабарҳо феълӣ ё номианд? Хабарҳои номӣ чӣ тарз шакл 
гирифтаанд? 

3) Чаро дар ҷумлаи 1 1 байни таркиби мубтадо ва хабар аломати 
тире гузошта шудааст? 

4) Кадом аъзоҳои ҷумла чида шудаанд ва алоқаи грамматикии бай- 
ни аъзоҳои чида чӣ тарз ифода ёфтааст? 

г 

• Алоқаи грамматикии мувофиқати хабар бо мубтадо пур- 
ра ва нопурра мешавад. Дар забони тоҷикӣ хабар аз ҷиҳати 
шахс ҳамеша ба мубтадо мувофиқат мекунад, вале, мубтадо 
бо исмҳои беҷон ё ҷондори ғайришахс ифода ёфта бошад, аз 
ҷиҳати шумора баъзан мувофиқат намекунад: 

Биноҳои обод гардад хароб 

Зи борону аз тобиши офтоб (Фирдавсӣ). 

92. Ҷумлаҳоро навишта, ба зери мубтадою хабар хат кашед ва шарҳ 
диҳед, ки мутобиқати хабар бо мубтадо аз ҷиҳати шахсу шумора чй 
тарз сурат гирифтааст. 



88 



1. Қориака ҳар яки моро ба мизбонон алоҳида-алоҳида 
шинос карданд (Ф.М.); 2. Киштзорҳо дар зери торикие, ки 
одам одамро дида наметавонист, монда буд (С.А.); 3. Ману 
пирамард чун дӯстони дерина хайрухуш кардем (Р.Ҷ.); 4. Як 
даҳа (даҳ нафар) сарбоз дар пушти зиндон, дар паскӯча 
посбонӣ мекарданд (С.А.); 5. Дар сари саворон мардум Во- 
сеъро шинохтанд (С.У.); 6. Пас аз он нонҳоеро, ки имрӯз ба 
гадоӣ ҷамъ шуда буд, ба бандиён тақсим карда дод (С.А.); 7. 
Падару писар ба шаҳр равон шудем (Р.Ҷ.); 8. Соро бо писар- 
чаи худ нонро ба об тар карда хӯрданд (С.А.); 9. Модарам бо 
писарчаи ширхорааш дар хонаи бегона бисёр азият мекашид 
(С.У.); 10. Мирзоакрам ва ӯ дар мадрасаи Кӯкалтоши Бухоро 
шарикдарс буданд (С.А.). 

93. Дар ҷумлаҳои зерин аз лиҳози мутобиқати хабар бо мубтадо чӣ 

нуқсон содир шудааст? Ҷумлаҳоро ислоҳ карда, ба дафтар нависед. 

1. Онро (деҳаро) ҳалқаи сабзи богу бӯстонҳо иҳота карда- 
анд; 2. Даста аз сарой баромада рафтанд; 3. Сӯҳбаташ ҳам 
асарҳояш барин пуртаъсиранд; 4. Нафаре аз шогирдон аз 
илмомӯзӣ берун намондаанд; 5. Баъдтар ҳамкории деҳқонону 
авиаторон, кормандони заводи пахта, шӯъбаи маданияти 
район, ҷамъияти матлуботи район, сети кинонамоишдиҳй ва 
ғайра ба миён омаданд; 6. Гӯё селаи кабкҳо аз домани кӯҳ ба 
пастӣ, лаби дарё обнӯшӣ фаромадаанд; 7. Ин дастаи ҳунарӣ, 
ки аз вилояти Суғд ташриф овардаанд, соҳиби малакаи хуби 
овозхонӣ аст; 8. Иқтидори муқаррарии плитаҳои барқии 
истеҳсоли шӯравӣ 3,6 - 8 квт мебошанд (Аз асарҳои бадеӣ ва 
матбуот). 

Гш'Ч 

к. # Аъзоҳои пайрави ҷумла: муайянкунанда, пуркунанда ва 
ҳол бар эзоҳи сараъзоҳо ва ҳамдигар омада, барои мукаммал 
намудани сохтори ҷумла ва саҳеҳ ва пурра ифода кардани 
фикр хизмат мекунанд. 



89 



Муайянкунандаҳо эҳтиёҷоти он аъзоҳои ҷумларо қонеъ 
мекунанд, ки мафҳуми предметӣ дошта, ниёз ба шарҳи алома- 
ту хусусият ва муносибати соҳибият доранд. Пуркунандаҳои 
бевосита, ҳолҳои тарз, микдору дараҷа низ дар паҳлуи аъзои 
эзоҳшаванда омада, мафъули (объекти) бевосита, аломат ва 
микдору дараҷаи зоҳиршавии амалу ҳолати хабарро ифода 
мекунанд. Аммо хелҳои дигари ҳол, хусусан ҳолҳои замон, 
макон, сабаб, мақсад, шарт, хилоф ва пуркунандаҳои бавоси- 
та ҳатто пеш аз мубтадо омада, ба мазмуни тамоми ҷумла 
алоқамандӣ пайдо мекунанд ва дар сохтори наҳвии ҷумла ва 
ифодаи фикр саҳми муайян мегузоранд: 

Дар лаби дарё якчанд киштии калони бодбонии маҳаллӣ 
тайёр буд (С.А.). 

Бунёди сохтории ин ҷумларо ду сараъзои бо ҳам 
алоқаманд ( Киилтӣ тайёр буд) ташкил намуда, мубтадо бо 
муайянкунандаҳои изофии аломати калони бодбонии маҳаллӣ 
ва беизофа ё ҳамроҳии якчанд ва хабар бо ҳоли макони дар 
лаби дарё тафсил ёфтааст. Ҳоли макон пеш аз таркиби мубта- 
до омада, бо мундариҷаи тамоми ҷумла (якчанд киитгии кало- 
ни бодбонии маҳаллӣ тайёр буд) алоқамандӣ зоҳир намудааст. 
Дар байни мубтадою хабар алоқаи мувофиқати нопурра 
мушоҳида мешавад: хабар ба мубтадо танҳо аз ҷиҳати шахс 
мувофиқат кардааст. 

94. Матнро навишта, ба зери аъзоҳои ҷумла хат кашед. Таркиби мубта- 
доро аз хабар ҷудо кунед. Шарҳ диҳед, ки сараъзоҳо бо кадом 
аъзоҳои пайрав тафсил ёфтаанд. 

Хонаи ёздаҳболории(2) нақшин(2) барои меҳмонони азиз 
оро дода шуда буд. Сӯзании(2) калони шоҳии сабз ва кашидаи 
сурхмахмали(2) йӯрмадӯзӣ, қолинҳои қирмизӣ(2) ба ин хона 
шакли тӯйхонаро(2) дода буданд. Ба рӯйи дастурхон лаълӣ- 
лаълӣ кулчаҳои равғанин(2), харбузаҳои лӯбиёгӣ(2) ва ша- 
карпора(2), табақ-табақ ангурҳои ҳусайнӣ(2), шибирғонӣ(2) 
ва шафтолуҳои донакширин(2) зебу зинати хонаро боз афзун- 
тар менамуданд (Ҳ.К.). 



90 



9 

1) Дар ҷумлаҳои боло кадом сараъзо ё аъзоҳои пайрав чида 
шудаанд ва алоқаи байни аъзоҳои чида чӣ тарз ифода ёфтааст. 

2) «лаълӣ-лаълӣ», «табақ-табақ» кадом аъзои ҷумла ва аз ҷиҳати 
сохт чӣ гуна аст? 

3) «зебу зинат» кадом воҳиди луғавӣ аст ва дар он кадом санъати 
савтӣ истифода шудааст? 

Хелҳои ҷумлаҳои содда 



• Ҷумларо аз ҷиҳати сохт ба соддаву мураккаб, ҷумлаҳои 
соддаро аз лиҳози мақсади ифодаи фикр ва вазифаи 
иртиботӣ ба хабарӣ, амрӣ ва саволӣ, аз ҷиҳати сохтор ва 
таркиб ба яктаркибаю дутаркиба, хулласу тафсилӣ, аз лиҳози 
вуҷуд доштан ё надоштани аъзоҳои ҳатмӣ дар ифодаи матла- 
бе ба пурраю нопурра ҷудо мекунанд. 

Дар ҷумлаҳои хабарӣ гӯянда мақсади худро ба тариқи 
ҳикоят, нақлу ривоят баён мекунад. Фикр дар ҷумлаҳои хаба- 
рӣ бо оҳанги хабарӣ ифода меёбад. Хабари чунин ҷумлаҳо 
бештар бо шаклҳои гуногуни замонии сигаи хабарӣ ва бо 
шаклҳои замонии феълҳои нақлӣ ифода меёбад. 

Ҷумлаҳои амрӣ мазмуни водоркунӣ доранд. Водор карда- 
ни мусоҳиб ба иҷрои амале бо тобишҳои амр, супориш, 
хоҳиш, зорию тавалло ифода меёбад. Азбаски шунаванда 
ҳангоми гуфтор ҳозир аст, дар ҷумлаҳои амрӣ мубтадо бе за- 
рурат зикр намегардад ва матлаб дар қолаби ҷумлаҳои яктар- 
кибаи муайяншахс хеле мӯҷаз ифода карда мешавад. 

Дар ҷумлаҳои саволӣ мақсад бо ёрии интонатсияи пурсиш 
ва ё оҳанги саволу пурсишҷонишин ва ҳиссачаҳои саволӣ 
ифода меёбад. Гӯянда ҳодиса ё воқеаеро надонад ва аз шуна- 
ванда пурсида донистан хоҳад ё ин ки аз воқеа воқиф бошад, 
вале ягон ҷиҳати он барояш равшан набошад ва аз мусоҳиб 
пурсида пурра огоҳ гардад, чунин ҷумлаҳои саволиро аслӣ 



91 



меноманд. Ба пурсиши чунин ҷумлаҳои саволӣ ҷавоби шуна- 
ванда ҳатмист. Агар гӯянда аз шунаванда чизеро пурсида 
донистанӣ набошад, вале матлаби худро бо ёрии оҳанги пур- 
сиш таъсирбахш ифода карданӣ бошад, чунин ҷумлаҳои са- 
волиро ғайриаслӣ ё риторикӣ меноманд. 

Бар замми мазмуни хабар додан, фармудан ва пурсидан 
эҳсосоти гуногуни гӯянда ҳам ифода ёбад, ҷумлаҳои хабарӣ, 
амрӣ ва саволӣ ба ҷумлаи хитобӣ табдил меёбанд. 

95. Хелҳои иртиботии (хабарӣ, амрӣ, саволӣ ва хитобии) ҷумлаҳои 
соддаро ҷудогона ба дафтар нависед ва шарҳ диҳед, ки дар онҳо 
мақсади гӯянда ё нависанда чӣ тариқа ифода ёфтааст, дар 
ҷумлаҳои амрӣ водоркунӣ чӣ гуна ҷилоҳои маъноӣ зоҳир мекунад 
ва дар ҷумлаҳои саволӣ пурсиш бо кадом воситаҳо ифода мегар- 
дад. 

1. - Дод аз дасти золим! - чун моргазида(З) фарёд кашид 
Саидалӣ. - Ман ба ҳоким арз мекунам! Ба амир арз мекунам! 
(С.У.); 2. Аристотолиси ҳакимро пурсидаанд: «Қуввати хирад 
аз чист?» Гуфт: «Ҳама касро қувват аз ғизо бошад. Гизои хи- 
рад ҳикмат аст»; 

3. Барои дӯстон ҷонро фидо кун, 

Валекин дӯст аз душман ҷудо кун. 

4. Магар ба худи Мирзои урганҷй(2) эътимод кардан мум- 
кин аст? Албатта, не! 5. Темурмалик баъд аз анҷом додани 
корҳои қалъаи обӣ ва киштиҳои худаш ба заврақе нишаста, 
ба тарафи шаҳри Хуҷанд рафт (С.А.); 6. Хез, бисёр ғурбат 
кардан нагир. Рафта, хӯрок тайёр кун. Вақти аз кор омадани 
духтарат шуд (Ҳ.К.); 7. - Тақсирҷон, маро халос кунед! (С.А.); 
8. Ширмоҳро ақаллан ба кабина мешинондӣ (М.Н.). 

су 

* 1) Дар ифодаҳои «Аристотолиси ҳакимро пурсиданд» ва «Аз 

Аристотолиси ҳаким пурсиданд» кадом воситаҳои грамматикӣ 
хусусияти ҳаммаъной зоҳир кардаанд? 



92 



2) Ифодаҳои «ҳама касро қувват» ва «қуввати ҳама кас» чӣ гуна 
воҳидҳои наҳвӣ ва дар байни онҳо чӣ муносибати маъноӣ 
мушоҳида мешавад? 

3) Шоир дар он байти пандомӯз аз кадом имконоти муассири ифо- 
даи фикр фоида бурдааст? 

4) «ба худи Мирозои урганҷӣ эътимод кардан», «анҷом додани 
корҳои қалъаи обӣ», «бисёр ғурбат кардан» ва «аз кор омадани 
духтарат» кадом хели ибораанд ва онҳо бо кадом навъҳои алоқаи 
наҳвӣ сохта шудаанд? 

5) Дар мисоли охирин феъли меьиинондӣ ба вазифаи калом шакли 
феъл омадааст? 

• Ҷумлаҳои соддаи яктаркиба номӣ ва феълӣ мешаванд. 
Ҷумлаҳои яктаркибаи феълиро аз ҷиҳати ба кадом андоза 
зоҳир гардидан ё умуман ифода наёфтани шахси соҳиби ама- 
лу ҳолати хабари ҷумла ба навъҳои муайяншахс, номуайян- 
шахс, умумишахс ва бешахс ҷудо мекунанд. 

Дар ҷумлаи муайяншахс мусоҳибон - гӯянда ва шунаванда 
ҳангоми сӯҳбат ҳозиранд, бинобар ин эҳтиёҷ нест, ки ба 
соҳиби амалу ҳолат бо ҷонишинҳои шахси якум ва дуюми 
танҳою ҷамъ ишора карда шавад. Чунин ҷумлаҳо барои 
мӯҷаз баён кардани фикр мусоидат мекунанд. 

Дар ҷумлаҳои номуайяншахс зикри худи амал аз ном бур- 
дани иҷрокунандаи он муҳимтар аст, бинобар ин соҳиби амал 
бо ёрии шаклҳои феълии шахси сеюми ҷамъ номуайян ифода 
меёбад. 

Дар ҷумлаи умумишахс хабари ҷумла зоҳиран ба шахси 
сеюми ҷамъ ё дуюми танҳою ҷамъ далолат кунад ҳам, аз 
мундариҷаи (панду андарзи) ҷумла пайдост, ки фикри дар 
ҷумла ифодаёфта ба ҳар як фард, ба умум мутааллиқ аст. 

Хабари ҷумлаҳои бешахс бо феълҳои модалии боистан, 
ьиоистан, тавонистан ( натавонистан ), калимаҳои лозим, дар- 
кор, зарур, ҳатмӣ ва ғайра ифода ёфта, ба маъноҳои зарурат, 
имконпазирй, имконнопазирӣ ва ғайра далолат мекунад. 



93 



Забон ба ин ҳама тарзҳои ифодаи фикр эҳтиёҷ дорад, би- 
нобар ин навъҳои мазкури ҷумлаҳои соддаи яктаркибаи 
феълӣ чи дар гуфтугӯ, чи дар навищтор ба кор бурда меша- 
ванд. 

96. Зарбулмасалҳоро пурра карда, ба дафтар нависед, ба зери аъзоҳои 
ҷумла хат кашед. Муқаррар кунед, ки зарбулмасалҳо дар қолаби 
ҷумлаҳои яктаркиба ифода ёфтаанд ё дутаркиба, хабарҳои 
ҷумлаҳои яктаркиба шаклан ба кадом шахсу шумора далолат меку- 
нанд ва ҷумла муайяншахс, номуайяншахс, умумишахс ё бешахс 
аст. 

Дили нохоҳам...; Аз барф гурехта...; Ангура хӯру...; Дар 
бачагӣ хондан...; Бар саволат ҷавоб...; Илоҷи воқеа...; Кори 
имрӯзаро...; Ба як ҷавонмард...; Дидадаро шав...; Лайлиро 
бо. . .; Дурӯғи маслиҳатомез. . .; Аввал бубин. . . 

97. Ҷумлаҳоро бодиққат хонда, хелҳои ҷумлаҳои соддаи яктаркибаро 
муайян карда, ҳар кадоми онҳоро ҷудогона нависед. Ба зери хабари 
ҷумлаҳо хат кашида, шарҳ диҳед, ки онҳо ба кадом шахсу шумора 
далолат мекунанд. 

1. Рӯзе ҳамроҳи падарам ба саҳро баромада будам. Парвои 
оламро надоштам. Рӯйи майсаҳои махмалинат(2) гел мезадам. 
Бунафшаҳои муаттаратро бӯй мекардам, аз бӯяшон сер на- 
мешудам (Ҳ.К.); 2. Аз бачаи понздаҳсола(2) чӣ ҳам мегиред, 
меҳмон-бародар? Як моҳи дароз пурсиданд, ба ин сӯ-он сӯ 
кашола карданд, аммо ҷойи рафтаи язнаашро нагуфт ки на- 
гуфт (Ф.М.); 3. Мева ё сабзаҷотро(З) майда карда ё аз турбта- 
рош(2) гузаронда, ба рӯй мемоланд, пас аз 15-20 дақиқа рӯйро 
бо оби ширгарм(2) мешӯянд (Рӯзнома); 4. Бо меҳмон лутфу 
назокат бояд кард (С.У.); 5. Ҳар чизро фаромӯш кун, вале 
одамиятро нигаҳ дор (Ҷ.И.); 6. Пинҳон натавон дошт гириф- 
тории дилро (А.Л.); 7. Ба ман ҳалвои равғанин(2) харида 
диҳед (С.А.); 8. Як моҳ он муассисаро тафтиш карданду сар- 
дорашро аз кор гирифтанд (Ӯ.К.). 



94 



98. Ҷумлаҳоро хонда, муайян кунед, ки кадом ҷумлаҳо пурра ё нопур- 

раанд, дар ҷумлаҳои нопурра кадом аъзои (ё аъзоҳои) ҳатмӣ зикр 

наёфтааст? Ҷумлаҳои нопурраро пурра карда ба дафтар нависед. 

1 . -Хидир, писари Отабой кист? 

- Ман! 

- Ту аз куҷо? 

- Аз Кӯрғон (С.У.). 

2. - Умр ба кадом шуғл сарф бояд кард? 

- Ба таҳсили илм. 

- Некӣ муқаддамтар аз ҳама ба кӣ бояд кард? 

- Дар ҳаққи модар ва падар. 

- Хушнудии Худо ба чӣ ҳосил шавад? 

- Ба хидматгориҳои волидайн. 

- Кадом кас аст, ҳар ҷо ки равад, ӯро дӯст доранд? 

- Соҳиби адаб. 

- Хоб беҳтар ё бедорӣ? 

- Золимро хоб ва одилро бедорӣ (Посухҳои ҳаким ба 
пурсишҳои Анушервон). 

к # л Дар байни аломатҳои китобат вергул хеле сервазифа аст. 
Агар аъзоҳои чидаи ҷумла бе пайвандакҳои пайвасткунандаи 
пайиҳами ва, -у ( -ю, -ву ) алоқаманд шуда бошанд, дар байни 
онҳо аломати вергул гузошта мешавад. Як мавриди мушкили 
гузоштан ё нагузоштани он дар хабарҳои чида мушоҳида ме- 
шавад. 

Чунон ки дар боло ишора шуд, дар забони тоҷикӣ 
хабарҳои феълӣ ба тариқи чида омада бошанд, одатан 
хабарҳои чидаи аввал дар шакли кӯтоҳи замони гузаштаи си- 
фати феълӣ ( кушода, даромада, аз назар гузаронида) ва хабари 
охирин дар шакли тасрифӣ (салом дод) оварда мешавад: 
Меҳмон дарро кушода , ба дарун даромада , ҳозиронро як аз 
назар гузаронида , салом дод. Аммо ҳамин шакли сифати феълӣ 
ҳамеша ба вазифаи хабарҳои чида намеояд, вай ба вазифи 



95 



ҳоли тарз, замон, сабаб, шарт, хилоф низ омада метавонад. 
Дар ин маврид пас аз сифати феълӣ вергул гузоштан ғалати 
маҳз аст: Меҳмон аз дар хандида (Чй тарз?) даромад; Меҳмон 
нохонда (Ба кадом шарт?) намеояд; Меҳмон шарм дошта (Аз 
чӣ сабаб?) ба дарун надаромад. 

99. Ҷумлаҳоро бодиққат хонда, муқаррар кунед: дар ҷое ки аломати 
хитоб гузошта шудааст, аломати вергул гузошта мешавад ё на. Си- 
пас тарзи дурусти ҷумлаҳоро ба дафтар нависед. 

1. Ин наҳри девона мор барин борик шуда (!) маствор(З) 
худро ба ҳар тараф зада (!) калавида (!) шаттаи сангҳоро 
хӯрда (!) базӯр(З) нафас кашида (!) мехазид (Ҳ.К.); 2. 
Ҷавонони ширинӣ аз ӯ маслиҳат напурсида (!) ҳеҷ кор наме- 
карданд (С.А.); 3. Ҷавонзани шаҳлочашм зор-зор(З) гириста 
(!) бачаашро ба синааш пахш карда (!) бӯсида (!) сару рӯю 
гардани вайро ба оби дидааш тар карду баъд бачаро ба 
бағали кампир партофта (!) худ ноилоҷ(З) аз қафои 
чакманисурхпӯш(2) равон гардид (С.У.); 4. Соро бузҳоро ба 
чаро бароварданӣ шуда (!) аз ҳавлӣ баромад; Ибод ҳамин 
одатро дониста (!) роҳи ҳиларо пеш гирифт (С.А.). 

1) Дар ибораҳои ин наҳри девона, мор барин борик илуда, мас- 
твор худро ба ҳар тараф зада кадом калима ҷузъи асосӣ аст ва 
ҷузҳои дигар ба он чӣ тарз тобеъ шудаанд? 

2) Дар ибораи наҳри девона кадом калима ба маънои маҷозӣ омада- 
аст ва ибораи маҷозӣ дар заминаи чӣ гуна қаробати маъноии 
калимаҳои таркиби ибора сохта шудааст? 

к Мухотаб, воҳидҳои туфайлию истисноиро унсурҳои 
тавзеҳу тафсилдиҳандаи таркиби ҷумла мешуморанд, зеро 
онҳо бо аъзоҳои ҷумла алоқаи бевоситаи грамматикӣ надош- 
та бошанд ҳам, дар мавқеъҳои гуногуни дохили ҷумла омада, 
дар ифодаи ягон ғарази гӯянда хидмат мекунанд. 



96 



Мухотаб аслан шахси хитобшуда ё муроҷиатшуда аст, би- 
нобар ин бо исми шахс ифода меёбад. Дар аввали ҷумла ома- 
да бошад, одатан барои муроҷиат ва ҷалб намудани 
таваҷҷӯҳи шахси хитобшуда ба гуфтор, дар мобайн ё охири 
ҷумла омада бошад, дар ифодаи ягон муносибати (нек ё ба- 
ди) гӯянда хизмат мекунад. 



100. Ҷумлаҳоро нависед, ба зери мухотаб хат кашед ва шарҳ диҳед, ки 
он бо калима ё ибора ифода ёфтааст ва баёнгари чӣ ғарази гӯянда 
аст, мухотаб бо кадом хели исм ифода ва бо кадом аломати кито- 
бат ҷудо карда шудааст. 

1 . - Эй дӯсти мушфиқ, маро масъалаи муҳиме пайдо шуда- 
аст ва сафаре дур ба ҷониби Ироқ пеш омада; 2. - Духтара- 
кам, нури чашмам! Ман туро бо орзую ҳавас калон кардам; 3. 
Муҳаббатҷон, ақаллан ту навиштани ному насабамонро ёд 
гир (Ҳ.К.); 4. - Ҳушатон парешон барин, амак. Марҳамат, ба 
хона дароед. - Чӣ тавр ҳуши ман парешон нашавад, ҷигарам? 
5. - Сабр кун, боҷа, сабр кун, Давлат Ҳакимович! - тафсида 
рафт Шукуров (Р.Ҷ.); 6. Эҳ Зебӣ, Зебӣ! Аз куҷо сари 
беҷанҷоли худро ба ҷанҷол гузоштӣ?! (Ф.Н.); 

7. Соқй, ба нури бода барафрӯз(2) ҷоми мо, 

Мутриб, бигӯ, ки кори ҷаҳон шуд ба коми мо (Ҳофиз). 

8. - Пушт, машкоб! Бохабар, мардум! 

Ба қафоят нигоҳ кун, нонвой! 

Ҳой, ҳезумфурӯши варзобӣ(2)! 

Хари худро каш аз даруни лой! (М.Т.) 

• 1) Дар калимаи духтаракам пасванди - ак шаклсоз аст ё кали- 

масоз? Он калима чӣ гуна муносибати гӯяндаро ифода мекунад? 

2) Ибораи нури чашмам ва калимаи ҷигарам ба кадом маъно кор 
фармуда шудааст ва чӣ гарази гӯяндаро ифода мекунад? 

3) Дар матнҳои чорум ва шашум ҷумлаҳо саволии аслӣ ё риторики- 
анд ва бо чй мақсад кор фармуда шудаанд? 



97 



Г 

• Мухотаб бо исмҳои ғайришахс ( дил , гул, булбул, насим, 
сабо, баҳор, ватан, Тоҷикистон ва амсоли инҳо) ифода ёфта 
бошад, он мафҳумҳо чун шахс тасаввур мешаванд ва дар тас- 
вири лирикии адиб ягон ният ё ғарази эҷодии ӯро ифода ме- 
кунанд. 

101. Матнҳоро беғалат, бурро ва таъсирбахш қироат карда, тарзи ифо- 
да, мавқеъ, маъною вазифа ва аломатҳои китобати мухотабро шарҳ 
диҳед. 

1 . Баҳор, боз омадӣ? 

Биё! 

Марҳабо! 

Биё, ман акнун душмани ту наям. Биё, ман ошиқи туям, ту 
нозанини ман ҳастӣ! (Ҳ.К.) 

2. Видоъ, эй даштҳо, эй лолазорон! 

Видоъ, эй шаҳру ҷӯйҳои зарафшон! (М.Т.) 

3. Маънии номи туро, эй рӯди Вахш, 

Ҳар касе аз рӯйи ақлу фаҳми худ 
Шарҳ дод: 

Он яке «ваҳшӣ» туро номида буд, 

Дигаре «пурхашм», сеюм «бадниҳод». 

Бишнав аз ман маъниятро: 

- Рӯди Вахш - 
Ганҷбахшу 
Хайрбахшу 
Нурбахш! (М.Қ.) 

]Г 

• Воҳидҳои туфайлӣ бо калима, таркиб, ибора ва ҷумла 
ифода ёфта, муносибати гӯяндаро нисбат ба фикри баёншуда 
ва то чӣ андоза воқеӣ будан ё набудани амалу ҳолати ҷумларо 
мефаҳмонанд. Онҳо дар ифодаи маъноҳои модалии эътимод, 
шубҳа, тахмин ва майлу хоҳиш ба сохтори маъноии ҷумла ёрӣ 
мерасонанд. 



98 



Воҳидҳои истисноӣ низ бо калима, таркиб, ибора ва ҷумла 
ифода ёфта, бар эзоҳи ягон аъзо ё тамоми ҷумла хизмат меку- 
нанд. Онҳо ё мафҳумеро бо номи дигараш равшан мекунанд, ё 
онро тадриҷан дақиқ ва мушаххастар ифода менамоянд ва ё 
ба мафҳуми ягон аъзо ё мазмуни тамоми ҷумла маълумоти 
иловагӣ зам мекунанд: 

Баногоҳ дарк кард, ки бадбахттарини одамони рӯйи замин 
маҳз ӯ, Иброҳимҷон, аст (Ф.М.); Дар майдонча танҳо дар 
ҳангоми субҳ, пеш аз ба кор равон шудани коркунон одамҳо 
гаштугузор мекарданд (Ҳ.К.); Саидакбар аз шаҳр ояд ( Ин кас 
дар Бухоро бо акои ман мехонд), . . . дар пеши ӯ машқ хоҳӣ кард 
(С.А.). 

Дар мавриди аввал пеш аз воҳиди истиснои аломати вергул 
ё тире, дар ҳолати дуюм аломати вергул ва дар мавриди сеюм 
воҳиди истисноиро дар қавсайн овардан лозим аст. 

102.Ҷумлаҳои зеринро бомулоҳиза хонда, воҳидҳои истисноиро ёбед 
ва муайян кунед, ки онҳо кадом вазифаро адо кардаанд. Аломатҳои 
лозимаро гузошта, ҷумлаҳоро нависед. 

1. Баъд аз чанд моҳи воқеаи сайри наврӯзӣ дар айёми 
зимистон як бегоҳӣ баъд аз шом бачаҳо ба ҳуҷраи ман омада 
гуфтанд; 2. Дар Бухоро дар гузари Говкушон(2) дар пеши 
масҷиди Хоҷа дар лаби рӯд гадоён ва сарсариён менишастанд 
(С.А.); 3. Онҳо алифбои зиндагиро муборизаро аз вай 
омӯхтанд (С.У.); 4. Рафиқи ҷавониам Маҳмудро дар хонааш 
ёфтам; 5. Наҳрчаи қишлоқ ҳамоно бо дабдабаи пештараи(2) 
худ наъракашону мавҷзанон(З) ҷорӣ буд (Ҳ.К.); 6. Он ҷо но- 
занини нозанинон ва маликаи хубон Меҳрӣ духтари хурдии 
кампир худро ба кӯрпаи кӯҳна печонда рӯйи намадпорае(2) 
нишаста буд; 7. Баъзе одамони раҳакӣ(2) пиёда ва савора аз 
роҳ рафтан бозистода(2) ба поезди равон нигоҳ мекарданд 
(С.У.); 8. Кӯҳҳои Бойсун чандон баланд не онҳо ба 
силсилакӯҳҳои(2) Ҳисор тааллуқ доранд лекин хушку беобу 
гиёҳанд(4) (Ҷ.И.); 9. Ӯ ба ман дар хусуси пули ифтитоҳ ҳаққи 
таҳсил ёрмандӣ мекард (С.А.). 



99 



г<уч 

* 1) «алифбои зиндагӣ» воҳиди фразеологӣ аст ё ифодаи маҷозӣ? 

2) Нависанда таъбирҳои нозанини нозанинон ва маликаи хубонро бо 
чӣ мақсад истифода кардааст? 

! 

Аъзоҳои истисноиро аз аъзоҳои чидаи ҷумла фарқ кар- 
дан лозим аст. Аъзоҳои истисноӣ хусусияти тавзеҳӣ доранд ва 
бо калимаи тавзеҳшаванда бо интонатсияи хос алоқаманд 
мешаванд. Аммо дар байни аъзоҳои чида алоқаи пайваст 
вуҷуд дорад ва он бо интонатсияи пайваст ё интонатсияю 
пайвандакҳои пайвасткунанда алоқаманд мешаванд: 

Дар он тараф, дар тарафи шимолии рӯд, бар болои хомаи 
пастаки рег чӯпонбачагон бо ҳам гуштингирӣ мекарданд 
(С.А.). - Онҳо (мусофирон) дар вайронаҳо, сарою ҳезумхо- 
наҳо, ҷувозхонаҳо, ҳатто дар огилхонаҳо ҷойгир шуда 
истиқомат мекарданд (С.У.). 

Дар ҷумлаи аввал он тараф ҳоли макон, дар тарафи 
ьиимолӣ, бар болои хома ҳолҳои макони истисноӣ буда, макони 
гӯштингирии чӯпонбачагонро пай дар пай тавзеҳ ва мушах- 
хас намудаанд. Дар ҷумлаи дуюм дар вайронаҳо, сарою 
ҳезумхонаҳо , ҷувозхонаҳо ва огилхонаҳо ҳоли макони чидаанд 
ва бо оҳанги шумур паси ҳамдигар васл шуда омада, макон- 
ҳои гуногуни истиқомати мусофиронро ифода кардаанд. 

Таҷзияи маъноии ҷумла ва тартиби калима 



103. Ҳангоми қироати матни зерин ҳиссаи бо хати сиёҳ навишташудаи 
ҷумлаҳоро баландтар хонед. Мулоҳиза кунед: кадом ҳиссаи 
ҷумлаҳо маълумоти барои шунаванда нав ва муҳимтарро дар бар 
мегирад. Матнро ба дафтаратон навишта, ба зери ҳиссаи ишорашу- 
даи ҷумлаҳо хат кашед. 

Рӯзе ҷамъе аз ёрон ба хонаи фақир омаданд. Дар хона 
ҳалим пухта буданд. Дар вақти ҳалимхӯрӣ мӯйлаби ман олуда 
шудааст. Яке аз ёрон ин ҳолро ба ман хабар дод. Дарҳол 
миқрозро бардоштам ва мӯйлабамро кӯтоҳ кардам (Восифӣ). 



100 



• Аён аст, ки дар ҳиссаи аввали ҷумлаҳо маълумоти барои 
шунаванда маълум ва дар ҳиссаи дуюм маълумоти тоза ифода 
ёфтааст. Чунин таҷзияи маъно ба ҳиссаҳои аллакай маълум 
(тема) ва барои шунаванда номаълум ё маълумоти нав (рема) 
дар ҳамаи воҳидҳои иртиботии забон (ҷумла) мушоҳида ме- 
шавад: 

Абдуғанй, ки дар хонаи писари калонӣ буд, баъди 
хонадоршавӣ ба ҳавлии нав кӯчид. Ҳавлии нав дар поёнии ма- 
зори калон, қабристони кӯҳна воқеъ буд (Рӯзнома). 

Дар таҷзияи маъноӣ (ба ҳиссаҳои маънодор ё синтагмаҳо 
ҷудо кардани ҷумла) ҷойи аъзои ҷумла аҳамияти калон пайдо 
мекунад: 

Муаллими нав ба мактаби деҳаи дурдасте омад - Ба макта- 
би деҳаи дурдасте муаллими нав омад (Ӯ.К.); Ман ӯро барои 
об овардан фиристодам - Ман барои об овардан ӯро фиристо- 
дам - Ӯро барои об овардан ман фиристодам. 

Аз ҳамин сабаб ҷойи аъзои ҷумла бояд мувофиқи талаботи 
мақсади гӯянда ва мантиқи сухан тағйир дода шавад. Дар ак- 
си ҳол матлаб норавшан ва ё ғалат ифода мегардад. 

104. Ҷумлаҳоро навишта, ба ҳиссаҳои тема ва рема ҷудо кунед: 

Ғулом дар сари таъмири тракторҳо набуд. Ин корро худи 
тракторчиҳо мекарданд. Ғулом дар хонааш аз бачаҳое, ки асп 
бурда буданд, гап мепурсид (Ҷ.И.). 

Юб.Ҷумлаҳоро навишта, ба зери сараъзо ва аъзоҳои пайрав хат кашед 

ва муайян кунед, ки дар кадом ҷумла ҷойи мубтадо дуруст ё ноду- 

руст тағйир дода шудааст: 

1 . Палавро бо ҳавсалаи тамом худи Аҳмадҷонамак пӯхт; 2. 
Ӯ парешон атрофи хонаро аз назар гузаронд. Аммо ҷойи 
мувофиқ барои пинҳон намудани ҷавон пайдо намешуд 
(Ҳ.К.); 3. Дами гармро ману акаи Мадалӣ мепазем. Гӯштро 
акаи Мадалӣ дар ҳар ду-се рӯз аз чарогоҳ, аз назди чӯпонҳо 



101 



меоварад (М.Н.); 4. Волидон бо умеде фарзанд ба дунё меова- 
ранд, ки дар пирӣ асои дасташон бошанд ҷигарбандон 
(Рӯзнома); 5. Ё тавба! Ин қадар сангдиланд мардум! (Ф.М.). 

9 

• 1) Дар ҷумлаи якум ҷонишини худ ба маънои соҳибият (нафсӣ) 

омадааст ё таъкид? 

2) Воҳиди истисноии аз назди чӯпонҳо барои эзоҳ додани ҳоли ма- 
кон омадааст ё барои мушаххас ифода кардани он? 

3) Дар ҷумлаи «Дами гармро ману акаи Мадалӣ мепазем» 
мувофиқати хабар бо мубтадо чӣ тарз сурат гирифтааст? 

106. Дар матнҳои зерин нависанда аз кадом имконоти услубии тартиби 
калима истифода бурдааст? 

1. Маҷиди Ҳамгар зане зиштрӯ дар сафар дошт. Рӯзе дар 
маҷлисе нишаста буд. Ғуломаш давон-давон биёмад, ки: 

- Эй хоҷа, хонум ба хона фуруд омад. 

Гуфт: 

- Кошки хона ба хонум фуруд омадӣ (Убайди Зоконӣ); 

2. Баҳром , ки гӯр мегирифтӣ ҳама умр, 

Дидӣ, ки чй гуна гӯр Баҳром гирифт (Хайём). 

1) Ибораи зане зиьитрӯ аз ҷиҳати сохтори наҳвӣ ва тобиши 
маъно аз ибораи зани зиштрӯ чӣ фарқ дорад? 

2) Муродифҳои зан ва хонум чӣ тафовути маъноӣ доранд? 

3) Калимаҳои мацлис, хоҷа ва еулом дар гузашта чӣ гуна 
мафҳумҳоро ифода мекарданд? 

4) Чаро пас аз пайвандаки ки аломати баён гузошта шудааст? 

5) Хайём калимаҳои гӯр ва гирифтанро ба кадом маъноҳо истифода 
кардааст? Он калимаҳо омониманд ё сермаъно? Чунин тарзи ис- 
тифодаи калимаҳо кадом санъати сухан аст? 

6) Феъли мегирифтӣ дар вазифаи кадом шакли феъл кор фармуда 
шудааст ва дар байни онҳо чӣ гуна муносибати маъноӣ ба вуҷуд 
омадааст? 



102 



• Гуфтаҳои касеро ду тариқа ба каси дигар нақл кардан 
(гузаронидан) мумкин аст: айнан ва мазмунан. Нутқи айнан 
нақлшуда мукаммал, гуногуноҳанг ва рангину муассир аст. 
Нутқи мазмунан нақлшуда мухтасари гуфтаҳои каси дигар 
аст, ки гӯянда бо забони худ ба тариқи фишурда баён меку- 
над. Бинобар ин нутқи айнан нақлшударо ба мазмунан 
нақлшуда баргардонидан мумкин аст. Ҳангоми баргардони- 
дан он гуфтаҳо аз нохунак озод гардида, сухани муаллиф дар 
вазифаи сарҷумла ва сухани каси дигар ба вазифаи ҷумлаи 
пайрави пуркунанда меояд ва бо пайвандаки ки ба сарҷумла 
тобеъ мешавад. Дар шакли грамматикии хабар ва интонатси- 
яи гуфтор низ тағйирот ба амал меояд: 

Мавлоно Қутбиддин аз аҳвале (олусе) пурсид, ки рост аст, 
ки аҳвал якеро ду мебинад. 

Гуфт: «Рост аст, ба далели он ки мавлоноро чорпой меби- 
нам». 

Мавлоно хиҷил шуд (Хористон). 

-Ман дар интернат намеистам, меравам, - ҷавоб додам ман 
(С.У.). 

Ман ҷавоб додам, ки дар интернат намеистам, меравам. 

- Пас, чаро гуфтӣ: «Ман аз Язид сазовортарам» (С.У.). 

- Пас чаро гуфтӣ, ки аз Язид сазовортарӣ? 

Онҳо мегӯянд: «Бе шумо корамонро ӯҳда карда наметаво- 
нем». 

Онҳо мегӯянд, ки бе ман корашонро ӯхда карда наметаво- 
нистаанд. 

Дар матни аввал рост аст, ки аҳвал якеро ду мебинад маз- 
мунан нақлшуда, «Рост аст, ба далели он ки мавлоноро чор- 
пой мебинам» айнан нақлшуда аст. Сухани мазмунан 
нақлшуда дар асл (айнан) чунин будааст: «Мавлоно, рост аст, 
ки аҳвал якеро ду мебинад?» Ҳангоми баргардонидан ҷумлаи 
мустақил ба ҷумлаи пайрави пуркунанда табдил ёфта, бо пай- 
вандаки ки ба сарҷумла (сухани муаллиф) тобеъ гардида, му- 
хотаб фурӯгузор ва оҳанги савол хеле тира шудааст. 



103 



107. Нутқи айнан нақлшударо ба мазмунан нақлшуда ва мазмунан 
нақлшударо ба айнан нақлшуда баргардонед. 

1. - Маро кушед ё зиндаву зор ба мазорам гӯронед! - гӯён 
Ҷаҳоноро фарёд кард (С.А.). 

2. Муддаие гуфт ба Лайлӣ ба таън: 

- Эй ки чаро нозуку мавзун наӣ? 

Лайлӣ бихандиду ҷавобаш бидод: 

- Бо ту чӣ гӯям, ки ту Маҷнун наӣ (Султон Иброҳими Ха- 
лис). 

3. Раҳмоналиро ба ҷону ҳолаш намонда ба беморхона 
оварданд. Ҳамшираи шафқат ӯро ба палата оварда гуфт, ки 
осуда хобад, пас аз соате духтури навбатдор омада, муоина 
мекунад (И.Н.). 

108. Матнро хонда, ҳадди ҷумлаҳоро муқаррар кунед. Аломатҳои кито- 
батро гузошта, ҷумлаҳоро нависед ва хусусияти асосии сохтори 
наҳвии ҷумлаҳоро шарҳдиҳед. Инчунин муайян кунед, ки байни 
ҷумлаҳо чӣ гуна алоқаи маъноӣ вуҷуд дорад ва он бо ёрии кадом 
унсурҳои луғавӣ ё грамматикӣ ифода ёфтааст. 

Моҳи феврали соли 1921 буд дашти ҳамвори бедолу дарах- 
ти канораҳои дарёи Аму манзараи як биёбони мурдаро ни- 
шон медод фақат боди афгонӣ ки аз тарафи ҷануб гуррос зада 
мевазид ин биёбони беҷонро ба ҳаракати ҷонканона оварда 
буд тӯфони чангу хоке ки бо вазидани бод аз дашт бармехост 
рӯйи офтобро мисли абри сиёҳ фурӯ мегирифт дар он биёбони 
васеъ дар рӯз чунон ки дар шаби торик бошад касе чизеро ди- 
да наметавонист (С.А.). 

9 

• 1) Дар ибораҳои биёбони беҷон, туфони чангу хок калимаҳо ба 

кадом маъно кор фармуда шудаанд? 

2) Калимаҳои наздикталаффузи (паронимҳои) фаро гирифтан ва 
фурӯ гирифтан чӣ тафовути маъноӣ доранд? 



104 



109. Панду андарзҳо дар кадом қолаби наҳвӣ ифода ёфтаанд: ҷумлаҳои 
содда яктаркибаанд ё дутаркиба, ҷумлаҳои мураккаб пайвастанд ё 
тобеъ? Дар дохили ҷумлаҳои содда аъзоҳо ва дар таркиби 
ҷумлаҳои мураккаб ҷузъҳо бо ҳамдигар чӣ тарз алоқаманд шуда- 
анд? 

1. Душманро ҳақир набояд шумурд; 2. Сармояи бузург 
ақлу адаб аст, на аслу насаб; 3. Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба 
одам мерасад; 4. Зи гаҳвора то ба гӯр дониш биҷӯй; 5. Дил ки 
пок аст, забон бебок аст; 6. Чил дарвеш дар гилеме бихуспанд, 
ду подшоҳ дар иқлиме нағунҷанд; 7. Кунад ҳамҷинс бо 
ҳамҷинс парвоз, Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз; 8. Буз агар 
хирман кӯбад, ҳоҷати барзагов нест. 

Пр 

к* 1) Ҷумлаи «Ақлу адаб сармояи бузург аст, на аслу насаб» аз 
ҷумлаи боло аз ҷиҳати сохтори наҳвӣ ва мазмун чӣ тафовут до- 
рад? 

2) Дар кадом ҷумлаҳо калимаҳои муқобилмаъно ё санъати тазод 
чун воситаи муассири ифодаи фикр истифода шудаанд? 

Ҷумлаҳои мураккаб 



гу^ 

• Ҷумлаҳои содда ва мураккаб ду воҳиди муҳимтарини 
иртиботии (коммуникативии) забонанд, ки ҳам ҷиҳатҳои 
умумӣ ва ҳам хусусиятҳое доранд, ки онҳоро аз ҳамдигар 
фарқ мекунонанд. Ҷиҳати муҳимтарини умумӣ ин аст, ки дар 
ҷумлаҳои мураккаб низ ҷузъҳо бо ҳамдигар алоқаманд шуда 
омада, ягонагии маъно, муносибати наҳвӣ ва оҳангӣ пайдо 
мекунанд. Тарзи алоқаи грамматикии ҷузъҳо ҳам мисли 
ҷумлаҳои содда ду навъ - пайвасту тобеъ аст. 

Воситаҳои граматикии алоқаи пайваст дар ҳар ду воҳид 
муштараканд, аммо алоқаи тобеъ ва воситаи грамматикии 
ифодаи он дар ҷумлаҳои содда ва мураккаби тобеъ ба куллӣ 
фарқ мекунанд. Агар дар ҷумлаҳои содда алоқаи тобеии 
аъзоҳои ҷумла (изофӣ, вобастагӣ, ҳамроҳӣ ва мувофиқат) ба 
воситаи бандаки изофӣ, пешоянду пасоянд, тартиби калима, 



105 



бандакҳои феълию хабарӣ ифода ёбад, дар ҷумлаҳои мурак- 
каби тобеъ ҷумлаи пайрав бо сарҷумла бо ёрии пайвандакҳои 
тобеъкунанда, калимаҳои ҳамнисбат, мутобиқати шаклҳои 
феълии хабари ҷумлаи пайрав бо хабари сарҷумла, интонат- 
сияи тобеъ ва тартиби ҷой гирифтани ҷузъҳои ҷумлаи мурак- 
каби тобеъ ифода меёбад. 

Дар ифодаи муносибатҳои маъноӣ байни аъзоҳои ҷумлаи 
содда ва хелҳои ҷумлаҳои пайрав, инчунин дар воҳидҳои гу- 
ногуни наҳвӣ муносибати муштараки маъноиро ифода карда- 
ни пешоянду пайвандакҳои таркибӣ (вақти, дар вақти - вақте 
ки, аз сабаби - аз сабаби он ки, бо мақсади - бо мақсади он 
ки, ба шарти - ба шарти он ки ва ғайра) аз қаробати маъно- 
ии қолабҳои гуногуни наҳвӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамин гуна 
муносибатҳои муштарак дар қолабҳои гуногуни наҳвӣ 
(ҷумлаҳои содда ва мураккаби тобеъ) ифода ёфта, барои му- 
родифоти наҳвӣ замина фароҳам меоваранд. 



110. Матнҳоро хонда, ҷумлаҳоро аз ҷиҳати сохт муайян кунед. Шарҳ 

диҳед, ки ҷумлаҳои мураккаб аз ҷумлаҳои содда чӣ фарқ доранд. 

1. Чандин ҷойи девори богчаамон ғалтида, токҳо хароб 
гашта, як қисми дарахтони мевадор бурида шуда буданд; 2. 
Зардию сурхии фасли тирамоҳ саросари боғу бӯстонро 
пӯшонда, ба онҳо боз ҳусни дигаре бахшидааст (С.У.); 3. 
Ҳанӯз шамол ором нагирифта, борони барфолуд ба боридан 
даромад, аз либоси тунук ва ҷиғда-ҷиғдаи бачаяк қатраҳои 
борон гузашта, ба бадани ӯ нӯги бигизи (дарафши) дар оташ 
тафсондагӣ барин мехалид (С.А.); 4. Ҳаво тамоман равшан 
гашта, чароғи даруни вагон хомӯш шуда буд (Ҷ.И.). 



111. Зарбулмасалҳоро пурра карда ба дафтар нависед. Муайян кунед, 
ки фикр дар қолаби ҷумлаи мураккаби пайваст ифода ёфтааст ё то- 
беъ, дар байни ҷузъҳо чӣ гуна муносибати маъноӣ вуҷуд дорад. 
Ҳангоми навиштани матн ба аломатҳои китобат риоя кунед. 



106 



Дили модар ба фарзанд,...; Арзон бе иллат не,...; Маҷлис 
бисёр шуд,...; Духтарам ба ту мегӯям,...; Ёр дар хонаву...; 
Киҳо кашад ҷавру ҷафо,...; Аз ту ҳаракат,...; Бар падарат 
раҳмат, . . . ; Буз дар ғами ҷон, . . . ; Девор муш дорад , . . . 



112. Пайвандакҳои хилофӣ дар матни зерин кадом вазифаро адо кар- 
даанд: калимаро бо калима алоқаманд намуда ҷумлаи содда сохта- 
анд, ё ҷумлаҳои соддаро бо ҳам вайваста ҷумлаи мураккаб, ё чанд 
ҷумлаи соддаву мураккаби мустақилро васл намуда матн сохтаанд? 

Дар рӯзи чилуми(З) бемориаш падарам арақ карда, тамо- 
ман ҳушёр шуда, шир талаб кард. Додам. Хӯрд ва дар рӯзи 
сеюм(З) асозанон(З) ба пойи худ берун(З) баромад. Мо ҳама 
шодмон шудем. Аммо дар рӯзи даҳуми(З) аз беморй сар бар- 
доштанаш дубора ғалтид. . . 

- Гиря накун! Мард бош! Писари падарат шав(4), ки одами 
сахтибардор(2) аст! Аҳволаш хеле сахт аст, аммо барои дар 
ташвиш наандохтани шумоён худро ором нигоҳ медорад... 

Амакам ин дафъа бо қошуқ ба даҳони бемор об рехт. Ӯ 
«Бас» гуфт ва ба ман ишора карда ба гап даромад: 

- Хон! Дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон, одам шав! 
Лекин қозӣ, раис ва имом нашав(4)! Агар мударрис шавӣ, 
майлат(4)! - чашмонашро пӯшид. Баъд аз ягон дақиқа на ин ки 
бо хаш-хаш, балки бо хар-хар нафас кашидан гирифт. Дар ин 
миён якбора(З) дар ҷояш қад рост кард. Чашмонаш калон 
кушода шуданд, аммо бенур буданд (С.А.). 

Л 1) Сифати сахт бо кадом маъно омадааст? 

2) «аз беморӣ сар бардоштан» ва «дар ташвиш наандохтани шумо- 
ён» кадом навъи ибораанд? 

3) Кадом тарзи ифода дуруст аст: «Дар чӣ гуна душворӣ бошад 
ҳам,. . .» ё «Дар чӣ гуна душворӣ набошад ҳам,. . .»? 



107 



Муродифоти наҳви 



113. Матнро бодиққат хонда, сухани ҳакимонро ба дафтар нависед, му- 
айян кунед, ки ҷумлаҳо аз лиҳози сохтори наҳвӣ ва мазмун чӣ уму- 
мият ва чӣ тафовут доранд. 

Дар маҷлиси подшоҳи Сосониён Анушервони одил, ки дар 
адлу инсоф дар тамоми олам ном бароварда буд, донишман- 
дони зиёде менишастанд(4). Ҳар кас мувофиқи донишу завқи 
худ ҳикмате ё масале ибратомӯз мегуфт. Яке аз он ҳакимон 
гуфт: 

- Бад макуну бад маяндеш, то бадат наёядат пеш(4). 

Дигаре гуфт: 

- Некӣ куну нек бияндеш, то нек оядат пеш. 

Одати подшоҳ ин буд, ки ба ҳар як хирадманд мувофиқи 
донишу қадри сухани ӯ чизе мебахшид(4). Фармон дод, ки ба 
шахси аввал ҳазор динор ва ба дигаре ду ҳазор динор 
диҳанд(4). 

Хосону наздикони подшоҳ аз ин рафтори ӯ ҳайрон шуданд 
ва яке аз онҳо гуфт: 

- Сухани ҳар ду як маънӣ дошт, вале нафаҳмидем, ки чаро 
инъом ба андозаи гуногун дода шуд(4). 

- Донишманди аввал, - гуфт Анушервон, - суханро аз 
бадӣ, вале дуюмӣ аз некӣ огоз кард. 

г 9” 

1) Вожаҳои дониилманд, ҳаким ва хирадманд чӣ гуна муносиба- 
ти маъноӣ доранд ва дар матн бо кадом мақсад истифода шуда- 
анд? 

2) Калимаҳои некӣ ва бадӣ чӣ гуна воҳиди луғавианд ва дар 
ҳикматҳои мардумӣ бо кадом мақсад ба кор бурда мешаванд? 

3) Чаро феълҳои биандеш, наандеш ва наояд варианти бияндеш, ма- 
яндеш, наёяд пайдо кардааст? 

4) Дар матн мавқеи сухани муаллиф ва гуфтаҳои каси дигар чӣ гуна 
аст ва онҳо бо кадом аломатҳои китобат аз ҳамдигар ҷудо карда 
шудаанд? 



108 



Гу^: 

• Чунон ки дар фасли муродифоти луғавӣ ишора кардем, 
як матлабро дар забон чанд тариқа ифода кардан мумкин аст. 
Қолабҳои ифода аз ҷиҳати сохтори наҳвӣ фарқ дошта, вале ба 
як муносибати маъной далолат мекунанд. Чунин ифодаҳоро 
муродифҳои наҳвӣ меноманд: Ман ба шаҳри Душанбе барои 
хондан омадаам // ...хонданӣ омадаам // ...мехонам гуфта 
омадаам // ...омадаам, то ки хонам // ...барои он омадаам, ки 
хонам. Ин тарзҳои баёни фикр аз хусусияти созгории сохтори 
наҳвии забони тоҷикӣ ва доираи васеи имконоти ифодаи 
фикр гувоҳӣ медиҳанд. Ҳар кадоме аз он тарзҳои ифодаи 
фикр дар забони гуфторӣ ва навишторӣ мавқеи муайяни ис- 
тифода доранд. 

Восифӣ чунин нанавиштааст: 

Моро дида саросема шуда пурсиданд: 

- Шумо чӣ касонед? 

- Мо мусофиронем, - гуфтем мо ва аз онҳо пурсидем: 

- Шумо чӣ касонед? 

Балки: 

Моро дида саросема шуда пурсиданд: 

- Шумо чӣ касонед? 

- Мо мусофиронем, - гуфтем мо ва кӣ буданашонро аз 
онҳо пурсидем. 

Сабаб ин аст, ки дар тарзи якуми ифода як қолаби баёни 
фикр (нутқи айнан нақлшуда «Шумо чӣ касонед?») ду бор 
такрор шудааст. Нависанда бо мақсади гурез аз чунин такрор 
пурсишро аввал дар қолаби нутқи айнан нақлшуда, бори ди- 
гар бо ёрии сухани мазмунан нақлшуда ифода кардааст. 

Маълум мешавад, ки устодони каломи бадеъ аз такрори 
қолабҳои якхелаи наҳвӣ ҳам ҳазар кардаанд. Чунин навъи 
такрор дар услубҳои дигари нутқ (коргузории расмӣ, илмӣ ва 
баъзе жанрҳои рӯзноманигорӣ) роиҷ бошад ҳам, дар услуби 
бадеӣ раво нест. 

Муродифоти ҷумлаҳои содда ва мураккаби тобеи забони 
адабии тоҷик дар ифодаи муносибатҳои маъноии аломат, 



109 



мафъули (объекти) амал, замон, сабаб, мақсад, шарт ва ғайра 
ба гӯянда ё нависанда имконияти васеъ фароҳам меоварад, ки 
матлаби худро дар қолабҳои гуногуни наҳвӣ рангин ва дилпа- 
зир ифода намояд. 

114. Матни зеринро ба мисли матни боло таҳлил кунед: 

- Бача, ту аз куҷоӣ? - муроҷиат кард профессор (Андреев) 
ба як нафари мо. Талаба ҷавоб дод, ки аз Бухорост (С.У.). 



115. Ҷумлаҳоро бодиққат хонед ва муайян кунед, ки нависанда чӣ гуна 
муносибатҳои муштараки маъноиро дар қолабҳои гуногуни наҳвӣ 
ифода кардааст? 

1. Ҳезумҳоеро, ки аввали пагоҳ чида монда буд, ду баст кар- 
да ба хар бор карда ва ба ҷойи сарборӣ(2) бар сари ҳезум 
гӯсфанди маибшударо(З) гузошта, ба чилбуре маҳкам баст. - 
Бегоҳӣ ҳезумҳои он рӯз аз дара ва кӯҳ шикаста 
гундоштагиашро ба хар бор карда, рамаро пеш андохта, ба 
хонаи хӯҷаин(1) меоварад (С.А.); 2. Ба когази дигар одамони 
аз қишлоқ омада, ҳоло кор наёфта дар кӯчаҳои Тошканд сар- 
сон шуда гашпгагиро навис. - Баъд аз он дар когази(1) алоҳида 
номи ошноҳои падарам - мардикорони аз деҳа омадае, ки 
ҳанӯз ҳам кор наёфта сарсон гашта будстд, навишта шуд 
(С.У.); 3. ...аз ҳалвои қоқтии дар дастам будагӣ газида гириф- 
та, қатар-қатар(З) мехоидам - Ҳамон ҳалвое, ки дар даст 
дорӣ, равган ҳам дорад (С.А.). 

1) Калимаҳои сар ва сарборӣ ба кадом маъно омадаанд? 

2) Шаклҳои фоил ва мафъули феъли навиштан чӣ гуна аст ва онҳо 
дар кадом матн кор фармуда шудаанд? 



110 



• Шоир мазмуни ҷумлаи «Осоиши ду гетӣ бо дӯстон му- 
рувват ва бо душманон мадоро кардан аст»-ро ин тарз баён 
кардааст: 

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст: 

Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро (Ҳофиз). 

С.Айнӣ чунин гуфтааст: 

Фарзанди одам дар ду рӯз дӯстон ва дилбастагони худро 
зиёдтар ёд мекунад: яке, дар рӯзи бадӣ ва ғамгинӣ, дуюм, ба 
рӯзи хушӣ ва шодмонӣ. 

Аммо ин тарзи ифодаро написандидааст: 

Фарзанди одам, яке, дар рӯзи бадӣ ва ғамгинӣ, дуюм, ба 
рӯзи хушӣ ва шодмонӣ дӯстон ва дилбасатгони худро зиёдтар 
ёд мекунад. 

Дар ин ҷо чӣ асрори ҳусни баён ниҳон аст? Аввалан, донис- 
тани ин, ки дар забон роҳҳои гуногуни ифодаи як фикр вуҷуд 
доранд ва аз он бояд бо камоли нуктасанҷӣ истифода кард. 
Дуюм, бо рақамҳо ё ҷонишинҳо қабл аз баёни асли мақсад 
ишора кардан барои он аст, ки диққати хонанда ё шунаванда 
ба нукгаи асосии матлаб ҷалб ва он нукта ба тариқи таъкид 
ифода гардад. 

116. Дар матнҳои зерин аз кадом имконоти услубии муассир баён кар- 
дани матлаб истифода шудааст? Матнро бо тарзи мӯътадили ифо- 
даи фикр (бидуни таъкид) муқоиса карда, тафовути онҳоро шарҳ 
диҳед. 

1. Дар пеши Одина ду мушкил омада буд: яке, ба ватан 
монда, ба дасти Арбобкамол галаф шудан, дуюм, аз ин ҷо гу- 
рехта рафтан; 2. Оре, аз ин мушкилтар рӯзе нест, ки ошиқи 
шайдое ба дарди ҷонсӯзи ҳиҷрон гирифтор ояд; 3. Ин бозӣ 
ҳам ба Шодӣ, ҳам ба Соро ва ҳам ба худи бузғола бисёр хуш 
омад (С.А.); 

4. Ду чиз аз дил андӯҳ берун барад: 

Рухи дӯсту овози марди хирад; 

5. Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон, 

Магар дӯстӣ, к-он бувад ҷовидон (Абушакури Балхӣ); 



111 



117. Дар яке аз мавзӯъҳои «Ҷӯраи ҷони ман», «Ёди айёми кӯдакй», 
«Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст...» дар ҳаҷми ду саҳифаи даф- 
тар иншо нависед. Дар он аз имконоти услубии муассири луғавию 
грамматикии забон истифода баред. Чизи иншо кардаатонро дар 
танҳоӣ бо овоз хонед, нуқсонҳояшро ислоҳ кунед. Мазмуни онро 
дар ҳузури ҳамсабақон баён кунед. 



118. Зарбулмасалҳоро пурра карда ба дафтар нависед ва муқаррар ку- 
нед, ки кадом хели ҷумлаи пайрав ба сарҷумла тобеъ шудааст. 
Ҷумлаҳои пайрав бо кадом пайвандак ба сарҷумла тобеъ шудаанд 
ва дар кадом ҷумлаҳои мураккаби тобеъ чӣ гуна пайвандак ихтисор 
шудааст? Нақшаи ҷумлаҳои мураккаби тобеъро кашед. 

Бародари ман бошй,...; Аз худ нарав,...; Илм хоҳӣ,...; 
Кӯш,...; Хоҳӣ нашавӣ расво,...; Ваъда додӣ,...; Дӯст он бо- 
шад,...; Дарс агар мушкил бувад,...; Дар ҳама кор машварат 
бояд,...; Кори сайёд барор гирад,...; Дил ки ранҷид аз касе,...; 
Г ар сабр кунӣ, . . . ; Мангар, . . . ; Ба касе гӯр маков, . . . 

119. Ба ҷойи сенуқта яке аз пайвандакҳои дар қавсайн омадаро гузош- 
та, ҷумлаҳои мураккабро ба дафтар нависед ва шарҳ диҳед, ки чаро 
маҳз ҳамон пайвандакро интихоб намудед. 

1 . Занҳо (гар, агар, агар ки, ба шарте ки) озодӣ хоҳанд, 
бояд аз ҳар ҷиҳат баробари мардҳо шаванд, (набошад, ва- 
гарна, агар не) озодӣ ба ном мешавад; 2. Дар бисотат ҳаст 
(-у, ки) одамгарӣ мекунӣ, (вагарна, набошад, агар не) 
ноилоҷ хап мешинӣ; 3. (Агар, агарчи) хона сарду чарогҳо 
хомӯш бошад, ман он хонаро гарму фурӯзон меҳисобам; 4. 
Падару модарандараш дар ин қарибӣ ба яктои он хостго- 
рон, (оне ки, кадоме ки, ки) баобрӯтар бошад, ба занӣ 
медиҳанд; 5. (Ҳамин ки, вақте ки) сиёҳӣ тамом шуд, ман 
маҷбур шудам, навиштани худро бас кунам. 

120. Дар ҷумлаҳои зерин ибораи масдарию сифати феълиро ба 
ҷумлаи пайрав баргардонида, фикрро дар ҷумлаи мураккаби тобеъ 
ифода кунед. Ду тарзи ифодаро бо ҳам муқоиса намуда муайян ку- 
нед, ки кадом тарзи баёни фикр беҳтар аст. 



112 



1 . Оқибат коргаронро(2) кор ба ҷон ва корд ба устухон ра- 
сид, миёни худ машварат карда аз хӯҷаин зиёд кардани музди 
хизмати аслиро, барои кори барзиёд музди ҷудогона муайян 
карданро, ҳеҷ набошад, ин кори барзиёдро аз гарданашон 
бардоштанро талаб карданӣ шуданд; 2. Бурда ба Бухоро мон- 
дан ва ҷойи истиқомат ёфта доданро падарам ба гардан ги- 
рифт; 3. Хонаи дигарро анбор сохта, дар он озуқаи зимисто- 
нӣ(2) - ғаллаи аз даравгарии(2) падарам ва хӯшачинии(2) ман 
ба даст омада ва сабзию пиёзу картошкаи аз полизи худамон 
рӯйидаро ҷой кардем; 4. Ӯ бо вуҷуди ғалтиданаш аз ҷавони 
хурдтар аз худ аз ӯ наранҷида буд; 5. ...Ноиб ба маҳрами худ 
барои меҳмон дарҳол «аз нӯги хамир - фатир» гӯён дастур- 
хон, нон ва як табақ гӯшти яхнӣ оварданро ва аз паси вай би- 
рён карда овардани ду мурғи фарбеҳро фармуда, аз дӯсташ 
сабаби бар хилофи одати худ ба саҳро баромаданашро пурсид 
(С.А.). 

• 1) Ифодаҳои кор ба цон ва корд ба устухон расид, аз гардан 

бардоштан, ба гардан гирифтан, ба даст омада, аз нӯги хамир - 
фатир чӣ гуна воҳидҳои забонанд ва дар онҳо кадом воситаҳои 
муассири луғавӣ истифода шудаанд? 

2) «хурдтар аз худ» ва «аз полизи худамон рӯйида» кадом навъи 
ибора аст? 

3) Чаро нависанда «бо вуҷуди аз ҷавони хурдтар аз худ 
ғалтиданаш» нагуфта, балки «бо вуҷуди ғалтиданаш аз ҷавони 
хурдтар аз худ»-ро писандидааст? 

121. Аз саволу ҷавоби Анушервону Бузургмеҳр ҷумлаҳои мураккаби 
тобеъ созед, ки дар онҳо ҷумлаи пайрави мубтадо бо пайвандаки 
тобеъкунандаи он ки, ҳар он ки, ҳар кас ки, ҳар он кас ки ба 
сарҷумла тобеъ шуда бошад. 

Намуна: 

- Ориф киро гӯянд? 

- Он ки худро аз дигарон камтар ва бадтар донад. 



113 



Он ки худро аз дигарон камтар ва бадтар донад, ориф аст; 
Он ориф аст, ки худро аз дигарон камтар ва бадтар донад. 

1 . - Дӯст кадом аст? 

- Он ки пеши мардум айбҳои туро пӯшад ва ҳунари туро 
зоҳир кунад; 

2. - Дӯсти содиқ кист? 

- Он ки дар некӣ туро ёрӣ кунад ва аз бадӣ туро боздорад; 

3. - Аз мардум кадом оқилтар(З) аст? 

- Он ки бисёр донад ва кам гӯяд; 

4. - Ба ҷаҳон кадом некбахттар(2) аст? 

- Он ки худро ба саховат ва ростӣ биёрояд; 

5. - Нишони дӯсти нек чист? 

- Он ки хатои ту бинад, насиҳат аз ту дареғ надорад; 

6. - Аз мардум кадом масъудтар аст? 

- Он ки аз мухолифати дунё дилтанг(2) нашавад. 

Гл1 

к * 1) Чаро пурсиш як гуна (Ориф кист? Дӯст кист? Дӯсти содиқ 

кист?...) ифода наёфтааст? 

2) Дар матни боло вожаҳои айб ва ҳунар чӣ гуна воҳиди луғавианд? 

3) «худро ба саховат ва ростӣ оростан» чӣ маънӣ дорад? 

4) Дар матни «дар некӣ туро ёрӣ кунад, аз бадӣ туро боздорад» па- 
соянди -ро чӣ гуна мафъули (объекти) амалро ифода кардааст? 



122. Дар кадом ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ҷойи ҷумлаи пайрав тағйир 

ёфтааст? Он мақсаднок ва дуруст аст ё нодуруст? 

1. Шаъну шӯҳрат ба ҳар кас насиб мегардад, ба шарте ки 
боинсофу(2) ҳалолкор(2) бошад; 2. Аз дорухонаи(2) колхоз як 
сатил «битефос» меорам, онро ба об ҳамроҳ карда мепо- 
шам(4). Ана он вақт аз бӯяш ба лашкари нонхӯракҳо(2) қирон 
меояд, агар танашон ба дору одат накарда бошад; 3. Баъзеҳо 
барои шӯҳрату обрӯйи зиёд устоди воқеиро фаромӯш намуда, 
шахси пуровозаро(2) устод мешуморанд(4). Бо он ғараз ки ба 
лутфи устоди пуровоза ноил бишаванду «боло» бираванд 
(Рӯзнома). 



114 



г^р 

1) Феъли қирон омадан чӣ гуна обуранги услбӣ дорад? 

2) «шаъну шӯҳрат» ва «шӯҳрату обрӯ» чӣ гуна воҳидҳои забонанд 
ва кадоме аз онҳо таркибан устувор ё рехта аст? 

3) Чаро калимаҳои «битефос» ва «боло» ба нохунак гирифта шуда- 
анд? 

123. Ҷумлаҳои мураккаби зеринро бодиққат хонед ва муайян кунед, ки 
дар сохтори онҳо чӣ нуқсонҳо содир шудаанд ва онҳоро чӣ тарз 
бартараф кардан мумкин аст. Ҷумлаҳоро ислоҳ карда ба дафтар на- 
висед. 

1. Ҳине бо ӯ сӯҳбат доштам, ба хотирам наомад, ки аз ӯ 
пурсам; 2. Шавҳарам ки марди хеле бадавлат буд, хонаро ба 
ману кӯдаконаш додан намехост; 3. Ба туфайли он ки об дар 
табиат васеъ паҳн шудааст ва дар ҳаёти инсон аҳамияти калон 
дорад, бинобар ин аз қадимулайём онро чун манбаи ҳаёт ме- 
донанд; 4. Агар дар организми одам микроб ба мушоҳида ра- 
сад, пас ӯ мариз ва агар не, солим аст; 5. Волидайн ҳайрон 
шуданд. Зеро онҳо ҳам ҳаргиз дар ин бора фикр накарда бу- 
данд; 6. Замира аз Тӯймурод хоҳиш намуд, ки ба хонаашон 
хостгор фиристад. То ин ки бо ризогии ду тараф кор ба хубӣ 
анҷом ёбад; 7. Сарашро шуста, нав бо сачоқ печонида буд, аз 
паси дар ғалоғула ба гӯш расид; 8. Чун ним аз шаб гузашта 
буд ки, оғози хоб кардем; 

9. Гарчи ман равшаноӣ мехоҳам, 

Офтоби дилам дурахшон аст (Рӯзнома). 

Аломати китобат дар ҷумлаҳои мураккаб 

• Дар гузоштани аломатҳои китобат дар ҷумлаҳои мурак- 
каб чанд мушкил пеш меояд. Яке аз онҳо гузоштани аломати 
вергул дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ аст. Азбаски 
пайвандакҳои тобеъкунанда сершумору мухталифвазифаанд, 
сохту таркиби гуногун доранд, бар замми ин, пайвандаки ки 



115 



дар аввал, дохил ва охири ҷумлаи пайрав омада метавонад, 
хонандагон дар гузоштани он хато мекунанд: 

• Дар пайвандакҳои таркибӣ байни ҷузъи номию пайванда- 
ки ки вергул мегузоранд. Калимаҳои вақт, сабаб, мақсад, 
шарт ва гайра метавонанд ҳамчун калимаи мустақил дар ва- 
зифаи ягон аъзои ҷумла омада, бо ҷумлаи пайрави муайянку- 
нанда эзоҳ ёбанд, дар ин сурат пас аз онҳо (пеш аз пайвандаки 
ки) аломати вергул гузошта мешавад: Вақте, ки барои тайёрӣ 
ба имтиҳон ҷудо шудааст, кофӣ нест. Дар ин ҷо «Вақт кофӣ 
нест» сарҷумла, «барои тайёрӣ ба имтиҳон ҷудо шудааст» 
ҷумлаи пайрави муайянкунанда буда, бо пайвандаки ки ба 
сарҷумла тобеъ шудааст. Вақте ки мо ба манзил баргашта 
омадем, аз нимаи шаб се соат гузашта буд (С.А.). Дар ин ҷо 
«аз нимаи шаб се соат гузашта буд» сарҷумла, «мо ба манзил 
баргашта омадем» ҷумлаи пайрави ҳоли замон буда, бо пай- 
вандаки таркибии вақте ки ба сарҷумла тобеъ шудааст. Дар 
ин маврид пеш аз пайвандаки ки аломати вергул гузоштан 
ғалати маҳз аст. 

• Пайвандаки ки дар аввали ҷумлаи пайрав омада, онро 
ба сарҷумла тобеъ карда бошад, пеш аз он вергул гузошта 
мешавад: Бисёр талаб макун, ки ба кам зор шавӣ\ Чаро оқил 
кунад коре, ки бозорад пушаймонӣ ?; Ҳеҷ кас намегӯяд, ки 
дӯеи ман турш аст ; Шӯхӣ ба шарте писандида аст, ки дига- 
ронро бихандонаду касеро наращонад. 

• Пайвандаки ки дар мобайни ҷумлаи пайрав омада бо- 
шад, пеш аз он вергул гузошта намешавад: Шаб ки ба хона 
баргаштанд , ман аз бародарам мепурсидам; Лзизхон мак- 
табашро тамом ки кард , ба ту хостгор мефиристам; Ҳамсоя 
ки нест, кас дар ин хел маврид азоб мекашад (С.У.); Борон 
ки борид, мо дишаб дар ҳамон қишлоқ мондем (Ҷ.И.); Аз 
Сурхави Лугар ки бошӣ , оё Абдулғанихони фирқамишро 
мешиносӣ? (Рӯзнома). 

• Пайвандак ки дар охири ҷумлаи пайрав омада бошад, 
на пеш аз он, балки пас аз он вергул гузошта мешавад: 



116 



Қаҳтӣ сар ьиуда буд ки, ба Тошканд кӯчида омадем (С.У.); 
Мо ҳанӯз чойнӯширо тамом накарда будем ки, маддоҳи 
дирӯза омад; Магар аз гуфтаҳои ман бадгумон шудӣ ки, 
дар андеша афтодӣ? (С.А.); ...дар вақти поин омаданам 
Шоҳқосим аз миёнам дошт ки, поям ба замин бархӯрда лат 
наёфт (Восифӣ); Ҳазор қасам хӯрам ки, бовар намекунад; 
...ба занҷир баста монед ки, мегурезад (Ф.М.). 

• Пайвандаки ки дар мобайн ва охири ҷумлаи пайрави 
сабаб ояд, бо пайвандакҳои азбаски, чун, аз сабаби он ки, 
дар аввали ҷумлаи пайрави сабаб ояд, бо пайвандаки чун- 
ки, зеро, зеро ки ҳамвазифа мешавад: Азбаски борон борид, 
мо дишаб дар ҳамон қишлоқ мондем; Дӯстӣ бо дӯстон ва 
ёрони мувофиқ кун, ки (чунки, зеро) дӯстӣ бо ёрони пиёла ва 
навола бақое надорад (Абдуллоҳи Ансорӣ). 

124. Ҷумлаҳоро бодиққат хонед ва муайян кунед, ки ҷумлаи пайрав 
сарҷумларо аз кадом ҷиҳат эзоҳ медиҳад ва пайвандаки ии пеш, пас 
ё дар мобайни ҷумлаи пайрав омада, бо кадом пайвандакҳо мушта- 
раквазифа шудааст. Аломати вергулро дар ҷойи лозима гузошта, 
ҷумлаҳоро нависед. Нақшаи ҷумлаҳоро кашед. 

1. Ба дӯстии подшоҳон эътимод натавон карду бар овози 
хуши кӯдакон ки он ба хаёле мубаддал шавад ин ба хобе 
мутағаййир гардад (Саъдӣ); 2. Вай магар сахт гурусна монда 
буд ё кинаи ба падар доштааш ҳанӯз аз дилаш нарафта буд ки 
гап задан намехост; 3. Аз ҷони ҷавонам ҷудо шавам ки хабар 
надорам (С.У.); 4. Мард ки фарбеҳ шуд беғайрату муросокор 
мешавад (Ф.М.); 5. Магар дилаш танг шуд ки ба газалхонӣ 
даромад (Ҷ.И.); 6. Чашмамро кушоям ки хона пури дуд шуда- 
аст; 7. Ман ҳар як сухани навро дар дилам чанд бор такрор 
мекардам ки ёд шавад (С.У); 8. Ба ин духтар офарин гуфтан 
даркор аст ки аз ӯҳдаи ҳамин қадар кор баромад (Ҳ.К.); 9. 
...мӯҳтоҷӣ ва нобудагист ки рангамро зард карда маро ба да- 
ри ӯ мебарад; 10. Ман ғарқи тамошои ҷанҷоли бозори ғӯза 
будам ки касе аз паси сарам оҳистаякак дошт (С.А.); 1 1 . Муш- 



117 



те ки баъд аз ҷанг ба ёд омад ба сари худ бояд зад; 12. Бахт ки 
хандад намепурсад бачаи кистӣ (Рӯзнома). 

13. Накунад ҷаврпеша султонӣ 
Ки наояд зи гург чӯпонӣ; 

Ту к-аз меҳнати дигарон бегамй 
Нашояд ки номат ниҳанд одамӣ (Саъдӣ). 



ЗАБОНИ АДАБИИ ТОҶИК 

Маънои истилоҳи забони тоҷикӣ аз забони адабии тоҷик ва- 
сеътар аст. Вақте ки забони мардуми тоҷик забони тоҷикӣ 
мегӯем, ҳам забони адабиро, ҳам тамоми лаҳҷаҳои тоҷикиро, 
ҳам забони гурӯҳҳои этникиро (забони яҳудиён, арабҳо ва 
ҷӯгиёни Осиёи Миёнаро) дар назар дорем (нигоҳ кунед ба 
«Сохтори забони тоҷикӣ...»). Пас забони адабии тоҷик чунин 
ҳиссаи муҳимтарини он забон аст, ки аз қаъри асрҳо дар осо- 
ри илмию адабӣ сабт гардида, дар ривоятҳои мардумӣ аз 
даҳон ба даҳон гузашта, таҳриру такмил ёфта, суфтаву равон 
гардида то ба замони мо омада расидааст. 

Забонҳои муосири форсии Эрон, дарӣ ё тоҷикии Афғо- 
нистон ва тоҷикии Тоҷикистон бунёди ягона - захираи луғавӣ 
ва сохтори грамматикии (дастурии) умумӣ доранд, вале бо 
сабаби якмаром набудани муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ, 
иқтисодию фарҳангии ин мардумони се сарзамин замоне бо 
ҳам наздик, замоне аз ҳам дур афтода, ҳаддҳои бумӣ ба миён 
омада, чунон ки байни гӯйишҳои як забон рух медиҳад, дар 
лаҳни гуфтор ё таркиби овоӣ, захираи луғавӣ, баъзе унсурҳои 
шаклӣ (грамматикӣ) тафовути каму беш ба миён омада, он 
дигаргунӣ пас аз садаҳои шонздаҳу ҳабдаҳум аёнтар гардида- 
аст. Як сабаби аз ҳамдигар дур шудани ин се танаи як дарахти 
азими забони қадимаи порсӣ, ё дарӣ, ё тоҷикӣ таъсири 
забонҳои бегона дар марҳалаҳои гуногуни инкишофи таъри- 
хии онҳо будааст. 



118 



Гузаштагони мо, ки дар аввали ҳазораи дуюм ва охирҳои 
ҳазораи якуми то солшумории мелод дар сарзами беканори 
Порс, аз Шимоли нимҷазираи Ҳинд то Қафқозу соҳилҳои 
Баҳри Сиёҳ сукунат доштанд, худро ориёӣ ва забонашонро 
порсӣ номидаанд. Забони тоҷикӣ ба гурӯҳи эронии оилаи 
забонҳои ҳинду аврупоӣ мутааллиқ буда, яке аз забонҳои 
қадима ба шумор меравад. Ба намунаи осори хаттии забони 
форсии дарӣ (тоҷикӣ), ки то замони мо омада расидааст (ни- 
гаред ба манзари муқова), беш аз дуним ҳазор сол пур меша- 
вад. Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои қадимаи соҳибхат аст. 
Дар ин роҳи тӯлонии тайкарда вай чанд маротиба хати худро 
иваз намудааст. Яке аз намунаҳои осори аз ҳама қадимаи ха- 
ти мехӣ (забони катибаҳои давраи подшоҳони ҳахоманишӣ, 
забони «Авасто» - забони матнҳои дини зардуштӣ) навиш- 
таҷоти таърихи ҳукмронии шоҳ Дороб (522-486 то мелод) дар 
тахтасанги кӯҳи Бесутуни Эрон аст, ки то ба имрӯз ҳарфе аз 
он осеб надидааст. 

Таърихи забони форсиро (дарӣ, тоҷикиро) ба се давра ҷудо 
кардаанд: 

• Забони эронии қадим — тахминан аз ибтидои ҳазорсолаи 
дуюми то мелод то садаҳои чоруму сеюми то мелод; 

• Забони эронии миёна — аз садаҳои сеюму чоруми то мелод 
то садаҳои ҳаштуму нуҳуми мелодӣ; 

• Забони эронии нав — аз садаҳои ҳаштуму нуҳум то ба 
имрӯз. 

Сад соли ҳукмронии сулолаи Сомониёнро замони ташак- 
кули бунёди забони адабии муосири дарии тоҷикӣ шумори- 
дан мумкин аст. Осори илмию адибии олимону шоирони ин 
давра: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино ва дигарон намунаи 
беҳтарини забони ноби услубҳои бадеию илмии давраи нави 
забони дарии тоҷикӣ ҳисоб меёбад. 

Вале марҳалаҳои минбаъдаи инкишофи ин забон ҳамеша 
созгор ва тахту ҳамвор набудааст. Истеъмоли фаровони ка- 
лимаю истилоҳоти аз забони арабӣ гузашта, майлҳои 



119 



мушкилбаёнӣ дар назму насри бадеӣ ва илмӣ, баъди садаҳои 
шонздаҳу ҳабдаҳ майли баргаштан ба асолати худ, рӯй овар- 
дан ба забони мардумӣ ба ҷараёни такмилу инкишофи забони 
адабӣ бетаъсир намондааст. 

Дар охирҳои садаи нуздаҳ ва ибтидои садаи бистум бо 
кӯшиши як зумра мунавварфикрон Аҳмади Дониш, Садрид- 
дин Айнӣ, Фитрат, Саидризо Ализода ва дигарон дар меъёри 
истеъмоли калима ва истифодаи унсурҳои грамматикии забо- 
ни адабии тоҷик дигаргунӣ ворид карда шуд, забони адабии 
навиштор ба забони зиндаи мардумӣ наздиктар гардид. 

Соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон (дар ҳайати 
Ӯзбекистон) ташкил ёфт. Дар мардуми тоҷик умеди тозае 
пайдо шуд, ки пас аз ҳазор сол тоҷикон истиқлолият ба даст 
оварда, боз соҳиби давлат мегарданд ва забони тоҷикӣ ба 
сифати забони як ҷумҳурии соҳибихтиёр тадриҷан инкишоф 
меёбад. Мутаассифона, аз охири солҳои бистуми садаи гузаш- 
та дар сиёсати забонҳои миллӣ як тамоюли номатлуб ба вуҷуд 
омад: дар муддати даҳ соли охир хати расмӣ ду маротиба 
табдил дода шуд: аввал хати беш аз ҳазорсолаи арабиасоси 
форсии тоҷикӣ ба лотинӣ ва аз он ба криллӣ иваз карда шуд. 

Бар хилофи қонуну қоидаҳои инкишофи табиии ҳар забони 
миллӣ калимаю истилоҳоти зиёде бо тарзи талаффуз ва на- 
вишти бегона иқтибос шуданд. Забони русӣ мавқеи забони 
тоҷикиро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа: дар идора ва умури 
дохилаю хориҷаи давлатӣ, дар матбуоту нашриёт, радиою 
телевизион, дар мактабу маориф, дар соҳаи тадқиқоти илмӣ 
ва таълиму тадриси он дар мактабҳои олӣ, дар соҳаи санъат — 
хуллас, дар ҳама ҷанбаҳо тангтар менамуд. Хавфи он пеш 
омад, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмии давлатӣ 
мавқеи худро ба забони русӣ вогузошта, ба забони гуфтугӯйи 
муҳити оилавӣ ва ба забони фақат кӯчаву бозор як муддат 
боқӣ монад. 

Аз нимаҳои дуюми солҳои ҳаштодуми садаи гузашта наси- 
маки бозсозиҳои ҳаёти иҷтимоии ҷумҳуриҳои собиқ Итти- 
ҳоди Шӯравӣ ба кишвари Тоҷикистон низ вазид. Бо мақсади 



120 



пешгирӣ намудани хавфи тадриҷан аз байн рафтани забони 
тоҷикӣ дар як конфронси илмии АИ Тоҷикистон масъалаи 
мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ қотеъона ба миён 
гузошта шуд. Дар натиҷа 22 июли соли 1989 дар Тоҷикистон 
Қонуни забон қабул гардид. Дар моддаи якуми боби аввали 
он омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони 
тоҷикӣ мебошад». 

Аз нимаҳои асри гузашта ба масъалаи ҳусни баён, покиза 
нигоҳ доштани забони адабӣ эътибори бештар дода мешавад. 
Як микдор калимаю истилоҳоти сиёсию иҷтимой ва фар- 
ҳангӣ, ки бе зарурат аз забонҳои дигар иқтибос шуда буданд, 
бо вожаҳои маъмули забони тоҷикӣ иваз гардиданд. С.Айнӣ 
дар мактубҳои кушодааш баъзе унсурҳои ношоистаи забони 
адабии тоҷик, алалхусус забони асарҳои бадеиро хотиррасон 
намуд. Ҷараёни барқарор намудани истилоҳоти асили 
риштаҳои мухталифи илм идома дорад. 

Дар инкишофи минбаъдаи забони адабии тоҷик матбуот, 
ба хусус воситаҳои электронии иттилоот эътибори беш аз пеш 
пайдо мекунад. Мутаасифона, дар забони воситаҳои ахбори 
омма нуқсонҳои зиёд дида мешаванд. Академик М.Шакурӣ 
дар як силсила асару мақолаҳои илмӣ он нуқсонҳоро зикр на- 
муда, роҳҳои ислоҳи онҳоро нишон додааст. 

Забон яке аз нишонаҳои ҳастии миллат аст, бинобар ин 
онро омӯхтан, аз сарватҳои луғавию калимасозӣ, аз имконоти 
услубии сарфию наҳвии он моҳирона фоида бурда тавонис- 
тан, онро аз таъсири забонҳои бегона, лаҳҷаю шеваҳо, алфози 
омиёна ва дурушт эмин доштан, ба ҳусни он ҳусн зам намудан 
барои ҳар як фарди ҷомеа, хусусан, хонандагони мактабҳои 
таҳсилоти умумӣ ва олӣ воҷиб аст. 



125. Чунин мулоҳизаи забоншинос Саид Ҳалимовро дар бораи забони 
тоҷикӣ ва муносибати он бо забони форсии муосир бодиққат муто- 
лиа намуда, андешаҳои худро дар ин хусус баён кунед. 

Забони тоҷикии мо ҳам яке аз забонҳои мардумони эрони- 
нажод (ориёӣ) ба шумор меравад. Хешу таборҳои наздикта- 



121 



рини забони мо форсӣ (дар Эрон), дарӣ (забони тоҷикони 
Афғонистон), забони курдӣ, забони толишӣ, балуҷӣ ва ғайра 
мебошанд. Забони имрӯзаи тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ зодаи як мо- 
даранд, ки дар асри X шакли хаттӣ-китобӣ гирифта буд. 

Номи забони мо дар он вақт «порсӣ», «дарӣ» ё «порсии 
дарӣ» гуфта мешуд. Тӯли асрҳо забон таҳаввулоти зиёдеро 
паси сар кардааст. Вале лозим ба ёдоварист, ки дар асрҳои 
XIX ва XX лугатҳои адабиёти классикӣ аз истеъмоли забони 
матбуоти Эрон баромаданд ва ҷойи онҳоро унсурҳои луғавии 
арабӣ, туркӣ ва аврупоӣ пур карданд. Забони тоҷикӣ бошад, 
баръакс, луғатҳои аслии адабиро зинда нигоҳ дошт. 

Ман як чизро хуш надорам, ки баъзеҳо бо баҳонаи наздик 
шудан ба забони форсии Эрон калимаҳои ба ном форсии 
Эронро, ки аслан форсӣ нестанд, дар матбуот, телевизион, 
радио ва гуфтугӯҳояшон ба кор бурда истодаанд: ба ҷойи гап 
- ҳарф , ба ҷойи бе - бидуни , ба ҷойи аз рӯйи - тибқи , ба ҷойи 
бо - тавассути , ба ҷойи ёрӣ - кӯмак , ба ҷойи ҳуҷра - утоқ ва 
ғайра ба кор мебаранд. Онҳо бо ин корашон таркиби луғавии 
забони моро бо унсурҳои грамматикии забонҳои ғайр олуда 
месозанд. 



126. Шеърро қироат кунед. Бигӯед, ки дар он чӣ саҳифаҳои ғамангези 
мардуми тоҷик инъикос ёфтааст. Чаро шоир гуфтааст: «Дар забо- 
наш давлати бедавлатӣ бунёд кард», «Рӯзи ноободиаш тоҷик забон 
обод кард»? Андешаи ӯ дар бобати тақдири минбаъдаи забони мо- 
дариаш чӣ гуна аст? Шеърро азёд кунед. 

Ҳар чи ӯ аз моли дунё дошт, дод, 

Хитаи Балху Бухоро дошт, дод. 

Суннати волою девон дошт, дод, 

Тахти Сомон дошт, дод. 

Душмани донишгадояш «Дониш»-и Сино гирифт, 
Душмани бесуннаташ «Девон»-и Мавлоно гирифт. 
Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд, 
Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт. . . 

Лек лафзи модариаш 



122 



Ҳамчу номи модараш 

Дар забону дар даҳонаш монд, монд, 

Ҳар сухан бо шири модар 

Сахт шуд, дар устухонаш монд, монд. . . 

Рӯзи ноободиаш тоҷик забон обод кард, 

Дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард. . . 

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ, 

То наафтанд аз забони хештан. 

Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ, 

То наафтад бар замин қадри сухан... 

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон 
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст. 

То забон дорад, ватандор аст ӯ, 

То забондор аст, бисёр аст ӯ (Бозор Собир). 

127. Матни зеринро, ки аз номаи саркушодаи С.Айнӣ ба нависанда То- 
лис ихтисоран оварда шудааст, мутолиа кунед ва мазмуни онро 
гӯед. 

«...Забони адабӣ дар ҳар миллат аз забони умумӣ - зинда 
фарқ дорад. Дар забони русӣ ҳам, ки беҳтарин, олитарини 
забонҳои маданӣ аст, ин фарқро мушоҳида кардан мумкин 
аст. Аммо, аз он ҷо ки маданият ва маориф дар байни халқи 
рус бисёр вақтҳо боз давом дорад, забони адабии вай забони 
гуфтугӯйии аҳли маърифат ва аҳли савод ҳам шуда омадааст. 
Бо вуҷуди ин забони маҳаллӣ бо лаҳҷаҳои гуногуни он то 
вақтҳои охир дар вилоятҳою районҳои ҷудогона дар байни 
оммаи камсавод ё навсавод давом дорад. 

Фарқи забони адабии тоҷик аз забони гуфтугӯ аз ҳад зиёд 
бисёр аст. Ҳатто онҳое ҳам, ки дар мактабу мадрасаҳои кӯҳна 
нисбат ба замони худ бомуваффақият хондаанд, дар байни 
худ бо ҳамон забони омма гуфтугӯ мекунанд. Аз ин бало 
шоирону нависандагони он замон ҳам бо вуҷуди забони ада- 
биро азхуд карданашон берун намондаанд. Сабаби асосии ин 



123 



ҳолат дар ин аст, ки ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ асру замон (то Рево- 
лутсияи Кабири Уктабир) забон дар мактабу мадрасаҳои 
тоҷик ба сифати як дарс хонда нашудааст. Ҳар кас забони 
модариро аввал аз модар ва пас аз он аз деҳаю райони худ 
омӯхта, ба ҳамон омӯхта шуда (одат карда) мондааст ва 
ҳарчанд шоир, нависандашудаҳо дар калонсолӣ аз китоб ва аз 
тафтишҳои шахсии зиндагӣ забони адабиашонро нисбат ба 
забони худ беҳтар ва мукаммалтар карда бошанд ҳам, азбаски 
онҳо забони адабиро дар калонсолӣ омӯхтаанд, ин забон - 
забони гуфтугӯйии аз бачагӣ одат карда омадаашонро дигар 
карда натавонистанд. 

Аммо дар мактабҳои русҳо ва дигар халқҳои маданӣ дарси 
забони модарӣ аз ҳамаи дарсҳои дигар муҳимтар шумурда 
шуда, тамомкунандагони он мактабҳо, ҳарчанд ба дараҷаи 
миёна ё ибтидоӣ бошад ҳам, бо забони адабӣ гуфтугӯ кардан- 
ро омӯхта ва одат карда омадаанд. . . 

Ман дар хусуси таъсири забони мактабӣ ба забони гуфтугӯ 
як ёддошти худро нақл хоҳам кард. 

Дар моҳи сентобири соли 1934 ман ба яке аз маданитарин 
шаҳрҳои Тоҷикистони саветӣ - ба Ленинобод рафта будам. 
Дар он ҷо забони гуфтугӯйии омма ва саводнокҳои кӯҳнаро 
гӯш додам. Дар он ҷо дар қатори «гусел» барин луғагҳои ада- 
бии классикӣ «Ҷуред», «Қачан меравем?», «Ким омад?» барин 
луғатҳои хандаоварро ҳам шунидам. Дар он миён маро ба 
маҷлиси камсамолҳо даъват карданд. Аксарияти аҳли маҷлис 
талабаҳои мактабҳои миёна ва муаллимон буданд. Хушбах- 
тона, дидам, ки талабаҳои мактабҳои миёна ва муаллимон, ки 
аз мактабҳои ибтидоӣ сар карда дар мактабҳои саветӣ хонда 
баромадаанд, бо забони адабии софи оммафаҳм гап мезаданд 
ва ягон ҷумлаи аз қоида берунро кор намефармуданд. 
Луғатҳои маҳаллии маҳдудро ҳам дар гуфтугӯйи худ ҳамроҳ 
намекарданд. Аммо муаллимони кӯҳнасавод ва роҳбарони 
калонсол бошанд, бо ҳамон «ҷуред» ва «ким»-ҳо гап меза- 
данд. 



124 



Ана дар ҳамин гуна замон ва шароит Шумо, рафиқ Толис, 
забони вайрони ба мурдан маҳкумшударо дар ҳикояи мазкур 
(«Устудентшавандаҳо») «зинда кардан» хостаед. Қаҳрамо- 
нони ҳикояи мазкур Маъруф ва Сокина, ки таҳсили миёнаи 
саветӣ дида, чандин сол муаллимӣ ҳам кардаанд ва Санавбар, 
ки талабаи мактаби миёна аст, тамоман ба забони вайрон гап 
мезананд. Шумо дар ин ҳикоя на танҳо бар хилофи таълимо- 
ти устод Гурки забони адабиро ба забони вайрон тобеъ кар- 
да, аз пушти гӯяндагони он забон рафтаед, балки забони му- 
аллимони таҳсили миёнаи саветӣ дидаро ҳам (зеро, агар 
Маъруф ва Сокина таҳсили миёнаи саветӣ дидагӣ намебу- 
данд, ҳақ надоштанд, ки ба университет раванд) ва забони та- 
лабаи боистеъдоди расофикри мактаби миёнаи саветиро ҳам 
вайрон карда нишон додаед». 

1) Чаро С. Айнӣ унсурҳои лаҳҷаро «забони тамоман вайрон», 
«забони ба мурдан маҳкумшуда», «забони хандаовар» мешумо- 
рад? 

2) Чаро сабаби бо лаҳҷа гап задани калонсолонро дар он мебинад, 
ки онҳо таҳсили мактаб надидаанд? 

3) Ба назари шумо, вазъи забономӯзии имрӯзаи мактабиён 
ҷавобгӯйи пиндори устод Айнӣ аст? 

4) Чаро нависанда ба ҷойи «советӣ» - «саветӣ», ба ҷойи «Октябрь» 

- «Уктобир», ба ҷойи «Горький» - «Гурки» менависад? 

5) Мувофиқи қоидаҳои имлои имрӯза чунин калимаҳои иқтибосӣ чӣ 
тарз навишта мешаванд? 

| Гт в Ч 

• Дар номаи саркушодаи устод Айнӣ феъли гап задан чанд 
маротиба, вале муродифи он ҳарф задан боре ҳам истифода 
нашудааст. Ин хуб аст? Шояд ҷавоб диҳед, ки ҳарф задан дар 
забони тоҷикӣ (ҳатто дар забони адабии мо) маъмул нест. 
Тоҷикон ҳамеша гап задан мегӯянд. Воқеан чунин аст. Аммо 
чаро адибони гузаштаамон ин феълро кор нафармудаанд ва ё 
дар асарҳои онҳо хеле кам вомехӯрад. Агар он дар сӯҳбати 



125 



озоди ғайрирасмӣ кор фармуда шавад, ҷоиз аст. Аммо дар 
мактуби расмӣ чандон ҷоиз нест. Дар ин маврид на калимаи 
хоси гуфтугӯйи омиёна ва на сухани орифона, балки калима ё 
таъбире лозим аст, ки на обуранги забони гуфтугӯ дошта бо- 
шад, на обуранги услуби аз ҳад баланди баёни фикр. Чунин 
феъл, ба назари ман, сухан рондан аст. Чунин паҳлуҳои нозуки 
истифодаи унсурҳои гуногуни забон мавзӯи баҳси 
услубшиносӣ аст. 

128. Суханони шоирони гузаштаро, ки дар тавсифи забони форсӣ- 
тоҷикӣ гуфтаанд, ботааммул мутолиа намуда, шарҳ диҳед, ки чӣ 
нуктаҳои муҳимро дар бар гирифтаанд. 

1 . Ҳамон ганҷу динору кохи баланд 
Нахоҳад будан мар туро судманд(2). 

Сухан монад аз ту ҳаме(З) ёдгор, 

Суханро чунин хормоя мадор (Фирдавсӣ). 

2. Сухан гавҳар шуду гӯянда(З) - ғаввос, 

Ба сахтӣ(2) дар каф ояд гавҳари хос. 

Зи гавҳар суфтан устодон ҳаросанд, 

Ки қиматмандии(2) гавҳар шиносанд (Низомии Ганҷавӣ). 

3. Забон дар даҳон, эй хирадманд(2), чист? 

Калиди дари ганҷи соҳибҳунар(2). 

Чу дар баста(З) бошад, чӣ донад касе, 

Ки ҷавҳарфурӯш(2) аст ё пилавар(2) (Саъдии Шерозӣ). 

4. Сухан мояи сеҳру афсун бувад, 

Ба тахсис, вақте ки мавзун бувад (Абдураҳмони Ҷомӣ). 

5. Набиштан зи гуфтан(З) муҳимтар шинос, 

Ба гоҳи набиштан ба ҷо ор ҳуш. 

Ба гуфтан туро гар хатое фитад(1), 

Зи зарбаш фузунтар(З) моланд гӯш. 

Ва гар дар набиштан хатое кунӣ, 

Сарат чун қалам дур монад зи дӯш 

(Масъуди Саъди Салмон). 



126 



к. * Л Маънои калимаҳои зеринро дар хотир нигоҳ доред: 
хормоя - бадасл, камарзиш. 

гавҳар - ҷавҳар (муарраб), марворид, ки зери баҳр ё уқёнус дар да- 
руни садаф пинҳон аст. 

гаввос - фурӯраванда ба зери баҳр барои ҷустуҷӯйи марворид, 
гавҳар. 

пилавар - майдафурӯш, фурӯшандаи молҳои камарзиш. 
батахсис - бахусус, баҷиҳат, бамавқеъ будан. 

Гу1 

• Забоншиносон забонро иборат аз ду системаи ба ҳам во- 
баста донистаанд: забони меъёрӣ ё забони ба мароми муайян 
даромада, забони дорои анъанаи устувор ва забони гуфтугӯйи 
озоди гайрирасмӣ. Дар системаи забони меъёрӣ ҳамаи 
унсурҳои забон ба чорчӯбаи муайян ва устувор ҷойгир шуда- 
анд: сарватҳои луғавӣ дар луғатномаҳо ва қонуну қоидаҳои 
сохтани ибораю ҷумлаҳо ва ба воситаи онҳо ифода кардани 
фикр дар дастурҳои таълим дарҷ гардидаанд. Забони меъёри- 
ро дар асоси он китобҳои дарсӣ ва луғатномаҳо дар мактабҳо 
ба шогирдон меомӯзонанд. Забони меъёрӣ ба тариқи хаттӣ ва 
шифоҳӣ истифода мешавад. Дорои услубҳои ҷории коргузо- 
рии расмӣ, илмӣ, бадеӣ, рӯзноманигорӣ ва муоширати рас- 
мист. Дар пойдорӣ ва инкишофи забони меъёрӣ хидмати аҳли 
қалам: адибон, олимон, рӯзноманигорон, инчунин муаллимон 
бузург аст. Забони меъёрӣ ҳамеша ба осори устодони каломи 
бадеъ такя мекунад. Забони меъёрӣ аз тарафи устодони сухан 
суфтаву сайқалёфта ба шумор меравад. Забони адабӣ забо- 
нест намунавӣ ва ба маром даромада, ки меъёрҳои он бебаҳс 
буда, риояи онҳо барои ҳамагон ҳатмист. 

Забони гуфтугӯ дар муҳити ғайрирасмӣ озодона ва танҳо 
ба тарзи шифоҳӣ ба кор бурда мешавад. Унсурҳои луғавию 
грамматикии он ба мисли забони меъёрӣ маҳдуд карда наме- 
шавад. Забони гуфтугӯ забони зинда ва муассиртар аст. 



127 



129. Ҷумлаҳоро хонда, унсурҳои луғавии ғайриадабиро ёбед ва шарҳ 
диҳед, ки чаро онҳо ба меъёри забони адабии имрӯзаи мо мувофиқ 
намеоянд. 

1. Вақт меёфтаму аз малофаҳо ба писарчаамон ҳар хел 
куртачаҳо медӯхтам; 2. Як рӯз пас Фирӯза духтарамро зада- 
зада то лаби ариқи аз ҳавлӣ берун бурдааст; 3. Шоҳқосим 
рӯйи қолинчаи мо ёнбош карда буд; 4. Вуҷудамро тарс пахш 
намуд, лаҳзае кунда шудам; 5. Агар касро боздошт кунанду 
регистратсия ҳам дошта бошад, бо ҳар баҳона азоб медиҳанд; 
6. Худ ин ҳама сифатҳояшро раҳини хидмати мардумонаш 
намудааст; 7. Вай хеле логар ва пажмурда гашта, чашмонаш 
гиряолуд ва қавоқҳояш дам кардагӣ буданд (Аз рӯзнома ва 
асарҳои бадеӣ). 



130. Нависанда ҳангоми таҳрир ба I 
дааст ва сабаби он чист? 

1. Дарро ба Нуралӣ зани вай 
Галина Андреевна яла кард. 

2. Дар вақти ба когаз синча 
кардан дар симои раис чанд 
ҳолатро хондан мумқин буд. 

3. Зогони дар шохи садаҳо 
нишаста аз гудоки автобус 
тарсида ба ҳаво париданд. 

4. Аммо набудани хӯрок ба- 
рои йигитҳо, ему хошок ба- 
рои аспҳо вайро аз ҳар чӣ ҳам 
зиёдтар таҷанг мекард. 



матни асар чи тағйирот ворид наму- 

[ Дарро ба Нуралӣ ҳамсари 
Боровиков - Галина Андре- 
евна боз кард. 

. Дар вақти ба коғаз диққат 
[ кардан дар чеҳраи раис чанд 
ҳолатро пай бурдан мумкин 
буд. 

» Ғурриши автобус зоғонро аз 
; шохи садаҳо парронд. 

Аммо набудани хӯрок барои 
■ йигитҳо, ему хошок барои 
[ аспҳо вайро аз ҳар чӣ ҳам зи- 
ёдтар ба танг оварда буд. 



128 



5. Байни ду тиреза сурати 
ҷавони хушсимоеро дар рам- 
ка ба таги оина гирифта овех- 
та монда буданд. 



Байни ду тиреза сурати ҷаво- 
ни хушсимоеро дар чорчӯба, 
ба таги оина гирифта, овехта 
монда буданд. 



6. Мудири ларёки сайёра чӯт Мудири дӯкончаи сайёра чӯт 
дар дасташ савдои имрӯза- зада савдои имрӯзаашро ҳи- 
ашро ҳисоб мекард. соб мекард. 

Гср 

к * 1) Чаро дар ҷумлаи якум ҷойи мубтадо тағйир ёфтааст? 

2) Ҳангоми таҳрири матни сеюм муаллиф аз кадом воҳидҳои 
ҳаммаъно (муродифоти луғавӣ, фразеологӣ, калимасозӣ, ибора, 
ҷумла) истифода бурдааст? 

3) Дар матни чорум чаро муаллиф калимаи «йигитҳо»-ро бо 
«ҷавонон» иваз накардааст? 



131.Ҷумлаҳоро бодиққат хонед ва тарзи дурусти ифодаро ба дафтар 

нависед ва сабаби интихоби худро шарҳ диҳед. 

БФурсате даст доду ману ӯ (ба, бо) ҳамдигар (вохӯрдем, 
дидор кардем). 2. Ӯ бо ҳамдарсон ва устодон (бархӯрди, му- 
носибати) накӯ дошт, дар (мавридҳои зарур, мавориди лозим) 
ба кӯмаки ҳамдарсони хеш мешитофт. 3. Бо (кӯшиши, тало- 
ши) ӯ додситонии ноҳия соҳиби бино ва (лавозимии зарурӣ, 
таҷҳизоти зарур) гашт. 4. Ҳамаи ин масъалаҳо дар маҷмӯаи 
илмӣ (инъикос, инъикоси худро) ёфтааст. 5. Чор сол муқаддам 
танҳо як муаллима (маълумоти олии нопурра дошт, бо 
маълумоти олии нотамом буд). 6. - Олами бачаҳо софу 
беғубор аст, - гуфт (ҳангоми, зимни) вохӯрии тасодуфӣ ба 
ман. 7. Ободии бозорҳо танҳо (ба, аз) саъю кӯшиши он кас 
вобаста нест. 8. Муаллимон (новобаста аз, бо вуҷуди) мушки- 
лот касби худро тарк накарданд. 9. Баъзе роҳбарон (нисбати, 
ба) татбиқи Қонуни забон хунукназарӣ мекунанд. 



129 



МАТН ВА СОХТОРИ НАҲВИИ ОН 



I 

• Истилоҳи текст аз лафзи лотинии 1ех1иш буда, маънои 
матои бофта; алоқаманд ё пайваст будан дорад. Матн ҳам 
мисли ҷумла як навъ воҳиди наҳвӣ ба шумор меравад. Чунон 
ки дар ҷумлаи содда калимаю ибораҳо ва дар ҷумлаи мурак- 
каб ҷузъҳо бо ҳам алоқаманд шуда омада, як фикрро ифода 
мекунанд, дар матн ҳам чанд ҷумлаи соддаю мураккаби 
мустақил ягонагии мавзӯъ, мундариҷа ва муносибати 
грамматикӣ пайдо карда, як фикри мукаммал ва тамомшуда- 
ро ифода менамояд. Матн мавзӯъ ва устухонбандии ягона, 
байни ҷузъҳояш алоқамандии грамматикӣ, мазмуни мукам- 
мали интиҳоёфта дорад. 

Матн дар ифодаи маъно ва зоҳир гардидани тобишу 
ҷилоҳои нозуки он аҳамияти калон дорад. Дар матн ҳатто ка- 
лимае, ки аслан маънӣ надорад, соҳиби маъно мегардад. Чу- 
нончи, овози мусича (фохта) «ку-ку, ку-ку», ки ба ҷуз тақлиди 
овози парранда чизи дигаре нест, дар ин матн маънои «ку» 
(мухаффафи «куҷост») пайдо кардааст: 

1 . Он қаср, ки бар чарх ҳамезад паҳлу, 

Бар даргаҳи ӯ шаҳон ниҳоданд рӯ. 

Дидам, ки дар кунгирааш фохтае 

Биншаста ҳамегуфт, ки: «Ку-ку, ку-ку» (Хайём). 

2. Ду зан тифлеро мунозират (талош) мекарданд ва гувоҳ 
надоштанд. Ҳар ду пеши қозӣ рафтанд ва инсоф хостанд. 
Қозӣ ҷаллодро талабид ва фармуд: 

- Ин тифлро ду пора кун ва ба ҳар ду зан бидеҳ! 

Чун ин сухан бишунид, як зан хомӯш монд, вале зани дигар 
шӯру фарёд огоз кард: 

- Эй қозӣ! Барои худо, тифли маро ду ним накун! Агар чу- 
нин инсоф аст, тифлро намехоҳам. 

Қозӣ ба яқин пиндошт, ки модари тифл ҳамин аст. Тифлро 
ба ӯ супурд ва зани дигарро тозиёна зад. 



130 



Дар ин матн (ҳикоят) баёни фикр ба тарзи силсилавор 
ҷараён мегирад. Ҳар ҷумлаи баъдина ба мазмуни ҷумлаи ав- 
вал алоқаманд буда, чизи наве ба мазмуни он зам мекунад: ду 
зан - тифл - қозӣ -ҷаллод - ду ним - як зан хомӯш - дигаре 
фарёд... Чунин калимаҳо нуктаҳои асосии интишори воқеаро 
ифода мекунанд. Ҳикоят бо шаклҳои замони гузаштаи сиғаи 
хабарӣ, амру хоҳиш бо сигаи амрӣ ифода ёфтааст. Ин ҳам яке 
аз воситаҳои робитаи грамматикии ҷумлаҳои таркиби матн 
аст. Такрори калима (зан, тифл, қозӣ), бо калимаи ҳаммаъно 
(зан - модар) ё ҷонишинҳои гуногун ишора кардан ба шахс 
(ду зан - ҳар ду, модар - ӯ), бо ёрии ҷонишинҳо ишора наму- 
дан ба мафҳумҳои қаблан зикрёфта (ин тифл, ин сухан, чунин) 
низ воситаҳои алоқаманд намудани мундариҷаи як ҷумла бо 
ҷумлаи дигар ба шумор мераванд. 

Тарзи дигари ифодаи фикри мукаммал дар матн ба василаи 
қолабҳои мувозӣ сурат мегирад, ки дар онҳо матлаб ба тарзи 
мувозӣ, қиёс ё муқобилгузорӣ баён гардидааст. Чунин усули 
тасвир ё ифодаи фикр бештар дар назм мушоҳида мешавад: 
Ҳар гул, ки шукуфад, лаби хандидаи мост, 

Ҳар чашма, ки ҷӯшад, дили болидаи мост. 

Ҳар барги хазон, ки тирамоҳ мерезад, 

Аз камҳавасиҳо гули ночидаи мост (Лоиқ). 

Таносуби маъноии калимаҳо чун василаи ба ҳам 
алоқаманд намудани мазмуни як мисраъ бо мисраи дигар, як 
байт бо байти дигар ва ба-дин васила сохтани матн хидмат 
мекунад. Дар мисраи аввали рубоии Лоиқ калимаи гул бо 
феъли шукуфтан ва шабоҳати он бо лаби хандида , дар мисраи 
дуюм калимаи чашма бо феъли ҷӯшидан ва шабоҳати он бо 
дили болида , дар байти дуюм дар тирамоҳ рехтани барги хазон 
ҳам бо шукуфтани гули мисраи аввал, ҳам гули ночидаи мис- 
раи охирин таносуби устувори маъноӣ дорад. Дар таркибу 
ибораҳои ҳар гул, ҳар чашма, ҳар барги хазон такрор шудани 
ҷонишини таъинии ҳар ва ба тарзи радиф такрор омадани 
мост низ яке аз воситаҳои луғавии сохтмони матн ба шумор 
меравад. Бар замми ин, аз муқоисаи мазмуни байти аввал бо 



131 



мундариҷаи байти дуюм дар тасвири шоир як тазоди 
ниҳониро эҳсос кардан мумкин аст. 

Аз ман ба ҷаҳониён ҷаҳон мемонад, 

Як олами ишқу ормон мемонад. 

Дар ишқи ту ҳарчанд шавам рӯзе пир, 

Ман мераваму ишқ ҷавон мемонад (Гулрухсор). 

Дар ин ҷо низ ягонагии мавзӯи лирикӣ (ишқ ва умри 
бебақои инсон), такрори феъли мемонад , исмҳои ҷаҳон (муро- 
дифи он — олам), ишқ ва тазоди ибтидои нек ва интиҳои но- 
матлуб (инсон пир мешавад, вале ишқ ҷавон мемонад) васи- 
лаи ягонагии маъно ва сохтори наҳвии матн ҳисоб меёбад. 

132. Дар матнҳои зерин чӣ нишонаҳои дар боло зикршударо мушоҳида 
мекунед? 

Ман агар риндиву мастӣ кардам, 

Хотири инсонпарастӣ кардам. 

Ман агар девонагиҳо доштам, 

Яъне бори дарди дунё доштам. 

Эй кишвари ранҷури ман, 
аммо туӣ ганҷури ман, 

Бо дасти холию дили доро 
видоат мекунам. 

Эй ворисони хоки ман, 
эй ҳомиёни номи ман, 

Бо синаи пуришқи беҳамто 
видоат мекунам (Лоиқ). 

133. Матни супориши 82-ро аз ҷиҳати сохтори наҳвӣ таҳлил кунед. Пеш 
аз ҳама, муайян кунед, ки дар он ҷараёни ифодаи фикр силсилавор 
(пай дар пай) сурат гирифтааст ё ба тариқи қиёс ва муқобилгузорӣ. 
Ба сифати воситаи алоқаи байни ҷумлаҳои матн кадом унсурҳои 
луғавӣ ва грамматикӣ истифода шудаанд? 



134. Ба маънои калимаҳо диққат намуда матнро хонед. Муайян кунед, 
ки он чанд ҷумларо дар бар мегирад, байни онҳо чӣ гуна алоқаи 



132 



маънои вуҷуд дорад ва он ба воситаи кадом унсурҳои луғави ва 
грамматикӣ ифода ёфтааст. 

Чархбол(2) дар як пора замини ҳамвор кардашудаи(З) Ях- 
чи Поён нарм нишаст. Мизбонон(2) бо табъи болида моро 
пешвоз гирифтанд ва аз рӯди обаш софу зулол гузаронда, 
сӯйи идгоҳ(2) бурданд... Дар он ҷо ба истиснои чанд хонаи 
сафарӣ(2) дигар нишонаи ободиро(2) намебинам. Ин ҷо на 
деҳа асту на шаҳрак(2). На, ғалат кардам! Тарҳи Шоҳроҳ(2) 
беҳтарин(З) нишонаи ободист. Шоҳроҳе, ки моро ба манзили 
якдигар мебарад, балки ба мамлакатҳои бузург ва бандарҳои 
оламшумули дунё мепайвандад (А.С.). 

1) Байни калимаю таъбирҳои замини Яхчи Поён, мизбонон, рӯд 
ва идгоҳ робитаи маъноӣ вуҷуд дорад? 

2) Феълҳои ниьиаст, пешвоз гирифтанд, гузаронда, бурданд дар ка- 
дом сиға ва шакли замонӣ истифода шудаанд ва ба алоқаи 
ҷумлаҳо чӣ таъсир мерасонанд? 

3) Магар матнро аз ишораҳои ин ҷо ва он ҷо оғоз кардан мумкин 
аст? Чунин унсурҳои забон дар алоқаманд намудани ҷузъҳои 
матн чӣ хизмат мекунанд? 

4) «На, галат кардам» чӣ гуна санъати сухан аст ва дар сохтори 
наҳвии матн чӣ аҳамият дорад? 

5) Такрори калимаи Шоҳроҳ бо чӣ мақсад сурат гирифтааст ва он 
ҳам дар сохтори матн саҳме мегузорад? 



135. Аз мавзӯъҳои адабиёт яке аз матнҳоро, ки маълумоти тарҷумаи 
ҳоли адиберо дар бар мегирад, интихоб намоед ва мушоҳида кунед, 
ки байни ҷумлаҳо чӣ гуна алоқамандӣ вуҷуд дорад ва он бо кадом 
воситаҳои луғавию грамматикӣ ифода ёфтааст. 

1 Г ф 

• Сархат (абзатс) матнест, мавзӯъ ва мундариҷаи ягона 
дошта, байни ду сархат воқеъ мегардад: 

Ёд дорӣ, чароғат дар арафаи хомӯш шудан буд. Ҳаёт ба 
ҷойи чароғи сиёҳи аҷдодӣ ба ту маяки пурнури истиқболро 
бахшид. 



133 



Ёд дорӣ, зинда дар гӯр шуда будӣ. Ҳаёт ба ҷойи қабри то- 
рик ба ту чаманзори тохтутоз дод. 

Ҷилаваш дар дастат аспи аср шиҳа зад, ғамзанамоӣ кард, 
вале ту болои он дуруст нанишастӣ. Савор шуда боғистонро 
насайридӣ, меваашро начашидӣ, гулҳояшро ба баногӯшат 
наовехтӣ. Ба бӯяш сер нашудӣ. Монанди кӯдак назавқидӣ, 
монанди гул нашукуфтӣ (Ҳ.К.). 

Ин матн аз се сархат иборат аст. Ду сархати аввал бо як су- 
хан - «Ёд дорӣ...» огоз ёфта, дар сархати якум ҳолати рӯҳии 
Пайрав ба чароғи хомӯш шудаистода, дар сархати дуюм ба 
зиндаи дар гӯр хобида монанд карда мешавад. Дар сархати 
охирин дар айни ҷӯшу хурӯши эҷодӣ созгор наомадани замо- 
на ва бо орзую ормонҳои зиёди ҷавонӣ аз олам чашм 
пӯшидани шоир зикр ёфтааст. Сархатҳо ду ё се ҷумларо дар 
бар мегиранд. Дар матнҳои аввал оғози якгуна, муқобил- 
гузории ду ҳолат, шаклҳои мувозӣ доштани хабари ҷумлаҳо: 
ёд дорӣ - дар арафаи... буд - бахьиид, ёд дорӣ - зинда... будӣ - 
дод; дар матни сеюм шиҳа зад, гамзанамоӣ кард - нанишастӣ, 
насайридӣ, начашидӣ, наовехтӣ, сер нашудӣ, назавқидӣ, 
нашукуфтӣ воситаи муҳими луғавию грамматикии алоқаи 
байни ҷумлаҳост. 

136.Матнро бодиққат ва бо овоз чанд бор хонда, ба сархатҳо ҷудо кар- 
да, ба дафтар нависед. Дар дохили ҳар сархат (матн аз якчанд 
ҷумла иборат бошад) ҷумлаҳо чӣ тарз бо ҳамдигар алоқаи маъноӣ 
ва грамматикӣ пайдо кардаанд, шарҳдиҳед. 

Соли 1929, пас аз кӯчидани идораи марказии Нашриёти 
давлатии Тоҷикистон ба Сталинобод дар Самарқанд як 
шӯъбаи таҳририи нашриёт боқӣ монд. Дар ин шӯъба он 
рӯзҳо мо чор нафар кор мекардем. Мо ҳама парвонаҳое бу- 
дем, ки дар гирди шамъи фурӯзони адабиёти тоҷик — устод 
Айнӣ давр мезадем ва аз меҳри устодонаи(2) ӯ гармию 
қувват гирифта файзёб(2) мешудем(4). Рӯзе ба кор омада, 
дар паҳлуи устод Айнӣ ҷавони гандумгуни чашму абрӯ- 



134 



сиёҳеро(2) дидам, ки дар сар телпаки булутранги қаро- 
қулӣ(2) дошт(4). Устод: «Шинос шав, Пайрав!» гуфтанд. 
Ҳарисона пеш давидам ва бо ҳам вохӯрдӣ кардем(4). Авва- 
лин таассуроте, ки аз ин мулоқот бо Пайрав гирифтам ва 
дар муддати тамоми ҳаётам ҳаргиз аз лавҳи хотирам сутур- 
да нахоҳад шуд, чашмони зебо ва гирои вай аст(4). 
Абрӯвони дарози анбӯҳаш гӯё барои нигоҳ доштани ин 
чашмҳои зебо «аз назари бад» офарида шуда буданд. Ӯ чу- 
нон як нигоҳи зеричашмии(2) маъсум ва маҳҷубонае(2) 
дошт, ки мумкин набуд касро ба худ ҷалб нанамояд(4) 

(Р.Ҳ.). 

* 1) Шарҳи калимаҳои булутранг, сутурда, анбӯҳ, маьсум ва 

маҳҷубро аз фарҳангҳо хонда, дар хотир нигаҳ доред, зеро ин 
калимаҳо дар ягон маврид ба шумо лозим мешаванд. 

2) Муродифҳои наҳвии «...мумкин набуд касро ба худ ҷалб нанамо- 
яд» // «...касро ба худ ҷалб менамуд» чӣ тафовути тобиши маъно 
доранд? 

3) Чаро «аз назари бад» ба нохунак гирифта шудааст? 



137. Аз чунин вохӯрии аввалини Раҳим Ҳошим бо Пайрав Сулаймонй 
илҳом гирифта шумо ҳам дар хусуси вохӯрии аввалинатон бо касе 
(устоди нахустин, ҳамсабақ, меҳмоне, ки ба хонаи шумо омадааст ва 
ғайра) дар ҳаҷми як саҳифаи дафтар таассуроти нахустини худро 
нависед. Онро чанд маротиба бо овоз хонда, нуқсонҳояшро ислоҳ 
кунед. Боре он таассуротро бо лаҳни шевои забони адабӣ ба 
дӯстонатон баён кунед. Агар ҳамсӯҳбатон суханҳои шуморо 
бодиққат шунида бошанд, ба хулосае омадан мумкин аст, ки тарзи 
баёнатон писанд омадааст. Ин як нишонаи хуби ҳунари суханварист. 

? 

• Дар алоқаи мувозии ҷузъҳои матн воҳидҳои туфайлии 
аввалан, сониян, ниҳоят; якум, дуюм, сеюм; аз як тараф, аз та- 
рафи дигар ва ғайра ба кор бурда мешаванд: 

Кунун ба роҳи туам, аз чӣ суст мегардад, 

Магар ба пош ҳино бастааст ин паровоз? 



135 



Аввал он, ки ифодаи «ба по ҳино бастан»-ро хонандаи за- 
мони мо, ки ҳатто ба даст ҳино бастанро ҳам барҳам додааст, 
аз куҷо медонад? Дигар он, ки ҳино ба паровоз чӣ муносибат 
дорад? (Ҳ.Ю.) 

Ин унсури наҳвии матнсозӣ бештар дар услуби илмӣ ба 
кор бурда мешавад. Услуби бадеӣ дар ин бобат имконоти фа- 
ровонтар дорад. Чунончи, қолаби «Шумо гумон накунед, 
ки... Не! Балки...Танҳо фарқ дар ин ҷост, ки...» яке аз 
усулҳои дӯстдоштаи С.Айнӣ аст дар матни тасвири 
манзараҳои табиат ё ҳасби ҳоли қаҳрамонҳои асар: 

Шумо гумон накунед, ки ҳар кадоми чашмаҳои дар ин 
чашмасор буда ба қадре сероб аст, ки як санг ё ним санги 
осиёро мегардонад. Не! Балки инҳо чашмаҳоеанд хурду заиф, 
ки монанди чашмҳои ситамдидагони давраи подшоҳӣ оби 
худро чакра-чакра мечаконанд. Танҳо фарқ дар ин ҷост, ки аз 
чашми ситамдидагони давраи подшоҳӣ хун мечакид, аз инҳо 
- об. 

Дар ин матни тасвирӣ калимаю ибораҳои чашма, чашма- 
сор, сероб, об, як санг ё ним санг осиёро гардонидан, чакра-чакра 
чаконидан таносуби наздики маъноӣ доранд. Ҷумлаи аввал 
дар шакли тасдиқӣ омада, бо ҷумлаи яккалимагии «Не!» ин- 
кор карда мешавад. Дар ҷумлаҳои минбаъда сабаби инкор ба 
воситаи қиёс намудани оби чашмасор бо оби чашми ситамди- 
дагон шарҳ меёбад. Дар натиҷа ҳам аз ҷиҳати мундариҷа, ҳам 
аз лиҳози сохтори наҳвӣ як матни мукаммале ба миён омада- 
аст, ки ягон ҷузъи онро ихтисор кардан маҳол аст. 

138.Матни зеринро бо қолаби тасвири боло муқоиса намуда, робитаи 
маъноии байни ҷузъҳои матн ва тарзу воситаҳои луғавию грамма- 
тикии алоқаи ҷумлаҳои онро муайян кунед: 

Шумо гумон накунед, ки ин ҷӯйборҳо ҷӯйбори калон ва 
обҳояшон ғурришдори ғалтон бошанд. Не! Мо аз тангии 
иборат ба ин ном ёд кардем, вагарна паҳнобе буд, ки қадаш аз 
қомати сабза ва себаргаҳои навхезе, ки дар роҳи ҳаракати ӯ 



136 



рӯйида буданд, баландӣ надошт ва садои ҳаракаташ аз овози 
ҷунбиши зангӯлаи симини сари зулфи симбарони нозукхиро- 
ми тоҷик тафовуте намекард. . . (С. А.) 

• Матн ҳаҷман гуногун мешавад. Матни калон ба бобу 
фаслҳо, матни хурд якчанд ҷумла ё чанд сархатро дар бар ме- 
гирад. Дар алоқаманд намудани ҷумлаҳо дар дохили матн 
мутобиқати шаклҳои феълӣ, ҷонишинҳо, пайвандакҳо, 
воҳидҳои туфайлӣ, муродифҳои луғавӣ ва қолабҳои мувозӣ 
чун воситаҳои луғавию маъноӣ ва грамматикӣ хизмат меку- 
нанд. 

Сархатҳо аз лиҳози мундариҷаю вазифаашон дар матн гу- 
ногун мешаванд: тавзеҳӣ, васлкунанда, махдудкунанда ва за- 
мима ё илова. Дар сархати тавзеҳӣ чанд фикр паиҳам баён 
мешавад; дар сархати васлкунанда бо ёрии воҳидҳои туфай- 
лии албатта, дар баробари ин, дар ҳақиқат, илова бар ин, бар 
замми ин, аз инҷост, ки..., инчунин, инак, хулласи калом ва 
ғайра фикри минбаъда бо мундариҷаи сархати пешомада васл 
мегардад; дар сархати маҳдудкунанда сархати минбаъдаро бо 
калимаю таркибҳои аммо, вале, лекин, ҳол он ки, балки, бо 
вуҷуди ин, бо ин ҳама, сарфи назар аз ин, фақат ва ғайра бо 
мундариҷаи сархати аввал муқобил мегузорад ё маҳдуд меку- 
над; дар сархати замима фикру мулоҳизаи охирин бо таркиб- 
ҳои маҳз ҳамин, ана ҳамин, ҳамаи ин ва ғайра ба мундариҷаи 
сархатҳои пешомада илова мегардад. 

139. Матни зерин чӣ гуна аст ва он чӣ тарз сохта шудааст? Ҷузъҳои 

матн бо ҳамдигар чӣ тариқа алоқаманд шудаанд? 

Шабе, ҳангоми хоб Спитаменро ҳамсараш(2) сар бурида, 
бо гуломи ҷиноятшарикаш(2) ба қароргоҳи(2) Искандар 
овард. Баъди муоина Искандар ба дурустии суханони зан бо- 
вар кард. Вале дар ӯ андешаи ногуворе пайдо шуд. Ҳоло сари 
он шахсе, ки ҳазорон сарбозони(2) далерашро қир карда, ӯро 
ду сол ин ҷо побанд намуд, дар наздаш истодааст(4)! Чӣ 



137 



қадар мамлакатҳоро гирифт, лашкарҳои пурқувватро(2) бо 
сарварони(2) номдораш(2) шикаст дод, аммо Спитамен барои 
ӯ дастнорас(2) монд(4). Искандар аҳамияти ин хидматро 
мефаҳмид, вале ҳисси нафрат ба ин зан, ки хиёнаткорона(2) 
шавҳари худро - падари фарзандони худро кушт, боло ги- 
рифт(4). Фармуд, ки ӯро аз қароргоҳаш ронанд... 

Инак, бисту се аср гузашт аз он рӯзгоре, ки Спитамени ди- 
ловар баҳри озодии халқу диёри худ фидокорона(2) 
ҷангидааст. Корнамоии(2) ӯро душманонаш ҳам эътироф 
кардаанд ва он дар маъхазҳои илмии дунёи қадим зикр ёфта- 
аст. Ин ҳама боиси ифтихори тоҷикон аст. Бинобар ин вори- 
сони имрӯза бо мақсади зинда кардани номи ӯ, ҷасорату мар- 
донагии(2) ӯ яке аз ҷоизаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 
бо номаш таъсис додаанд (Маҷалла). 

? 

* 1 ) Пайвандакҳои хилофӣ дар сархати аввал чӣ вазифаро адо 
кардаанд? 

2) Дар сархати дуюм вазифаи калимаи инак, ибораи ин ҳама ва тар- 
киби бинобар ин чист? 

• Дар ҷумлаи аввали сархат бунёди матлаб ифода меёбад, 
гӯё пайдевори бинои матлаб гузошта мешавад, ҷумлаҳои мин- 
баъда он фикрро тавзеҳ ва интишор медиҳанд. Дар ҷумлаи 
якуми сархати аввал - «Шабе, ҳангоми хоб...» кирдори хиё- 
наткоронаи ҳамсари Спитамен, дар ҷумлаҳои минбаъда му- 
носибати Искандар ба ҳарифи шуҷоъ ва зани хиёнаткори ӯ 
ифода гардидааст. Дар ҷумлаи аввали сархати дуюм қаҳра- 
монии Спитамен пас аз сипарӣ гардидани бисту се аср хотир- 
нишон ва дар ҷумлаҳои минбаъда муносибату қадрдонии во- 
рисони имрӯзаи ӯ нисбат ба фарзандони фидокори худ зикр 
ёфтааст. Маълум мешавад, ки дар ҳама гуна сархат ҳамин 
тарзи устухонбандии баёни воқеа риоя мегардад. 



138 



140. Матни зеринро ба сархатҳо ҷудо ва муайян кунед, ки дар ҳар сар- 
хат ҷумлаи аввал чӣ андешаро ифода намудааст ва ҷумлаҳои мин- 
баъда он фикрро чӣ тарз интишор додаанд? Дар дохили ҳар сархат 
ҷумлаҳо бо ҳамдигар бо кадом воситаҳои луғавию грамматикӣ 
алоқаманд шудаанд? Чаро пеш аз пайвандаки хилофии вале нуқта 
гузошта шудааст? 

Соли дигар, аввали баҳор ба Самарқанд омадам ва ба зиё- 
рати қабраш рафтам(4). Мавсиме буд, ки сабза дар ҳар тараф 
сар зада ва лолаҳои шукуфта, ба қавли Пайрав, доғи ғам бар 
ҷигар зада буданд(4). Дар паҳлуи обидаи пурҳашамати(2) 
Шоҳи Зинда(б), дар домани теппае қабри ӯ меистод. Беихти- 
ёр(2) суханони Эраҷ ба хотирам расид, ки гуфтааст: Маскани 
ишқи ҷаҳон аст ин ҷо, Як ҷаҳон ишқ ниҳон аст ин ҷо(4)! Дар 
ин шаҳрчаи мурдагон хомӯшии мутлақе ҳукмфармо буд. 
Обидаҳои чандин садсолаи Шоҳи Зинда, қабрҳои атроф ва ин 
қабре, ки дар зераш дили хурӯшоне мехобид, ҳама хомӯш ба 
назар мерасиданд. Вале Пайрав хомӯш набуд. Ӯ дар дили мо, 
дар дили ҳазорон хонандагонаш зинда буд, ба воситаи осори 
қаламиаш бо мо гуфтугӯ мекард, ба воситаи рубоби назмаш 
ҳиссиёти моро навозиш менамуд, ба воситаи шеърҳояш ба мо 
рӯҳбаландӣ(2) мебахшид (Р.Ҳ.). 

к. V 1) Дар ифодаҳои доги гам, рубоби назм, ьиаҳрчаи мурдагон ва 
ҳиссиётро навозиш кардан кадом калима ба маънои аслӣ ва кадом 
калима ба маънои маҷозӣ омадааст? 

2) Дар ҷумлаи аввали матн чаро пас аз ҳоли замони «Соли дигар» 
аломати вергул гузошта шудааст? 



141. Байти Эраҷ Мирзоро ба дафтар навишта, аз рӯйи таҷрибаи зинда- 
гии худ хаттӣ маънидод кунед. Аз чизҳои дидаю шунида ё аз ҷое 
хондаатон мисол оваред. 



142. Матнро бодиққат хонед ва мулоҳиза намоед, ки ихтилофи ду баро 
дар аз чӣ оғоз ёфта, ҷараён гирифт ва бо чӣ анҷом пазируфт. Наза- 
ри шумо ба нияту амали ду бародар чӣ гуна аст? Нақшаи ҷараёни 



139 



воқеаро тартиб диҳед ва аз руйи он тафсилоти воқеаро батартиб 
баён кунед. 

Насри писари Аҳмад бар Исмоил вазифа ниҳода буд, аз 
амволи Бухоро ҳар соле ба андозаи панҷсад ҳазор дирам 
хироҷ гирд оварда, ба Самарқанд фиристад(4). Вале, азбаски 
аҳли Бухоро бар асари ҷангҳои паёпай(2) камбағал шуданд, 
амир Исмоил бар худ раво надид, ки аз мардуми бебизоат 
хироҷ фароҳам орад(4). Наср чандин бор ба талаби хироҷи 
Бухоро қосидон фиристод, аммо амир Исмоил ҳар дафъа бо 
ҳар баҳона аз ин амри бародар сарпечӣ кард ва аз ҳамин са- 
баб миёни ду бародар ихтилоф афтод(4). 

Ҳасудони дарбори Наср ба ӯ бадгӯйиҳо(2) карданд, ки ба- 
родараш аз иҷрои фармони ӯ сар тофта, ба муқобилаш ливои 
муқобилат афроштааст(4). Оташи хашму ғазаби Наср боло 
гирифт ва қасди ҷанг бо бародар кард. Моҳи раҷаби соли 272 
ҳиҷрии қамарӣ (декабри 985) Наср лашкари азиме фароҳам 
овард ва рӯй ба Бухоро ниҳод. 

Амир Исмоил аз ин икдоми бародараш хабар ёфт ва аз са- 
ри муҳаббату эҳтироме, ки ба ӯ дошт, бо лашкариёни ӯ ба 
ҷанг напайваст ва аз шаҳри Бухоро берун рафт(4)... 

* 1) Дар матн кадом калимаҳо бисёр такрор шудаанд ва ин дар 
сохтори матн чӣ аҳамият дорад? 

2) Дар сархати аввал пайвандакҳои хилофии вале, аммо чӣ гуна 
вазифаҳоро адо кардаанд? 

3) Дар сархати дуюм сухани дарбориёни Наср чӣ тарз нақл шудааст? 
Онро ба тарзи дигари нақл баргардонед. 

| 

* Одатан ҳодиса, воқеа, саргузашт, нақлу ривоят аз забони 
гӯянда - муаллиф (шахси якуми танҳо) ҳикоят карда мешавад. 
Мумкин аст, ки он ҳодиса ё воқеа аз забони шахси сеюм 
(қаҳрамони асар) баён карда шавад. Ин тарзи баёни фикрро 
услуби нақл меноманд (чунон ки дар повести «Ҷаллодони Бу- 
хоро» мушоҳида мешавад). Аксар нависандагон ҳикоятро аз 



140 



тасвири макон ва замон, муҳит, тасвири намуди зоҳирӣ, 
ҳолати рӯҳии қаҳрамону персонажҳои асар оғоз мекунанд: 

1. Дами бегоҳ(4). Офтоб тоҷи заррине буд бар сари кӯҳ. 
Вай нурҳои охиринашро аз сари деҳаву саҳро, дашту доманаи 
кӯҳ кашида, ғуруб мекард. Ҳар қадар ки нури офтоб хиратар 
мешуд, ранги осмони лоҷувардӣ ҳамон қадар пурсафою 
ҷилобахш мегашт(4). Аз фурӯ рафта истодани офтоб малаху 
калтакалосҳои даштӣ ба ташвиш афтоданд магар ки, чир-чир 
овоз мебароварданд(4). 

Ин манзара ба Назокат нашъаю ҳаловати тозае мебахшид. 
Вай ҳамроҳи Шарофатхола говҳоро ҷӯшида шуда, акнун ба 
сӯйи деҳа фуромада мерафт. . . (А. А.). 

2. Ман зуд матои бисёр чи аз худ, чи аз савдогарони дигар 
гирифтам ва бо онҳо рафтам. Чун ба ҳарам даромадам, имо- 
рати олие дидам, пур аз нозанинсанамони фарангӣ(4). Хама 
хуршедлиқои моҳпайкар, ҳама нозукандоми симинбар, ҳама 
зӯҳраҷабин ва рашки қамар. Дар он миён нозаниндилороме, 
нозукандоме, моҳрухсоре, оҳунигоҳе, мижгонсиёҳе, пистала- 
бе, симинғабгабе, мушкинмӯйе, камандгесӯе, ғунчадаҳоне, 
ширинкаломе... чун оби ҳаёт дар сиёҳӣ ниҳон гашта, дар бо- 
лои нимтахте нишаста ва дигар моҳпайкарон монанди сито- 
рагон дар гирдаш саф баста. Лекин он подшоҳи сурату маънӣ 
дар айни бедимогӣ сар ба зер афканда ва асари малол аз пе- 
шонаи ҳолаш намоён буд (Чор дарвеш). 

Дар матни аввал ҳикоят аз тасвири як лаҳзаи манзараи та- 
биат - гуруби офтоб оғоз ёфта, сипас баёни воқеаи асар 
шурӯъ мегардад. Дар матни дуюм дар ҷараёни ҳикоят ҳусну 
ҷамоли беназири нозанинони ҳарами подшоҳ тасвир карда 
мешавад. Пайдост, ки ба тариқи ҳикоят баён кардани фикр бо 
тасвири замону макон, манзараҳои табиат, ҳусну ҷамоли 
шахс, ҷаҳони ботинии вай омезиш меёбад. 

Дар тасвир истифодаи тавсифот (дар матни боло: 
лоҷувардӣ, пурсафо...), такрори калима (ҳама), ба тариқи чи- 
да овардани аъзоҳои ҷумла, оғоз ёфтани тасвир аз ҷумлаҳои 
унвонӣ, ки макон ё замони воқеаро мефаҳмонанд (Дами 



141 



бегоҳ), бо шаклҳои замони гузаштаи наздик ё ҳикоягӣ (гуруб 
мекард, хиратар мешуд...) ва гоҳе бо мақсади наздик тасаввур 
кардани ҳодиса ё воқеаи кайҳо гузашта бо шакли замони 
ҳозира-оянда ифода ёфтани хабар бештар мушоҳида мегар- 
дад. 



143. Матнҳои болоро ба дафтар нависед. Ба зери калимаҳое, ки такрор 
шудаанд ва бо ҳам таносуби маъноӣ доранд, хат кашед. Шарҳ 
диҳед, ки кадом ҷонишинҳо ва пайвандак дар алоқаманд намудани 
ҷузъҳои матн хидмат кардаанд. 

144. Дар матни зерин ҷараёни баёни фикр чӣ тарз сурат гирифтааст ва 
дар ин бобат аз матни супориши 139 чӣ фарқ дорад? Сархатҳо ва 
ҷумлаҳои дохили онҳо бо ҳамдигар чӣ тарз алоқаманд шудаанд? 

Дастонам дар ҳаво муаллақ меистоданд. Дил андаруни си- 
наам гуп-гуп(З) метапид. Хуни гарми ношинос, вале 
роҳатбахш тамоми вуҷудамро давр мезад. Бори аввал буд, ки 
ҳарорати сӯзону гувороеро ҳис мекардам. Аҷабам меомад. 
Ҳайрон мешудам(4). Дар ин лаҳзаҳо гумон мекардам, аз ос- 
мони баланде сарозер(2) ба замин меоям, дилам таҳ мекашид, 
кайфияти номаълуме танамро ба раъша меовард(4)... 

Дар кафҳои кушода ва муаллақи худ ногаҳ ангуштҳои нар- 
му нафисеро ҳис намудам. Ин ангуштҳои ҳаётбахши(2) Зебӣ 
буд. Маро роҳати гуворо аз кафи даст то нохуни по фаро ги- 
рифт. Акнун аз худ бехуд мешудам, аз қолаби ҳастӣ берун ме- 
хазидам(4) ... 

Беихтиёр ангуштҳои латифи ӯро ба лаб бурдам... (С.С.) 

9 

1) Дар сархати аввал пайвандаки вале калимаро бо калима, 
ҷумларо бо ҷумла ва ё чанд ҷумларо бо чанд ҷумлаи дигар 
алоқаманд кардааст? 

2) Чаро хабари ҷумлаҳо бо шаклҳои замони гузаштаи феъл (гузаш- 
таи ҳикоягӣ: меистоданд, метапид, давр мезаданд, ҳис мекар- 
дам..., гузаштаи наздик: ҳис намудам, фаро гирифт, бурдам ) ифо- 
да ёфтааст? 



142 



3) Дар сархати дуюм ҷонишини ин дар сохтори матн чӣ саҳм гузош- 
тааст? 

4) Чаро фикр бештар бо ҷумлаҳои яктаркибаи муайяншахс 

(. . .ҳарорати сӯзону гувороеро ҳис намудам; Ҳайрон шудам .. .) ифо- 
да ёфтааст? 

5) Аломати сенуқта ба чӣ маънӣ далолат мекунад ва ба сохтори 
матне, ки аз якчанд сархат иборат аст, чӣ таъсир мерасонад? 

I 

• Ба ақидаи А.П.Чехов, ҳодисаҳои табиатро бо тавсифҳои 
умумӣ ва обшуста тасвир кардан лозим нест, зеро хонанда аз 
чунин тасвир замон ё макони воқеаро равшан тасаввур карда 
наметавонад. Нависанда дар тасвири манзараи табиат бояд 
ба ҷузъиёт эътибор диҳад ва ягон нуктаи даркшавандаро ин- 
тихоб кунад. Чунончи, шаби маҳтобро тасвир карданӣ шавед, 
нагӯед: «Шаб буд. Дар осмон порае ҳам абр дида намешуд. 
Моҳи шаби чаҳордаҳ нурпошӣ мекард». Хонанда ин сатрҳоро 
мутолиа намуда, чашм пӯшида он шабро пеши назар оварда 
наметавонад. Агар шумо чунин нависед: «Шаб буд. Дар назди 
новаи ҷуйи осиёб шишапорае ялтирос мезад». Ё ин ки: «Шаб 
буд. Саге аз наздам давида гузашт, аз як паҳлуяш сояаш 
ҳам», шумо шаби маҳтобро на танҳо тасаввур мекунед, балки 
бо чашмони худ мебинед. Мисли ҳамин, Ҳаким Карим дар 
тасвири ними рӯз нагуфтааст, ки: «Ними рӯз буд. Офтоби 
гарми чиллаи тобистон рост ба болои сар омада, нурҳои гар- 
ми худро саховатмандона ба замин нисор мекард», балки на- 
виштааст: «Сафедори баланди лаби ҷӯй сояи худро гум карда 
буд». 

145. Тавсияи А.П.Чеховро ба кор бурда ба тасвири ягон фасли сол пар- 
дозед. Суханро чунин оғоз кунед: 

Сабаб чӣ бошад, ки фасли хазонро зиёдтар дӯст медорам. . . 
Чиллаи зимистони қаҳратун... 

Зимистон намерафт, баҳор намеомад. Барфу борон, руту- 
бат интиҳо надошт. . . 



143 



Фасли баҳор буд, аммо имсол бориш ноз мекард... 
Омад-омади баҳори Душанберо хеле пазмон шудаам. Ҳар 
баҳор, дар арафаи иди бонувон кокулакони маҷнунбед барг- 
ҳои гӯшаки муш кушода, сабз мешаванд. . . 

146. Матни зеринро ба дафтар навишта, ба зери калимаю истилоҳот хат 
кашед. Шарҳ диҳед, ки матн ба кадом услуби баён тааллуқ дорад, 
дар он маънои кадом калимаҳо бароятон равшан нест, истилоҳҳо 
дар кадом соҳаи илм ба кор бурда мешаванд, фикр ба воситаи чӣ 
гуна ҷумлаҳо ифода ёфтааст. 

Дар лоиҳа дар масъалаи ҷумлаҳои пайрави хилофӣ гуфта 
шудааст, ки онҳо дар ин шаклҳо ҳам кор фармуда шаванд: 

а) Гарчанде ки (агарчанде ки) вай мутахассис аст, аммо 
(лекин) дар ин кор ҳеҷ чиз намефаҳмад. 

б) Гарчанде ки вай мутахассис аст, бо вуҷуди ин дар ин кор 
ҳеҷ чиз намефаҳмад. 

Дар ин ҷо, ба фикри мо, дар сурати мавҷуд будани калимаи 
гарчанде ки дар аввали сарҷумла омадани калимаи аммо ё бо 
вуҷуди ин тамоман зиёд аст ва ба сохти ҷумла халал мерасо- 
над. 

Ин гуна ҷумлаҳо дар шакли «Бо вуҷуди он ки вай мутахас- 
сис аст, дар ин масъала ҳеҷ чиз намефаҳмад» ё «Гарчанде ки 
вай мутахассис аст, дар ин масъала ҳеҷ чиз намефаҳамад» кор 
фармуда шаванд, беҳтар аст (Ҳ.Ю.). 

• Тафовути ба тарзи муҳокима ифода ёфтани фикр аз 
ҳикоят ва тасвир дар ин аст, ки гӯянда ё нависанда дар ҳалли 
масъалае ақидаи ҳарифро рад намуда, дуруст ва асоснок бу- 
дани ақидаи худро бо далелҳо исбот мекунад. Ҳангоми баҳси 
илмӣ одатан аввал як андеша зикр меёбад, ки моҳияти баҳсро 
дар бар мегирад. Он андешаро бунёди баҳс (ё тезис) мегӯянд. 

Дар аввали матни боло Ҳабиб Юсуфӣ як нуктаи 
баҳсталаби тарзи алоқаманд намудани ҷумлаи пайрави хи- 
лофро бо сарҷумла чун бунёди баҳс зикр карда, намунаҳоеро, 



144 



ки дар лоиҳаи наҳви забони тоҷикӣ барои истифода тавсия 
шудаанд, ба ду банд (а, б) ҷудо карда меорад ва дар бораи 
онҳо мулоҳизаҳои худро баён намуда, тарзи дурусти 
алоқаманд намудани ҷумлаи пайрави хилофро бо сарҷумла 
пешниҳод мекунад. Вале муаллифи мақола нагуфтааст, ки 
тарзи пешниҳодкардаи ӯ чаро, аз кадом ҷиҳат ва бо чӣ далел 
беҳтар аст. 

Чунин тарзи баёни фикр дар мақолаҳои илмӣ ва тақриз ба 
кор меравад. 

147. Дар мақолаи илмии зерин чӣ гуна хусусияти матни муҳокима 
мушоҳида мешавад? Ҷузъи бунёд ё нуктаи баҳсноки (тезиси) матн, 
ақидаҳои баҳсталаби муҳаққиқони дигар, фикри муаллифи мақола, 
далелҳои ӯ барои исботи фикри худ ва хулоса ё натиҷагирии муал- 
лиф кадом аст? 

Балхи Бомӣ ё Балхи номй? 

Дар оғози як ҳикояи «Гулистон»-и Саъдӣ чунин омада: 
«Соле аз Балхи Бомиёнам сафар буд». Азбаски аксари коти- 
бон ва шореҳони асримиёнагии «Гулистон» ва муҳаққиқону 
мутарҷимони замони мо мафҳуми Балхи Бомӣ ё Балхи Боми- 
ёнро намедонистанд, матлаби Саъдиро дуруст нафаҳмида, 
матни ҳикоятро ба салоҳдиди хеш нусхабардорӣ кардаанд(4). 

Чунончи, шореҳи «Гулистон» Муҳаммад Акрами Мӯлтонӣ 
нусхаи Саъдиро чунин таҳрир карда: «Соле аз Балх бо шо- 
миёнам сафар буд». Сипас дар тавзеҳи матлаб менависад: 
«...яъне аз Балх ба сӯйи Шом бо шомиён мерафтам». 

Дар тамоми нусхаҳои қадимаи «Гулистон», ки ба асрҳои 
ХШ-Х1У мансубанд, «Соле аз Балхи Бомиёнам сафар буд» 
сабт ёфтааст(4). Аз асри XV бинобар нафаҳмидани он, ки 
«Бомиён» лақаби шаҳри Балх аст, нусхабардорону шореҳон 
таҳрирҳои нави ин матлаби Саъдиро «эҷод» кардаанд(4). 

Дар бобати он ки Бомӣ ва Бомиён лақаби шаҳри Балх аст, 
муаллифони фарҳангномаю шарҳҳои мӯътабар муттафи- 



145 



қанд(4). Аз ҷумла, соҳиби «Фарҳанги Онандроҷ» дар тафсири 
калимаи Балх маълумоти зеринро меорад: «Балх шаҳрест 
машҳур, ки аз биноҳои салотини қадими Аҷам буда ва солҳо 
Лӯҳроспу Гуштосп дар он ҷо зистанд ва дар он оташкада сох- 
та буданд ва онро Навбаҳор хондаанд(4). Ва ҳамчунон ки 
Марвро Марви Шоҷон (Шоҳиҷаҳон) гӯянд, онро Балхи Бо- 
миён гуфтаанд»(4). 

Ҳамин тавр, бо лафзҳои румиён ва шомиён иваз кардани 
Бомиён(4), Балхи Бомиро Балхи номӣ хондан(4) ва сафари 
Саъдиро аз Балх ба Бомиён донистан(4) ғалатҳоеанд, ки аз 
надонистани лақаби Балх сар задааст(4) (А.Н.). 

Л у ғ а т: 

Шореҳ - шархдиҳанда, тафсиркунанда. 

Муттафиқ - ҳамфикр, ҳамақида. 

Бомй, Бомиён - аз калимаи авастоии бама - ба маънои 
«дурахшон» аст. 

Шом - номи қадимаи Димишқ аст. 

Гср 

Л 1) Огоҳӣ пайдо кардед, ки на танҳо одамон лақаб доштаанд, 
балки баъзе шаҳрҳои қадима ҳам соҳиби лақаб будаанд. Бигӯед, 
ки боз кадом шаҳру кишварҳоро медонед, ки ба номи аслиашон 
сифати дигаре низ чун лақаб зам гардидааст. 

2) Ҳангоми муроҷиат намудан ба манбаъҳои илмӣ ё далел овардан 
бар исботи фикри худ муаллифи мақола кадом воҳидҳои туфай- 
лиро кор фармудааст? 

3) Ақидаи муаллиф бо кадом воҳиди туфайлӣ ҷамъбаст шудааст? 

4) Истилоҳоти матн ба кадом соҳаи илм мутааллиқ аст? 

5) Байни сархатҳои матн ва дар дохили онҳо байни ҷумлаҳо чӣ 
робитаҳои маъноӣ ва грамматикӣ мушоҳида мешаванд ва онҳо 
бо кадом воситаҳои луғавию грамматикӣ ифода ёфтаанд? 

к Дар муҳокимаи илмӣ ақида бояд саҳеҳ, дақиқ ва асоснок 
ифода гардад. Далелҳо эътимоднок, бебаҳс ва ба дараҷаи 



146 



кофй оварда шаванд. Муҳокима бояд дар заминаи устувори 
мантиқи сухан сурат гирад. 

Ҳангоми муҳокимаи масъала андеша батартиб ва пай дар 
пай баён карда мешавад. Мулоҳиза ва далелҳо бо тартиби 
рақам, ҳарф ё воҳидҳои туфайлии аввалан, сониян, якум, дуюм, 
аз як тараф, аз тарафи дигар ва ғайра гурӯҳбандӣ карда ме- 
шаванд. Мулоҳиза ва далелҳо бояд мукаммал оварда шаванд: 
баъд аз калимаи аввалан як андеша ё далел ки зикр ёфт, бояд 
бо калимаи сониян давоми фикр ҳам баён шавад. Дар интиҳои 
муҳокима фикр бо воҳидҳои туфайлии ба ҳамин тариқ, хуло- 
са, хулласи калом ва ғайра ҷамъбаст карда мешавад. Ҳангоми 
истинод, ишора кардан ба манбаъҳои фикр таркибу ҷумлаҳои 
ба ақидаи, тыбқи маълумоти, чунон ки дар боло иьиора кардем, 
ба тарзе ки сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд ва амсоли инҳо ба 
кор бурда мешаванд. 

Дар матни муҳокима ҳангоми алоқаманд намудани як 
ҷумла ба ҷумлаи дигар калимаю ифодаҳои биноан, бинобар ин, 
аз ин рӯ, бо вуҷуди ин, бо ин ҳама, дар ин ҳолат, дар ин гуна 
мавридҳо, аз ин цост, ки ва ғайра бештар дучор меоянд. 



148. Матнро хонда, нуктаҳои асосии онро ба дафтар нависед. Фикр ку- 
нед, ки боз дар кадом мавридҳо ин ҷонишин барзиёд кор фармуда 
мешавад. 



«Худ»-ҳои барзиёд 

Рӯзе раиси як маҷлис барои ба овоз гузоштани таклифе 
гуфт: «Ҳар кас тарафдори ин таклиф бошад, дасти ҳудро бар- 
дорад(4)». Як рафиқи хуштабъ аз нуқсони ин ҷумла пай бурд 
ва шӯхиомез гуфт: «Рафиқон, ҳушёр бошед, ки дасти каси ди- 
гарро набардоред, фақат дасти худ ро бардоред». 

Оре, сухани раиси маҷлис бемантиқ буд. Худ аз худ маълум 
аст, ки дар вақти овоз додан ҳар кас дасти худро хоҳад бар- 
дошт, на дасти каси дигарро(4). Бинобар ин ба таъкид овар- 
дани калимаи худ зарур нест. . . 



147 



Мутаассифона, соҳиби аслии ин хато он раиси маҷлис на- 
буд, балки ӯ ғалати машҳуреро, ки дар матбуоти мо хеле паҳн 
шудааст, такрор кард(4). Магар ҷумлаҳои зерин дар 
бемантиқӣ(2) монанди гапи он раис нестанд? 

Халқҳо аз империалистон(5) талаб мекунанд, ки дасти худ- 
ро аз мамлакатҳои Осиё ва Африка(1) кашанд! Ӯ асари худ ро 
навишт (М.Ш.). 

к 1) Нутқи айнан нақлшудаи сархати аввалро ба мазмунан 
нақлшуда баргардонед. 

2) Ҳиссачаи тасдиқии «оре» дар сохтори матн чӣ вазифаро адо ме- 
кунад? 

3) Дар сархати сеюм кадом унсурҳои луғавӣ, маъноӣ ва грамматикӣ 
дар алоқаманд кардани ҷузъҳои матн (ҷумлаҳои пеш ва пасома- 
да) хизмат мекунанд? 

4) Сабабҳои гузошта шудани аломатҳои китобатро гӯед. 

149. Ҳангоми мутолиаи матни зерин бештар ба он эътибор диҳед, ки 
муаллифи китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» 
М.Шакурӣ барои исботи фикри худ аз манбаъҳои илмӣ чӣ тарз фои- 
да бурда ақидаи худро асоснок кардааст. Мазмуни матнро ба даф- 
тар навишта, шарҳ диҳед, ки дар он кадом истилоҳҳои забоншиносӣ 
истифода шудаанд ва онҳо дар сохтори маъноии матн чӣ саҳм гу- 
зоштаанд: 



Намуд 

Калимаи намуд дар бисёре аз навиштаҳои имрӯза маъное 
пайдо кардааст, ки ба маънои аслии он ҳеҷ мувофиқ намеояд. 
Онро бештар ба маънои навъ ва хел кор мефармоянд. Чунон- 
чи, ба ин тарз: 

Ин намуд и ташбеҳ дар ғазалҳои шоир ниҳоят кам аст; 
Намудҳои алоҳидаи рустанию ҳайвонот аз байн мераванд 
(яъне аз байн рафта истодаанд); План аз рӯйи баъзе намудҳон 
маҳсулоти хоҷагии қишлоқ иҷро нашуд. . . 



148 



Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» намуд чунин эзоҳ шудааст: 
1) афт, шакл, симо, манзара; 2) намуна, тимсол. Устод Айнӣ 
дар «Луғати нимтафсилӣ» маънои онро ба назар намудан 
ҳисоб карда, чунин мисол овардааст: Намуд и ин чиз хуб аст. 
Устод дар ҳамин луғат гуфтааст: башара - намуди берунии 
рӯйи одам. 

Намуд дар асл асоси феъли намудан буда, ин феъл ба 
маънои нишон додан, намоён кардан ё шудан, ба назар омадан 
ва гайра истеъмол мегардад. Намудор ҳам аз ҳамин феъл бу- 
да, масалан, намудор шудан намоён гардидан аст. 

Аз ин қиёс намуд шакли зоҳирии ҳар чиз мебошад. Бино- 
бар ин, чунончи, дар ин ҷумла дуруст истифода шудааст: На- 
муд и ҳавлӣ шаҳодат медод, ки. . . 

Устод Айнӣ дар мактуби кушоде, ки ба номи Д.Тоҷиев на- 
вишта буд, гуфтааст: «Вақте ки дар як забон як калима ба як 
маъно хос шавад, ба маънои дигар ба ҳеҷ асос кӯчондан мум- 
кин нест». Ин ҷо комилан ҳақ ба ҷониби устод аст. 

150. Дар гуфтугӯйи имрӯза ҳагоми сафар баъзан «Мошинаро дар ҳамин 
ҷо манъ кунед» мегӯянд. Феъли манъ кардан магар чунин маънӣ 
ҳам дорад? Аз луғатҳо истифода бурда, мулоҳизаҳоятонро нависед. 

151. Матнро ботааммул мутолиа кунед ва бигӯед, ки он ба кадом услуби 
баён тааллуқ дорад, матлаби нигоранда чӣ тариқа (ҳикоят, тасвир, 
муҳокима) ифода ёфтааст ва барои муассир баён кардани мақсад 
кадом воситаи услубии забон истифода шудааст: 

Мо басо мушоҳида кардаем, ки дар тӯйҳо, маъракаҳо, 
нишастҳо, маҳфилҳо, ҷашнҳои солгиреҳ ва ҳоказо асосан 
шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон, муҳаррири 
рӯзномаи шаҳр ё ноҳия, муаллимони забон ва адабиётро «дар 
гап усто» гуфта соқӣ интихоб мекунанд, на муаллими химия ё 
физикаро... Чаро? Чаро дигарон «дар гап усто» не? Чаро раи- 
си колхоз, ки аз ҳама иҷрои бекамукости планро талаб меку- 
над, наметавонад дар тӯйи узви колхози худ соқии маърака 
бошад? Чаро ӯ барои талаби иҷрои план сухан меёбад, аммо 



149 



дар рӯзи шодӣ ҳарфе гуфта наметавонад? Сабаб ин ҷост, ки 
қисме аз зиёиён бо ҳама дониши ихтисосӣ одамони хушканд, 
маъракаороӣ аз дасташон намеояд, Сухане бар сухане наме- 
тавонанд зам бикунанд, дар ҳолатҳои муайян хушгӯйй, 
ҳозирҷавобӣ, байтгӯйӣ, шахдрезӣ ва ширинадоӣ карда наме- 
тавонанд (Л.Ш.). 

1 ) Калимаи солгиреҳ ро шоир ба чӣ маъно кор фармудааст? 

2) Чаро дар аъзоҳои чида пасвандҳои ҷамъбанди -ҳо ва -он ( -гон ) 

такрор шудаанд? 

• : Саволи риторикӣ чунин тарзи пурсиш аст, ки дар он 
мақсади саволдиҳанда аз мусоҳиб чизеро пурсида донистан 
нест, балки ба воситаи оҳанги пурсиш матлаби худро таъсир- 
бахш ифода кардан аст. Ин гуна ҷумлаҳои саволиро 
ғайриаслӣ ҳам мегӯянд. Матлаб аз «Чаро?» ин аст, ки на 
ҳамаи аъзои ҷомеа, ҳатто зиёиён маърифати баланд, ҳунари 
суханварию маҳфилоройӣ доранд. Агар фикр чунин баён ша- 
вад, муассир ва пурҷозиба намебарояд. Бинобар ин дар матни 
боло шоир аз ҷумлаҳои саволии риторикӣ чун воситаи муас- 
сири наҳвӣ фоида бурдааст. 

Гоҳе гӯянда ё нависанда ҳангоми муҳокимаи худ ба худ 
чанд фикрро пай дар пай бо оҳанги савол баён намуда, дар 
охир ба он пурсишҳо худ ҷавоб медиҳад. Ин ҳам яке аз имко- 
ноти услубии наҳви забон аст, ки бо мақсади таъкиди фикр ва 
ифода намудани ягон эҳсосоти мусбат ё манфии худ ба кор 
мебаранд. Чунин воситаҳои муассири наҳвӣ бештар дар асари 
бадеӣ ва баъзе жанрҳои рӯзноманигорӣ истифода мешаванд. 
Намунаи хуби ба кор бурдани ин усули таъкиди фикр мисоли 
болост. 



152. Ба аломатҳои ист ва задаи мантиқи риоя намуда матнро бурро 
қироат кунед. Бигӯед, ки он ба кадом услуби баён тааллуқ дорад ва 



150 



муаллиф дар он аз кадом имконоти услубии ифодаи муассири фикр 
истифода бурдааст? 

- Ӯй ясавул! Гапатро дониста зан! Мо дузд шуда хонаи ки- 
ро задем, бузу гӯсфанди киро бурдем, ба зану фарзанди кӣ бо 
чашми бад нигоҳ кардем?... Дузд касест, ки бебоис ба хонаи 
мардумони бекас пахш карда медарояд! Дузд касест, ки бечо- 
раи беяроқро ба даст дароварда, ба сараш шамшер мекашад 
ва ба синааш милтиқ мениҳад! Дузд касест, ки мардумони бе- 
чораи ба кори худ машғулро бесабаб мебандад, мебарад, ме- 
занад, мекушад! Дузд касест, ки на танҳо моли фақиронро ме- 
гирад, балки зан, фарзанд, номус ва обрӯйи бечорагонро ҳам 
поймол мекунад!... Агар ҳанӯз ҳам кӣ будани дуздро надонис- 
та бошӣ, шунида мон, ки худи ту дузд, амлокдорат дузд, 
ҳокимат дузд, вазират дузд, қозию раисат дузд! Шунидӣ?! 
(С.А.) 

1) Калимаҳои ясавул, амлокдор, қозӣ, шамшер чӣ гуна обуранг 
(услубии гуфтугӯйӣ ё китобӣ, ҳиссии мусбат ё манфӣ, замон, 
маҳал) доранд ва дар матн бо чӣ мақсад кор фармуда шудаанд? 

2) Кадом калимаҳо дар забони имрӯза маънои нав пайдо кардаанд? 

3) Ибораи бо чашми бад нигоҳ кардан чӣ гуна воҳиди забон аст ва чӣ 
маъно дорад? 

4) Ҷонишини худ ба маънои нафсӣ (соҳибӣ) омадааст ё барои 
таъкид? 

5) Бандакҷонишини шахсию соҳибии -ат (дар калимаҳои амлокдор, 
ҳоким , вазир, қозию раис ) чӣ гуна обуранги ҳиссӣ зоҳир кардааст? 

Г Г 

^•^ Маънои луғавии калимаи таҳрир навиштан ва озод кар- 
дани ғулом, вале маънои истилоҳии он дар журналистика ва 
соҳаи нашриёт ихтисор ё илова кардан ва ислоҳ намудани 
нуқсонҳои матн аст. Муҳаммад Ғазолӣ дар «Насиҳатулмулук» 
навиштааст: «Ва чун нома нависӣ, пеш аз он ки бинавардӣ 
(лӯлавор бипечонӣ), фурӯхон, он гоҳ бинавард, то гар хатое 
бошад, онро андарёфта ояд. Ва ҷахд бояд кардан, то сухан 



151 



кӯтоҳ буваду маъно дароз ва сухан дубора навишта нашаваду 
аз алфози гарон парҳез кунад, то сутуда (таърифзеб) бувад». 
Ҳар чизи навишта умри дароз мебинад ва аз соҳибқалам 
масъулияти бештар талаб мекунад. Мӯҷазбаёнӣ ҳам осон му- 
яссар намегардад. Бинобар ин нависандагон матни асарҳои 
худро борҳо хонда, «қалам мезананд», то ки сухан кӯтоҳ, 
пурмазмун, бенуқсон ва пухта барояд. Чунин хислатро дар 
худ парваридан ба ҳар фарди бамаърифати ҷомеа воҷиб аст. 



153. Матнҳоро муқоиса намуда, муайян кунед, ки нависанда ҳангоми 
таҳрири онҳо кадом калима ё ибораро ихтисор ё бо калимаю ибораи 
дигар иваз намудааст. Мулоҳиза кунед, ки Ҳаким Карим чаро маҳз 
ҳамин тарзи баёнро салоҳ дониста буд. 



1. Ҳоло вай гапашро тамом 
накарда буд. Ба аъзои бада- 
нам ларза даромад. Худам 
ҳам надониста мондам, бо са- 
дои баланд ва ба назар даб- 
дабанок: 

- Чӣ?! - гуфтам. 

2. Номи ин қишлоқ ба худаш 
мувофиқ намеомад ва фақат 
дар он ду хона буд ва он ду 
хона ҳам монанди бум дар 
нӯги кӯҳ танҳо меистод, гӯё 
посбони абадии ин пиряхҳои 
куҳансоли Зарафшон буд. 

3. Ин хат ҳақиқати талх аст. 
Агар Шумо ҳақиқатро дӯст 
дошта бошед, марҳамат кар- 
да талхиашро низ ҳазм кунед. 



Ҳоло вай гапашро тамом 
накарда буд ки, ба аъзои ба- 
данам ларза даромад. Худам 
ҳам надониста мондам, бо 
садои баланд: 

- Чӣ?! -гуфтам. 

Номи ин қишлоқ ба худаш 
мувофиқ намеомад: дар он 
фақат ду хона буд, ки монан- 
ди ду бум дар нӯги кӯҳ меи- 
стод, гӯё посбони ин пирях- 
ҳои куҳансоли Зарафшон буд. 

Ин хат барои шумо ҳақиқати 
талх аст. Марҳамат карда ин 
талхиро ҳазм кунед. 



152 



4. Гӯё ӯ - зани ҷавон ба пира- Гӯё ин зани ҷавон ба пираза- 
зани беимдод мубаддал гар- не мубаддал гардид ва маҷо- 
дид ва мадори даҳанкушоиро ли даҳанкушоӣ надошт. 
надошт. 

154. Ҷумлаҳоро бодиққат хонед ва муайян кунед, ки кадом калимаҳо 
барзиёд ё ғалат кор фармуда шудаанд. Ҷумлаҳоро ислоҳ карда ба 
дафтар нависед. 

1 . Ва дигар заминае, ки барои ҷалби сармоя мусоидат кар- 
да метавонад, ин мавҷудияти захираҳои меҳнатӣ ва дараҷаи 
тахассуси онҳо мебошад. Аксари мутахассисоне, ки дар 
корхонаҳои саноат кор мекунанд, онҳо дар Тоҷикистон 
зиндагонй мекунанд. 2. Қаблан дар Тоҷикистон як қарори 
ҳукумат қабул шуда буд... Мутаассифона, ин қарор ҳалли 
худро наёфт. 3. Агар имкон мебуд, дар хона барои шумо 
навоҳои дӯстдоштаи худро ба самъатон мерасондам. 4. 
Коллективҳои пуртаҷриба на фақат ба зудтару хушсифат 
коштани пахта ва дигар зироат, балки инчунин ба самаранок 
истифода бурдани сарвати халқ - замин бештар диққату 
эътибор зоҳир менамоянд. 5. Инсонро бо дӯсту ҳамнишинаш 
мешиносанд, зеро дӯст дар рӯҳияи инсон таъсири бисёр зиёд 
дорад. 6. Сиёҳ шудани зери чашмон сабабҳои худро дорад. Ва 
агар касе ба шумо гуфта бошад, ки он натиҷаи бемории дил 
аст, пас ӯ ғалат кардааст. 7. - Бибӣ, очаам чӣ хел зан буд? 
- Ҷони бибӣ, очаат хушрӯй, базеб, зебо буд. 8. Хоҳонам, 
ҳамеша болои сари ҷавонон осмони беғубор ва офтоби пур- 
бор шӯълаафкан бошад (Рӯзнома). 

к • Л 1) Дар матнҳои 1, 6 пайвандаки ва бамавқеъ кор фармуда шу- 
дааст? 

2) Дар ҷумлаи 5 истеъмоли пешоянди бо дуруст аст? 



153 



к Л Баъзе шахсони дурандеши аҳли маърифат аз ҷавонӣ чу- 
нин мекардаанд: ҳар андешаи аз касе шунида ё аз ҷое хон- 
даашонро дар дафтари хотира ё варақчаҳо мухтасар қайд 
карда, ба даруни лифофае андохта, ба рӯйи он номи мавзӯъро 
менавиштаанд. Баробари сипарй гардидани солҳо даруни он 
лифофаҳо ҳам пур шудан мегирифтааст. Ҳар гоҳ дар ягон 
мавзӯъ чизе навиштанӣ ё дар ҷое суханронӣ карданӣ шаванд, 
пеш аз ҳама, он лифофаро кушода, маълумоти он варақча- 
ҳоро хонда, дар мақола, маърӯза ва ё суханронӣ истифода ме- 
кардаанд. 

Ба мактабиён ҳам лозим меояд, ки мӯҳтавои асосии дарси 
назариро ба тариқи фишурда (тезис) ё натиҷагирӣ (конспект) 
бинависанд. Ин заҳмати андак самараи бобаракат дорад: 
фикр ба масъалаҳои дигар парешон намешавад, диққат ба 
мавзӯи дарс ҷалб мегардад, майна ба ҷустуҷӯ медарояд, 
саволҳои нав ба нав пайдо мешаванд, аз муаллим мепурсад, 
дарс фаъол ҷараён мегирад... 

Фишурда номи фасл ё сарлавҳаҳои чизи мутолиашуда нест, 
балки нуктаҳои аз ҳама муҳими масъала аст, ки мухтасар аз 
забони худ ё айнан дар нохунак навишта, дар маърӯзаи илмӣ 
ё реферат барои тасдиқи фикри худ ба сифати далел оварда 
мешавад. 

Маърӯзаи илмӣ бо мадади муаллим аз тарафи хонанда на- 
вишта мешавад. Муаллим мавзӯи маърӯза ва номгӯйи асару 
мақолаҳои илмиро пешниҳод мекунад ё худи хонанда 
мавзӯъро интихоб намуда, ба ҷустуҷӯйи маводи илмӣ ва му- 
толиа мепардозад. Баъд аз фароҳам овардани мавод нақшаи 
маърӯзаро тартиб дода, аз рӯйи он ба навиштан шурӯъ меку- 
над. Баъди анҷоми кор матни маърӯзаро бодиққат хонда, 
таҳрир мекунад. Маърӯза дар маҳфил ё ҷамъомадҳои илмӣ 
хонда мешавад. Ба ҳамин минвол фаъолияти мустақилона 
маърӯза, мақола, реферат ва тақриз навиштан оғоз мегардад. 
Ҳамаи адибон, рӯзноманигорон ва олимон кори илмию 
эҷодиро ҳамин тавр оғоз кардаанд. 



154 



155. Корро аз натиҷагирии (конспект кардани) дарси адабиёт ё таърих 
шурӯъ кунед. Ҳангоми қайд намудани нуктаҳои асосии мавзӯи дарс 
чанд савол омода карда, дар охири дарс аз муаллим пурсед. 
Таваҷҷӯҳи устод ба шумо бештар мегардад. 



156. Ба ду савол ҷавоб нависед: 

1 . Чӣ зарурат пеш омад, ки инсон бояд табиатро эҳтиёт ку- 
над? 

2. Чӣ зарурат моро пеш омад, ки Қонуни забонро қабул 
кунем? 

Ҷавобҳоро ба тариқи маърӯза ё як гузориши мухтасари 
илмӣ тайёр карда, дар ҳузури ҳамсабақон хонед. 

157. Матнро бодиққат хонда, муқаррар кунед, ки он ба кадом услуби 
баён тааллуқ дорад ва ҳадафи асосии муаллиф чист. Андешаҳои 
худро дар ин бобат ба тариқи тақриз нависед. 

Шайхурраис овардааст, ки дар овони ҷавонӣ китоби «Мо- 
баъдуттабиат»-и Арастуро чиҳил бор хонду матни онро азбар 
кард, бо вуҷуди ин нафаҳмид, вале қаноат накарду шарҳи 
Форобиро ба даст овард ва ғаразҳои Арасту барояш ошкор 
шуд. Барҳақ, мо нобиға Сино нестем, ки як китобро чиҳил 
бор хонем. Аммо инсоф кунед, мо ҳам одамем ва боз даст бар 
синаҳо мекӯбем, ки Сино ҳаммиллати мост, шаъну шарафи 
мост, обрӯю ифтихори мост. Чаро дасту остин барзада 
ақаллан як бор як китоб намехонем ва чун калимаеро 
нафаҳмидем, шикоят меоварему лек ба фарҳангҳо назар на- 
меандозем? Агар назар меандохтем, «Фарҳанги забони 
тоҷикӣ» (дар ду ҷилд, 1969) - бузургтарин луғатномаи забони 
ахди Аҷам - даҳҳо сол чанг задаю мағор баста дар дӯконҳо 
хоб намерафт. Оё ин фарҳанг танҳо барои фарҳангиён ва 
фарҳангпарастон аст? Оё дӯст доштани фарҳанг фақат хоси 
гурӯҳе аз мардум аст? Оё забони тоҷикӣ танҳо забони модари 
Муҳаммадҷон Шакурӣ, Лоиқ, Бозор Собир аст? Оё забони 
модар ва забони модарии ҳамаи мо нест? 



155 



Масъалаи бузургдошти забони модарӣ масъалаи ҳаёту ма- 
моти миллат аст. Забони модариро бузург надошта, чӣ сон 
метавон зодмандон (волидон)-ро бузург дошт? Чӣ сон мета- 
вон таърихи миллат ва азизону номдорони варо бузург дошт? 
Миллате, ки забони модариашро тавоно намесозад, пос на- 
медорад ва азиз намешуморад, маҳкум ба завол ва нестист 
(Фотеҳ Абдулло). 

Г|“! 

к Истилоҳи тақриз дар фарҳанг ба маънои баҳо додан ба 
навиштаҳои касе тафсир шудааст. Тақриз ба асар, мақола ва 
тадқиқоти илмӣ навишта мешавад. Дар он ҳам ҷиҳатҳои хуб, 
ҳам нуқсону норасоиҳои он зикр меёбад. 

Аннотатсия маълумоти мухтасар дар бораи мақола ё китоб 
аст. Он аз чанд ҷумла иборат буда, масъалаҳои асосии 
мундариҷаи мақола ё китобро дар бар мегирад. Чунончи, 
маълумотномаи китоби М.Шакурӣ «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нук- 
та мақоме дорад» дар паси нахустварақи китоб ба тарзи зайл 
омадааст: 

Маданияти баланди ҷамъият ва пешрафти маънавии онро 
бидуни забони иқтидорманде тасаввур наметавон кард. 
Ҳастии таърихии халқ ва ҷустуҷӯйҳои бардавоми маънавии ӯ 
дар оинаи забон акс андохтааст. Пас ин оинаро тозаву 
беғубор бояд нигоҳ дорем, то ҳастии маънавии худро аз он 
бинем ва барои такмили худ кӯшем. 

Чунинанд андешаҳои муаллифи ин китоб доир ба 
масъалаҳои забон ва тарзи баён. 

Маълумотномаи китоби Мирзо Турсунзода «Ошёни ба- 
ланд» чунин аст: 

«Ошёни баланд» гулдастаест аз чаманистони табъи саршо- 
ри Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода. Шоир дар 
шеърҳояш одамонеро васф менамояд, ки бо меҳнати 
қаҳрамононаи худ сарвату забони кишвари азизашонро афзун 
мегардонанд. 



156 



158. Мулоҳиза кунед, ки магар маълумотномаҳои боло мӯҳтавои асосии 
китобҳои М.Шакурӣ ва М.Турсунзодаро пурра инъикос мекунанд. 
Агар навиштани маълумотномаи он китобҳоро ба шумо мефарму- 
данд, чӣ вариантро пешниҳод мекардед? 



159. Ба як-ду китоби дарсӣ ва ба ягон асари бадеи, ки мутолиа кардаед, 
маълумотнома нависед. 



УСЛУБШИНОСИ ВА ҲУСНИ БАЁН ЧИРО 
МЕОМӮЗАД? 



Г|1 

к •Л Услубшиносӣ як соҳаи илми забон аст. Вай бо 
мафҳумҳои забони маданӣ ва забони адабӣ алоқамандӣ до- 
рад. 

Забони маданӣ забони халқест, ки ба пояи баланди тамад- 
дун расида, мақоми забони давлатиро соҳиб шуда бошад. Вай 
заминаи таълими мактабист ва забони нисбатан пойдор буда, 
дар тамоми қаламрави маҳалли муайян интишор меёбад ва 
шеваҳоро фаро гирифта, ҳазм мекунад. 

Забони адабӣ ё меъёрӣ (забони қолабй ё стандартй) забо- 
нест намунавӣ ва ба маром даромада. Меъёрҳои он бебаҳс 
буда, риояи онҳо барои ҳамаи соҳибзабонон ҳатмист. Забони 
адабӣ ба лаҳҷаҳову забони авом муқобил гузошта мешавад. 

А.П.Чехов чунин мешуморад: «Барои ҳар фарди бамаъри- 
фат бемаънӣ ҳарф задан мисли айбест, ки кас хондану навиш- 
тан натавонад». 

Ҳадафи услубшиносӣ ин аст, ки ба соҳибзабонон 
нозукиҳои забони модариашро ёд дода, ба онҳо ҳунари 
бегалат ва шево хаттй ё шифоҳӣ ифода кардани фикрро 
омӯзад. Як мисол: Саодат башаст номаро кашида гирифта, 
бетоқатона, бо дастони ларзон давомашро хонд. Дар ин 
ҷумла зоҳиран ягон калима галат нест, сохти ҷумла ҳам 
нуқсон надорад. Вале нигоранда «номаро башаст кашида ги- 



157 



рифта» гуфтааст. Агар вай медонист, ки маънои нозуки феъли 
рабудан ҳамон амал (башаст кашида гирифтан) аст, ба ҷойи 
як калима азоб кашида се калимаро кор намефармуд. 

Аён аст, ки аз чунин нозукиҳои маънои сухан на ҳама, ба 
хусус ҷавонон, огоҳии комил доранд. Аз ҳамин сабаб 
услубшиносӣ ва ҳусни баёнро омӯхтан ба ҳар фарди ҷомеа 
воҷиб аст. 

Ҳусни баён ё маданияти сухан (культура речи) низ як соҳаи 
илми забон буда, ҳадафи он дар амал ҷорӣ намудани 
меъёрҳои забони адабии муосири тоҷик ва услубҳои он дар 
бобати талаффуз, навишт ва истифодаи вожаҳо, қоидаҳои ка- 
лимаю шаклсозӣ, ибораву ҷумлабандӣ аст. Ҳусни баён ба 
соҳибзабонон ёрӣ медиҳад, ки аз забони модариашон беғалат 
ва моҳирона фоида бурда, бад-ин васила савияи забондонӣ ва 
маҳорати суханварии худро такмил диҳанд ва онҳо нагузо- 
ранд, ки ин сарвати бебаҳо, ки аз гузаштагони худ ба мерос 
гирифтаанд, осеб бинад. 

Забон вазифаи худро чун василаи мубодилаи фикрии ода- 
мон ду тариқа: шифоҳӣ ва хаттӣ адо мекунад. Дар ҳар ду тар- 
зи ифодаи фикр чунин вожаю таъбирҳо фаровон истифода 
мешаванд, ки доираи васеи истеъмол дошта, ҳам дар гуфтору 
ҳам дар навиштор маъмулу маъруфанд. Онҳоро унсурҳои 
умумиистеъмоли забон меноманд. Чунин калимаҳо 
мафҳумҳои ашё, аломат, амалу ҳолатро холисона ё 
беғаразона ифода мекунанд: 

Ду рухсорат гул асту мижаат хор, 

Халад хори гулат бар ин дили зор (Лоҳутӣ). 

Дар ин байт калимаҳои ду, рухсор, мижа, дил, гул, хор, зор, 
халидан доираи васеи истеъмол доранд, дар гуфтору навиш- 
тор ба кор бурда мешаванд. Калимаи рухсор аз муродифи рӯй 
бо тобиши маъно ва обуранги ҳиссии мусбат фарқ мекунад. 
Рухсор на тамоми рӯй, балки як ҳиссаи болоии он аст, ки сур- 
хии онро шоир ба ранги гули садбарги сурх монанд кардааст. 
Агар калимаи рӯй мафҳумро холисона ифода кунад, дар рух 
( рухсор, рухсора ) муносибати мусбати шоир низ ифода ёфта- 



158 



аст. Дар ду рухсор ҳусни табиии инсон таҷаллӣ мегардад, би- 
нобар ин шоирон онро бештар ба маъшуқа нисбат медиҳанд. 
Мисоли дигар: 

Ду ҳамсояи нав - Ҳайити дароз ва Саиди пакана - дар 
қафои бинои чорошёна бӯрё барин - бӯрё барин замин ҷудо 
карда, аторфи онро бо симхор печонданд. 

Дар ин матн сифатҳои дароз ва пакана ба ҷуз мафҳуми 
аломат (баланду пастии қади инсон) сарбории маъно доранд, 
ки он муносибати гӯяндаро ба шахс (ҳамсояҳои нав) ифода 
мекунанд. Он сарбории маъноро дар услубшиносӣ обуранги 
ҳиссии калима меноманд. Баҳои гӯянда ё обуранги ҳиссии ка- 
лима мусбат ё манфӣ мешавад. Сифати пакана обуранги 
ҳиссии манфӣ дорад. Сифати дароз аслан калимаи 
мӯътадилмаъно буда (чунончи, арғамчини дароз), дар ифодаи 
баландии қади инсон обуранги ҳиссии манфӣ пайдо кардааст. 

Дар калима обуранги замон (гузашта ва имрӯза), маҳал 
(мавзеи зисти одамон), обуранги иҷтимоӣ (хоси гурӯҳҳои 
ҷудогонаи ҷомеа) низ инъикос меёбад: муллобача - студент - 
донишҷӯ, ангушт - чилик - лелак , пул - малах. 

УСЛУБҲОИ ЗАБОН 

Гер 1 

• 1 . Услубиёти забон дар бораи чӣ баҳс мекунад? 

2. Забони гуфтугӯ ва забони хаттӣ (китобӣ ё адабии китобӣ) ду ус- 
луб аст ё ду тариқа вазифаи худро адо кардани забон? 

3. Забони хаттӣ чӣ тарз ба вуҷуд омад? 

4. Байни шифоҳӣ ва хаттӣ ифода кардани фикр чӣ гуна фарқҳо 
вуҷуд доранд? 

5. Услубҳои баён кадоманд? 

6. Услуби бадеӣ аз дигар услубҳои баён чӣ фарқ дорад ва хусусияти 
луғавию грамматикии он чист? 

7. Услуби рӯзноманигорӣ (публисистика) чист ва чӣ хусусияти 
луғавию грамматикӣ дорад? 

8. Услуби расмӣ (коргузорй ё дафтардорӣ - конселярӣ) чист ва чӣ 
хусусияти лугавию грамматикӣ дорад? 



159 



9. Услуби илмй чист ва ду шохаи он - илмии оммавӣ ва илмии 
тадқиқотӣ аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд? 

10. Услуби муошират аз дигар услубҳои баёч чӣ тафовут дорад? 

Маълум аст, ки забон дар марҳалаи аввали пайдоиш 
шифоҳӣ (гуфтугӯйӣ) буд. Баъд аз пайдо шудани хат тадриҷан 
байни гуфтору навиштор тафовут ба вуҷуд омадан гирифт ва 
бо мурури замон дар натиҷаи рушди маънавии ҷомеа он фарқ 
фузунтар гардида, тарҳи забони гуфторӣ ва навишториро ги- 
рифт. 

Мубодилаи шифоҳии фикр одатан ба тариқи муколима 
(диалог) сурат мегирад. Дар муколима оҳанги гуфтор: наво 
(пасту баландшавӣ), суръат ё тамдид (вақте, ки дар талаффузи 
ягон порчаи овозӣ сарф мешавад), танфис (ист ё қатъ шудани 
талаффуз бинобар эҳтиёҷоти нафасгирӣ), қувва (ки барои та- 
лаффузи овозҳо сарф мешавад), танин (сифати талаффузи 
овозҳо), задаи таъкид хоси табиати нутқ ё гуфтор буда, 
аҳамаияти хоса касб мекунад. 

Мутакаллим оҳанги гуфторро тағйир дода ба мазмуни 
ҷумла тобишу ҷилоҳои нав ба нави маъноӣ медиҳад, муноси- 
бат ва эҳсосоти худро нисбат ба фикри баёншаванда ифода 
мекунад. Забони хаттӣ дар ифодаи фикр аз ин имконоти 
муҳими нутқ камтар бархурдор мегардад, зеро он чанд ало- 
мати китобат олами рангоранги оҳанги гуфторро пурра ифо- 
да карда наметавонад. 

Дар нутқ илова бар овоз ва оҳанг воситаҳои ёвари 
ғайризабонӣ ҳам истифода мешаванд, ки ҳаракатҳои 
кинетикӣ (имою ишора) ва мимикии чашму абрӯ, ҷабин, лабу 
даҳон аз ҷумлаи онҳост. Муҳит, вазъият, авзои мусоҳибон дар 
ҳангоми сӯҳбат ё, бо таъбири дигар, ҷараёну мароми сухан 
низ ба равшан ифода кардани мақсад ва эҳсосоти гӯянда, зин- 
да ва таъсирбахш баромадани нутқ мадад мерасонад. Ҳамин 
гуна воситаҳои овозию ғайриовозии лаҳзаи гуфтор имкон 
медиҳад, ки дар нутқ баъзе калимаю ибораҳо ихтисор гар- 



160 



данд, фикр бо ҷумлаҳои нопурра ва ҳатто нотамом ифода 
ёбад: 

Хиромон ишора намуд, ки Иброҳимҷон наздиктар ниши- 
над. 

- Акаам мегӯяд, ки ба шумо паспорти нав гирифта додааст. 
Бо фамилияи нав. Рост? 

Хиромон бо тасдиқ сар ҷунбонид. 

- Духтур таъин кардааст, ки паст-паст гап занам, - гуфт ӯ. 
Иброҳимҷон ба беморони бистарии палата, ки ҳар кадоме 

ба ҳоли худ буд, назаре афканд ва гуфт: 

- Боз беҳтар. Яъне ман гуфтанӣ, ки. . . 

- Фаҳмо, Иброҳимҷон. Гӯед, ки ба шумо чӣ шуд? 

- Ҳеҷ. Ба ҷойи коратон омада, маноракрани чаппагардон- 
ро дида гумон кардам, ки... Хиромон, ман бе шумо мему- 
рам... Гуфта будам-ку, дилам ким-чӣ хел суст шудагӣ (Ф.М.). 

Азбаски ҷараёни нутқ фурсати бамулоҳиза интихоб карда 
гирифтани калима ва мувофиқи талаботи фикр сохтани ҷумла 
намедиҳад, табиист, ки ҳангоми гуфтор баъзан суханҳо так- 
рор ва бемавқеъ кор фармуда мешаванд, ҷойи аъзоҳои ҷумла 
тагйир меёбад, ҷумлаҳо ноқис, ҳатто бемантиқ мебароянд. 

160. Матни зеринро бо матни супоришҳои 146, 147 ва 157 муқоиса кар- 
да, бигӯед, ки магар дар ҳар се матн ҳам ҳадафи муаллифон дар бо- 
бате иттилоъ ё маълумот додан нест. Вале дар кадом матнҳо 
ҷанбаи талқин намудани фикре, ташвиқу тарғиб кардани он, ба хо- 
нанда таъсир расондан, ӯро ба амале водор намудан қавитар ифода 
ёфтааст? 

Доктор Саидмуҳаммади Акрам, устоди забони форсии 
Донишгоҳи Панҷоб дар хусуси қисмати забони форсй дар 
сарзамини пурвусъати Ҳинд дар асрҳои ХШ-Х1Х дар «Иқбол 
дар роҳи Мавлавӣ» ном китобаш навиштааст: 

«Забоне, ки барои аъсори мутаволӣ (асрҳои тӯлонӣ) забони 
расмии кишвар буд, забоне, ки ёд гирифтани он муҷиби иф- 
тихор ва мубоҳот (сарфарозӣ) шумурда мешуд, забоне, ки 
азизтар аз забони мазҳабӣ ба шумор мерафт, забоне, ки аз за- 



161 



бони модарӣ ҳам ширинтар пиндошта мешуд, забоне, ки за- 
бони шеър буд, забони завқ буд, забони дил буд ва забони рӯҳ 
буд, дар диёри худ ғариб, аҷнабӣ ва ношинос гардид. Ин дос- 
тонест гамангез ва риққатафзое, ки қалам бар он мегиряд». 

• Дар матнҳои супоришҳои 146 ва 147 матлаб бо услуби 
баёни илмӣ, вале дар матни супориши 157 бо услуби баёни 
илмии оммавӣ, ки ба сабки рӯзноманигорӣ созгор аст, ифода 
меёбад. 

Дар ин услуби баён калимаҳои адабии умумиистеъмол, 
унсурҳои луғавию фразеологии забони адабии гуфтугӯ ( овони 
ҷавонӣ, даст бар сина кӯфтан, дасту остин барзадан ), 
истилоҳоти сиёсию иҷтимоӣ ( миллат , ҳаммиллат ), дар ифо- 
даи мафҳумҳои илмӣ як микдор истилоҳ (матн, иларҳ, 
фарҳанг, лугатнома, забон, забони модарӣ) ба кор бурда ме- 
шавад. Баёни фикр ба тариқи хабар додан ё нақлу ривоят су- 
рат мегирад. Рушди маънавии ҷомеа рӯзноманигорро водор 
месозад, ки барои ифодаи мафҳумҳои тоза мудом дар 
ҷустуҷӯйи калимаю истилоҳоти нав бошад ( фарҳангиён , 
фарҳангпарастон) ё ба калима, истилоҳ ва таъбирҳои маъмул 
таҷдиди назар кунад (зодманд ба ҷойи волидашт арабй). 
Мақсади муаллифи мақола дар қолаби ҷумлаҳои соддаи 
тафсилӣ, пурра ва ҷумлаҳои мураккаби начандон сертаркиб 
ифода меёбад. Бо мақсади талқини андеша ва таъсир расони- 
дан ба шунаванда аз воситаҳои муассири наҳвӣ: муроҷиат ба 
хонанда (инсоф кунед , мо ҳам одамем ), такрори баъзе аъзоҳои 
ҷумла (такрори муайянкунандаи соҳибии мо дар таркиби ха- 
бари номӣ: Сино ҳаммиллати мост , шаъну шарафи мост , 
обрӯю ифтихори мост), саволи риторикӣ (Оё ин фарҳанг 
танҳо барои фарҳангиён ва фарҳангпарастон аст?...) 

Матни охирин, ки бо сабки нигориши забони муосири 
форсӣ навишта шудааст, як микдор калимаю истилоҳоти ба 
чашми хонандаи тоҷик ноошно, ба мисли аъсори мутаволӣ, 
мубоҳот ба кор рафтааст. Вале гараз аз ифодаҳои маҷозии 



162 



забони завқ , забони дил, забони рӯҳ, қалам бар он мегиряд, так- 
рор ба такрор омадани забони... ҷозибанок ифода намудани 
матлаб ва таъсир расонидан ба хонанда аст. Ин ҳама 
воситаҳои луғавию маъной ва грамматикии муассир баён 
кардани мақсад аломатҳои сабки рӯзноманигорист. 

161. Адибон бо мақсади воқеӣ тасвир намудани муоширати одамон дар 
муколамаи қаҳрамону персонаҳои асари худ аз унсурҳои забони 
зинда истифода мебаранд. Дар матни зерин чй гуна хусусиятҳои за- 
бони гуфтугӯ мушоҳида мешавад? 

- Момаи Гулбону! Ҳо, момаи Гулбону! 

- Э, бача, кистӣ? Ку биё, ранги рӯта бинам, - аз хона овоз 
дод кампир. 

- Мо тӯй дорем. Боз нагӯед, хабар накард. . . 

- Тӯй дорен? Муборак бошад!... Бачаи кистӣ?... Чашм на- 
расад, деҳамон шаҳр вори калон шудаст. Баъзе бачаҳоро та- 
моман намешиносам-е. 

- Маро нашинохтӣ, мома? О ман — писари Латифи пода- 
бон... 

- Эъ, Хуршедӣ? Ай Худо чашмома бигира-е, О ту набераи 
худам-ку... Момат пири фартут, фаромӯшхотир шудааст... 
Ҳоли ба доди мо бирасӣ, чӣ будани балои пирира мефаҳмӣ, 
масхарабоз! (А.С.). 

Г Г 

• Дар гуфтугу бештар калимаю ифодаҳои халқи, лафзҳои 
шевагй, калимаю истилоҳоти касбу кори гуногун, суханҳои 
дурушти кӯчагӣ (ҳақорат, дуои бад), калимаю ифодаҳои бего- 
на, ки ба меъёри забони адабӣ мутобиқ нестанд (варваризмҳо: 
астановка, абед кардан, эгзамин супоридан...) ва ғайра ба 
кор бурда мешаванд. Дар матни боло ифодаи мардумии ба 
доди мо бирасӣ - ба синни мо бирасӣ, талаффузи ғайриадабии 
калима: мома - момо, ҳоли - ҳоло; унсурҳои грамматикӣ: ран- 
ги рута - ранги рӯятро, тӯй дорен - тӯй доред, деҳамон илаҳр 
вори - деҳаамон шаҳр барин, Худо чашмома бигира-е - Худо 



163 



чашмҳоямро бигирад-е, балои пирира - балои пириро омада- 
аст. Чунин унсурҳои ғайриадабӣ барои фардӣ кардани сухан- 
ронии пиразан ба кор бурда шудаанд. Нависанда ин корро 
хеле эҳтиёткорона кардааст, то ки баёни фикр барои кулли 
хонандагон фаҳмо бошад ва забони адабӣ осеб набинад. 

Забони гуфтугӯ аз ҷиҳати истифодаи унсурҳои шаклӣ 
(морфологӣ) ҳам фарк мекунад. Чунончи, маънои ҷамъи 
исмҳо бештар бо ёрии пасванди - ҳо , дараҷаи олии сифат бо 
таркиби аз ҳама ( аз ҳама калон , на калонтарин) ва такрори 
сифат ( калони калон), шахси якуму дуюми ҷамъи ҷонишинҳо 
бо шаклҳои моён (моҳо), илумоён (шумоҳо) ифода меёбад. Аз 
қабили кор карда гаштааст, навиштан дорад, омада монд 
феълҳои таркибӣ, ки маъноҳои грамматикии давомнокӣ ва 
мутлақияти амалро мефаҳмонад, низ бештар дар забони 
гуфтугӯ истифода мешаванд. Ба шакли кӯтоҳ талаффуз шуда- 
ни феълҳои таркибӣ низ хусусияти лаҳҷаҳои забони тоҷикист: 
рафта истодаам - рафсодиям (Хуҷанд, Конибодом, Сӯх, Риш- 
тон), рафсосиям (Исфара), рафтесам (Балуч), рафсиям (Шур- 
машк, Пасруд, Пинён), рафсем // рафсодем (Бухоро, 
Самарқанд ), рафсем // рафсогам (Панҷакент, Зебон ), рафсокам 
(Понғоз, Шайдон, Ашт), рафсекам (Чуст, Варзик, Косон), 
рафтистам (Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ёвон) дар матни боло 
(тӯй дорен, яъне шумо тӯй доред, тӯй мекунед). 

Дар забони гуфтугӯ фикр бо ҷумлаҳои соддаи яктаркиба ё 
дутаркибаи начандон тафсилёфта, нопурра, ҷумлаҳои мурак- 
каби бепайвандак, ки ҷузъҳои зиёдро дар бар намегиранд 
(дар матни боло: Боз нагӯед, (ки) хабар накард), ифода меё- 
бад. Дар гуфтор ҷойи муқаррарии аъзоҳои ҷумла тағйир меё- 
бад. 

162. Давоми мактуби кушоди устод Айниро мутолиа кунед ва бигӯед, ки 
муносибати забони адабӣ бо лаҳҷаҳо бояд чй гуна бошад ва нави- 
санда унсурҳои лаҳҷагиро бо чӣ мақсад ва то ба кадом андоза ба 
кор барад. Дар заминаи маводи матн ва асари бадеие, ки мутолиа 
кардаед, дар ҳаҷми як-ду саҳифа андешаҳои худро доир ба ҳамин 
масъала нависед. Баъд аз як-ду бор бо овоз хонда, нуқсонҳояшро 



164 



ислоҳ кардан мундариҷаи навиштаатонро ба ҳамсабақон баён ку- 

нед: 

«Дар ин ҷо... як роҳи инкишофи забони адабиро ҳам қайд 
кардан мехоҳам. Ин кор фармудани луғатҳои маҳаллӣ аст. Ба 
фаҳми ман, дар кор фармудани луғатҳои маҳаллӣ бисёр 
эҳтиёт кардан, аммо чизҳои нағзи онро аз назар нагурезондан 
лозим аст. Дар лаҳҷаҳои маҳаллӣ монанди «иби»-и (нидое, ки 
дар мавриди тааҷҷуб, тарс, шодӣ ва ғайра ба чандин оҳанг ба 
сухан илова мешавад) бухороиён (бухорогиён не!) калимаҳое 
ҳастанд, ки қобилияти умумӣ шудан надоранд ва ин гуна 
калимаҳоро танҳо дар порчаҳои ҳаҷвӣ кор фармудан мумкин 
аст. Аммо дар забонҳои маҳаллӣ баъзе калимаҳо ҳастанд, ки 
клосиконаанд, бо вуҷуди дар як маҳал зинда будани он гуна 
калимаҳо онҳо ба дараҷае клосиконаанд, ки баъзе касони бе- 
хабар онҳоро «забони қадимии мурда» мепиндоранд ва дар 
орхоизм (луғати кӯҳна - архаизм) медароранд. Чунончи, «гу- 
сел» дар Ленинобод, дар байни авоми бесавод кор фармуда 
мешавад. Аммо бухороиён дар ҷойи ин калима «узот»-ро кор 
мефармоянд. Вазифаи нависандагон ин гуна калимаҳоро 
умумӣ кардан аст». 



УСЛУБИ БАДЕИ 

163. Матнро беғалат қироат кунед ва бигӯед, ки он ба кадом услуби ба- 
ён тааллуқ дорад ва кадом хусусиятҳои он услубро дар бар меги- 
рад. 

Ин андешаҳо ва мулоҳизаҳо хирмани сабр ва шикебоии 
Бибиоишаро ба бод медод(4). Баъд аз соате, ки Одина аз хона 
дур шуд, Бибиоиша хост ба ҳой-ҳой гириста нола ва фарёд 
бароварад, лекин, аз он ҷое ки ин гуна фарёди бемаҳал сабаби 
фош гардидани рози Одина ва боиси гирифториаш мешуд, 
ночор оҳи сарде аз дили пурдард кашида, лаб фурӯ баст(4). 
Аммо чунон лаб фурӯ бастане, ки дарунаш аз оташи ҷудоӣ(1) 
ва фироқ чун кӯраи ангиштгарон(2) аланга мезад. Оре(З), аз 



165 



ду чашми хунбораш(2) сиришк равон шуда, кушиш мекард, ки 
ин оташро ба қадре фурӯ нишонад(1) (С.А.). 

Гср 

* = Кадом пайвандаки хилофӣ вазифаи ҷумлабандиро ва кадоме 
вазифаи матнсозиро ба ҷо овардааст? 

• Матн ба шохаи насри услуби адабиёти бадеӣ тааллуқ 
дорад. Нависанда ҳолати рӯҳии қаҳрамони асарро бевосита 
тасвир намудааст, бинобар ин баёни фикр дар чорчӯбаи забо- 
ни меъёрӣ сурат мегирад. Муаллиф баробари калимаҳои уму- 
миистеъмоли соат, дил, лаб, чаьим, бемаҳал, пурдард, дарун, 
ночор, дур ьиуд, гириста ва ғайра калимаҳои адабии китобии 
роз, гирифторӣ, сиришк, хунбор, фурӯ нишондан , калимаю 
истилоҳоти касбӣ, ки доираи истеъмолашон хеле махдуд аст: 
кӯра, ангиштгар , воҳиди фразеологии гуфтугӯйии ҳой-ҳой ги- 
ристан , оҳ кашидан ва адабии китобии лаб фурӯ бастанро ба 
кор бурдааст. Муродифҳои луғавии гиристан, нола ва фарёд 
кардан бо тобишҳои маъно аз ҳамдигар фарқ мекунанд. 
С.Айнӣ онҳоро дар як ҷо оварда, матлабро пурра ифода кар- 
дааст. Муродифҳои чудоӣ ва фироқ низ бо тобиши нозуки 
маъно аз ҳамдигар фарқ мекунанд, бинобар ин дар матн 
пайиҳам омада, маъноро пурратар мекунанд. Муродифҳои 
сабаб // боис бо мақсади гурез аз такрори айни як калима ис- 
тифода шудаанд. 

Нависанда ҳолати рӯҳии Бибиоишаро бо ҷумлаҳои мурак- 
каб батафсил баён мекунад. Бо пайвандаки аз он ҷое ки ба 
сарҷумла алоқаманд намудани ҷумлаи пайрави сабаб низ ун- 
сури грамматикии забони адабии китобист. Дар айни ҳол аз 
имконоти муассири наҳвии такрори силсилабанд: ...лаб фурӯ 
баст, аммо чунон лаб фурӯ бастане..., бо ҳиссача таъкидан 
тасдиқ кардани фикр: Оре, аз ду чашми хунбораш... 

Дар ин матн бо мақсади муассир тасвир намудани ҳолати 
рӯҳии қаҳрамони асар аз маҷоз: оҳи сард, оташи ҷудоӣ ва 



166 



фироқ, сиришк... кӯшиш мекард, ки оташро фурӯ нишонад , ки- 
ноя: чаиши хунбор , ташбеҳ: монанди кураи ангиштгарон, саҷъ: 
оҳи сард аз дили пурдард кашида истифода бурда шудааст. 

164. Матни зеринро бо матни боло муқоиса кунед ва хаттӣ шарҳ диҳед, 
ки Аҳмади Дониш либос, асбоби зебу ороиш ва ҳусну ҷамоли занро 
чӣ тарз тасвир кардааст. Дар матн матлаб чӣ тарз (ҳикоят, тасвир, 
муҳокима) ифода ёфтааст? 

Аз он ҷо ки либоси занони он диёр то камар танг аст ва аз 
камар то доман фарох, то ба ҳадде ки, агар аз дари хона да- 
рун шаванд, доман аз даҳлез берун бувад(4). Ва аз таҳти ка- 
марбанди(2) худ аз риштаи ҳарир миёнбанде(2) дигар до- 
ранд... Ва бар гӯш овезаи(2) алмос ва дурр(1) ва булӯр ва тил- 
лои тӯлонӣ. Ва сафҳаи баногӯш, ки аз гояти сафо раг ва 
ҳаракати хун аз таҳти ҷилои он дида мешавад, чун шуои овеза 
бад-он(1) зам гардад, шамъе дар муқобили оина аст(4). Бад-он 
зебу зиннат(1) чун бархезанд(2), ақл аз кохи димоғ ба парвоз 
ояд ва чун бинишинанд, ҷон дар ҳуҷраи дил хомӯш гардад(4). 

Л у ғ а т: 

Тӯлонӣ - дароз. 

Сафо - равшанӣ. 

Сафҳа - саҳифа, рӯйи варақи китоб, дафтар; рӯйи (сатҳи) 
ҳар чиз. Дар ин ҷо ба маънои рӯйи пӯсти сафед ва шаффофи 
зери баногӯши зани соҳибҷамол омадааст. 

Гср 

1) Чаро ҷумла бо пайвандаки ва оғоз ёфтааст? 

2) Дар ифодаҳои ақл аз кохи димог ба парвоз ояд, ҷон дар ҳуҷраи дил 
хомӯш гардад кадом калимаҳо ба маънои аслӣ, кадом калимаҳо 
ба маънои маҷозӣ омадаанд? 

165. Шеърро фасеҳ қироат намуда, мазмунашро нақл кунед. Сипас 
шарҳ диҳед, ки байни ин ду тарзи ифодаи як мазмун чӣ тафовут ба 
вуҷуд омад. 



167 



Дилбари моҳпайкари худро 

Дидам андар(З) чаман, ки гул мечид(4). 

Хори гул дасти он парирӯро 
Карда маҷрӯҳу ӯ механдид(4). 

Гуфтамаш(З): «Ханда чист?» Гуфто: «Гул 
Беҳтар аз худ наметавонад дид» 

(Адиб Фароҳӣ). 

Гср. 

к, • Л 1) Кадом калимаҳо хоси забони назм (поэтизм) ба шумор ме- 
раванд? 

2) Вожаи дилбар дар ин ҷо бо калимаи гул чӣ гуна муносибати 
маъноӣ пайдо кардааст? 

3) Тавсифи парирӯ ро шоир бо чӣ мақсад кор фармудааст? 

4) Пайвандаки пайвасти пайиҳами -у чӣ тобиши маъно зоҳир кар- 
дааст? 

5) Мазмуни ҷумлаи «Гул беҳтар аз худ наметавонад дид»-ро ба тар- 
зи дигар ифода кунед. 



166. Мазмуни ҷумлаи зерин чист? Бо суханони худ ба дафтар нависед 
ва шарҳ диҳед, ки ҳамон мазмунро адиб бо кадом унсурҳои муасси- 
ри забон ва санъатҳои сухан ифода кардааст? Чунин сабки нигориш 
хоси назм, насри ривоятӣ ё насри бадеии муосир аст? 

Он лолаузор беихтиёр чун абри баҳор сиришки хунини мо- 
нанди дурри шоҳвор бар сафҳаи рухсор фурӯ рехт. 

Гср 

к • Л 1) Маънои калимаи лолаузор ва ибораҳои сириьики хунин, дурри 
шоҳвор, сафҳаи рухсор чист? 

2) Ибораи абри баҳор бо сиришк, дурр ва рухсор чӣ таносуби маъноӣ 
дорад? 



167. Матнҳои зерин ба кадом услуби баён тааллуқ доранд ва дар онҳо 
чӣ гуна унсурҳои луғавию маъноӣ ва грамматикии хоси ҳамон услуб 
мушоҳида мешаванд? 

Ҳарчанд дар хона пинҳон мемонам, охир мебояд, ки як рӯз 
ба ёру диёр хайрбод гуфта, аз висоли Гулбибӣ дил канда ба 



168 



вилоятҳои ғурбат биравам, лекин барои ман ҷон кандан назар 
ба дил кандан аз Гулбибӣ осонтар аст (С.А.). 

Г ? ч 

к V ^ 1) Таъбирҳои дил кандан ва ҷон кандан чи гуна воҳиди забо- 
нанд? 

2) Нависанда он таъбирҳоро бо кадом мақсад ба тарзи қиёс кор 
фармудааст? 

3) Калимаи гурбат ба кадом маънӣ омадааст ва аз лафзи 
гуфтугӯйии гурбат накун чӣ тафовути маъноӣ дорад? 

Акнун пушаӣмонӣ суд надошт ва афсӯсу дарег фоида наме- 
бахшид , чунки тир аз камон бар хато ҷаста ва мурги матлаб 
аз дом раста буд (С.А.). 

к.* ^ 1) Калимаҳои суд ва фоида чӣ гуна вожаанд, пуьиаймонӣ суд 
надошт ва афсӯсу дарег фоида намебахшид ба ҳамдигар чӣ муно- 
сибати маъноӣ доранд ва нависанда онҳоро бо кадом мақсад ба 
кор бурдааст? 

2) Тир аз камон ҷаста ва мурги матлаб аз дом раста кадом воҳиди 
забонанд ва бо ҳамдигар чӣ муносибати маъноӣ доранд? 

3) Калимаи наздикталаффузи растан аз рустан чӣ тафовути маъноӣ 
дорад? 

168. Дар матнҳои зерин нависандагон аз кадом имконоти муассири 
луғавию маъноии ифодаи фикр истифода кардаанд? 

Тобут монанди шутури пурбор бисёр ба оҳистагӣ роҳ ме- 
рафт. Оре, ин тобут пурбор буд, лекин бораш на он боре буд, 
ки бо қувваи шутур, асп ва инсон нақл ёбад, балки ин бор 
бори андӯҳ ва алам, ғам, ҳасрат, ҳиҷрон ва ҳирмон буд, ки 
қӯҳпайкарони дунёро камар мешикаст (С.А.). 



169 



г<р 

к. * Л 1) Феъли нақл ёбад ба кадом маънӣ омадааст ва бо истилоҳи 
забоншиносии нутқи аӣнан ва мазмунан нақлшуда чӣ алоқа до- 
рад? 

2) Калимаҳои бор, пурбор бо чӣ мақсад такроран кор фармуда шу- 
даанд? 

3) Ҳиссачаи оре чӣ вазифаи услубиро адо кардааст? 

Ниҳоят ғоратгарон аз назди мо дур шуданд. Бори мо хеле 
сабук шуда монд. Бори сабуки ашёро ба хар ва бори гарони 
ғамро ба дил ниҳода равон шудем (С.У.). 

к. • « 1) Дар ин ҷумла калимаи бор ба маънои аслӣ омадааст ё 
маҷозӣ? 

2) Калимаи хар аз маркаб, ниҳодан аз гузоштан ва мондан чӣ тафо- 
вути маъноӣ ё услубӣ дорад? 

Гу1 

к в Услуби бадеӣ яке аз услубҳои қадимаи забон буда, ба ва- 
силаи он осори бобаракати назму насри ҳазорсола ва муосир 
сабт гардидааст. Дар он аз тамоми сарватҳои забон ва имко- 
ноти услубии онҳо мукаммал фоида бурда мешавад. Дар аса- 
ри бадеӣ вобаста ба замони воқеаву ҳодисаҳо (гузашта ё 
имрӯза) унсурҳои луғавию фразеологӣ, қолабҳои ифодаи 
фикр интихоб мегарданд. Чунончи, достони «Одина» ба ҳаёти 
гузашта, вале «Палатаи кунҷакӣ» ба зиндагии имрӯзаи ода- 
мони гуногункасбу кор бахшида шудааст. Дар асари С.Айнӣ 
як микдор калимаҳои кӯҳнашуда, вале дар асари Ф.Муҳам- 
мадиев калимаю истилоҳоти соҳаҳои гуногуни зиндагии 
имрӯзаи мо ба кор бурда шудаанд. 



169. Матнро хонед ва бигӯед, ки дар муколима кадом калимаҳо исти 
фода шудаанд, ки дар забони имрӯза истеъмол намешаванд ва 
онҳоро нависанда бо кадом мақсад кор фармудааст. 



170 



Муллохокироҳ сухани мӯйсафедро бурида: 

- Фоида нагӯй, танзил бигӯй... Фоида, яъне рибо аст, рибо 
дар шариат, бешак, ҳаром аст, бинобар ин ҳар гоҳ судхӯрони 
тақводори Бухорои Шариф барои «ҳоҷатбарории мардум» 
фоида хӯрданӣ шаванд, номашро «танзил» меноманд. 

- Худат, - гуфт мӯйсафед, - судхӯрӣ карданӣ шавӣ, «тан- 
зил» гуфта хӯрдан гир. Арбоб мисли мардуми Бухоро 
тақводор нашудааст ва аз фоида гуфта хӯрдан ҳам рӯй наме- 
гардонад (С.А.). 

к * ^ 1) Дар матн фикр чӣ тарз (ҳикоят, тасвир, муҳокима) ифода 
ёфтааст? 

2) Калимаи Шариф чаро ба шаҳри Бухоро нисбат дода шудааст? 

3) Чаро муаллиф ибораи ҳоҷатбарории мардумро ба нохунак ги- 
рифтааст? 

4) Таъбири аз чизе рӯй гардондан чӣ гуна воҳиди забон аст? 

170. Матнро се нафар (муаллиф, Қамар, Иброҳимҷон) қироат кунанд. 
Сипас аз синф пурсида шавад, ки дар ин муколама чӣ гуна калимаю 
истилоҳҳо кор фармуда шудаанд, ки ҳаёти имрӯзаамонро инъикос 
мекунанд. 

Боре Қамар ӯро ҳамроҳаш ба чарогоҳи(2) дурдасте(2) бурд. 
Он вақтҳо Иброҳимҷон муаллимӣ(2) мекард, аммо давраи 
таътили тобистона(2) буд. 

- Ҳавои тоза мехӯрӣ(4). Ба ман ассистент мешавӣ, яъне ки 
ёрдамчӣ(2). Ба як йигит чил ҳунар кам. 

- Университета тамом карда, ба ту ассистент мешавам? 

- Оббо, дигар тамомкунандаҳои(З) университет ман авлиё 
намегӯянд-ку! 

- Авлиё нагӯянд ҳам, аз нав шогирд намешаванд(4). 

- Ба танбал кор фармо, панд бишнав(4). Ман ғами ин но- 
шукра мехӯраму вай ба ман маърӯза мехонад. Ҳой калла, 
гуфтам-ку: ҳавои тоза мехӯрӣ. Ширу қаймоқи гӯсфанд, нони 
бамазаи чӯпонӣ(4). Эҳтимол, гӯшти барра ҳам шавад. 

Хулоса, Қамар ӯро розӣ кард (Ф.М.). 



171 



пр 

* .А 1) Дар матн кадом унсурҳои забони гуфтугӯ истифода шуда- 
анд? 

2) Кадом калимаҳои иқтибосӣ (бегона) ҳоло бо калимаҳои худӣ 
иваз шудаанд? 

3) Дар ҷумлаи «Ман ғами ин ношукра мехӯраму вай ба ман маърӯза 
мехонад» пайвандаки -у чӣ гуна тобиши маъноӣ зоҳир намуда, 
бо кадом пайвандакҳо ҳамвазифа шудааст? 

4) Феъли маьрӯза мехонад чӣ гуна обуранги услубӣ пайдо кардааст? 

5) Калимаи калла чӣ гуна обуранги ҳиссӣ дорад? 



171. Матни зеринро ба дафтар навишта, шарҳ диҳед, ки сухани тасви- 

рии муаллиф ва гуфтугӯйи қаҳрамонҳои асар бо ёрии чӣ гуна 

ҷумлаҳо ифода ёфтааст. 

Офтоб нишасту Қамар корашро қатъ намуд(4). 

- Тамом шуд(4)? 

- Не ҳоло(4). 

- Боз чӣ монд? Ду кассета(1) навор(З) гирифтӣ-ку! 

- Ҳар кассетаи пур ба экран баромадан намегирад. Аз сад- 
саду панҷоҳ метр навор(З) гоҳо фақат чорякаш(З) ба кор ме- 
раваду бас. Дигараш - ба хокрӯба(2). 

- Пули давлата барбод медиҳам, гӯй(4)? 

- Хайрият ту бухгалтер(1) набудаӣ. Ҳоло сабр кун, - бо 
нармӣ гуфт Қамар, - ба ту нишон медиҳам, ки пули давлат ба 
чй сарф шудааст(4). 

Рӯзи дигар аз саҳар боз даводав сар шуд (Ф.М.). 



• Дар услуби бадей ҳама гуна унсурҳои лугавй: калимаҳои 
умумиистеъмол ва обуранги услубию ҳиссӣ дошта, таъбиру 
вожаҳои малеҳ (орифона) ва қабеҳ (омиёна), унсурҳои 
луғавии адабию ғайриадабй (лаҳҷагӣ, кӯҳнашуда, бегона), 
воҳидҳои фразеологӣ, ифодаҳои маҷозӣ, ташбеҳоти мардумӣ, 



172 



суханони кинояву муболиғаомез, таъбирҳои пандомӯз ва 
ғайра ба кор бурда мешаванд. 

Дар ин услуб, хусусан дар забони назм аз имконоти услу- 
бии маъноҳои аслию маҷозӣ, сермаъноӣ, калимаҳои ҳамгуна 
(омоним), наздикталаффуз (пароним ва паронимаз), муқобил- 
маъно (антоним), ба хусус муродифҳои луғавӣ, фразеологӣ ба 
таври васеъ истифода мешаванд. Адибон ба фасоҳату салоса- 
ти сухан (равшании маъно ва суфтаву равонӣ) на танҳо дар 
назм, балки дар насри бадеӣ ҳам эътибор медиҳанд. 

Бо ёрии санъатҳои гуногуни лафзию маънавӣ образнок ва 
пӯшида баён кардани матлаб дар назму насри суннатии форсу 
тоҷик хеле ривоҷ ёфта буд. 

172. Дар матни зерини «Анвори Суҳайлӣ» тасвири бадеии манзараи 

табиат ба василаи кадом санъатҳои сухан сурат гирифтааст? 

Бозандаро он манзили хуш ва соҳати дилкаш(2) писанд аф- 
тод ва, чун охири рӯз буд, ҳамон ҷо бори сафар бикушод(4). 
Ҳанӯз аз ранҷи роҳ барнаёсуда(З) ва даме ба роҳату осоиш 
назада ки, ба як ногоҳ(2) фарроши сабуксайри(2) бод соябо- 
ни(2) абр дар фазои ҳаво барафрохт ва ҷаҳони орамидаро(З) 
ба хурӯши раъди дилошӯб(2) ва ниҳеби барқи синасӯз(2) на- 
мудори(2) ғавғои қиёмат сохт(4). Ба оташи соиқа аз як ҷониби 
ҷигари лолаи доғдор(2) месӯхт ва пайкони жола аз тарафи ди- 
гар дидаи наргиси бедор бар ҳадафи замин медӯхт. 

Л у ғ а т: 

Соҳат - саҳн, рӯйи дашт. 

Ниҳеб - ҳайбат, тарсу бим. 

Соиқа - барқ. 

Пайкон - нӯги тези найза. 



1) Таъбирҳои даме назада,пайкопи жола дидаи наргис бар 
ҳадафи замин медӯхт ба чӣ маъно омадаанд? 



173 



2) Ибораҳои фарроши сабуксайри бод, соябони абр, раъди дилошӯб, 
барқи синасӯз, гавгои қиёмат, ҷигари лолаи догдор, пайкони жола, 
дидаи наргиси бедор чӣ гуна воҳиди забонанд ва дар тасвири 
бадеӣ чӣ аҳамият доранд? 

• Дар ин услуби баён бо мақсади саҳеҳ ифода кардани мат- 
лаб аз имконоти услубии муродифоти луғавию фразеологӣ 
васеъ истифода мебаранд: 

Арбоб дар ботин ба сабаби андешаҳое, ки дар боло навиш- 
та шуд, бағоят дар тарс ва ҳарос афтид; Лекин аз ин 
мулоҳизаҳо, ки ба дилъш мегузашт, чизеро ба Арбоб изҳор на- 
кард; Ғайр аз шаввос задани борон садое ба ин хомӯшӣ халал 
намерасонд; Бибиоиша то як ҳафта, бе он ки овозе баланд ку- 
над,чун мӯйи оташдида ба худ мепечид (С.А.). 

Дар ин ҷумлаҳо калимаҳои ботин ва дил, андеша ва 
мулоҳиза, садо ва овоз муродифанд. Ҷуфти аввал ҳамдигарро 
иваз мекунанд, вале калимаҳои андеша ва мулоҳиза, садо ва 
овоз якдигарро иваз карда наметавонанд, зеро ин муродифҳо 
бо тобишҳои нозуки маъно фарқ мекунанд: андеша тобиши 
маънои тарс ва мулоҳиза тобиши маънои масъалаеро 
ҳарҷониба санҷидан дорад; калимаи овоз хоси ҷонзод аст, са - 
до аз бархӯрдани ҷисмҳо ҳосил мешавад. 

Муродифҳои лугавӣ, фразеологӣ, калимасозӣ, шаклсозӣ 
(сарфӣ), ибораю ҷумлаҳо (наҳвй) бо мақсади худдорӣ аз так- 
рори бемавқеъ ба кор бурда мешаванд: 

Аҳмади Калла дар гузари Ҷаъфархоҷа як ҳавлӣ дошт, ки 
дар он чо зиндагӣ мекард ва дар мадрасаи Мири Араб як 
ҳуҷра ҳам дошт, ки дар вай домодаш истиқомат мекард; 
Ҳарчанд ман аз Бухоро рафта, таҳсил кардангм умеди худро 
канда бошам ҳам, дар он миён воқеае рӯй дод, ки барои Бухо- 
ро рафта, хондангм имкон пайдо шуд (С.А.); Аммо ман аз 
ранҷу офати пирӣ бохабарам аз заъфу офати ӯ хабар дорам 
(Қобуснома); Моро низ лозим аст, ки машгули кор бошем; 
Муносиб он аст, ки мо низ ба кор машгул бошем (Восифӣ). 



174 



Дар мисолҳои боло феълҳои зиндагӣ мекард // истиқомат 
мекард , таҳсил кардан // хондан , хабари номии бохабарам бо 
хабари феълии хабар дорам, таркибҳои хабар: машгули кор 
бошем // ба кор машгул бошем муносибати ҳаммаъноӣ дошта, 
маҳз барои гурез аз такрор ба кор бурда шудаанд. 



173. Воқеӣ ва тасаввуршаванда тасвир намудани ҳодисаву воқеаҳои 
зиндагӣ, манзараҳои табиат яке аз хусусиятҳои муҳими услуби за- 
бони асари бадеӣ ба шумор меравад. Вариантҳои гуногуни матнҳои 
зеринро ба дафтар навишта, бо ҳам муқоиса намуда, хаттӣ шарҳ 
диҳед, ки муаллиф то чӣ андоза ба ин ҳадаф комёб гардидааст: 
ҳангоми таҳрир кадом унсурҳои луғавию грамматикӣ тағйир ёфта- 
анд, чиҳо ихтисор, чиҳо илова гардидаанд. 

• Оби дидаҳо бемалол рӯйҳои парчини холаро шустан ги- 
рифтанд; 

• Ашкон рухсори пур аз оҷингашро шуста, ба рӯйи синааш 
шорида мерафтанд; 

• Ашкҳо рухсори пур аз ожангашро шуста, ба монанди 
донаҳои марворид ба рӯйи синааш шорида мерафтанд. 

• Ҳамон вуҷуде, ки чанд дакиқа аз ин пеш ҷавлон мезад, як- 
бора аз асп ба пушт афтода рафт; 

• Ҳамон вуҷуде, ки чанд дақиқа аз ин пеш чанги 

ҷавлонгоҳро мебаровард, якбора аз асп ба пушт афтода рафт; 

• Ҳамон вуҷуде, ки чанд дақиқа пеш аз ин чанги 

ҷавлонгоҳро мебаровард, тайёр буд, ки тамоми лашкари 
душманро забун, дӯстро шод кунад, нохост монанди яхпорае, 
ки аз кӯҳ кӯчида, ба қаър меравад, аз асп ба замин сарнагун 
афтод (Ҳ.К.). 



174. Қасидаи баҳорияро қироат кунед ва маънои ҳар байтро гӯед. Шарҳ 
диҳед, ки Рӯдакӣ чӣ гуна калимаҳоро ба кор бурдааст: маънои ка- 
дом калимаҳоро медонед, шарҳи кадом луғатҳо бароятон мушкил 
аст. Шоир аз кадом имконоти услубии воҳидҳои забон ва санъатҳои 
сухан фоида бурда матлабро баён кардааст? 



175 



Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб (хуш, гуворо), 

Бо сад ҳазор нузҳату (тару тозагӣ) ороиши аҷиб. 

Шояд ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон, 

Гетӣ ба дил ёфт шабоб (ҷавонӣ) аз пайи машиб (пирӣ). 

Чархи бузургвор яке лашкаре бикард, 

Лашкар-ш абри тираву боди сабо нақиб (раҳнамо). 

Наффот (оташбор) барқи рӯшану тундар-ш таблзан, 

Дидам ҳазор хайлу (саворагон) надидам чунин маҳиб (мукофот). 
Он абр бин, ки гиряд чун марди сӯгвор (азодор) 

В-он раъд бин, ки нолад чун ошиқи каиб (зору низор). 

Хуршедро зи абр дамад рӯй гоҳ-гоҳ, 

Чун он ҳисорие (ба банд афтода), ки гузар дорад зи рақиб. 
Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд, 

Беҳ шуд, ёфт бӯйи суманро даво табиб. 

Борони мушкбӯй биборид нав ба нав 

В-аз барф баркашид яке ҳуллаи ҳасиб (либоси рангин). 

Кунҷе, ки барф ҳамедошт, гул гирифт, 

Ҳар ҷӯяке, ки хушк мебуд, шуд ратиб (шодоб). 

Тунд аз миёни дашт ҳаме бод бардамад, 

Барқ аз миёни абр ҳаме баркашад қазиб (панҷаи сурхранг). 

Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур, 

Чун панҷаи арӯс, ки ба ҳино шуда ҳазиб (рангин). 

Булбул ҳаме бихонад дар шохсори бед, 

Сор (мурғи хушхон) аз дарахти сарв мар ӯро шуда муҷиб (сабаб). 
Сулсул (фохта) бар сарвбун-бар бо нағмаи куҳан, 

Булбул ба шохи гул-бар бо лаҳнаки ғариб. 

Акнун хӯред бодаву акнун зиед шод, 

К-акнун барад насиб ҳабиб аз бари ҳабиб. 

* 1) Чаро шоир дар байти аввал «Баҳор бо сад ҳазор ҳусну зебоӣ 

омад» гуфтааст? Магар зебу зинатро шумурдан мумкин аст? 

2) Магар пай бурдед, ки шоир чаро дар як мисраъ ду калимаи ара- 
бии мушкилфаҳм - ьиабоб ва машибро кор фармудааст ва онҳо бо 
ҳамдигар чӣ муносибати маъноӣ доранд? 

3) Магар ибораҳои баҳори хуррам, марди пир, абри тира, боди сабо, 
панҷаи арӯс, ҷӯяки хушк, шохи гул ва ифодаҳои баҳор омад, марди 



176 



пир ҷавон шавад, дардманд буд, беҳ шуд, акнун бода хӯред ва ғайра 
барои хонандаи имрӯза бегонаанд? 

4) Панҷа аз кадом ҷиҳат ба барқ ва лола шабоҳат доштааст? 

5) Дар мисраи «Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур» кадом 
санъати сухан истифода шудааст? 

6) Кадом калимаҳо ҳаммаъно ва муқобилмаъноанд ва онҳо дар 
шеър чӣ вазифаи услубиро адо мекунанд? 

7) Кадом калимаҳо бисёр такрор шудаанд ва сабаби он чист? 

гу 4 * 

• Он чанд калима, ки имрӯз эҳтиёҷ ба шарҳу тафсир дорад, 
ба қавле, шояд «қофия танг омада» шоир аз рӯйи зарурат 
онҳоро (аз қабили машиб, маҳиб, каиб, ҳасиб, ратиб, ҳазиб) 
кор фармуда бошад. Инчунин шаклҳои феълии ҳамедошт, 
ҳаме бардамид, ҳаме баркашид ва тарзи ба сарвбун-бар, ба шо- 
хи гул-бар омадани бар сарвбун, бар шохи гул сарфи назар кар- 
да шавад, дар ин тасвири рангини табиат, ки беш аз ҳазор сол 
қабл аз ин сурат гирифтааст, чизе нест, ки имрӯз ба мардуми 
мо номафҳум бошад. 

Боиси ифтихори ҳар фарзанди сарзамини Аҷам аст, ки 
мисли Рӯдакиву Фирдавсию Синою Ҳофизу Камолу Саъдию 
Ҷомию Донишу Айнӣ адибону олимон дорад. Мо, насли 
имрӯза, бояд ба қадри он мероси гаронбаҳои маънавӣ бира- 
сем, ки ба василаи он забони ноби порсӣ, дарӣ, тоҷикиро ҳам 
зинда нигоҳ доштааст. 

Азбаски дар шеър тахайюлоти рангини шоир қабои бадеи- 
ят дар бар намуда, матлаб пӯшида ифода меёбад, гоҳе пай 
бурдани асли мақсади шоир мушкил мегардад. Чунончи, дар 
ин байти Ҳофиз: 

Гиреҳ ба бод мазан, гарчи бар мурод вазад, 

Ки ин сухан ба масал мӯр бо Сулаймон гуфт. 

Мундариҷаи байтро суханони мӯр, ки ба Сулаймон гуфта- 
аст, пинҳон медорад.Тафсилоти он чунин аст: 

Чун бисоти Сулаймон ибни Довуд ба водии Намл 
(мӯрчагон) расид, амири мӯрон фармон дод(4): 



177 



- Эй мӯрон, дар масокини(З) худ дохил шавед, то шуморо 
Сулаймон ва лашкариёнаш дарҳам нашикананд, ки эшон на- 
донанд(4). (Аз ояи нуздаҳуми сураи «Нахл»). 

Гӯянд, чун бод ин сухан ба гӯши Сулаймон расонид, бозис- 
тоду гуфт мар он мӯронро(4): 

- Шуморо аз мо чаро бим бувад, ки мо дар ҳавоем ва шумо 
дар замин(4)? 

Амири мӯрон дар ҷавоб гуфт: 

- Оре, ту дар ҳавоӣ, лекин мулки ин ҷаҳонро бақо нест(4). 
Мо эмин наем, ки аз нафас то нафас мулки туро завол ояд ва 
бар замин афтӣ ва мо кӯфта гардем(4). 

Пас Сулаймон пурсид амири мӯронро: 

- Чӣ гӯйӣ дар ин бод, ки дар фармони ман аст(4)? 

Гуфт: 

- Бод аст, ки ба дасти ту бод аст(4). 

Пас Сулаймон мӯрро гуфт: 

- Маро панде деҳ. 

Гуфт: 

- Донӣ, ки чаро бодро дар фармони ту карданд(4)? 

Гуфт: 

- Бигӯ. 

Гуфт: 

- Барои он ки бидонӣ, ки бинои дунё ҳама бар бод аст(4). 
Ва, онро ки бино бар бод бошад, пойдор набошад. 

Сипас пурсид: - Эй Сулаймон, ин мулку тоҷу тахту ҷоҳ аз 
куҷо ба ту расидааст? 

Сулаймон гуфт: 

- Аз падарам. 

Мӯр гуфт: 

- Пас ҳамин насиҳат туро кофист, то бидонӣ, ки аз ту ҳам 
ба дигаре расад ва онро бақо нест(4). 

Пас, мазмуни байти боло ин аст: Ҳарчанд бод (нерӯи но- 
устувор) бар муроди ту бивазад, ба он эътимод накун, чунон 
ки асрори инро мӯр ба Сулаймон гуфта буд. 



178 



г<р 

1) Дар матн мазмун чӣ тариқа (ҳикоят, тасвир, муҳокима) 
ифода ёфтааст? 

2) Кадом калимаҳо такрор шуда дар сохтори матн саҳм гузошта- 
анд? 

3) Вожаи бод дар ҷумлаи «Бод аст, ки ба дасти ту бод аст» ба чӣ 
маъно кор фармуда шудааст? 

4) Ифодаи гиреҳ бар бод задан кадом воҳиди забон аст ва чӣ маъно 
дорад? 

175. Байтҳои зеринро бодиққат хонед ва мазмуни онҳоро хаттӣ шарҳ 
диҳед: 

1 . Ҳар шаб нигаронам ба Яман, то ту бароӣ, 

Зеро ки Суҳайлию Суҳайл аз Яман ояд. 

2. Назар чй гуна бидӯзам, ки баҳри дидани дӯст 
Зи хоки ман ҳама наргис дамад ба ҷойи гиёҳ. 

3. Умри ман кӯтоҳ гашт аз ишқи он зулфи дароз, 

К-ӯ гаҳе бо гул ба сайр асту бо мул ба роз (Рӯдакӣ). 

4. Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст: 

Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро (Ҳофиз). 



176. Шарҳи мазмуни байтро аз таҳлили зерин ёд гиред: 

Биё, то гул барафшонему май дар согар андозем, 

Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем. 

Шоир зоҳиран ба маҳбуба муроҷиат карда, дар айёми 
баҳор ӯро ба саҳро даъват менамояд, то якҷоя гул чинанду 
гул афшонанду май нӯшанд (май дар соғар андозанд). Аммо 
шоир ба шахси муайян муроҷиат накардааст. Аз ин хотир 
мумкин аст, ки сухани шоир ба чанд гурӯҳи одамон (ошиқон, 
дӯстон ва дигарон) дахл дошта бошад. Дар ҳолати хушиву 
мастӣ боми (сақфи) фалакро бишканему ба шакли дигаре би- 
созем. Хоҷа дақиқ нагуфтааст, ки тарҳи нави сақфи фалак чӣ 
сон бояд бошад. Аз тобиши сухани ӯ пай бурдан мумкин аст, 



179 



ки манзури шоир сохтани як олами пур аз шодиву фараҳ ва 
некиву некӯкорист. 

Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад, 

Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем. 

Дар ин байт гам ба сипаҳсолор ва ё шоҳаншоҳи госибу 
ҷаллод монанд карда шудааст, ки лашкари фаровон дорад. 
Агар ҳамин ғам барои рехтани хуни ошиқон лашкар кашад, 
ман (яъне шоир) бо соқӣ иттифоқ баста, ба ӯ ҳуҷум меорему 
нобудаш мекунем, бунёди ғамро аз байн мебарем. Ҳамин 
маънии оддиро шоир ба чӣ зебоиву ҳунармандӣ ҷомаи назм 
пӯшонидааст! Шояд мӯъҷизаи шоир низ дар ҳамин бошад?! 

пр 

к* ; 1) Ду байти минбаъдаи ғазалро ба адабиётшинос Муҳаммад 
Ансор пайравӣ намуда (Шарҳи 42 ғазали Ҳофиз. - Душанбе, 

1994. - С.81-83) худ маънидод кунед. 

2) Чаро шоир май дар (на ба) андозем гуфтааст; чаро бар-афшонем, 
бар-андозем, дар-андозем гуфтааст, на афшонем ва андозем! 

3) «фалакро сақф» ва «сақфи фалак» кадом воҳиди забонанд ва бо 
ҳамдигар чӣ гуна муносибати маъноӣ доранд? 

4) Дар таркибҳои лашкар ангехтан ва лашкар кашидан феълҳои ан- 
гехтан ва кашидан чӣ муносибати маъноӣ пайдо кардаанд? 



177. Дар матни зерин аломатҳои китобати баён, нохунак, нуқта, сенуқта 
ва сехитоб чӣ маъною вазифа доранд? Кадом аломатҳо илова бар 
вазифаи наҳвӣ сарбории услубӣ ҳам доранд ва он сарбории услубӣ 
чист? 

Ҳини видоъ гуфтӣ: «Хайр». 

Худо гуфтам, ки «Хайр...» бошад, на «Хайр!!!» (Х.А.). 



178. Ғазали Рӯдакиро, ки бо матлаи зерин оғоз меёбад, аз ҷиҳати 
мавзӯъ, мундариҷа, ғоя, бадеиёт ва хусусиятҳои луғавию 
грамматикӣ таҳлил кунед: 

Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд, 

Бо бӯйи гулу мушку насими суман ояд. 



180 



179. Ин мисраъҳои шоир шуморо ба чӣ мулоҳиза водор месозад? 
Андешаҳоятонро нависед, таҳрир намуда, ду-се маротиба бо лаҳни 
шево қироат кунед, ки дар хотир нишинад. Сипас фурсати муносибе 
ёфта, дар байни ҳамсабақон суханронӣ кунед: 

1 . Сарманзили кӯдакии саҳроии ман, 

Роҳи ту, раҳи бирешими лойии ман. 

Дар кундаи ҳар дарахти ту пинҳон аст 
Як кӯзача кӯдакии тиллоии ман. 

2. Ҳамхандаи ман гули сияҳгӯши ту буд, 

Ҳамгиряи ман чашмаи хаспӯши ту буд. 

Эй гумшуда қишлоқаки тиллоии ман, 

Доруи ман оби шӯраки ҷӯши ту буд (Бозор Собир). 

180. Байти зеринро тоҷики аз Ватан дур афтода ба тарзи зайл тафсир 
намудааст, ту ки дар Ватан ҳаёт ба сар мебарӣ, чӣ тарз шарҳ хоҳӣ 
дод? 

Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди ватан, 

Дар ватан будаи бе ёди ватан беватан аст. 

Дар ёди ватан будан чӣ маънӣ дорад? Ҳамеша дар фикри 
ободии он будан, эҳтиром гузоштан ба миллат, аз гузаштаи 
он ифтихор доштан, таърихи онро омӯхтану омӯзондан ва во- 
риси ҳақиқии он мерос будан, ба бунёди ҷовидонии миллат - 
маънавиёт, худшиносӣ, эҳёи суннату оинҳои аждодон, ки дар 
тақвияти нерӯи рӯҳонии миллат нақши бузург дорад, 
ҳиссагузор будан, эҳтирому садоқат ба замин, обу хоки диёр, 
зодгоҳ, сарватҳои моддию маънавӣ ва амсоли инҳост дур аз 
ватан дар ёди ватан будан. Инсоне, ки дар ботини хеш ин 
хислатҳоро парвариш медиҳад, бо ёди ҳамешагии ободии ди- 
ёр ва рафоҳияти ҳаммиллатони хеш мезияд, ҳарчанд дар ва- 
танаш нест, ғамхору вафодори миллат аст. 



181 



УСЛУБИ РУЗНОМАНИГОРИ (ПУБЛИСИСТИ) 

к*^Матн: 

Қарордод миёни шаш Ҳизби сиёсии Тоҷикистон дар мав- 
риди тарзи рафтор дар раванди маъракаи интихоботи 
парлумонӣ аз тарафи роҳбарони ин аҳзоб ба имзо расид ва 
онҷо ин санадро сарнавиштсоз ва таърихӣ арзёбӣ карданд. 

Хусусиятҳои умумии услуби рӯзноманигорӣ: 

• Ҳадафи нигоранда: аз рӯйдодҳои рӯзмарраи ҳаёти сиёсии 
дохили кишвар иттилоъ додан, ғояеро талқин намудан, 
таъсир расонидан ба афкори омма ва онро ба амале ҳидоят 
кардан; 

• Дар бораи як ҳодисаи таърихӣ воқеъбинона хабар додан; 

• Омезиши унсурҳои услубҳои дигар бо услуби 
рӯзноманигорӣ (дар матни боло истилоҳоти коргузории 
расмӣ: қарордод, санад; тарзи пассиви ифода: аз тарафи... ба 
имзо расид (на раҳбарон ба имзо расонданд ) . 

Хусусиятҳои луғавӣ: 

• Истифодаи истилоҳоти сиёсию иҷтимоӣ: ҳизби сиёсӣ, 
аҳзоб, интихоботи парлумонӣ ; 

• Таркибу ибораҳои устувор ё рехта: ҳизби сиёсӣ, маьракаи 
интихобот, ба имзо расид, арзёбӣ карданд; 

• Тавсифоти тоза: сарнавиштсоз ва маъмул: таьрихӣ ; 

• Таҳаввулоти луғавӣ: партия - ҳизб , парламентӣ - 

парлумонӣ. 

Хусусиятҳои грамматикӣ: 

• Бартарии ҳиссаҳои номии нутқ (хусусан исмҳо) бар феъл: 
аз 19 калимаи мустақилмаънои матни боло исм - 9, сифат - 3, 
феьл - 2, ҷонишин - 2, шумора - 1 ; 

• Истифодаи бештари пешояндҳои таркибӣ ва номӣ: дар 
мавриди, аз тарафи, миёни; 



182 



• Бартарии ҷумлаҳои хабарӣ бар амрӣ, хитобй, саволӣ. Дар 
он матн матлаб бо як ҷумлаи мураккаби пайвасти пайван- 
дакдори хабарӣ ифода ёфтааст; 

• Ҷумла бо ибораи исмии қарордод дар мавриди тарзи раф- 
тор дар раванди маъракаи интихоботи парлумонӣ тафсил ёф- 
тааст, ки он 10 калимаро дар бар мегирад; 

• Таҳаввулот дар унсурҳои шаклию воситаҳои грамматикӣ: 
ҳизбҳо - аҳзоб , ба ҷойи пешоянди таркибии маъмули дар бо - 
раи кор фармудани пешоянди таркибии камистеъмоли дар 
мавриди. 

Тарзи баёни фикр: якранг, камтаъсир. Ҷумлаи мураккаби 
хеле тафсилёфта ба осон фаҳмидани матлаб халал мерасонад. 

Азбаски маводи расонаҳо баъзан ба тарзи таъҷилӣ ба чоп 
омода карда мешавад, гоҳ-гоҳ ғалатҳои имлоӣ, аломати ки- 
тобат, истеъмоли калима, ҷумлабандӣ рӯй медиҳанд. Аз 
ҷумла, дар ибораи шаиг Ҳизби сиёсӣ калимаи ҳизб ҷузъи исми 
хоси таркибӣ нест, бинобар ин бояд бо ҳарфи хурд навишта 
шавад (шаш ҳизби сиёсӣ); ишораҷонишини онҷо ҷудо навиш- 
та мешавад: он ҷо. 

181. Матни зеринро бо матни боло муқоиса намуда муайян кунед, ки 
байни онҳо аз лиҳози мавзӯъ, мундариҷа, жанр, хусусиятҳои услу- 
бии луғавию грамматикӣ чй умумияту тафовут вуҷуд дорад. Матнро 
дар равияи боло хаттӣ таҳлил кунед. 

Аз ҷиҳати захираи оби нӯшокӣ Русия дар дунё дар ҷойи 
дуюм, Тоҷикистон дар ҷойи сеюм аст. Тасаввур намоед ду 
давлатро, ки дар яке бештар аз 140 миллион аҳолӣ ва кишва- 
ри хурдакаки кӯҳистонро, ки дар он ҳамагӣ 7 миллион аҳолй 
(камтар аз сокинони шаҳри Маскав) зиндагӣ мекунад. Чӣ та- 
зоди аҷибест, ки дар чунин кишвари доротарини(З) оби 
нӯшокӣ, мардум ба оби тоза эҳтиёҷ доранд? Оё айб дар худи 
мо нест, ки аз бепарвоӣ ва беэътиноии худ ба қадри ин 
бебаҳотарин(З) неъмати табиат намерасем? 

Бетарафиро Дейл Карнеги(1) барҳақ разолати рӯҳ номида 
буд, зеро муносибати беэътиноёна(2) ба сарватҳои табиии 



183 



кишвари худ метавонад дар интиҳо ба фоҷиае оварда расо- 
над, ки набераву аберагони мо аз ҳама чиз маҳрум монанд. 

Аз азал тоҷикон обро мӯъҷизаи табиат меҳисобиданду 
муқаддас медоштанд. Касе ҷуръат намекард, бо оби равони 
нӯшокӣ дасту рӯй шӯяд. Обро ба кӯза гирифта, дуртар аз ҷӯю 
ҳавзҳо мебурданд, то қатрае аз оби ифлос ба он ҷоҳо наре- 
зад.(4) Манзараи имрӯзаи мо чӣ гуна аст? Оби покизаи каналу 
ҷӯйборҳо, ки чун дар рагҳои хунгузари ҷисми зиндаи шаҳр 
солҳои сол ҷорй буд, имрӯз барои маҳаллаҳои сераҳолии 
шаҳр ва гирду атрофи он партовгоҳ(2) шудааст. Аммо ҳар чиз 
ва ҳар амал интиҳо дорад. Агар мо ба Замин - модари 
муқаддас чунин бешафқат бошем, дар он ҳеҷ гуна сарват ва 
неъмат боқӣ нахоҳад монд. Ҳатто ҳаёт ҳам. 

* ,4 1) Дар матн чӣ хусусияти услуби рӯзноманигорӣ (дар ҳадафи 
нигоранда, интихоби калимаю истилоҳот, қолабҳои наҳвӣ, 
воситаҳои муассири ифодаи фикр) мушоҳида мешавад? 

2) Сархатҳоро (абзасҳоро) чӣ бо ҳам алоқаманд ва чӣ аз ҳам ҷудо 
мекунад? 

3) Ифодаҳои разолати рӯҳ, рагҳои хунгузари ҷисми зиндаи шаҳр, За- 
мин - модари муқаддас чӣ гуна воҳиди забонанд? 

4) Ҷумлаҳои саволӣ чӣ вазифаи услубиро адо мекунанд? 

5) Дар бораи ҳамин мавзӯъ шумо чӣ андеша доред? Дар ҳаҷми ду 
саҳифаи дафтар иншои мухтасар нависед. 

• Маънои вожаи публика шунаванда ё бинанда буда, пуб- 
лисистика (публицистика) адабиёти илмии сиёсию иҷтимоӣ 
доир ба масъалаҳои доғи рӯз аст. Услуби баёни 
рӯзноманигорӣ ё публисистӣ ба тарзи хаттӣ ва шифоҳӣ 
ҷараён мегирад. Хабару мақолаҳои гуногун дар нашрияҳо, 
дастурҳои таргибот (инчунин матнҳои қаблан таҳияшудаи 
суханронии гӯяндагони радиою телевизион) ба тариқи на- 
виштор, вале суханони ташвиқгарон дар ҷамъомаду 



184 



ҳамоишҳо, мусоҳибаҳои мухбирони радиою телевизион бо 
шахсони гуногун ба тарзи шифоҳӣ воқеъ мегардад. 

Мақсади публисистика аз рӯйдодҳои дохилию хориҷӣ зуд 
воқиф намудани хонандагон, шунавандагону бинандагони 
радиою телевизион, тарғиби ғояҳои пешқадами замона, 
воқеъбинона баҳо додан ба ҳодисаву воқеаҳои рӯзмарраи 
иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси 
тараҳҳум ба падидаҳои матлуб ё ҳисси нафрат ба воқеаҳои 
номатлуб, ба тадбирҷӯйӣ ва амал водор намудани ҷомеа аст. 
Ҳамин ҳадаф ду вазифаи асосии услуби рӯзноманигориро 
муқаррар менамояд: хабар додан ва таъсир расондан. 

Дар адои вазифаи аввал истифодаи калимаю истилоҳоти 
сиёсию иҷтимоӣ, таркибу ифодаҳои маъмул (стандартӣ), як- 
рангии ифодаи фикр, фаровонии факту рақамҳо мушоҳида 
мешавад. 

Агар дар маводи хабарӣ аз кор фармудани воситаҳои му- 
ассири лугавӣ, фразеологӣ, калимасозӣ, ибораву ҷумлабандӣ 
худдорӣ карда шавад, дар очерк, лавҳа, помфлет, фелетон 
доираи истеъмоли сарватҳои лугавии забон хеле васеъ гарди- 
да, баробари калимаҳои умумиистеъмол ва мӯътидилмаъно 
чунин унсурҳои луғавӣ ҳам кор фармуда мешаванд, ки обу- 
ранги услубию ҳиссӣ ва хусусияти ифоданокӣ доранд. Аз ин 
лиҳоз маводи хабарии расонаҳо ба услубҳои расмию илмӣ 
қаробат пайдо кунад, забони жанрҳои мазкури журналистика 
ба услуби бадеӣ шабоҳат зоҳир менамояд. 

Дар услуби баёни публисистӣ лугатҳои сиёсию иҷтимоӣ, 
калимаю истилоҳоти хоси одобу ахлоқи ҷомеа, соҳаҳои мух- 
талифи иқтисодиёт, маориф, илму фарҳанг ба тарзи фаровон 
кор фармуда мешаванд. Унсурҳои луғавию фразеологӣ вобас- 
та ба талаботи жанрҳои публисистика интихоб ва истеъмол 
мегарданд. Аз таркиби лугавии маводи нашрия, радио ва те- 
левизион аён мегардад, ки он ба кадом мавзӯи ҳаёти ҷомеа 
бахшида шудааст. 



185 



М а т н: 

Фасли аҷиби сол - тирамоҳи заррин фаро расида. Хушбах- 
тона, табиат ҳанӯз нозу нуз намекунад. Хуршед нарму гарм 
нур мепошад ва баргҳои тиллоранги дарахтон зери пойи ода- 
мон парида, қолин гашта нашъаи тамошоро фузунтар меку- 
над. Парчами истикдол болои Қасри президентӣ ҷилвагар 
аст. Одамон хиромон ба майдон, ба сӯйи маҷмааи Исмоили 
Сомонӣ равонанд. 

Абармарди миллат ба мардум бо дидаи хирад менигарад. 
Зарринтоҷи тоҷикон, ки дар баландии баландиҳо устувор аст, 
аз нури тораҳои офтоб дурахши тозае пайдо карда дида меба- 
рад, дил мерабояд. . . 

Бале, Ватан боз либоси идона дар бар кардааст. Вай дар ин 
рӯзҳо бо ифтихори хоссае ҷашни Конститутсияи навини моро 
мутантан хотирнишон мекунад, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар 
воқеаи муҳим ва фаромӯшношуданист. Оре, китоби бахти мо, 
Сарқонуни мо, ки дар оғоз бо баҳсу талошҳо дучор гашта 
буд, баъди мулоҳизаҳои оқилона ва одилона аз ҷониби мар- 
думи мамлакат бо раъйпурсии умумихалқӣ якдилона пази- 
руфта шуд. . . 

Ҳар нуктаи ин маромномаи мо ифодагари орзуву омоли 
халқ аст ва моро ба сӯйи пирӯзиҳои нав ҳидоят мекунад. Дар 
он калимаи «истиқлол» бо ҳуруфи заррин ва хоно сабт гарди- 
да, муҳимтарин ҳадафи ҷомеаи мо - бунёди давлати 
соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ифода ёф- 
тааст... 

Биёед, азизон, ин қутбнамои хешро рӯйи каф ниҳода, дидаи 
пурмеҳр ба Нишони зарринтоҷи тоҷикон дӯхта, бо овози ба- 
ланд Суруди миллиро суруда зери Парчами истиқлол ҳамроҳи 
фарзандони фарзонаи миллатамон бо дили пур, сари баланд, 
лабони пурханда ба сӯйи идгоҳ бишитобем. 

Хусусияти луғавӣ: 

• Истилоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ: истиқлол, Қасри 
президентӣ, маҷмаа, конститутсия, ҳаёти сиёсӣ, раъйпурсии 



186 



умумихалқи, давлати демократи, ҳуқуқбунёд ва дуняви, Нишон, 
Парчам, Суруди миллӣ. 

• Калимаҳои адабии китобӣ: хуршед, дурахш, рабудан, 
ҷилвагар будан, абармард, навин, мутантан, пазируфта шудан, 
маромнома, ифодагар, пирӯзиҳо, пурмеҳр, зарринтоҷ. 

• Калимаҳои иқтибосӣ: нашъа, маҷмаа, мутантан, президен- 
тӣ, конститутсия. 

• Калимаю ифодаҳои рехтаи мардумӣ: нозу нуз кардан, либо- 
си идона, талош, дили пур, сари баланд. 

• Воҳидҳои фразеологӣ: дидаро бурдан, дилро рабудан, дида 
дӯхтан. 

• Ибораҳои рехтаи хоси услубҳои расмӣ ва рӯзноманигорӣ: 
раъйпурсии умумихалқӣ, бо ҳуруфи заррин сабт шудан, давла- 
ти демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, Суруди миллӣ. 

• Ифодаҳои маҷозӣ: тирамоҳи заррин, табиат нозу нуз на- 
мекунад, баргҳои тиллоранг, баргҳо қолин гашта, Парчами 
истиқлол, дидаи хирад, нури торҳои офтоб, Ватан либоси 
идона дар бар кардааст, китоби бахт, дидаи пурмеҳр. 

• Тавсифот: заррин, тиллоранг, абармарди миллат, заррин- 
тоҷ, пурмеҳр, фарзона. 

Имконоти услубии хусусиятҳои маъноии калима: 

• Муродифот: заррин // тиллоранг, хуршед // офтоб, нур // 
дурахш, конститутсия // сарқонун (китоби бахт // маромнома 
// қутбнамо), орзую омол. 

• Калимаҳои наздикталаффуз: нозу нуз, гарму нарм, оқилона 
ва одилона, фарзанди фарзона. 

Калимасозӣ: зарр-ин, тилло-ранг, ҷавлон-гар, абар-мард, 
зарр-ин-тоҷ, нав-ин, фаромӯш-но-шуд-ан-ӣ, сар-қонун, раъй- 
пурс-ӣ, умум-и-халқ-ӣ, як-дил-она, оқил-она, одил-она, ыд- гоҳ. 

Унсурҳои наҳвӣ: 

• Воҳидҳои истисноӣ: фасли аҷиби сол - тирамоҳи заррин; ба 
майдон, ба сӯйи маҷмаа; китоби бахти мо, Сарқонуни мо; 
муҳимтарин ҳадафи ҷомеаи мо - бунёди давлати соҳибистиқ- 
лоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ. 



187 



• Тарзи пассиви ифода: аз тарафи... пазируфта ьиуд. 

• Бартарӣ доштани ҷумлаҳои содда бар ҷумлаҳои мураккаб 
( 8 - 5 ). 

• Бештар бо ҷумлаҳои дутаркибаи тафсили ифода ёфтани 
фикр. 

• Аз ду зиёда ҷузъҳоро (ҷумлаҳои соддаро) дар бар наги- 
рифтани ҷумлаҳои мураккаб. 

• Бартарӣ доштани ҷумлаҳои хабарӣ бар амрӣ, саволӣ ва 
хитобӣ. 

• Бо ҳиссачаҳои тасдиқӣ оғоз ёфтани сархат ё ҷумла бо 
мақсади таъкид. 

182. Калимаю ибораҳои зеринро аз рӯйи мавзӯъ ва мундариҷаи 
матнҳое, ки аз онҳо гирифта шудаанд (чунончи, калимаю истилоҳоти 
сиёсию иҷтимоӣ, варзиш, нақлиёт ва ғайра), ҷудо кунед. Бо калимаю 
истилоҳоти ҷудогона мутобиқи таносуби маъноиашон ибораҳо созед. 

Қарор, эъломия, сӯзишворӣ, кубок, иҷлосия, мусофир, 
микроавтобус, аълоҳазрат, варзиш, коршиносон, истгоҳ, 
бокс, ронандаҳо, президент, созмони байналхалқӣ, нақлиёт, 
проблемаи глобалӣ, баскетбол, бензин, хати сайр, роҳкиро, 
сарвари давлат, паёми шодбош, дастаи мунтахаб, тенниси 
рӯйи миз, корхонаи воҳиди давлатӣ, раванди интегратсионӣ, 
терроризм, таҳкими сулҳ, довар, қочоқи маводи мухаддир, 
ҳоЛати нобозӣ, экстремизми моҷароҷӯёна, пулчин, газ, зарбаи 
ҷаримавӣ, корхонаи автомобилсозӣ. 



183. Дар забони расонаҳои хабарӣ дар натиҷаи бисёр такрор шудани як 
миқдор сифатҳои маънавии шахс, аломатҳои ашё, амалу ҳолат ба 
тавсифоти доимӣ табдил меёбанд: деҳқони асил, пухтакор, чашми- 
кордон, меҳнатқарин, хокпош...; ...ҷашнро бо тӯҳфаҳои арзанда 
(дастовезҳои меҳнатӣ) пешвоз гирифтан; ...ягонакуниро саривақт ва 
бо сифати баланд анҷом додан ва ғайра. Дар ҷумлаҳои зерин ба 
ҷойи сенуқта калимаҳои маъмули забони матбуотро нависед. 

Дар натиҷаи меҳнати ... марди деҳқон ҳосили... рӯёнида 
шуд; Меҳнатдӯстони хоҷагӣ шудгори тирамоҳиро ... ва ... 
анҷом дода, барои ба даст овардани ҳосили... заминаи... гу- 



188 



зоштанд; Онҳо дар оростани хирмани... тиллои сафед 
саҳми... гузоштанд; Заркорон ... меҳнат карда, ҳосили... 
ашонро ... ва ... ҷамъоварӣ намуда, ба қавли худ . . . вафо кар- 

данд. Механик-ронандагони меҳнат карда, иҷрои 

нақшаи солонаи пахтасупориро . . . таъмин намуданд. 

Г|1 

Дар услуби баёни рӯзноманигорӣ як микдор таркибу 
ибораҳои феълӣ, аз қабили таьириф овардан, созмон додан, 
ифтитоҳ ёфтан, интиқол ёфтан, талош варзидан, изҳори 
нигаронӣ кардан, ба тасвиб расонидан, таҷдиди назар кардан, 
ба имзо расидан, ба вуқӯъ пайвастан, талафоти ҷонӣ додан, 
арзи вуҷуд намудан, мавриди... қарор додан, ба ҳукми... даро- 
мадан, шароити... фароҳам овардан, дастраси... қарор додан, 
ба чизе таҳким бахшидан, ба чизе мувоҷеҳ шудан, . . .ро арзёбӣ 
кардан, . . .ро созмон додан ва гайра чун таркибҳои рехта бисёр 
кор фармуда мешаванд. Як қисми чунин таркибу ибораҳо 
феълҳои маъруфи ҳаммаъно доранд: кӯшиш ба харҷ додан - 
кӯшиш кардан, раҳбариро ба амал баровардан - раҳбарӣ кардан, 
иҷрои ( нақшаро ) таъмин намудан - ( нақшаро ) иҷро кардан. 

Маҷмӯаи ашъори Мӯътабари Раштӣ бо номи «Хуни шаб- 
нам» дар дастрасии дӯстдорони каломи мавзун қарор гирифт ; 
Чй нақшаи нав шуморо фарогир аст? 

Чунин таркибҳои рехта, аз як тараф, кори рӯзноманигорро 
осон мекунанд, зеро бунёди ҷумла (таркиби хабар) тайёр аст, 
фақат далелҳоро ҷо ба ҷо гузоштан кофист, вале, аз тарафи 
дигар, ифодаи фикр қолабй ва як дараҷа сунъӣ мебарояд. Би- 
нобар ин ҳамеша як қолабро корбаст накарда, аз роҳҳои гу- 
ногуни баёни матлаб фоида бурдан беҳтар аст: пиёда кардани 
мақсад - амалӣ кардани мақсад, ҷони худро аз даст дод - ҳалок 
шуд ё ба ҳалокат расид ва ғайра. 

184. Бо воҳидҳои фразеологии зерин ҷумлаҳо созед: 

Аз ӯхдаи коре баромадан (набаромадан), арақи ҷабин рех- 
тан, камари ҳиммат бастан, ба марра расидан, саҳми худро 
гузоштан, аҳамияти калон доштан, нуқтаи назар, рол (нақш) 



189 



бозидан, садамаи накдиёт, маводи мухаддир, паси сар кардан, 
боздид ба амал овардан, чашми корро донистан (надонистан), 
ҷомаи амал пӯшидан, ба ахди худ вафо кардан. 

185. Порчаеро аз мақолаи Саидризо Ализода, ки дар яке аз нашрияҳои 
нахустини тоҷикй - маҷаллаи «Оина» (соли 1913) чоп шуда буд, му- 
толиа кунед ва бигӯед, ки дар он мавқеъ ва руҳияи нигоранда то чӣ 
андоза равшан ва барҷаста ифода гардидааст ва ба «ман»-и 
рӯзноманигори имрӯза чӣ умумият дорад; дар матн чӣ гуна калимаю 
истилоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дучор омаданд, ки тағйири 
маъно кардаанд ё аз истеъмол тамоман баромадаанд. Назари худро 
доир ба андешаҳои як аср муқаддам баёнкардаи муаллифи мақола 
мухтасар нависед. 

Солҳо аст, ки мусулмонони соири мамлакат дараҷаи лузум 
ва аҳамияти макотиби ҷадидаро дониста, фоида ва 
манфиатҳои онро фаҳмида, дар ҳар шаҳру қарияҳо доир на- 
муда, рӯз ба рӯз ба такмили онҳо мекӯшанд, аммо мо, мусул- 
монони Туркистон, на ин ки мадорис ва макотиби ҷадида 
таъсис менамоем, балки онҳоро ҳанӯз бидъат ва ҳаром мешу- 
морем. Намедонам, мо, мусулмонони Туркистонро чӣ шу- 
да(4). Бо вуҷуди ин ки дар ҳар соат ва дақиқа натиҷаҳои баду 
ҳамми ин беилмӣ ва ошно ба муқтазои замона набудани худ- 
ро мебинем ва мефаҳмем, боз мутанбеҳ ва хушёр намегар- 
дем(4). Эй бародарони туркистонӣ! Эй ҳамватанони азиз! 
Ғафлат то кай? Ҷаҳолат то чанд? Шуморо ба ҳаққи исломият, 
ки дуруст мулоҳиза намоед: замоне ки Самарқанд ва атрофаш 
зиёда бар 150 000 нуфузро дорост, аз мусулмонон чанд нафар 
тоҷир ва савдогар, чӣ қадар мағозачӣ(2) ва кантур дорад? 
Куҷо монда дуктур(1), муаллим, муҳандис(5), муншӣ(5) ва 
ғайра, ки барои маишати мо монанди обу нон лозим аст? Ба- 
ле! Гадо, дарвеш, қаландар, бузбала, ҷавон, дузд... ҳазорон- 
ҳазорон мавҷуданд! 

Л у ғ а т: 

Соири - тамоми 
Лузум -лозим будан, зарурат 
Ҷадида - нав 
Мадорис - мадрасаҳо 



190 



Ҳамм - аҳамият 

Кантур - кантора, муассиса, корхонаи шахсӣ 
Муҳандис - инженер 
Муншӣ - котиб, коргузор. 

Бузбала - тануманд, вале дар ин матн ба маънои бекора- 

гард, муштзӯр 

Ҷавон - бадахлоқ 

Гср 

к • Л 1) Дар муқоисаи ин матн бо матни боло дар забони адабии 
имрӯза чӣ таҳаввулоти луғавӣ, маъноӣ ва грамматикӣ ба миён 
омадааст? 

2) Кадом мушкилоти ҷомеаи онрӯза нигорандаро ба шӯр оварда- 
аст? 

3) Муаллифи мақола барои муассир ифода кардани фикр аз кадом 
имконоти услубии луғавию наҳвии забон фоида бурдааст? 

4) Феъли мулоҳиза намудан аз муродифҳои дигараш (фикр, андеша 
ва тааммул кардан ) бо кадом тобиши маъно фарқ мекунад? 



186. Матни зерин аз матнҳои боло чӣ фарқ дорад? Нигоранда танбӯрро 
чӣ тарз тавсиф мекунад? Магар он бо тафсири маънои калимаи 
танбӯр дар қомусу луғатномаҳо якгуна аст? Шарҳи як-ду луғатро ба 
дафтар навишта, хаттй эзоҳ диҳед, ки тафовути ин матн аз шарҳи 
луғатномаҳо дар чист. 

Навои танбӯр... Танбӯр дар дасти мутриби чирадаст наво 
намекунад, менолад, фарёд мезанад. Ӯ гӯё оламу одамро 
фаромӯш карда, дар мадори наво, дар фазои садо парвоз до- 
рад. Танбӯр меноладу ҳикоят мекунад аз гузаштагон, аз 
рӯзгорони талху ширини ниёгон. 

Танбӯрӣ гӯё на ба торҳои танбӯр, балки ба торҳои дили 
худ нохун мезанад. Рӯҳу равон ба наво меояд, тамоми ҳастии 
инсон ба торҳо ҳамнаво мегардад. Рӯҳнавоз аст навои танбӯр, 
дилнавоз аст садои танбӯр. . . 



Чи танбур? Нахле чун бори у, 
Рагу решаи бехудӣ тори ӯ. 



191 



Ниҳон андалебе ба ҳар тори у, 

Зи мизроб гул карда минқори ӯ. . . 

Чӣ сеҳре дорад садои танбӯр? Аҷиб он аст, ки тамоми 
«Шашмақом» дар пардаҳои танбӯр ҷо гирифта. Ҳама мақому 
оҳангҳо ба василаи овози танбӯр арзи вуҷуд намуда, бо сози 
он оғозу анҷом меёбанд. 

Ҳасани Кавкабӣ дар «Рисолаи мусиқӣ» мегӯяд: 

«Танбӯр созест қадим. Танбӯра дар забони паҳлавӣ аз 
ҷузъҳои тан - дил ва бӯра - хароьиидан сохта шуда, яъне дил- 
харош». 

Оре, бо чунин садо, бо чунин наво бояд танбӯрро сози дил- 
харош номид (Ш.Ҳ.). 

1) Калимаҳои танбӯр, танбӯрӣ, соз, оҳанг, наво, мизроб, парда, 
мутриб, чирадаст, мақом, шашмақом, мушкилот бо ҳамдигар чӣ 
робитаи маъноӣ доранд ва дар сохтори матн чӣ вазифаро адо 
кардаанд? 

2) Калимаҳои танбӯр, наво, садо, овоз ва ғайра аз чӣ сабаб бисёр 
такрор шудаанд? 

3) Ифодаҳои «ба торҳои танбӯр нохун задан» ва «бо торҳои дил но- 
хун задан» чӣ гуна муносибати маъноӣ доранд? 

4) Чаро дар дохили ҷумла ҷойи баъзе аъзоҳо тағйир ёфтааст? 

• Аз матни боло аён аст, ки дар ин равияи услуби 
публисистӣ воситаҳои муассири луғавӣ, фразеологӣ ва наҳвӣ, 
санъатҳои маънавӣ ва лафзии сухан, аз қабили тавсиф (чира- 
даст, дилнавоз, рӯҳнавоз ), маҷоз, ташбеҳ ( Танбӯрӣ гӯё ба 
торҳои дили худ нохун мезад), муболиға, таҷнис, такрор, са- 
воли риторикӣ ( Чӣ танбӯр ? Чӣ сеҳре дорад садои танбӯр ?), 
нидои риторикӣ, тағйир додани ҷойи муқаррарии аъзоҳои 
ҷумла (инверсия: Танбӯр... ҳикоят мекунад аз гузаштагон), 
истифодаи калимаву таркибҳои ҳамқофия (оламу одам, дар 
мадори наво, дар фазои садо, рӯҳнавоз... дилнавоз), ибораву 



192 



ҷумлаҳои ҳамвазну ҳамсохт (параллелизм: Рӯҳнавоз аст навои 
танбӯр, дилнавоз аст садои танбӯр), тасдиқ ё инкор {Оре,... 
танбӯрро бояд сози дилхарош номид) ва ғайра ба кор бурда 
мешаванд. 

Рӯзноманигорон кӯшиш мекунанд, ки ҳатто дар хабару 
мақолаҳо ҳам суханони тоза ва қолабҳои гуногуни наҳвиро ба 
кор бурда ба тарзи баёни якрангу дилгиркунанда як навъ 
тозагӣ бахшанд. Чунончи, ба ҷойи калимаи деҳқон заркор ё 
марди деҳқон, ба ҷойи калимаи тӯҳфа дастовезҳои меҳнагӣ, 
ба ҷойи хабар додан мужда расонидан, ба ҷойи кӯшиш кардан 
талош варзидан, ба ҷойи ронандаи мошини пахтачин капитани 
киштии кабуд ва гайра кор мефармоянд. Вале чунин калимаю 
ибораҳои «баоҳар» ҳам дар натиҷаи аз ҳад зиёд такрор кар- 
дан таровати худро аз даст дода, ба таъбирҳои муқаррарии 
рӯзномагӣ табдил меёбанд, чунон ки тиллои сафед ҳам як 
вақтҳо ифодаи тару тоза ба шумор мерафт, ҳоло муродифи 
оддии калимаи пахта гардидааст. 

Услуби баёни рӯзноманигорӣ аслан такаллуф ва суханпар- 
дозиро намепарварад, зеро суханороии безарурат дар 
жанрҳои хабарӣ ба осон ва равшан дарк намудани асли 
мақсад халал мерасонад: Онҳо (деҳқонон) бо дашт панҷа ба 
панҷа дарафканда нусрат аз пайи нусрат ба даст меоваранд. 
Маънои феъли дарафкандан андохтан, рехтан, берун кардан, 
афшондан, пошидан буда, бо калимаи панҷа ҳеҷ гуна муноси- 
бати маъноӣ надорад. Таъбири нусрат аз пайи нусрат ба даст 
овардан ҳам ғалат аст, чунки одатан галаба аз пайи галаба ба 
даст овардан мегӯянд. 

187. Дар тавсифи ягон сози миллӣ (най, рубоб, ғиҷҷак...) ё асбобҳои 
мусиқии эстрадӣ дар як саҳифаи дафтар иншои мухтасар нависед. 
Муфассалтар шарҳ диҳед, ки чаро навои ҳамин созро шумо бештар 
дӯст медоред. 



188. Хабарҳои мухтасари рузномавиро мутолиа кунед, унсурҳои 

луғавию грамматикии хоси услуби баёни рӯзноманигориро (дар ха- 



193 



бар) муайян кунед. Ҳиссаҳои номи ва феълиро ба дафтар нависед 

ва шарҳ диҳед. ки кадоми онҳо дар хабар бартарӣ дорад. 

Шоҳҷоиза ба Хуҷанд омад 

Озмуни театрҳои(б) касбии ҷумҳурӣ Парасту — 2001 дар 
шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд. Боиси ифтихор аст, ки муко- 
фоти асосии озмун Шоҳҷоиза, яъне Гран-при насиби театри 
ба номи Камоли Хуҷандӣ гардид(4). Ҳайати ҳакамон(5) на- 
моишномаи(5) «Шаҳраки ман»-ро, ки шоира Фарзона зимни 
асарҳои нависандаи амрикоӣ(1) Торптон Уайлдер эҷод карда, 
коргардони(5) варзида Барзу Абдураззоқов ба саҳна гузошта- 
аст, беҳтарин донист(4). 

Бо дилу дидаи бедор ... 

Бо ибтикори(5) Ҳукумати шаҳри Хуҷанд, ширкати телеви- 
зиони ҷамъиятии СМ-1 ва ҳафтавори «Суғд» бахшида ба 
шастсолагии(б) мавлуди(5) шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ дар 
қаҳвахонаи «Ширинсарой»(5) маҳфиле бо унвони «Бо дилу 
дидаи бедор...» баргузор шуд. 

Барандаи(5) маҳфил Саидумрон Саидзода нахуст риштаи 
суханро ба шогирди соҳибҷашн, шоираи номвар Фарзона 
дод. Нотиқ устоди шеъри навинро(5) бо суханони самимона 
ёдовар шуд. 

Олимон: Усмонҷон Ғаффоров, Атахон Сайфуллоев, ади- 
бон: Додоҷон Раҷабӣ, Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва дигарон 
соҳибҷашнро ба некӣ(6) ёд карданд ва аз рӯзгори ӯ воқеоти(З) 
нодире ҳикоят намуданд. Озарахш бар матни шеъри Лоиқ су- 
руде хонда хотири ҳозиринро(З) болида дошт. 

Маҳфил рӯҳи шоири тавоноро бо суханҳои пур аз меҳру 
муҳаббат шод гардонд. 



194 



Гср 

клЛ 1) Дар ин хабарҳо оё се нуктаи муҳими ин жанр - кай, дар 
куҷо, чӣ воқеа рӯй дод, зикр ёфтааст? 

2) Дар хабар кадом далелҳо возеҳ ва дақиқ баён шудаанд? 

3) Сарлавҳаҳо мӯҳтавои асосии хабарҳоро дар бар мегиранд ва то 
чӣ андоза ҷолибанд? 

4) Матнҳо хусусияти ҳикоят, тасвир ё муҳокима доранд? 

5) Сархатҳо ва дар дохили онҳо ҷумлаҳо ба василаи кадом унсурҳои 
луғавӣ ва грамматикӣ бо ҳамдигар алоқаманд шудаанд? 

6) Кадом калима ё истилоҳҳо ба назаратон тару тоза намуданд? 
Онҳо бо чӣ мақсад сохта ва истифода шудаанд? Чаро «Гран- 
при»-ро «Шоҳҷоиза» тарҷума кардаанд? 

7) Дар мақолаҳои боло кадом калимаю истилоҳот мундариҷаи асо- 
сии хабарро инъикос мекунанд? Онҳоро ба дафтар нависед ва бо 
ҳам муқоиса намуда, муқаррар кунед, ки дар хабарҳо бештар ка- 
лимаю истилоҳҳои кадом соҳаи фарҳанг ба кор бурда шудаанд? 

8) Калимаҳои сохта ва мураккабро ба ду сутун навишта, дар 
қавсайн бо ҳарф ишора кунед, ки онҳо ба кадом ҳиссаи нутқ 
тааллуқ доранд. 

9) Аломатҳои баён ва нохунак барои чӣ гузошта шудаанд? 



189. Ягон мавзуи фарҳангии воқеиро интихоб намуда, хабар нависед ва 
ба он сарлавҳаи созгор ва ҷолиб фикр кунед. 

Г Г 

кЛ.^ Сармақола, мақолаи назарии сиёси, мақолаи ахлоқию 
тарбиявӣ, обзори байналхалқӣ, мухбирнома (корреспонден- 
сия), репортаж, фелетон, памфлет, мусоҳиба, лавҳа, очерк, 
шарҳи варзиш аз ҷумлаи жанрҳои публисистика ба шумор 
мераванд. 

Очерк жанри маъмули рӯзноманигорӣ буда, чунин асари 
хурди бадеист, ки дар он одатан воқеаи иҷтимоӣ инъикос 
меёбад. Фарқи он аз дигар асарҳои бадеӣ, аз ҷумла аз ҳикоя ё 
новелла, ин аст, ки ҳодиса ё воқеаҳои зиндагӣ, макону замон 
ва қаҳрамонони он шахсони воқеианд. Хусусияти 
муҳимтарини очерк дар асоси санад ва далелҳои шайъ инъи- 



195 



кос намудани ҳақиқати ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ба шумор ме- 
равад. 

Очерк сафарӣ ё ёддоштӣ, чеҳранигорӣ (портретӣ) ва 
проблемавӣ мешавад. Дар очерки сафарӣ нигоранда ҳангоми 
сафар ҳар манзара, муҳити зисти мардум, ки дидаасту ба на- 
зари ӯ аз ягон ҷиҳат ҷолиб ва аҳамиятнок намудааст, ба 
қалам медиҳад. Дар очерки портретӣ симои зоҳирию ботинии 
шахс, назари вай ба кору зиндагӣ, муносибати ӯ ба дигарон 
тасвир меёбад. Дар очерки проблемавӣ рӯзноманигор ягон 
масъалаи доги рӯзро, ки ҷомеа ба баррасӣ ва ҳалли он ниёз 
дорад, мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор медиҳад. 

Очеркҳо аз лиҳози ҳаҷм хурд ва калон мешаванд. Очеркҳои 
адабию таърихии С.Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурма- 
лик», «Исёни Муқаннаъ» ва ғайра калонҳаҷм буда, очеркҳои 
нависандагон Ф.Муҳаммадиев, М.Наҷмиддинов, Б.Муртазо- 
ев ва дигарон ҳаҷман хурданд. 



190. Хонандаи ҷавон, кишвари мо як гӯшаи зебоманзари рӯйи Замин 
аст. Худ боре ба кӯҳсори он барои саёҳат рафтаӣ, қуллаҳои 
осмонбӯсро дидаӣ, наҳрҳои шӯхи кӯҳӣ, соҳилҳои сабзу хуррами он 
ро тамошо кардаӣ. Ҳеҷ набошад, ҳусну зебоии ҳушрабои 
манзараҳои фасли баҳори табиати кӯҳистони тоҷикро дар асарҳои 
С.Айнӣ хондаӣ. Ту ҳам қалам ба даст бигир ва аз он оғоз бикун, ки 
кай, ҳамроҳи кӣ, ба кадом муносибат, ба куҷо сафар кардаӣ ва дар 
он ҷо чӣ манзараҳоро дидаӣ, бо чӣ касон вохӯрдаӣ ва аз он сафар 
чӣ таассуроти нек ё бад бардоштаӣ. 

УСЛУБИ РАСМЙ 



• Ҳар чизе дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо чоп шавад 
ё дар барномаҳои радиою телевизион қироат гардад, ба услу- 
би баёни рӯзноманигорӣ ё публисистӣ нисбат надорад. Чу- 
нончи, шеъру ҳикояҳо дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», 
амру фармон, қарорҳои парламон, ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ, 



196 



ки дар нашрияҳои ҳукумат дарҷ мегарданд, низ ба услуби 
рӯзноманигорӣ мутааллиқ нестанд. 

Ба ақидаи муаллифи китоби «Насри идорӣ» Абутуроб 
Розонӣ, услуби баёни коргузории расмӣ ё идорӣ «маъмулан 
ба сурати номанигорӣ, гузориш, сурати маҷлис, пайнавишт, 
тилгиром, паймоннома, бахшнома, подошт, хулосанависй, 
пешнависӣ» ба кор бурда мешавад. «Равиши нигориш дар 
идора ба таври куллӣ тобеи муқаррароти хосе аст, ки ба асари 
мурури замон ҳама бад-он хӯ гирифта ва худ бояд ҳамон 
дастурҳоро ба кор банданд». 

М а т н: 

Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи 
ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда 
масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давла- 
ти худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи 
шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми 
миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолат- 
парварро вазифаи худ қарор дода ҳамин конститутсияро 
қабул ва эълон менамоем. 

БОБИ ЯКУМ 

Асосҳои сохтори конститутсионй 

Моддаи 1 . Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлати соҳибихтиёр, 
демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. 

Тоҷикистон давтали иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон 
шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам 
меорад. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд. 

Моддаи 2. Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. 

Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо 
амал мекунад. 



197 



Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ 
зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд, аз забони модариашон озодо- 
на истифода кунанд. 

Моддаи 3 . Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон 
ва Суруди миллӣ аст. . . 

Ин матн аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи- 
кистон оварда шудааст, ки қонуни асосии давлат ба шумор 
меравад. Дар он маънои ҳар як калима ва истилоҳ дақиқ 
санҷида, ба ҳисоб гирифта шудааст ( Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 
Тоҷикистон ҳаммаъноянд ) . 

Дар ин услуби баён дақиқ (бо номи аслии худ) зикр ёфтани 
факту далелҳо муҳим аст, на ҷиҳати обуранг ва муассирии он. 
Услуби забони ҳуҷҷатнигорӣ якрангу якнавохт ва камтаъсир 
аст. 

Истилоҳҳои сиёсӣ дар шакли калима ( конститутсия 
(сарқонун), сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, мил- 
лат, халқият, озодӣ, ҳуқуқ, баробарҳуқуқӣ, парчам, ниьион) ё 
дар шакли ибора (Ҷумҳурии Тоҷикистон, суруди миллӣ, дав- 
лати иҷтимоӣ, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, ҷомеаи 
ҷаҳон, ҳуқуқи шахс) омада, ба як маънои дақиқ далолат меку- 
нанд. 

Ҳар мафҳум бо номи мушаххаси худ ифода меёбад, бо 
муродифҳо ё ҷонишинҳо иваз намешавад, бинобар ин дар за- 
бони ҳуҷҷатҳои давлатӣ калимаю истилоҳоти сиёсӣ такрор ба 
такрор меоянд (дар ин матн калимаи Тоҷикистон панҷ маро- 
тиба, Ҷумҳурии Тоҷикистон ду бор такрор шудааст). 

Калимаҳо маънои истилоҳӣ гиранд, аз маъноҳои дигар ва 
тобишҳои маъно орӣ мегарданд (чунончи, суруд дар таркиби 
суруди миллй). 

Дар ифодаи фикр ба мантиқи сухан бештар эътибор дода 
мешавад. Матни услуби забони расмӣ ё идорӣ ба сархату 
бандҳои мушаххас ҷудо мегардад. Кӯшиш ба харҷ медиҳанд, 



198 



ки ҳар ҷумла як фикри дақиқро кушоду равшан ифода намо- 
яд, мазмуни духура пайдо накунад. 

Ҳадафи услуби расмй маълумоти дақиқро (асосан ба 
тариқи хаттӣ) ифода кардан аст, бинобар ин фикр бо ёрии 
ҷумлаҳои соддаи пурраи хабарӣ (гоҳе тафсилӣ, чунон ки дар 
дебочаи моддаҳои асосии сарқонун мушоҳида шуд), ҷумлаҳои 
мураккаби пайвасту тобеъ, ки дар таркибашон ҷумлаҳои пай- 
рави муайянкунанда, сабаб, мақсад, шарт, хилоф доранд, 
ифода меёбад. 

Сохтори қисми зиёди ҳуҷҷатҳои идорӣ аз оғоз то ба анҷом 
якгуна аст ва барои осон кардани ҳуҷҷатнигорӣ асли матлаб, 
ки факту рақамҳо ва ё дархости ҳар фардро дар бар мегирад, 
дар қолабҳои қаблан сабтшуда (чунончи, дар ҳолнома 
(тарҷумаи ҳол), номаи камол, шиноснома, зоднома (шаҳодат- 
номаи таваллуд) ва гайра) ворид карда мешаванд. 

Чанд намунаи ҳуҷҷат: ариза, ҳолнома (тарҷумаи ҳол), за- 
бонхат, ваколатнома. 

Ба директори мактаби таҳсилоти уму- 
мии № ..., деҳаи..., мӯҳтарам... (ному 
насаб). 

Аз хонандаи синфи X ҳамин мактаб ... 
(ному насаб). 

Ариза 

Хоҳиш мекунам, барои гузаштан аз муоинаи духтури мар- 
кази ноҳия маро ба мӯҳлати як рӯз аз дарс озод намоед. 

Таърихи рӯз. (имзо) 

Ҳолнома (тарҷумаи ҳол) 

Ман, Раҷабова Умеда, 9 октябри соли 1977 дар деҳаи 
Кӯлканди ноҳияи Исфара дар оилаи деҳқон таваллуд шудаам. 
Падарам, Раҷабов Абдураҳим, дар хоҷагии деҳқонии ба номи 



199 



Ҳ. Мукаррамов кор мекунад. Модарам, Раҷабова Муборак, 
нафақагир аст. 

Соли 1992, пас аз хатми синфи IX мактаби миёнаи № 33 ба 
ТСХИ-и ш. Исфара дохил шудам. Соли 1995 техникумро бо 
ихтисоси коргузор ва муҳосиб хатм кардам ва фаъолияти ко- 
риамро чун коргузор дар ҳамин техникум оғоз намудам. Соли 
1998 ба шӯъбаи ғоибонаи факултаи ҳуҷҷатнигор-менеҷменти 
Коллеҷи технологии Исфара дохил шудам. Оиладор нестам. 

Нишонии ман: ноҳияи Исфара, деҳаи Кӯлканд, кӯчаи Зебу- 
нисо, хонаи № 156. 

Имзо (Раҷабова У.) 

25 июли соли 1998. 



Забонхат 

Ман,...(ному насаб), мудири хоҷагии мактаби таҳсилоти 
умумии № ..., деҳаи... аз мудири анбори маорифи ноҳияи..., 
...(ному насаб) 1 (як) адад компютери... ва 1 (як) адад принтер 
гирифтам. 

Имзо (ному насаб) 

Таърихи рӯз. 

Ваколатнома 

Ман, Алиев Саид, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Неъмат 
Қаробоев, бинои № 6, хонаи 23, ба шаҳрванд Мирзоева Раъно 
ваколат медиҳам, ки амонати аз ш. Бухоро ба номи ман фи- 
ристодаро аз шӯъбаи алоқаи ш. Душанбе гирад. 

Имзо (Алиев С.) 

Таърихи рӯз. 

Имзои шаҳрванд С. Алиевро тасдиқ мекунам: 

Раиси кумитаи маҳалла Имзо (Исоев А.) 

Мӯҳр 



200 



191. Аз рӯйи намунаи боло ҳолномаи худ ва бо мазмуни дилхоҳ ариза, 
забонхат ва ваколатнома нависед. Кӯшиш кунед, ки нуктаҳои асосии 
фикр ба низоми таносуби сатрҳои ҳуҷҷат ифода ёбанд. 

192. Дар матни зерин кадом унсурҳои забони идорӣ бо мақсади ҳаҷв 
намудани хислати расмиятпарастии баъзе маъмурон истифода шу- 
дааст? 

«РАВШАНӢ АЗ ТОРИКЙ...» 

Бо мақсади беҳтар кардани сифати таълиму тарбияи насли 
наврас шоҳмисраи Меҳмон Бахтиев «Равшанӣ аз торикӣ 
равшантар аст» проблемаи мактаб ҳисобида шавад. 

Ба ҳамаи муаллимон супурда шавад, ки шоҳмисраи маз- 
курро дар байни хонандагон тарғиб кунанд ва ҳар дарси худ- 
ро бо он сар кунанд. Онҳо дар дарсҳои худ ба ҷойи пурсиши 
вазифаи хонагӣ шоҳмисраи Меҳмон Бахтиевро таҳлил намо- 
янд ва аз хонандагон низ ҳамин корро талаб кунанд. 

Ба ҳамаи муаллимон супориш дода шавад, ки дар 
мавзӯъҳои зерин конференсияҳои илмию адабӣ барпо намо- 
янд: 

Муаллимони забон ва адабиёти тоҷик дар мавзӯи «Меҳмон 
Бахтиев ва таъсири шоҳмисраи ӯ «Равшанӣ аз торикӣ рав- 
шантар аст» ба адабиёти Шарқу Ғарбу Ҷануб». 

Муаллимони физика дар мавзӯи «Суръати рӯшноӣ ва 
таъсири он дар офаридани шоҳмисраи «Равшанӣ аз торикӣ 
равшантар аст»-и Меҳмон Бахтиев. 

Муаллимони забон ва адабиёти рус дар мавзӯи «Жизнь и 
творчество Мехмона Бахтиева и его королева-строчка». 

Муаллимони биология ва табиатшиносӣ дар мавзӯи 
«Таъсири равшанӣ дар фотосинтези шоҳмисраи Меҳмон Бах- 
тиев «Равшанӣ аз торикӣ равшантар аст». 

Ба муаллимони синфҳои ибтидоӣ супориш дода шавад, ки 
ба хонандагони синфи якум баъди алифбо шоҳмисраи 
Меҳмон Бахтиевро омӯзонанд ва ҳангоми ҷашнҳои «Иди 
алифбо», «Соли нав», «Ҳаштуми март», «Рӯзи кайҳоннавар- 
дон» хонандагон онро қироат кунанд. 



201 



Гср 

1) Шакли мафъули феълҳо (ҳисобида шавад, супорида шавад, 
супориш дода шавад) бештар дар кадом навъи санадҳои идорӣ 
мушоҳида мешавад? 

2) Чаро ному насаби маъруфи шоир ба тарзи Меҳмон Бахтиев ома- 
дааст? 

3) Истилоҳи адабиётшиносии адабиёти Шарқ ё Ғарб ба ҳама 
маълум аст, вале адабиёти Ҷануб бо чӣ мақсад сохта шудааст? 

4) Магар унвони мавзӯъҳои «Равшанӣ аз торикӣ равшантар аст», 
«Суръати рӯшноӣ ва таъсири он дар офаридани шоҳмисраи 
«Равшанӣ аз торикӣ равшантар аст»-и Меҳмон Бахтиев» ва 
ғайра маъние дорад? 

Номанигорӣ (муросалот) 

• Як соҳаи услуби баёни расмӣ муросалот ё номанигорист. 
Номанигорй дар ин ҷанбаи услубии форсу тоҷик таърихи 
қадима дорад. Руқаоти Абдураҳмони Ҷомӣ, ки ба унвонии 
Алишери Навоӣ ва султон Ҳусайни Бойқаро ирсол гардида- 
аст, далели равшани он аст: 

«Баъд аз арзи ниёз маъруз (дархост) он, ки доранда (-и но- 
ма) заифаест сайидаи ғариб. Мехоҳад, ки ба Самарқанд, ки 
ватани ӯсту касони вай он ҷоянд, муроҷаат (сафар) кунад. 
Илтимоси он медорад, ки аз авқофу (вақфҳо, аз маблагҳои 
барои хайр ҷудошуда) гайри он имдоде воқеъ шавад, ки ин 
сафар муяссар гардад. 

Тавфиқ (адлу инсоф) рафиқ (ёр, ҳамсафар) бод!» 

Ҳамаи номаҳои Ҷомӣ бо айни як ифода оғозу анҷом меё- 
бад: Баъд аз арзи ниёз маъруз он, ки... Тавфиқ рафиқ бод! Ё: 
Давлату саодати дуҷаҳонӣ муяссар бод! Вассалом ! Ё: Тавфиқ 
рафиқ боду саодат зиёдат, вассалом! 

Дар асари Шаҳриёри Ёрбахт «Оини иншо ва номанигорӣ» 
омадааст: 

«Номанависӣ ё номанигорӣ (идорӣ, тиҷорӣ, хусусӣ, 
хонаводагӣ) худ як навъ иншо маҳсуб мешавад. Мунтаҳои 



202 



инчунин номаҳо ҳатталмақцур мухтасар ва муфид буда, аз ҳар 
гуна ҳошияпардозӣ ва пероя мубарро (озод) бошад ва фақат 
дар перомуни мавзӯъ мавриди назари матлаб навишта шавад, 
зеро чунин иборот аз чаҳорчӯби мавзӯъ хориҷ гардад, лутфи 
калом лағв гашта (аз байн рафта), асари худро аз даст 
медиҳад». 

Як намунаи номаи шодбош: 

Бародари мӯҳтарам! 

Ба муносибати Иди фирӯзи Наврӯз Шуморо аз самими 
қалб табрик менамоям. Умедворам, ки ба дарки наврӯзҳои 
бешумор муваффақ гардед. 

Худованди таоло ин соли тозаро ба Шумо ва ҷомеи оилаи 
Шумо муборак ва масъуд гардонад. 

Таърих ва имзо. 

193. Қисми аввал ва интиҳои номаи устод Айниро бомулоҳиза мутолиа 

кунед ва бигӯед, ки дар номанигории замони мо чӣ дигаргунӣ ба ми- 

ён омадааст. 

Нуричашмй Камол! 

Мактуби 12 морт навиштаат расид. Баробари мактуб бон- 
дурул (бандерол, яъне баста) ҳам расид, ки (дар он) 
«Алмӯъҷам», девони Носири Хусрав бо «Сафарнома» ва аса- 
ри устод Бертелс буд. Эҳтимол, ту таърихи термини «форс- 
тоҷик» ва «тоҷик-форс»-ро надонӣ. Вақте ки ман «Намунаи 
адабиёт»-ро навишта баровардам, ҳама шарқшиносҳо ба ман 
муқобил баромаданд ва онҳо забони адабӣ доштани халқи 
тоҷикро инкор карданд ва ҳама гузаштагони моро, ҳарчанд 
дар Мовароуннаҳр расида бошанд, ба манупулиёи (монопо- 
лияи ё инҳисори) Эрон додан хостанд. Ин, аз як тараф, ба 
ҳақиқати таърих мухолиф бошад, аз тарафи дигар, ба сиёсат 
мухолиф буд, чунки дар ҳамон вақтҳо тақсими ҳудуди 
миллатҳои Осиёи Миёна шуда, тоҷикон ҳам ба сифати як 
миллати мустақил шинохта шуда буданд. Аз ин хатои 
шарқшиносон понтуркистҳо истифода бурда будани 
тоҷикҳоро дар Осиёи Миёна инкор карданд ва «Тоҷикон 



203 



ӯзбаконеанд, ки бо таъсири эрониён забони худро гум карда- 
анд» гуфтанд. 

Ин ҷанҷол то солҳои 1928-1930 рӯз то рӯз шиддат карда 
давом намуд. Дар соли 1929 дар Тошканд кунфуронси ба 
алифбои лотинӣ гузаштани тоҷикон барпо шуд. Як қисмати 
шарқшиносон гуфтанд, ки: «Тоҷикон ҳастанд, аммо забони 
адабӣ надоранд. Ин забони адабие, ки дар вай шоирони гу- 
зашта ва ҳозираи Осиёи Миёна шеър мегӯянд, азони Эрон аст. 
Бояд дар асоси забони кӯчагӣ барои тоҷикон забони адабӣ аз 
нав сохта шавад». Дар он вақт бисёр шӯрида мунозира кар- 
дем, аммо онҳо аз қавли худ нагаштанд. 

Баъд аз он дар соли 1930 дар Самарқанд кунфуронс шуд, 
аммо дар пешгоҳи золи маҷлис бо хати ҷалии (равшани) 
настаълиқ «Тоҷикон забони адабии ҳазорсола доранд ва то 
имрӯз давом намуда омада, баъд аз ин ҳам ба сифати забони 
адабии саветии тоҷик давом хоҳанд кард» навишта мондем. 

Ин масъала дар ин маҷлис ҳам ҳал нашуд, яъне мухолифон 
даъвои маро қабул накарданд. Баъд аз он, дар ҳамон сол дар 
Истолинобод кунфуронсе барпо шуд. Дар он ҷо ман бо пру- 
фисур Андриюф даст ба гиребон шуда ҷанг кардам (дар ин 
ҷанҷолҳо лидир танҳо ман будам ва баъзе касон фақат ба 
хотирхоҳии ман ба ман ёрӣ медоданд). 

Баъд аз ин мунозираҳо шарқшиносон, аз ҷумла Бертелс ва 
Булдируф, розӣ шуданд, ки адабиёти тоҷикро аз асри 15-16- 
уми мелодӣ ин ҷониб дар ҳудуди Мовароуннаҳр қабул намо- 
янд. Аммо шоирони гузаштаро тамоман ба Эрон додан хос- 
танд. 

Мо ба ин суханҳои бемантиқ гӯш накарда кори худро да- 
вом додем: Рӯдакӣ, Фирдавсй, Буалӣ Сино, Ҳофиз ва дига- 
ронро азони худ гуфта навишта баромадан гирифтем. Ман 
дар охири муқаддимаи Саъдӣ (китоби «Шайх Муслиҳиддин 
Саъдии Шерозӣ») исбот кардам, ки Саъдӣ худашро тоҷик 
гуфтааст. Аммо маҳз ба хотири оммаи шарқшиносон ман 
шоиронеро, ки дар Эрон ва Хуросон рӯйидаанд, «шоири 
форс-тоҷик» гуфта унвон додам. . . 



204 



Ҳоло ҳамин қадар бас аст. Ба ҳама салом расон. 

Айнӣ. 

Ман аз китоби Брогинский якеро ба номи ту ва дигареро 
ба номи Холида навишта будам. Дар бастани бондурул Лут- 
фия саҳв карда чаппа бастааст. 

Бо саломи падарона Айнӣ. 

13/3/1349. 

4 * л 1) Туркгароён (пантуркистон) бо чӣ мақсад ҳақиқати таърихи- 
ро инкор намуда, ошкоро мегуфтанд, ки миллати тоҷик ва забо- 
ни тоҷикӣ вуҷуд надорад? 

2) Чаро С.Айнӣ калимаю истилоҳоти байналмилалии ба воситаи 
забони русӣ иқтибосшуда ва исмҳои шарқшиносони русро 
мувофиқи талаффузи тоҷикӣ (кунфуронс, бондурул, Булдируф...) 
навиштааст? 

3) Мазмуни мактубро бо забони худ хаттӣ нақл намуда (ба рӯйи 
коғаз гузаронида), дар интиҳо андешаҳои худро дар ин бобат на- 
висед. 

• Муаллифи «Муросалоти форсй» пас аз навиштани сар- 
нома, ки мактуб ба нишонии кист, аз қабили таъбироти зе- 
рин зикри таъзиму эҳтиромро воҷиб мешуморад: падари бу - 
зургворам, падари вологуҳарам, падари олишонам, волонеъма- 
там, сабаби ҳаётам, сабаби файзу саодатам, қиблагоҳам; во- 
лидаи мӯҳтарамам, волидаи муаззамаам, модари мушфиқу 
меҳрубонам; бародари азизам, бародари меҳрубонам, бародари 
вологуҳарам; ҳамшираи меҳрубонам, ҳамшираи мушфиқам, 
хоҳари азизам; фарзанди арҷмандам, нури чашмам, нури дида- 
ам, самараи ҳаётам; устоди бузургворам, боиси камолотам, 
сабаби ифтихорам ва ғайра. Нома бо суханони камтарини 
Шумо, мухлисатон, хайрхоҳи Шумо, дуогӯятон, ҳақиратон... 
ва таърих интиҳо меёбад. 



205 



Н а м у н а: 

Ба ҳузури олии падари бузургворам. 

Қиблагоҳо! 

Сабаб ин, ки ду ҳафта боз ба ҳузури муборак аризанигор 
шуда наметавонам: Расидани вақти имтиҳони мактабии мо 
буд. Акнун, биҳамдулло, имтиҳони мо тамом гардиду банда 
ба синфи боло гузаштам. Хеле орзу дорам, ки таътили мак- 
табро дар хизмати падари вологуҳар бигузаронам. 

Вале барои мушарраф шудан ба побӯси Шумо маблағи ло- 
зиме надорам. Аз ин рӯ истидъо менамоям, ки барои 
гуломатон қадре харҷи роҳ ирсол намоед. Хидмати волидаи 
мӯҳтарамаам худ салом расонида, дасти муборакашонро аз 
дур мебӯсам. 

Боқӣ бақои дуои падаронаи Шуморо хоҳонам. 

194. Ба шахси ба дил наздику аз дида дуратон мактуб нависед. Дар ус- 
луби номанигории имрӯзаи мо андаке тағйирот ба миён омадааст, 
вале риояи эҳтироми мусоҳиби ғоиб, самимияти суханони номани- 
гор бетағйир мондааст. Баъд аз навиштани мактуб онро бодиққат 
хонда, ғалатҳояшро ислоҳ карда, ба лифофа андозед. 

УСЛУБИ ИЛМӢ 

195. Матнро бодиққат хонед, мулоҳиза кунед, ки ҳадафи нигоранда 
муошират, иттилоъ додан ва ё завқи бадеӣ бахшидан аст. Матн ба 
кадом услуби нутқ тааллуқ дорад ва дар он кадом хусусиятҳои 
луғавию грамматикии он услуб зоҳир гардидаанд? 

Чунон қаҳтсоле шуд андар Димишқ, 

Ки ёрон фаромӯш карданд ишқ. 

Ин байти Саъдӣ, ки мансуб ба боби нахустини «Бӯстон» 
аст, аз асри XVI таваҷҷӯҳи шореҳони осори адабиро ба худ 
ҷалб кардааст. Сурурй дар маънидоди байт менависад: «Чу- 
нон» масруф аст ба мисраи сонӣ, «қаҳт» - хушкӣ, Димишқ 
номи шаҳрест маъруф, дар забони авом машҳур аст ба Шом, 



206 



«ишқ», яъне муҳаббат. Ҳосил он, ки ҳар кас ба тадбири худ 
машғул шудаанд». 

Шореҳони форсу тоҷик дар сари байт, махсусан вожаи асо- 
сии он «ишқ» тадқиқот бурдаанд. Онҳо саросари эҷодиёти 
Саъдй «ишқ»-ро ба кулли маъноҳои аслию маҷозиаш ҷустуҷӯ 
кардаанд. 

Абдулвосеи Хонсавӣ мавридҳои истеъмоли калимаи 
«ишқ»-ро дар мамолики араб, махсусан дар Димишқ бозпурс 
мекунад. Ниҳоят ба хулосае меояд, ки «ишқ» ин ҷо ба маънои 
«ассалому алайкум» аст, ки дар замони собиқ ба ҷойи салом 
ҳангоми мулоқот бо якдигар «Ишқ, ишқ!» мегуфтанд. 
«Маънии байт он аст, ки соле дар Димишқ чунон қаҳт афтод, 
ки ёрон аз хавфи он, ки мабодо касе аз мо истидъои (талаби) 
чизе кунад, «Ассалому алайкум!», ки шиори аҳли ислом аст, 
тарк дода буданд». 

г ? 

Услуби баёни илми барои сабт намудани маҷмуи 
донишҳое, ки ба ягон соҳаи илм, техника ва кашфиёт тааллуқ 
дорад, хизмат мекунад. 

Тадқиқгарони форс насри фаниро ба хелҳои муншиёна, 
мутакаллифона ва мусаҷҷаъ ҷудо кардаанд. Насри муншиёна 
тамоми дониши худро бидуни таносуби зиёде зимни баёни 
мақсуд нигоштан, насри мутакаллифона ба худ ранҷ додан ва 
луғату ибороти дур аз зеҳн овардан ва ҷумлаҳоро бо гуфтаҳои 
кӯтоҳ ва пурмагз оростан аст. 

Услуби нигориши илмӣ ё фанӣ ба ду равияи баёни фикр: 
услуби нигориши сирф илмӣ ё тадқиқоти илмӣ ва услуби ни- 
гориши осонфаҳм ё оммавӣ ҷудо мешавад. Дар услуби ниго- 
риши оммавӣ бо мақсади дастраси умум гардонидани 
натиҷаҳои кашфиёти илмӣ ба ҷойи истилоҳоти мушкилфаҳм 
усули маънидодро ба кор мебаранд ва формулаҳои илмиро бо 
мисолҳои мушаххаси ҳаётӣ шарҳ медиҳанд. 

Услуби забони илмӣ таърихи бештар аз ҳазорсола дорад ва 
дар ин муддат хеле инкишоф ёфтааст. Ин ҷараёнро аз 



207 



муқоисаи матни китоби Ибни Сино «Шифо» бо матни дар 
боло овардашуда пай бурдан мумкин аст: 

«Шеър сухане аст хаёлангез, ки аз суханоне мавзуну баро- 
бар сохта шуда ва дорои қофия ҳам бошад. Мавзунии суханон 
он аст, ки оҳанги шумурда дошта бошад. Ва баробарии онҳо 
иборат аст аз ин, ки ҳар сухане аз як даста суханони 
оҳангдоре таркиб шавад ва шумораи замони он бо шумораи 
замони сухани дигар баробар бошад. Ва қофия доштани су- 
ханон ба ин маънӣ аст, ки ҳарфҳои охири ҳар қавл якхела бо- 
шанд». 

Ҳар ду матн ҳам ба риштаи адабиётшиносӣ (шарҳи маънои 
калима, вазну ҳамоҳангии вожаҳо ва қофия дар шеър) мансуб 
аст. Дар матни аввал истилоҳоти байт, мисраъ, вожа, маънои 
аслӣ, маънои маҷозӣ, истеъмоли калима, осори адабӣ, тадқиқот 
бурдан , дар матни «Шифо» ьиеър, мавзун, қофия, сухан, ҳарф 
ба кор бурда шудааст. 

Дар матни илмӣ калимаю истилоҳҳо бисёр такрор меша- 
ванд (чунончи, калимаи ишқ ва сухан), зеро ҳалли масъалаҳои 
мураккаб ва печ дар печи илмӣ тақозо мекунад, ки ҳар 
мафҳум бо як истилоҳ ба тариқи мушаххас ифода карда ша- 
вад. Бинобар ин дар ин услуби баён низ бо муродифҳо иваз 
кардани истилоҳ ё бо ҷонишинҳо ишора кардан ба 
мафҳумҳои илмӣ ҷоиз нест. Шояд табъи шоирии Ибни Сино 
водор месозад, ки гоҳе аз такрори сухан худдорӣ кунад (чу- 
нончи, дар матни боло ...он аст, ки... // ...иборат аст аз ин, 
ки. ..//.. .ба ин маънӣ аст, ки. ..; сухан // қавл). 

Дар матни илмӣ фикр дар қолаби ҷумлаҳои пурраи содда 
ва мураккаби пайвасту тобеъ батафсил ифода меёбад. Исти- 
фодаи қолабҳои якхелаи наҳвй ҳам хусусияти ин услуби ниго- 
риш аст. Масалан, дар ҷумлаи аввали матни «Шифо» 
калимаҳои мавзун, баробар ва қофия хотирнишон гардида, дар 
се ҷумлаи ҳамқолаби минбаъда ҳар кадоми онҳо шарҳ дода 
мешаванд. 

Аз матнҳои боло ҳам аён аст, ки дар услуби баёни илмӣ 
фаровон корбаст шудани истилоҳоти соҳаҳои гуногуни илм, 



208 



ба як маъно кор фармудани калимаҳо, аз сермаъной ва 
тобишҳои маъно, маҷоз, киноя ва умуман обуранги бадеӣ, 
хусусияти ифоданокӣ фориг гардидани онҳо мушоҳида меша- 
вад. 

Баёни фикр якранг, муназзам ва ба тариқи расонидани ит- 
тилоъ сурат мегирад. Дар ҷумлаҳои хабарӣ амалу аломат 
бештар ба шахси сеюм нисбат дода мешавад. Тарзи мафъули 
(пассиви) ифода низ яке аз аломатҳои наҳвии услуби забони 
илмӣ ба шумор меравад. Дар матни илмӣ барои пай дар пай 
ва бо низоми муайян ифода намудани матлаб аз воҳидҳои ту- 
файлии якум, дуюм, аввал ин, ки, дуюм ин, ки, ниҳоят, чунон ки 
қаблан зикр шуд ва ғайра истифода мебаранд. 

196. Матнро хонед, хусусиятҳои луғавию грамматикии услуби баёни 
илмиро муайян кунед. Истилоҳҳоро ба дафтар нависед ва 
мулоҳизаҳои худро доир ба баҳси истилоҳ зикр кунед. 

Дар навиштаҳои мо гоҳо истилоҳоти маданияти сухан ва 
ҳусни суханро бетафовут кор мефармоянд. Ҳатто дар зери 
рубрикаи «Ҳусни сухан» баъзан мақолаҳое дарҷ мегарданд, 
ки аз онҳо на ҳусн, балки танҳо қубҳ эҳсос мешавад. 

Калимаи ҳусн танҳо маънои мусбат дорад. Маънои аслии 
ин калима хушрӯ, зебоӣ, ҷамол аст. Дар калимаву таркибҳои 
гуногун калимаи ҳусн ба маънои сифати аълову воло меояд ва 
бо калимаҳои амсоли ҷамол ҳамчун муродиф воқеъ мегар- 
дад... Дар ибораҳои ҳусни сухан, ҳусни калом, ҳусни ифода, 
ҳусни баён, ҳусни маънӣ, ҳусни мақол, ҳусни муомила, ҳусни 
муроҷиат, ҳусни такрор дар ниҳояти зебоӣ воқеъ гардидани 
исмҳои муайянкунанда зикр шудааст. Аз ҳамин сабаб ин 
тавсифҳоро одатан ба соҳибсуханон, ба суханварони мумтоз 
нисбат медиҳанд. . . 

Ҳамин тавр, мафҳуми маданияти сухан васеътар буда, 
ҳусни сухан қисми муҳими он аст. 

Дурустии нутқ, беғалатии он талаби нахустини маданияти 
сухан аст. Аз рӯйи ин талабот ба вариантҳо чунин баҳо дода 
мешавад: дуруст — нодуруст, мумкин — номумкин. Масалан, 
пайвандакҳои таркибии модом ки, чунон ки дуруст, вале модо- 



209 



ме ки, чуноне ки нодуруст; ҷумлаи қолибӣ «Ҳар ҷо ки наравам , 
туро мебинам» ғалат, вале «Ҳар ҷо ки равам, туро мебинам» 
дуруст ва адабист. 

Дурустии нутқ, таълими меъёри забон мавзӯи асосии 
китобҳои дарсӣ мебошад. Онро хонандагон асосан дар мак- 
таб меомӯзанд. Риояи меъёри забон дар гуфтору навиштаҷот 
аз саводнокии шахс, маданияту дониши ӯ шаҳодат медиҳад... 

Талаби дигари маданияти сухан тарбияи завқ ва маҳорати 
суханварист. Маҳорати суханварӣ бар замми риояи маъёри 
забони адабӣ аз ин забон моҳирона ва мавридшиносона ин- 
тихоб ва истифода кардани беҳтарин муодилҳои воҳиди за- 
бонро мефаҳмонад, ки ҳам аз ҷиҳати мазмун, ҳам аз ҷиҳати 
услуб, ҳам аз ҷиҳати равшанӣ ва таъсир мувофиқ бошад. Аз 
рӯйи талаботи маҳорати суханварӣ ба вариантҳои забон чу- 
нин меъёр гузошта мешавад: беҳтар — бадтар, бамавридтар, 
образноктар, барҷастатар, фаҳмотар, саҳеҳтар, фасеҳтар, 
равшантар, нишонрастар, нозуктар, ширинтар ва ғайра 
(Ш.Р.). 

Гср 

^ 1) Истилоҳҳои мақола, рубрика ва феъли дарҷ гардидан хоси 
кадом услуби баён аст? 

2) Дар матн истилоҳҳои вариант, муродиф, муодил ва меъёр бо ка- 
дом маъно кор фармуда шудаанд? 

3) Таркиби кишт гузаронидан (? коридан, коштан, кишт кардан) ва 
ибораи обунашавӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳо (? обуна ба рӯзномаву 
маҷаллаҳо) кадом навъи ғалат (дуруст-нодуруст, беҳтар-бадтар) 
аст? 

4) Ба ақидаи шумо, истилоҳи «культура речи»-ро ба забони тоҷикӣ 
«маданияти сухан» тарҷума кардан беҳтар аст ё «ҳусни баён»? 



197. Дар матни зерин кадом унсурҳои услуби баёни илмӣ ва 
публисистӣ ба ҳам омезиш ёфтаанд? 

Аҷдодони шӯҳратёрамон(2) ба мо ҳам кишвару табиати 
бою зеботарин(З), ҳам фарҳанги оламшумулу(2) ғанитаринро 



210 



мерос гузоштаанд, ки боиси ифтихору иқболи баланди 
мост(4). Аз намунаи олии ганҷинаи маънавии ниёгон китоби 
безаволи «Авасто» ба ҳисоб меравад. «Авасто», ба эътирофи 
олимони ҷаҳон, дар таърихи инсоният китоби бузургтарин ва 
бамаънитарин(З) аст. 

Камолоти инсон, зинаҳои такмил дар зардуштия ба се асл 
(принсип): пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек асос меё- 
бад. 

Нахустин сифате, ки инсон дар зинаи аввал дар худаш бояд 
парварад, «аша ва ҳишта», ростию дурустӣ ва тартибу танзим 
мебошад(4). Фазилати мазкур тибқи «Авасто» қонунест, ки на 
танҳо инсон ва аҳли башарро, балки тамоми коинотро ба 
рушду инкишоф, ба сӯйи камолот мебарад(4). 

Дуввумин(1) зинаи такмил «воҳу мана» - маниши пок аст. 
Он дониши касбист, ки туфайли таълим омӯхта, фурӯги ма- 
ниши пок ба вуҷуд меорад. Шахс ба воситаи таълиму 
донишомӯзӣ(2) ба сифатҳои дигари ахлоқӣ ноил мегардад. 
Чунон ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудааст: 

Марди адабро хирад физояду ҳикмат, 

Марди хирадро адаб физояд имон. 

Саввумин(1) зинаи такмил «хшатра вайра», яъне 
бегаразона(2) ба кор андохтани тамоми қувва ба нафъи умум 
мебошад. Ҳар фард бояд нерӯи худро ба хидмату саодати ди- 
гарон сарф кунад. Масалан, барзгар(2) бояд барои 
беҳбудии(2) хонаводаи(2) худ, султон барои некӯаҳволии(2) 
халқи худ бикӯшад. Ин нукта беихтиёр(2) ҳикмати шоири 
маорифпарвар(2) Асирии Хуҷандиро ба хотир меорад: 

Одамият чист? 

Худро дур аз шарр доштан, 

Некхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан (М.М.). 

Гс Г 

к 1) Тавсифҳои шуҳратёр, бою зеботарин, оламшумулу 

ганитарин, иқболи баланд, намунаи олӣ, ганҷинаи маънавӣ, безавол 
ва ғайра хоси кадом услуби забон аст? 



211 



2) Бо ёрии тартиби рақамҳои се асл: нахустин, дуввумин, саввумин 
гурӯҳбандӣ намудани қисматҳои матн дар кадом услуби баён 
бештар мушоҳида мешавад? 

3) Муродифҳои шоҳ, малик, султон, амир аз ҳамдигар чӣ тафовут 
доранд? 



198. Матнро хонда, истилоҳҳои соҳаи рузноманигориро ба дафтар на- 
висед. 

Репортаж 

Истилоҳи репортаж калимаи лотинӣ буда, маънои 
хабардиҳӣ дорад. Одамонеро, ки ахбор ҷамъ мекунанд, ре - 
портёр ва маводи ахбории онҳоро дар рӯзнома репортаж ме- 
номанд(4). Ҳоло истилоҳи репортаж мазмунан махдуд гарди- 
да, як навъи жанрҳои ахборӣ-публисистиро ифода мекунад ва 
он дар матбуоти даврӣ, радио ва телевизион мавқеи муҳим 
дорад(4). 

Репортаж, ба ақидаи С.М.Гуревич, тарзи инъкоси бевосита 
ва муҳаррики ҳодисаву воқеаҳои рӯзмарраи(2) ҳаёти ҷомеа 
аст, ки муаллиф шоҳид ё ширкаткунандаи(З) онҳост(4). 

Репортаж бояд воқеаҳои нав ва барои одамон 
аҳамиятнокро(2) дар ҷараён ва ҳаракат тасвир ва баён кунад. 
Забони репортаж мӯҷаз ва оммафаҳм(2) бошад. 

Дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ репортажҳо таҳти рубрикаҳои 
«Репортаж аз сохтмони шоҳроҳҳои(2) ибтидои асри навин», 
«Репортажи рӯз», «Репортаж аз ҷойи воқеа», «Репортажи 
лирикӣ» ва ғайра чоп мешаванд. 

Гср 

Л 1) Чаро дар матн истилоҳи репортаж ёздаҳ маротиба такрор 
шудааст? 

2) Матн ба услуби баёни илмии оммавӣ тааллуқ дорад ё илмии 
тадқиқотӣ? 

3) Сархатҳои матн бо кадом воситаҳои лугавӣ ва грамматикӣ 
алоқаманд шудаанд? 

4) Ҷумлаҳо аз лиҳози сохту таркиб чӣ гунаанд? 



212 



199. Дар мавзӯи занги охирини мактаб, боздиду мулоқотҳои охирин бо 
ҳамсинфону устодон дар ду саҳифаи дафтар репортаж нависед. 
Тарзе иншо кунед, ки ҳисоботи мухтасар аз он чорабинии мактаб 
набошад, балки кас хонда, худро дар ҷараёни он воқеа тасаввур ку- 
над. Репортажро чунин оғоз кунед: Пагоҳии... Саҳни мактаби... 

200. Матни зеринро бомулоҳиза мутолиа намуда, истилоҳоти ишора- 
шудаи забоншиносиро ба дафтар нависед ва муқаррар кунед, ки 
маънои кадом истилоҳҳо бароятон равшан нест. Шарҳи маънои 
онҳоро аз «Луғати истилоҳоти забоншиносӣ» ёфта хонед. 

Дар нутқи гуфтории адабӣ мисли нутқи адабии хаттӣ дар 
талаффузи калима\ои алоҳида ҳолатҳои инҳироф - дур раф- 
тан аз меъёр мушоҳида мешавад, ки барои хусусияти умумӣ 
гирифтани меъёри умумӣ халал мерасонад. 

Масъалаи якум ба талаффузи «ӯ» ( вови мацҳул) дахл до- 
рад. Ҳарчанд дар навишт ва талаффузи ин овоз қоидаи умумӣ 
ба асос нигахдорӣ мешавад, дар матбуот, аз ҷумла дар 
навиштаҳои баъзе адибон ва дар нутқи оммавии қисме аз 
зиёиён гоҳо ҳолати акс низ ба назар мерасад: дар калимаҳ ои 
мӯ, рӯз, пӯст, дӯст ва мисли инҳо, ки аз бобати этимологӣ бо 
«ӯ» (вови маҷҳул) навиштан ва талаффуз карданро тақозо до- 
рад, «у» (вови маъруф) менависанд ва ҳамин тавр ҳам талаф- 
фуз мекунанд. Айни ҳамин ҳолатро дар калимаҳои сӯхтан, 
хӯрдан, дӯхтан низ метавон мушоҳида кард. Баръакси ин дар 
калимаҳ ои амсоли шубон, шулла, суфа, паҳлу, орзу ва мисли 
инҳо, ки бо «у» навиштан ва талаффуз кард анашон лозим аст, 
бесабаб «ӯ» ба кор бурда мешавад. Умуман, истифодаи фоне- 
маи «ӯ» ба ҷойи «у» вақтҳои охир зиёд шудааст. Баъзе аз аҳли 
савод онро дар калимаҳ ои амсоли республика, институт, мах- 
сус, хусусан , мактуб, ҳуқуқ, маҷбур (ба тарзи респӯблика, 
инститӯт, махсӯс, хусӯсан, мактӯб, ҳуқӯқ, маҷбӯр) низ ба 
кор мебаранд. 

Маълум аст, ки фонемаи «ӯ» идомаи дифтонги кӯтоҳи «ау» 
буда, дар забони адабиёти классикӣ васеъ истеъмол мешуд. Ин 
овоз ҳоло дар қисме аз лаҳҷа\ ои забонгмои маълум ва сер- 
истеъмол аст, аммо дар баъзеи онҳо мавриди истифода нест. 
Онҳое, ки ба гурӯҳи дуюм мансубанд, табиист, дар талаффузи 



213 



фонемаи мазкур оҷизӣ мекашанд. Аммо ин набояд боиси эро- 
ди сахт шавад. Ҳодисаҳои лаҳҷавӣ дар қисми савтиёт назар 
ба сатҳҳои дигари системаи забон дарозумртаранд ва барои 
рафъи онҳо муддати тӯлонитаре лозим аст (Р.Ғ). 



? 

1) Нутқи (гуфтори) адаби аз ғайриадаби чи фарқ дорад? 

2) Барои тасдиқи фикри муаллиф аз қабили рауча - рӯз, равган - 
рӯган боз кадом калимаҳоро медонед, ки аз дифтонги кӯтоҳи «ау» 
овози «ӯ» ҳосил шуда бошад? 

3) Ба назари шумо, кадом истилоҳ қобили қабул аст: фонетика, сав- 
тиёт ё овошиносӣ? 



201. Матни зеринро хонда, шарҳ диҳед, ки дар он кадом хусусиятҳои 
услуби баёни илмӣ мушоҳида мешавад. Муаллиф аз манбаъҳои 
илмӣ чӣ тарз истифода бурдааст. 

Дар маҳалҳои тоҷикон якчанд деҳа, қасаба ва шаҳрча 
мавҷуд аст, ки аз исмҳои хоси мураккаб иборат буда, бо ило- 
ваи кат дар охири калима сохта шудааст. Ҳамчун Фаркат, 
Ширинкат, Хушекат , махсусан шаҳри бостонии Панҷакат 
(Панҷакент) мавҷуд буда, онро мардуми Панҷакат, Айнӣ ва 
Ягноб нисбат ба мардуми Самарқанд ва маҳалҳои дигар ду- 
руст ва саҳеҳ талаффуз мекунанд, зеро талаффузи мардуми ин 
се маҳал аз падару бобоён ва модару момоён ба таври ирс то 
имрӯз боқӣ мондааст. 

Илова бар ин, дар охири калимаҳо кат ва канд (на кент ) 
ҳамроҳ шуда, номи маҳалро ифода мекунад. Ҳамчу Вобканд, 
Самарканд (Самарқанд), Тошканд , ки канд тоҷикӣ ва кат 
сугдӣ мебошад. Дар он маҳалҳое, ки бисёртар сугдиён мези- 
станд, исмҳои хоси «кат»-дор мавҷуданд. 

Дар ҷилди чоруми «Доиратулмаорифи исломия» дар бораи 
Банокат гуфта мешавад: «Банокат шаҳрест дар Осиёи Миёна, 
дар соҳили рости Сайҳун, ки аз резишгоҳи наҳри Элок дур 
набуда, имрӯз ба исми Ангарон машҳур аст. Лекин шакли ду- 
русташ Оҳангарон аст. Мақдисӣ ин шаҳрро бо исми Банокат 



214 



овардааст ва, бешубҳа, ин ном саҳеҳтар аст аз он, ки Ёқут 
зикр кардааст» (Т.З.). 

? 

к * А 1) Бо ҳиссаи калимаи (топоформанти) кат ё канд боз кадом 
маҳалҳоро медонед? 

2) Номи деҳа, маҳалла, гузар, ки дар он ҷо таваллуд ёфтаед, чист ва 
боре фикр кардаед, ки он чӣ маъно дорад? Номи маконро топо- 
ним ва микротопоним меноманд. Топонимҳои диёри худро нави- 
сед ва дар бораи онҳо андешаҳои худро зикр кунед. 

УСЛУБИ МУОШИРАТ 

202. Матни якумро як нафар (муаллиф) ва матни дуюмро се нафар (дар 
нақшҳои муаллиф, Қамар ва Иброҳимҷон) қироат кунанд, сипас му- 
аллим аз аҳли синф бипурсад, ки дар кадоме аз он матнҳо фикр ба 
тариқи ҳикоят (монолог) ва дар кадоме ба тарзи муошират (муколи- 
ма) ифода ёфтааст? Онҳо аз ҷиҳати истифодаи унсурҳои луғавӣ, 
имконоти оҳанг (интонатсия), обуранги бадеӣ, қолабҳои ҷумлабандй 
аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд? 

1. Фарзанди одам баъд аз зоида шудан ҳам истироҳатгоҳи 
якуми худро дар оғӯши модар ва ғизои дилкаши аввалини 
худро аз синаи модар меёбад, дӯстдорӣ ва дилҷӯйиро аввалин 
бор аз тарафи модар мебинад ва тарбияи аввалини худро аз ӯ 
мегирад. Ин ҳодиса ҳаминро нишон медиҳад, ки дар аввали 
пайдоиши фарзанди одам ватани якуми ӯ оғӯши модар ва 
тарбиятгари меҳрубони ӯ модар будааст. 

Ана барои ҳамин одам модари худро аз ҳама чиз ва кас зи- 
ёдтар дӯст медорад ва ӯро ба худ аз ҳама чиз наздиктар ва 
азизтар мебинад. 

Инчунин модар ҳам фарзанди худро аз ҳама чиз ва кас зи- 
ёдтар дӯст медорад, ӯро аз ҳама чиз ва кас ба худ наздиктар 
ва азизтар мебинад, чунки фарзанд як ҷузъи бадани модар, 
ҷигарпораи модар буда, модар хун хӯрда, азоб ва 
машаққатҳои тоқатнопазир кашида ӯро тарбия карда, ба воя 
расондааст. 



215 



Модар дар муқобили ана ҳамин некиҳо, тарбияҳо, 
хидматҳо, меҳрубониҳо ва азобу машаққатҳои худ аз фарзан- 
ди худ хизмат, муҳаббат, меҳрубонӣ ва ҳимоя талаб мекунад. 

Фарзанде, ки хидмати модари худро накунад, ба ӯ ёрӣ 
надиҳад ва ӯро ранҷонад, на танҳо дар назари модар, ҳатто 
дар пеши ҳамаи ҷамъият ҳам манфур мегардад, ҳама аз ӯ 
нафрат мекунанд, ӯ бо унвони «оқи модар» машҳур мегардад 
(С.А.). 

2. Аз дари палата доду валвалакунон Қамар даромад: 

- Эҳа-а-а! Ёфтӣ ҷоята, дароз кардӣ поята! Аз кӯчокӯчат 
маълум, ки имрӯзу фардо баромаданӣ нестӣ!... Лекин, ҷӯра, 
касалӣ бас, оҳу воҳ тамом! Имрӯз ба Алихон телефон карда 
будам. Гуфт, ки пас аз чанд рӯз даббаатонро бардошта меба- 
ред. 

- Худат - дабба! Ходаи гардафшонак! Ман кай оҳу воҳ 
карда будам, ки ин хел овоза паҳн мекунӣ? 

- Дарёб, чӣ овардам, - халтачаи коғазии мевадорро рӯйи 
сандуқча гузошта, боз як чизи когазпечи дигарро рӯйи даст 
нигоҳ дошта пурсид Қамар. 

- Чизе ки бошад, гаранг накарда кушо, бинем. 

- Фикр кун, ба фикр накардан одат карда монӣ, ҳуҷайра- 
ҳои мийяат шах мешаванд. 

- Мегӯянд, ки он ҳуҷайраҳо на фақат аз кор нафармудан, 
балки аз шунидани гапҳои фачу лач ҳам шах мешаванд. 

- Ана, ана, дидӣ? Ҳамин ки мийяро андак кор фармудӣ, 
даррав забонат ҳам ба ҷунбиш омад. Гапа кам куну дарёб, 
ки чӣ овардам... (Ф.М.). 

Гср 

1) Дар матни аввал нависанда фикрро бо чӣ гуна калимаю 

таъбирҳо ва бо ёрии кадом хели ҷумлаҳо ифода кардааст? 

2) Дар сархати якуми матни аввал чаро ҷойи муқаррарии баъзе 

аъзоҳои ҷумла тағйир ёфтааст? 

3) Дар сархати сеюми матни аввал калимаи инчунин чӣ гуна вазифаи 

наҳвиро адо мекунад? 



216 



4) Дар сархати охирини матни аввал барои таъкиди нуктаи асосии 
матлаб кадом воситаҳои забон истифода шудаанд? 

Г Г 

Мавриди истифодаи услуби забони муошират муҳити 
кору зиндагии рӯзмарраи одамон аст. Забони гуфтугӯ адабию 
ғайриадабй мешавад. Забони адабии гуфтор аз забони на- 
виштор аз ҷиҳати истеъмоли луғат ва баъзе шаклу қолабҳои 
грамматикӣ фарқ мекунад. Захираи асосии луғавии забони 
гуфтугӯйии адабӣ калимаю таъбирҳои маъмулу маъруфтарин 
ё чунин калимаю таъбирҳоянд, ки дар гуфтугӯйи мардум му- 
дом истифода мешаванд. Дар услуби баёни муошират баро- 
бари чунин вожаҳо унсурҳои луғавии танҳо хоси забони 
гуфтугӯ: калимаю таъбирҳои маъмули мардумӣ, лафзҳои 
лаҳҷагӣ, суханони дурушти гайриадабӣ низ ба кор мараванд. 

Чунончи, дар муколимаи қаҳрамонҳои достони «Палатаи 
кунҷакӣ» Қамар ва Иброҳимҷон аз муродифҳои луғавии 
беморӣ - касалӣ, кифоя - бас, занг задан - телефон кардан, су- 
хан - гап, зуд - даррав нависанда калимаҳои хоси забони 
гуфтугӯро (касалӣ, бас, телефон кардан, гап, даррав) интихоб 
намудааст. Таъбирҳои гаранг накарда, гапа кам кун ва мийя, 
ки варианти вожаи умумиистеъмоли майна аст, истифода ме- 
шавад. Унсурҳои луғавии дурушт ( мийя ) ва таҳқиромез (ходаи 
гардафьионак, дабба ), воситаҳои грамматикии ғайриадабӣ 
(ҷоят-а, поят-а ), гоҳе бо ягон ғарази услубӣ ба гуфтор ворид 
намудани истилоҳоти илмӣ (ҳуҷайраҳои мийя) низ маҳз бо 
мақсади ба гуфтор хусусияти забони зинда бахшидан, табиӣ 
ва муассир баромадани ҳазлу шӯхиҳои ду ҷӯраи қарин, вале 
дуруштгуфтор ба кор бурда шудаанд. 

Дар муоширати аҳли касбу ҳунар, намояндагони соҳаҳои 
мухталифи илм, техника калимаю истилоҳот, таъбиру 
ифодаҳои хоси косибӣ, илмӣ, техникӣ ба кор бурда мешаванд. 
Чунончи, дар ҳамон достон дар гуфтори Қамар истилоҳоти 
соҳаи киногарӣ, дар суханронии Хиромон истилоҳоти соҳаи 
бинокорӣ истифода мешаванд. 



217 



Дар забони гуфтугӯйии адабӣ худдорӣ кардан аз такрори 
калима ва кӯшиши ботааммул интихоб намуда, бамавқеъ ва 
ба маънои саҳеҳ кор фармудани калима, ҳангоми табрику 
таҳният майли суханоройӣ ва такаллуф мушоҳида мешавад. 
Аммо дар гуфтори омиёна такрору забонзада шудани кали- 
маю ифодаҳо, аз қабили яъне, яъне;яъне ин ки, яъне ин ки; ма- 
салан, масалан ; сонӣ, сонӣ ва ғайра калимаю таркибҳои одат- 
шуда, унсурҳои луғавии лаҳҷа, калимаҳои бегона 
(варваризмҳо), алфози қабеҳ ва ғайра ба кор мераванд. 

Дар ин услуби баён ифодаи ҳиссиёту ҳаяҷон бо ёрии нидо, 
оҳанги гуфтор, саволу хитоби риторикӣ, муносибатҳои гуно- 
гуни гӯянда ба воситаи мухотаб ( ҷӯра , ходаи гардафшонак), 
калимаҳои модалӣ, воҳидҳои туфайлӣ мушоҳида мешавад. 

Дар муоширати озод мубодилаи фикр дар қолаби 
ҷумлаҳои соддаи дутуркибаи начандон тафсилёфта, „яктарки- 
ба, ҷумлаҳои соддаи нопурра, яккалимагӣ, ҷумлаҳои мурак- 
каби пайвасту тобеи бепайвандак, ки ду ё се ҷумлаи соддаро 
дар бар мегиранд (...ёфтӣ ҷоята, дароз карди поята !; 
...касалӣ бас, оҳу воҳ тамом! Дарёб, чӣ овардам; ...кушо, би- 
нем; Фикр кун, ба фикр накардан одат карда монӣ, ҳуҷайраҳои 
мийяат шах мешаванд) ифода меёбад. 

Ҳангоми гуфтор тартиби муқаррарии аъзоҳои ҷумларо 
тағйир дода ё аз навъҳои гуногуни такрори калима фоида 
бурда бо ёрии задаи мантиқӣ он ҳиссаи ҷумларо, ки маънии 
муродро дар бар мегирад, таъкид мекунанд. 

Нотиқ ҳангоми сӯҳбат ё дар ҷамъомаде суханронӣ кардан 
муҳит, авзоъ, майлу рағбат ва рӯҳияи мусоҳиб ё шунаванда- 
гонро ба эътибор мегирад, мавзӯи баҳсро ба эҳтиёҷоти онҳо 
вобаста менамояд, ба қавли Унсуралмаолӣ Кайковус, сухан 
бар муроди мардумон мегӯяд, то ки мақсади гӯянда ҳосил 
гардад. 

Азбаски таъсири лаҳҷаҳо ба забони адабии ҳозираи тоҷик 
зиёд аст, дар талаффузи вожаҳо, кор фармудани шаклҳои ка- 
лима (хусусан, дар шаклҳои тасрифии феъл), воситаҳои 
грамматикии алоқаи калимаю ҷумлаҳо (пешоянд, пасоянд, 



218 



пайвандак) ва тартиби аъзоҳои ҷумла меъёри забони адабй 
комилан риоя намешавад. Дар ин бобат беэътиной, фориғ- 
болӣ ва ғамхорӣ зоҳир накардан ба забони модарӣ ҳам 
таъсири бад мерасонад. 

203. Дар бораи аҳли хонавода, муносибати фарзандон бо падару модар 
ва бо ҳамдигар иншои мухтасар нависед. Муносибати худатон бо 
волидайн чӣ гуна аст ва дар дил чӣ ниятҳо дар ҳаққи эшон доред, 
муфассалтар зикр кунед. 



204. Матни зеринро хонда, таъбиру калимаҳоеро ба дафтар нависед, ки 
хоси гуфтугӯянд ё бештар дар муошират истифода мешаванд. Ка- 
дом унсурҳои луғавӣ ва грамматикӣ ба меъёри забони адабӣ 
мувофиқ намеоянд, вале нависанда бо ягон мақсади услубй ба кор 
бурдааст. 

Нони гарму бӯйи хуши онро дӯст медорам. Ҳаловати аҷибе 
мебахшад ба ҷони хастаи ман бӯйи нон! Кампири Бадалмоҳ 
низ аз ман монданӣ надорад. 

- Бай, бай! Чита неъмате додаст худо одамизода! Қурси 
моҳуш бугӯй, моҳ чизе нест, рухсораи садбаргуш бугӯй, гул 
қадре надора... Ту ира бин, Абумансур! - ба ман муроҷиат 
мекунад кампир. 

- Ман мебинам. 

- Чӣ? 

- Ба ростӣ, мебинам. 

Кампир ҳам хиҷолат кашид, ҳам ҳайрону музтар шуд. 

- Ҳайрон нашавед, мома. Ба Худо, қурси моҳтоби дасти 
шуморо баръало мебинам... Рухсораи гулгуни модарамро низ 
мебинам. Чашмони ҳайратзадаи шуморо ҳам. 

Ҳис мекардам, ки момаи пир боз ҳам мутаҳайиртар ба ман 
нигоҳ мекунад. 

- Шумо ин қадар ҳайрон нашавед, мома, - бо табассум 
муроҷиат кардам ба вай, - ман ҳатто даҳони бедандони шу- 
моро низ мебинам. 



219 



- Э, биё, аҳмақум накун,- хандид кампир. - Ҳазлои безеб 

дорӣ-да. Маҳ, хубуш, ин як даҳан нона бихо (С.С.). 

Пр 

1) Дар муколама «Бай, бай!», «Чӣ?», «Ба ростӣ, мебинам» ка- 
дом навъи ҷумлаанд ва дар нутқ бо чй мақсад кор фармуда шуда- 
анд? 

2) Сухани муаллиф аз нутқи айнан нақлшуда бо кадом аломатҳои 
китобат ҷудо карда шудааст? 

3) Чаро пеш аз калимаҳои Абумансур ва Мома вергул гузошта шу- 
дааст? 



205. Дар матни зерин кадом унсурҳои услуби публисистӣ ва бадеӣ бо 
ҳам омезиш ёфтаанд? Сархатҳоро чӣ бо якдигар алоқаманд карда- 
аст ва ҷумлаҳо дар дохили сархат бо кадом воситаҳои луғавӣ ва 
грамматикӣ алоқаманд шудаанд? 

Прометей оташро аз маскани худо - Олимп дуздида, ба 
одамон баргардонид. Зевс дар газаб шуд, ба сари одамони 
маъсум дарду балои бисёреро фиристод. Пас фармуд, ки 
Прометейро ба яке аз бузургтарин, баландтарин ва даст- 
норастарин(З) харсангҳои(2) Қавқоз(б) занҷирбанд(2) кунанд. 
Синаашро бо найза бишкофанд. Уқоби азимеро фармуд, ки 
ҳар саҳар ба ҷигари паҳлавони инсондӯст(2) минқор занад ва 
онро пора-пора карда хӯрад(4). Уқоб ҳамин тавр мекард. Ле- 
кин шаб ки фаро расид, ҷойи костаи ҷигар боз пур мешуд, бар 
пайкари таҳамтан боз ҷон медамид(4). 

Прометей, ба хотири он ки дар хонаи мардум оташ 
фурӯзон бошад, ҳазорон сол бо ҳамин минвол ранҷ мека- 
шид(4). Оқибат Ҳироқли(б) пахдавон уқобро кушта, Проме- 
тейро аз шиканҷа раҳо намуд. 

Дар Юнон ҳар сол ҷашни Прометей барпо мегардад. 
Ҷавонон, мардону занон машъалаҳои фурӯзон бардошта дар 
кӯчаву хиёбонҳо метозанд. 



220 



Ҳар гоҳ ки бозиҳои варзишии байналхалқии олимпӣ барпо 
шуд, оташи олимпиадаро аз ҳамон Олимпии бостонӣ мео- 
ранд(4) (Ф.М.). 

• Гср 

к* А 1) Сархати сеюмро таҳлили сарфӣ (морфологӣ) кунед. 

2) Дар ҷумлаи «Уқоб ҳамин тавр мекард» ҷонишини ҳамин тавр бо 
феъли ёвари кардан омада, ба кадом амал ишора кардааст? 

Супоришҳо доир ба такрори мавзӯъҳои матн, услубиёт ва 
такмили малакаи хаттию шифоҳӣ ифода кардани фикр 

206. Матнро навишта, ба пурсишҳои тестӣ хаттӣ ҷавоб диҳед: 

М а т н: 

Бузургмеҳрро пурсиданд: 

- Сабаб чӣ буд, ки подшоҳи Оли Сосон вайрон гашт? 

Гуфт: 

- Сабаб дар ду чиз буд: яке он, ки Оли Сосон корҳои бу- 
зург ба кордони хурд ва нодон гумошта буданд ва дигар он, 
ки ахди донишу хирадмандонро харидорӣ накарданд ва кор 
ба нодону кӯдакон гузоштанд ва ин ҳар дуро дониш набошад. 

1 . Дар ин матн фикр чӣ тарз ифода ёфтааст? 

а) ба тариқи тасвир; 

б) хабар (иттилоъ) додан; 

в) муҳокима. 

2. Матн чӣ гуна мавзӯъро дар бар мегирад? 

а) иҷтимоию сиёсӣ; 

б) моддию маишӣ; 

в) фарҳангӣ. 

3. «Бузургмеҳрро пурсиданд» кадом хели ҷумлаҳои соддаи 
яктаркиба аст? 

а) муайяншахс; 

б) номуайяншахс; 

в) умумишахс; 

г) бешахс. 



221 



4. Дар ифодаҳои «Бузургмеҳрро пурсиданд» ва «Аз 
Бузургмеҳр пурсиданд» кадом воҳидҳои забон ҳаммаъно (си- 
ноним) шудаанд? 

а) унсурҳои луғавӣ (калимаҳо); 

б) воҳидҳои фразеологй; 

в) унсурҳои калимасозӣ; 

г) воҳидҳои наҳвӣ (ҷумлаҳои содда). 

5. Дар ҷумлаи «...Оли Сосон корҳои бузург ба кордони 
хурд ва нодон гумошта буданд» аз кадом имконоти услубии 
муассир ифода кардани фикр истифода шудааст? 

а) сермаъноии калимаҳо; 

б) калимаҳои ҳамгуна (омонимҳо); 

в) муродифҳо (синонимҳо); 

г) калимаҳои муқобилмаъно (антонимҳо). 

М а т н: 

1 . Дарёбод ором буд. 2. Оромии ин ҷоро танҳо садои ғурриши 
оби Зарафшон вайрон мекард. 3. Лекин садои об бо овози хо- 
ниши бедонаҳои дар байни алафзорҳо ҳаракаткунанда омехта 
як мусиқии ба гӯш форамеро ба вуҷуд меовард (С.А.). 

1 . Матн ба кадом услуби нутқ тааллуқ дорад? - а) коргузории 
расмӣ, б) илмӣ, в) бадеӣ, г) рӯзноманигорӣ, ғ) муошират. 

2. Фикр дар он чӣ тарз ифода ёфтааст? - а) нақл, ҳикоят, б) 
тасвир, в) муҳокима. 

3. «садои ғурриши оби Зарафшон» кадом навъи ибора аст? - 
а) исмӣ, б) сифатӣ, в) сифати феълӣ, г) зарфӣ. 

4. «дар байни алафзорҳо ҳаракаткунанда» кадом навъи ибора 
аст? - а) исмӣ, б) сифатӣ, в) сифати феълӣ, г) зарфӣ. 

5. «ба гӯш форам» кадом навъи ибора аст? - а) исмӣ, б) 
сифатӣ, в) сифати феълӣ, г) зарфӣ. 

6. Ҷузъҳои ибораи «ба гӯш форам» бо кадом навъи алоқаи 
наҳвӣ бо хам омадаанд? - а) пайваст, б) тобеи изофӣ, в) 
вобастагӣ, г) ҳамроҳӣ. 



222 



7. Ҷумлаи якум кадом навъи сохтори ҷумлаи содда аст? - а) 
яктаркибаи хуллас, б) яктаркибаи тафсилӣ, в) дутаркибаи 
хуллас, г) дутаркибаи тафсилӣ. 

8. Ҷумлаи дуюм кадом навъи сохтории ҷумлаи содда аст? а) 
яктаркибаи хуллас, б) яктаркибаи тафсилӣ, в) дутаркибаи 
хуллас, г) дутаркибаи тафсилӣ. 

9. Ҷумлаи сеюм аз лиҳози сохт чӣ гуна аст? - а) содда, б) му- 
раккаби пайваст, в) мураккаби тобеъ, г) мураккаби омехта. 

10. Дар кадом ҷумлаи матни боло соҳиби амалу ҳолат таъкид 
ёфтааст? - а) дар ҷумлаи якум, б) дар ҷумлаи дуюм, в) дар 
ҷумлаи сеюм. 

11. Дар матн хабарҳои ҷумлаҳо бо шаклҳои замонии кадом 
сиғаи феъл ифода ёфтаанд? - а) хабарӣ, б) амрӣ, в) шартию 
хоҳишмандӣ, г) эҳтимолӣ. 

12. Пайвандаки хилофии «лекин» чӣ гуна вазифаро адо карда- 
аст? - а) аъзоҳои ҷумларо бо ҳам пайвастааст, б) ҷумлаҳои 
соддаро бо ҳам алоқаманд кардааст, в) ҷумлаҳои мустақилро 
ба ҳам алоқаманд карда матн сохтааст. 

13. Калимаҳои «ғурриш» ва «хониш» аз лиҳози сохт чӣ гуна- 
анд? - а) содда, б) сохта, в) мураккаб, г) таркибӣ. 

14. Дар калимаи «алафзорҳо» - зор чӣ гуна пасванд аст? - а) 
калимасоз, б) шаклсоз, в) шаклсозу калимасоз. 

15. Дар калимаи «алафзорҳо» - ҳо чӣ гуна пасванд аст? - а) 
калимасоз, б) шаклсоз, в) шаклсозу калимасоз. 

16. Калимаи «ҳаракаткунанда» кадом шакли замонии сифати 
феълӣ аст? - а) гузашта, б) ҳозира, в) ҳозираи муайян, г) оян- 
да. 

17. Аз лиҳози ҳусни баён кадом тарзи ифода баҳтар аст? - а) 
...овози хониши бедонаҳои дар байни алафзорҳо ҳаракатку- 
нанда, б) ...овози хониши бедонаҳое, ки дар байни алафзорҳо 
харакат мекарданд. 

18. Муродифҳои садо ва овоз аз кадом ҷиҳат фарқ мекунанд? - 
а) тобиши маъно, б) обуранги услубӣ, в) обуранги ҳиссӣ, г) 
обуранги замон. 



223 



207. Шеърро беғалат, бурро ва таъсирбахш қироат кунед ва ба 
пурсишҳо посух диҳед. 

Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд, 

Ба сели ашк мешуд ғарқ манзил, манзили ман буд. 

Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд, 

Ба зери мавҷи дарё монда соҳил, соҳили ман буд. 

Агарчи мурдани фарзандро дар ҷанг дидам ман, 

Агарчи борҳо бегонаи дилтанг дидам ман, 

Ба умеде ки бинам чоҳканҳоро ба зери чоҳ, 

Намурдам, гарчи бо чашмам аҷал ҳар ранг дидам ман. 

Намурдам, зистам, фарзанди хурдамро калон кардам, 

Шаби тӯйи арӯсӣ ашки шодиро равон кардам. 

Гумон кардам, оби дида марҷон гашт, марҷонро 
Ба келин пешкаш кардам, дуо чун модарон кардам. 

Надорам тоқати доғи писар дидан дигар ҳаргиз, 

Саросар сӯхтори пуршарар дидан дигар ҳаргиз, 

Ба ҳар як хона тифли бепадар дидан дигар ҳаргиз, 

Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар ҳаргиз! (М.Т.) 

1 . Матн ба кадом услуби баён тааллуқ дорад? 

а) расмӣ; 

б) илмӣ; 

в) бадеӣ; 

г) публисистӣ (рӯзноманигорӣ). 

2. Муродифҳои луғавии келин ва арӯс аз ҳамдигар чй фарқ 
доранд? 

а) бо тобиши маъно; 

б) обуранги услубӣ (гуфтугӯйӣ ва адабии китобӣ); 

в) обуранги ҳиссии мусбату манфӣ; 

г) обуранги замон (гузаштаю имрӯза). 

3. Дар ифодаҳои «об мешуд дил» ва «сели ашк» кадом 
ҷузъҳо ба маънои маҷозӣ омадаанд? 



224 



а) «об мешуд» ва «сел»; 

б) «дил» ва «ашк». 

4. Дар кадом матн фикр ба тариқи таъкид ифода ёфтааст? 

а) Дар ҳамаи он дарсхониҳо ба ман омӯхтани ҳисоби абҷад 
ва хондани шеърҳои тоҷикӣ хуб таъсир карда буд; 

б) Дар ҳамаи он дарсхониҳо ба ман танҳо ду чиз хуб таъсир 
карда буд: яке - омӯхтани ҳисоби абҷад, дигаре - хондани 
шеърҳои тоҷикӣ. 



208. Як нафар ҳамсабақи худро интихоб намуда, дар бораи ӯ маълумот 
гирд оварда, тавсифнома (характеристика) нависед. Дар он бояд 
аввал ному насаб, рӯзу моҳу соли таваллуд, сипас кай ва ба кадом 
мактаб рафта, чӣ тарз таҳсил кардан,бештар ба кадом фанҳо майлу 
рағбат зоҳир намудан, хислату сифатҳои маънавӣ, муносибати вай 
бо аҳли хонавода, ҳамсинфон, дӯстони наздик ва муаллимон зикр 
гардад. 



209. Дар мавзӯи таҳлили ғоявию бадеии ягон шеър, достон, ҳикоя, по- 
вест ё образи асари бадеӣ, ки шумо мутолиа кардаед, иншо нависед 
(чунончи, дар мавзӯи «Образи модар (ё падар) дар ашъори Мирзо 
Турсунзода»). Дар бораи хусусиятҳои забону услуби он ҳам мухта- 
сар маълумот диҳед. 



210. Дар мавзӯи вазъи таҳсил, одобу ахлоқ ва муносибати хонандагони 
синфатон бо ҳамдигар ва бо устодон мусоҳиба кунед. Барои ин бо 
чанд саволи пешакӣ тайёркардаатон бо яке аз муаллимон ва 
маъмурияти мактаб муроҷиат кунед.Ҷавобҳоро навишта, таҳлил 
намуда, натиҷаи ба даст омадаро беғалат, бурро ва равшан ба аҳли 
синф баён кунед. Чунин амал ҷасорат ва рағбати шуморо ба ҳунари 
суханварӣ зиёд мекунад. 



211. Мардум «Ба як ҷавон чил ҳунар кам аст», «Гирди номи падар чй 
мегардӣ? Падари хеш бош» гуфтаанд. Шумо ба кадом касб майл до- 
ред? Аз чӣ сабаб ҳамин пеша ба шумо маъқул аст? Кӣ шудан ва ум- 
ри азизи худро ба чӣ касбу кор бахшидан мехоҳед? Ҳамин гуна 
андешаҳоятонро ба рӯйи коғаз оваред. Ин мешавад иншои шумо 
дар мавзӯи озод. 



225 



212. Шояд боре бо ягон сабаб ба ҷое сафар карда бошед. Ҳангоми са- 
фар манзараҳои кӯҳсор, обҳои мусаффои чашмасор, рӯдҳои кӯҳии 
пуртуғён шуморо мафтун карда бошанд, ё дар ин сафар бо шахси 
наҷибе вохӯрдаед, ки дар шумо таассуроти нек боқӣ гузоштааст, ё 
ғайри чашмдошт, шоҳиди воқеа ё ҳодисае шудаед, ки умрбод дар 
лавҳи хотири шумо нақш бастааст. Агар ягон лаҳзаи он сафарро ё 
таассуроте, ки аз он бардоштаед, муфассал навишта, такрор ба так- 
рор бо овоз хонда, қалам зада, мазмуни варианти охиринро ба касе 
моҳирона ҳикоят кунед, бо ҷону дил мешунавад, чизе меомӯзад, 
завқ мебарад. Ин мешавад хотираҳои сафар ва як машқи суханварӣ. 



213 . Китоб ҳам ба охир расиду супоришҳо низ. Аммо як мавзӯъ боқӣ 
монд, ки чизе нанавиштан асло мумкин нест. Сарлавҳаи он ҳам 
аҷиб: Падруд, оғӯши гарми мактаб! Падруд, ёздаҳ соли умри ширини 
мактабхониам! Ассалом, мактаби дигар, мактаби озмоишҳои сахт- 
мактаби ҳаёт! 



226 



ЗАМИМА 



Дар супоришҳо аз ибтидо то интиҳои китоб шаш навъи 
таҳлил барои машқҳои амалӣ барои ҷараёни дарс ва кори 
мустақилонаи хонандагон дар хона пешниҳод мешавад. 
Дар таҳлили морфологӣ, калимаю таркибсозӣ муаллимон 
ишораҳои гуногунро ба кор мебаранд. Дар таҳлили воҳид- 
ҳои наҳвӣ (ибора, ҷумлаҳои содда ва мураккаб) низ истифо- 
даи аломатҳои мухталифи рамзӣ (чунончи, ба зери ҷузъҳои 
ибора ва аъзоҳои ҷумла кашидани хатҳои гуногун ва гайра) 
маъмул аст. Вале дар ин кор як низом муқаррар нашудааст. 

Азбаски дар китобҳои дарсии солҳои гуногун ба табъ 
расида ҳам дар бобати тахдили воҳидҳои наҳвӣ аломатҳои 
шартии ягона пешниҳод нашудаанд ва муаллимон ҳам аз 
рӯйи раводиди худ ҳар гуна аломатро ба шогирдон тавсия 
мекунанд, лозим донистем, ки бо мақсади ба низом даро- 
вардани аломатҳои рамзии таҳлили ибора, ҷумлаи содда, 
ҷумлаҳои мураккаби пайваст, тобеъ, сертаркиб ва омехта 
ба тариқи замима аломатҳои рамзии зеринро пешниҳод на- 
моем. 

Бояд гуфт, ки ҳангоми интихоби ин аломатҳои шартӣ 
таҷрибаи муаллифони китобҳои дарсии забонҳои тоҷикӣ ва 
русӣ ба назар гирифта шудааст. Ба андешаи мо, бо чунин 
услул ва аломатҳои рамзӣ таҳлил кардани воҳидҳои наҳвӣ 
рагбати шогирдонро ба омӯзиши ин бахши грамматикаи 
забони тоҷикӣ фузунтар хоҳад кард. 



227 



Ибора: орзуи ягона; орзуи Бибиоиша; орзуи ягонаи 
Бибиоиша; ££она орзуи Бибиоиша; Бибиоишаро 
орзуи ягона; аз санги хоро сахттар; лолаҳои дар 

О» V ; 

дашт шукуфта; ба нохун санги хоро буридан 

Ҷумлаи содда: 



Темурмалик баъд аз анҷом додани корҳо ба Хуҷанд рафт. 





- Ҷ у г* 






1 


1 ь 



























Ҷамъе аз ёрон рузе ба хонаи фақир омаданд. 




Эзоҳ: Ба зери мубтадо як хати рост ( ) ва ба зери 

хабар ду хати рост (=) кашидан маъмул аст. Хати рост 
як навъ нишонаи мушараки сараъзоҳост. 

Хати рости бурида (тире-тире: ) нишонаи қаробати 

пуркунанда ба мубтадост, ки мафҳуми шахсу ашё дорад ва бо 
ҳиссаҳои нутқи чунин мафҳум дошта ифода меёбад. Хати 
морак (мавҷнок: ) ва чунин хати бурида ( ) ба 

аъзоҳои пайрави муайянкунанда ва ҳол муносиб дониста 
мешавад, зеро муайянкунанда аломати ҷисмро (предмет- 
ро), ҳол аломати амал, ҳолат ва аломатро ифода мекунад. 

Аломати шартии аъзоҳои чумларо ба як сатр кӯчонидан 
имкон медиҳад, ки тарзу воситаи грамматикии алоқаи бай- 
ни аъзоҳои ҷумла ба тарзи аён нишон дода шавад. 



228 



Ба интиҳои чунин аломатҳои рамзи сенуқта гузоштан 
( , ==..., , , )ба он да- 

лолат мекунад, ки он аъзоҳои ҷумла чида шудаанд. Дар 
ҷойи бурида ва зери меҳробаки ё мавҷи (мораки) муай- 

янкунанда нуқта гузоштан (™™~ , , ) 

нишонаи баёния ва истисноӣ будани аъзои ҷумла (муайян- 
кунанда, пуркунанда ва ҳол) аст: 



Майса ва сабзаҳо зери губори рег монда буданд. 




Онҳо алифбои зиндагиро, муборизаро аз вай омухтанд. 




Дар Бухоро, дар гузари Говкушон гадоён ва сарсариён 



менишастанд. 




Ҷумлаи мураккаби пайваст: 

1. Таътили тобистона фаро расиду мактаббачагонро ба 
лагери истироҳат бурданд. 2. Девори богамон галтида, ток- 
ҳо хароб гашта, як қисми дарахтони мевадор бурида шуда 
буданд (С.У.). 

1. 



-У 



229 



2 . 




Ҷумлаи мураккаби тобеъ: 

1 . Донаҳои ашки алмосгун, ки аз чашмони дурахшонаьи ба 
рӯйи рахшонаш мечакиданд, намуди шабнами саҳариро ба 
рӯйи гулбарги таре ҷилва медоданд (С.А.). 2. Агар мо писа - 
ратонро ба хизмат гирем , шуморо кӣ нигоҳубин мекунад 
(Х.К.). 3. Ҳар кадоме агарчи рӯзам сияҳтар мекунад, Ошиқи 
мӯйи ту, абрӯи ту, мижгони туам (Лоиқ). 




Ҷумлаи мураккаби тобеи сертаркиб: 

А. Чида: 

1 . Шумо гумон накунед, ки ин чӯйборҳо ҷӯйҳои калон ва 
обҳояшон гурришдори галтон бошанд. 2. Буте дорам, ки гир - 
ди гул зи сунбул соябон дорад, Баҳори оразаш хатте ба хуни 
аргувон дорад (Ҳофиз). 




230 



Б. Ғайричида: 

1 . Азбаски аҳли Бухоро бар асари ҷангҳои паёпай камбагал 
игуданд , Амирисмоил бар худ раво надид, ки аз мардуми бе- 
бизоат хироҷ фароҳам оварад. 2. Аз самар ширин насозӣ гар 
даҳони халқро, Саъй кун, дар сояат чун бед осояд касе (Со- 
иб). 3. Шохи бебар, гарчи бошад аз дарахти мевадор, Чун 
наёрад мева бор, андар шумори ҳезум аст (Ҷомӣ). 



1 . 2 . 




3 . 




231 



В. Дараҷагӣ: 

1 . Чун шоҳ донист, ки дуьиман аз итоат гардан тофта - 
аст, ба ӯ номаи насиҳатомези мушфиқона фиристод. 2. 
Қиссаи душвори худ пеши ту гуфтан мушкил аст: Мушкиле 
дорам, намедонам, чӣ сон гӯям туро (Ҳилолӣ). 





Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиб чунин навъ ҳам 
мушоҳида мешавад, ки дар он як ё якчанд ҷумлаи пайрав на 
танҳо бар эзоҳи як сарҷумла ё ҷумлаи пайрави дигар, балки 
бар эзоҳи як ҷумлаи мураккаби тобеъ, ки сарҷумлаю як ё як- 
чанд ҷумлаи пайравро дар бар мегирад, омада метаваонад: 

1 . Агар ба ҳар сари мӯят ҳунар дусад бошад, 

Ҳунар ба кор наояд, чун бахт бад бошад (Саъдӣ); 

2. Ҳарчанд ҳаво сард ва хона бепеч бошад ҳам, оташҳои ан- 
гишти саксаул, ки шукуфонида болои ҳам ба сандалӣ меандох- 
танд , се манқал оташ, ки пас аз гундоштани дастархон 
онҳоро бар рӯйи хона қатор ниҳода буданд ва се лампаи чилум, 
ки онҳоро аз шифти хона овехта буданд , ин меҳмонхонаи ва- 
сеъро монанди танӯри афрӯхта тафсонда буд (С.А.). 



232 



1 . 



2 . 




Ҷумлаи мураккаби омехта: 

1 . Лекин дар замин ва ҳаво аз он латофате, ки ман дар 
вақти ба сайру гашт баромаданам дида будам, асар намон- 
да буд, майса ва сабзаҳо дар зери гарду ғубори рег монда 
пажмурда шуда буданд; 2. Бачагон пода ва рамаҳои худро 
ба тарафи деҳа ронданд, молҳо, гуё ки онҳоро гург пеш кар- 
да бошад, бо як ҳароси ваҳшиёна ба тарафи деҳа медави- 
данд; 3. Эргаш чӯбдасти подабонии худро ба даст гирифт 
ва ҳар ду аз ду хомаи пастаки рег гузаштем, дар хомаи се- 
юм, ҳар гоҳ ки ӯ ҷойи дамидаи регро медид, бо нӯги чӯбда- 
сташ он ҷоро мекофт ва аз таги пардаи тунуки рег занбу- 
рӯғҳо намудор мешуданд (С.А.). 



1 . 2 . 




233 



3 . 




1 . Тамоми шоиронро ҷамъ агар созанд дар маҳшар, Ҳама 
як сӯ бувад, ин Ҷомии ширинсухан як сӯ (Аҳмади Ҷомӣ). 2. 
Чун гап ба болои амиру қозикалон омад, сӯҳбат ранги дигар 
гирифт: шунавандагонро як гаронии номаълум зер кардагӣ 
барин шуд, лабҳо аз ханда бозистод, дар башараи калонон 
асари он ҳаяҷони пурҷӯшу хурӯш намонд, хомӯшии умумӣ 
сар шуд (С.А.). 

1 . 




2 . 




234 




Эзод: Ҷузъҳои ҷумлаи мураккаби пайваст ва сарҷумлаи 
ҷумлаҳои мураккаби тобеъ дар шакли «хишт» ( 1 1 ) ва 



ҷумлаи пайрав дар шакли доира ) ифода меёбанд. Ба- 
рои нишон додани хелҳои ҷумлаи пайрав аломатҳои шар- 
тии сараъзо ва аъзоҳои пайрави ҷумлаи соддаро истифода 
кардан мумкин аст. Азбаски ҷумлаҳои пайрави ҳол гуногун 
мешаванд, дар зери аломати шартии ҳол ( ) ихтисора- 



ҳои зеринро навиштан лозим аст: з. - замон, с. - сабаб, ш. - 
шарт, х. - хилоф, т. - тарз, д. - дараҷа, м-н - макон, м-р - 
миқдор, м-дӣ - монандӣ. 



235 



Ихтисораҳо: 



А.А. - Абдусалом Атабоев 
А.Б. - Абдумалик Баҳорӣ 
А.Д. - Абдусалом Деҳотӣ 
А.С. - Абдулҳамид Самадов 
А.Н. - Абдуманнон Насридди- 
нов 

А.Ш. - Аминҷон Шукӯҳӣ 
И.Н. - Иноят Насриддин 
Л.Ш. - Лоиқ Шералӣ 
М.М. - Мақсудҷон Мирбобоев 
М.Т. - Мирзо Турсунзода 
М.Н. -Мутеулло Наҷмиддинов 
М.Ш. - Муҳаммадҷон Шакурӣ 
М.Қ. - Мӯъмин Қаноат 
П.Т. - Пӯлод Толис 
Р.Ғ. - Раззоқ Ғаффоров 
Р.Ҷ. - Раҳим Ҷалил 



Р.Ҳ. - Раҳим Ҳошим 
С.А. - Садриддин Айнӣ 
С.С. - Саидалӣ Саид 
С.Ғ. - Самад Ғанӣ 
С.У. - Сотим Улуғзода 
Т.З. - Турақул Зеҳнӣ 
Ӯ.К. - Ӯрун Кӯҳзод 
Ф.А. - Фатҳуллои Азиз 
Ф.М. - Фазлиддин Муҳам- 
мадиев 

Ф.Н. - Фотеҳ Ниёзӣ 
X. А. - Хуршеди Атоулло 
Ҳ.Ю. - Ҳабиб Юсуфӣ 
Ҳ.К. - Ҳаким Карим 
Ҷ.И. - Ҷалол Икромӣ 
Ш.Ҳ. - Шаҳобиддини 
Ҳақназар 

Ш.Р. - Шарофиддин Рустамов 



236 



ТАВСИЯИ АДАБИЁТИ ИЛМИ 



1 . Айнӣ С. Номаи саркушода ба рафиқ Толис: Сарнавишти 
форсии тоҷикии фарорӯд дар садаи бисти мелодӣ. - Душан- 
бе: Деваштич, 2005. - С. 76-85. 

2. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. - Ҷ. 1 - Душанбе: 
Дониш, 1985. 

3. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. - Ҷ.2 - Душанбе: 
Дониш, 1986. 

4. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. - Ҷ.З - Душанбе: 
Дониш, 1989. 

5. Ғаффоров Р. ва дигарон. Услубшиносӣ. 10-1 1. - Душанбе: 
Ирфон, 1995. 

6. Забон ва истиқлол (Маҷмӯаи мақолаҳо). - Душанбе, 2001 . 

7. Забони тоҷикӣ. 10. - Душанбе: Маориф, 1993. 

8. Зеҳнӣ. Т. Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ. - Душанбе: 
Дониш, 1987. 

9. Камолиддинов Б. Сухан аз баҳри дигарон гӯянд. - Душанбе: 
Интернюс, 2001. 

10. Камолиддинов Б. Ҳусни баён. - Душанбе: Ирфон, 1989. 

1 1 . Қодиров Б. Коргузорӣ ва дафтардорӣ. - Хуҷанд, 2000. 

12. Қосимова М.Н. Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан. - Душан- 
бе: Ҳумо, 2005. 

13. Маданияти сухан (Маҷмӯаи мақолаҳо). - Душанбе: Маориф, 
1990. 

14. Маъсумӣ Н. Ҷаҳонбинӣ ва маҳорат. - Душанбе: Ирфон,1966. 

15. Рустамов Ш. Мушкилоти синтаксис. - Душанбе: Маориф, 
1988. 

16. Сухандонон сухан санҷида гӯянд. - Душанбе: Обтима, 2005. 

17. Тоҷиев Д.Т. Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ дар забони адабии 
ҳозираи тоҷик. - Душанбе: Дониш, 1982. 

18. Хаскашев Т.Н. Фонетикаи забони адабии тоҷик. - Душанбе: 
Маориф, 1989. 

19. Холиқназар У. Ғалат менависем. - Душанбе, 2000. 

20. Шакурӣ. М. Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад. - Ду- 
шанбе: Ирфон, 2005. 



237 



МУНДАРИҶА 



Сарсухан 3 

ТАКРОРИ МАВЗӮЪҲОИ ГУЗАШТАИ 
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ 

Фонетика (овошиносӣ), имло ва талаффузи сареҳ 

(орфоэния) 5 

Лексика 14 

Таркиби луғавӣ 17 

Сермаъноӣ 20 

Омоним (ҳамгуна) 24 

Вожаҳои наздикталаффуз (паронимҳо) 26 

Муродифот (синонимҳо) 28 

Муродифоти воҳидҳои дигари забон 36 

Антоним 38 

Фразеология 42 

Калимасозӣ 48 

Морфология (сарф) ва имло 55 

Исм 56 

Сифат 60 

Шумора 63 

Ҷонишин 65 

Феъл 69 

Зарф 72 

Пешоянду пасоянд 76 

Пайвандак 78 

Синтаксис (наҳв) ва аломати китобат 81 

Ибора 82 

Ҷумла 85 

Хелҳои ҷумлаҳои содда 91 

Таҷзияи маъноии ҷумла ва тартиби калима 100 



238 



Ҷумлаҳои мураккаб 105 

Муродифоти наҳвӣ 108 

Аломати китобат дар ҷумлаҳои мураккаб 115 

ЗАБОНИ АДАБИИ ТОҶИК 118 

МАТН ВА СОХТОРИ НАҲВИИ ОН 130 

У СЛУ БШИНОСӢ ВА ҲУСНИ БАЁН 

ЧИРО МЕОМӮЗАД? 157 

Услубҳои забон 159 

Услуби бадеӣ 165 

Услуби рӯзноманигорӣ (публисистӣ) 182 

Услуби расмӣ 196 

Номанигорӣ (муросалот) 202 

Услуби илмӣ 206 

Услуби муошират 215 

Супоришҳо доир ба гакрори мавзӯъҳои матн, 
услубиёт ва такмили малакаи хаттӣ ва шифоҳӣ 

ифода кардани фикр 221 

Замима 227 

Ихтисораҳо 236 

Тавсияи адабиёти илмӣ 237 



239 



Баҳриддин Камолиддинов 




• Грамматика 

• Матн 

• Услубиёт 

Китоби дарсӣ барои синфи 1 1 



Зери таҳрири муаллиф 
Тарроҳ: Казберович Владимир 
Ҳуруфчин: Фаридуни Баҳриддин. 



Ба нашриёт 5 июни соли 2007 супорида шуд. 

Ба чопаш 26 июни соли 2007 имзо шуд. 

Формати 60x90 Ч 16 Когази офсет. Чопи офсет. Ҷузъи чопии шартӣ 15. 
Адади нашр 62.000 нусха. Супориши № 1. 

Ҷамъияти махдудмасъулияти «Собириён» 

734025, Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 37; е-таИ: зоЫпуоп@уап(1ех.ги 



3 а р ф: Замон, макон, сабаб, мақсад, тарзи амал, ҳолат, миқдор 
ё дараҷа? Дараҷаи оддӣ ё қиёсӣ? Аз ҷиҳати сохт: содда, сохта, 
мураккаб ё таркибӣ? 

Ф е ъ л: Шакли тасрифӣ ё ғайритасрифӣ? Асоси замони ҳозира ё 
гузашта? Тарзи фоил ё мафъул? Монда ё гузаранда? Мутлақ ё 
давомдор? Бавосита ё бевосита? Сиғаи хабарӣ, амрӣ, шартию 
хоҳишмандӣ ё эҳтимолӣ? Замони гузашта, ҳозира ё оянда? 

Кадом шакли замонҳои гузашта ва ҳозира? Аз ҷиҳати сохт: 
содда, сохта ё таркибӣ (номӣ ва феълӣ)? Шаклҳои 
тасрифнашаванда: масдар, сифати феълӣ (замонҳои гузашта, 
ҳозира, оянда) ё феъли ҳол? 

Ҳиссаҳои номустақил: пешоянду пасоянд, пайвандак 
(пайвасту тобеъ), ҳиссача. Маъно, вазифа, сохти онҳо. Нидо, 
калимаҳои тақлидӣ. 



4. Таҳлили синтаксиси (наҳви) 



И б о р а 

Аз дохили ҷумла ибораҳоро ҷудо кунед. 

Ҷузъи асосӣ ва тобеъ, хелҳои ибораҳои номӣ (исмӣ, сифатӣ, 
ҷонишинӣ), феълӣ (масдарӣ, сифатифеълӣ, феълиҳолӣ) ва 
зарфиро муқаррар кунед. 

Алоқаи наҳвии байни ҷузъҳои ибора: изофӣ, вобастагӣ ё 
ҳамроҳӣ? 

Ҷумлаи содда 

Кадом хели ҷумла аз ҷиҳати иртибот ё мақсади ифодаи фикр ва 
оҳанг: хабарӣ, амрӣ, саволӣ ва ё (фикр бо ҳиссиёту ҳаяҷон 
ифода ёфта бошад) хитобӣ? 

Аз ҷиҳати сохтор ва таркиб: яктаркиба ё дутаркиба, хуллас ё 
тафсилӣ, яктаркибаи номӣ (унвонӣ) ё феълӣ (муайяншахс, 
номуайяншахс, умумишахс, бешахс)? 

Ҷумлаи пурра ё нопурра (кадом аъзои ҳатмии ҷумла нест), 
тасдиқӣ ё инкорӣ? 

Сараъзоҳои ҷумла: хабар ва мубтадоро ёфта, алоқаи 
грамматикии онҳоро муайян кунед. Хабар бо мубтадо 
мувофиқати пурра кардааст ё нопурра? 

Аъзоҳои пайрави ҷумларо (агар бошанд) ёфта, алоқаи онҳоро бо 
сараъзоҳо ва байни ҳамдигар муайян кунед. 



Мувофиқи супориш ҷумлаҳоро навишта, ба зери сараъзо ва 
аъзоҳои пайрави ҷумла, аъзоҳои чида, мухотаб, воҳидҳои 
туфайлӣ ва истисноӣ ба тарзи маъмулгардида хат кашед. 

5.Тах,лили луғавӣ ва фразеологӣ 

Калимаи мустақилмаъно ё ёвар? 

Аз ҷихати сарчашмаи пайдоиш калимаи асили тоҷикӣ ё аз 
забонҳои дигар (арабӣ, туркӣ, русӣ, забонҳои аврупоӣ) 
воридшуда? 

Аз лиҳози замони истеъмол кӯҳна (архаистӣ, таърихӣ) ё нав 
(неологизмҳои луғавӣ, услубӣ)? 

Аз ҷиҳати хусусияти услубӣ калимаи умумиистеъмол ё 
маҳдудистеъмол (дорои обуранги услубӣ, ҳиссӣ, ифоданокӣ)? 
Калимаҳои адабии хаттӣ (китобӣ) ё адабии гуфтугӯйӣ (мардумӣ), 
калимаю таъбирҳои косибӣ ё истилоҳоти илмию техникӣ, алфози 
гуфтугӯйии омиёна ё лаҳҷагӣ, дағал ё таҳқиромез? 

Калимаи якмаъно (моносемия) ё сермаъно (полисемия)? 
Калимаҳои ҳамгунаи луғавӣ ё грамматикӣ, шаклӣ ё овозӣ 
(омоним)? 

Калимаҳои наздикталаффузи ҳамреша (пароним) ё гуногунреша 
(паронимаз)? 

Муродифҳои аслӣ ё матнӣ, муродифҳои луғавӣ, фразеологӣ, 
калимасозӣ, шаклсозӣ (сарфӣ ё морфологӣ) ё наҳвӣ 
(синтаксисӣ)? 

Калимаҳои муқобилмаънои аслӣ ё матнӣ (антонимия)? 

Воҳидҳои фразеологии хушобуранг ё беобуранг, хоси забони 
адабии китобӣ ё гуфтугӯйӣ, малеҳ ё қабеҳ, хоси услуби баёни 
публисистӣ ё бадеӣ, илмӣ ё коргузории расмӣ? 



6. Таҳлили имло ва талаффузи сареҳ 

Мутобиқати навишт ва талаффузи овозу калимаҳо, гузоштани 
задаи калима, аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиссаҳои калима ба 
меъёри имло ва талаффузи сареҳи забони адабӣ.